НИЗОМ ВА СОХТОР

                       Сохтори

                        Дастгоҳи марказии Федератсияи иттифоқҳои касабаи

                        мустақили Тоҷикистон:

Роҳбарият                                  

Раёсати ташкилӣ, кор  бо кадрҳо ва коргузорӣ  

Раёсати молия ва хоҷагидорӣ

Шуъбаи ҳуқуқ

Шуъбаи ҳифзи меҳнат

Шуъбаи иқтисодӣ-иҷтимоӣ, робита  бо   ҷомеа ва муносибатҳои            

байналмилалӣ

       Пешниҳоди 

         маълумотномаи Раёсати ташкилӣ, кор бо кадрҳо ва коргузорӣ ҷиҳати ҷой намудан дар сомонаи интернетии  ФИКМТ

      Ба сохтори Раёсат сардор, мудири бахш, сармутахассис, мутахассиси пешбар оид ба қабули шаҳрвандон ва  мутахассиси пешбари бойгонӣ  дохил мешаванд.

      Дар асоси Низомнома фаъолияти Раёсат иборат аст аз амалигардонии:

-талаботҳои Оинномаи иттифоқҳои касаба;

-қарорҳои Анҷумани иттифоқҳои касаба;                     

-қарорҳои Кумитаи иҷроия ва Шӯрои генералии Федератсияи 

 иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон;

-таҳияи Нақшаи кори Федератсия;

-таҳияи Нақша-чорабиниҳои Федератсия;

-ҷаласаҳои назди Раиси Федератсия;

-иҷрои вазифаҳои вобаста ба воридоту содироти ҳуҷҷатҳо ва назорати  

  иҷрои онҳо;

-пешбурди корҳо вобаста ба кадрҳо (таҳияи ;

-ташкили қабули шаҳрвандон аз ҷониби роҳбарияти Федератсия.

                                      Кумитаҳои ҳамузв:

1 Шӯрои  иттифоқҳои  касабаи вилояти  Суғд
2 Шӯрои  иттифоқҳои касабаи  вилояти  Хатлон
3 Шӯрои  иттифоқҳои касабаи  Вилояти  Мухтори   Кӯҳистони        Бадахшон
4 Кумитаи  иттифоқи  касабаи кормандони  соҳаҳои ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон
5 Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони саноати кимиё, нафт ва дигар     

 соҳаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

6 Кумитаи  ҷумҳуриявии  иттифоқи касабаи  роҳиоҳанчиёни 

Тоҷикистон

7 Кумитаи  марказии  иттифоқи касабаи  кормандони  саноати  маъдан ва металлургияи Ҷумҳурии  «Тоҷикметалл »
8 Кумитаи  ҷумҳуриявии  иттифоқи касабаи  кормандони  соҳаи алоқаи Тоҷикистон
9 Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи  кормандони  муассиса- ҳои давлатӣ,  ҷамъиятӣ  ва  бонкии Тоҷикистон
10 Кумитаи  ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи   кормандони  соҳаи     

бофандагӣ  ва  саноати сабуки Тоҷикистон

11 Кумитаи  иттифоқи  касабаи  маориф ва  илми Ҷумҳурии    

Тоҷикистон

12 Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони соҳаи савдо,  кооператсияи матлубот ва  корхонаҳои хусусии Ҷумҳурии Тоҷикистон
13 Кумитаи  марказии  иттифоқи  касабаи кормандони  сохтмон  ва

саноати масолеҳи  бинокории Ҷумҳурии Тоҷикистон

14 Кумитаи ҷумҳуриявии  иттифоқи касабаи кормандони тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон
15 Иттифоқи касабаи  кормандони нақлиёт ва хоҷагии роҳҳои    

Ҷумҳурии Тоҷикистон

16 Кумитаи  ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони фарҳанг,

иттилоот, варзиш ва сайёҳии  Тоҷикистон

17 Кумитаи  марказии  иттифоқи касабаи  комплекси агрсаноатии

Тоҷикистон

18 Кумитаи  ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони ҳавопаймоии Тоҷикистон
19 Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони саноат,

хоҷагии манзилию коммуналӣ, газӣ ва хизматрасонии Тоҷикистон

20 Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони энергетикаи Тоҷикистон

ШУЪБАИ  ҲИФЗИ  МЕҲНАТ

   Шуъбаи ҳифзи меҳнати Федератсияи иттифоқҳои касабаи муствқили Тоҷикистон назорати ҷамъиятии риояи меъёру қоидаҳои ҳифзи меҳнатро дар ташкилоту муассисаҳо, қатъи назар аз шакли моликият ва тобеияти онҳо амалӣ мегардонад.

   Дар фаъолияти худ шуъбаи ҳифзи меҳнат Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иттифоқҳои касаба”, Оинномаи иттифоқҳои касабаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои қонунгузории амалкунандаро оид ба ҳифзи меҳнат, қарорҳои мақомоти иттифоқҳои касаба ва Низомномаи Бозрасии меҳнати иттифоқҳои касабаи Тоҷикистонро ба роҳбарият мегирад.

Шуъбаи ҳифзи меҳнати Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон фаъолияти худро метавонад мустақилона ва ё бо дигар мақомотҳои назоратии давлатӣ  амалӣ намояд, ба кумитаҳои иттифоқи касаба оид ба ҳифзи меҳнат ҳаматарафа ёрии амалӣ расонад.

     Нозирони меҳнати иттифоқҳои касаба бояд маълумоти олии техникӣ ва собиқаи кории на кам аз 3(се) сол дар истеҳсолот дошта бошанд. Дар шуъба ҳоло 4 нафар фаъолият менамоянд: мудири шуъба, сармутахассис, мутахассиси пешбар ва мутахассис. 

     Нозир (сарнозир)-и меҳнати иттифоқҳои касаба дар амалҳои худ мустақил аст ва барои қарорҳои қабул кардааш мутобиқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулиятро пурра ба уҳда дорад.

     Шикоят аз болои амали нозири меҳнати иттифоқҳои касаба мутобиқи тартиботи ҷоришудаи Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикстон дида баромада мешавад.

                 Шуъба корҳои зеринро ташкил ва амалӣ менамояд:

– аз ҷониби корфармоён риоя гардидани санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи меҳнатро назорат менамояд;

– ташхиси мустақилонаи шароит имеҳнат ва таъмини бехатарии кормандони ташкилотро мегузаронад;

– дар санҷиши ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот ва бемориҳои  касбӣ иштирок мекунанд, инчунин мустақилона онҳоро санҷиш менамоянд;

– аз роҳбарон ва дигар шахсони мансабдори ташкилот оид ба шароит ва ҳифзи меҳнат, инчунин дар бораи ҳамаи ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот ва бемориҳои касбӣ маълумот мегиранд;

– дар бораи боздоштани корҳо дар ҳолатҳои таҳдид ба ҳаёту саломатии кормандон талабот пешниҳод мекунанд;

– ба корфармоён барои бартараф намудани вайронкуниҳои ошкоршудаи талаботи ҳифзи меҳнат амрномаҳо медиҳад, ки иҷрои онҳо ҳатмӣ мебошад;

– санҷиши шароит ва ҳифзи меҳнат, иҷрои уҳдадориҳои корфармоёнро оид ба ҳифзи меҳнат, ки тибқи созишнома ва шартномаҳои коллективӣ пешбинӣ шудаанд, таъмин менамояд;

– дар кори комиссияҳо оид ба санҷиш ва ба истифода додани иншооти истеҳсолӣ ва воситаҳои истеҳсолӣ ба ҳайси коршиносони мустақил иштирок менамояд;

– дар таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи меҳнат иштирок менамоянд, инчунин онҳоро бо тартиби муқарраргардида мувофиқа мекунад;

– ба мақомоти дахлдор дар бораи ба ҷавобгарӣ кашидани шахсоне, ки талаботи ҳифзи меҳнатро риоя накардаанд, ҳодисаҳои нохуши дар истеҳсолот рух додаро пинҳон медоранд, муроҷиат менамояд;

– дар ҳалли баҳсҳои меҳнатӣ, ки ба вайронкунии муқаррароти Кодекси меҳнат ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, уҳдадориҳои пешбиникардаи созишнома ва шартномаҳои коллективӣ ҷиҳати ҳифзи меҳнат, инчунин тағйирёбии шароити меҳнат алоқаманд мебошанд, иштирок мекунад;

– дорои дигар ҳуқуқ ва уҳдадориҳои пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

– Нозирони меҳнат  ҳуқуқ доранд бемамониат дар ташкилот риояи талаботи ҳифзи меҳнатро санҷида, ба шахсони мансабдор таклифи баррасии ҳатмиро оид ба бартараф намудани вайронкуниҳои ошкоршудаи талаботи ҳифзи меҳнат пешниҳод намоянд.

                             

                                     

                                     Шуъбаи ҳуқуқи Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили

                                                                                      Тоҷикистон

         Ба ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои аъзоёни иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон бо роҳу усулҳои дар Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттифоқҳои касаба» ва Оинномаи Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон пешбинишуда машғул мебошанд.

        Нозирони ҳуқуқи иттифоқҳои касаба дар ташкилотҳои ҳамузв – Кумитаҳои ҷумҳуриявӣ ва вилоятии соҳавии иттифоқҳои касаба, шуроҳои вилоятии иттифоқҳои касаба дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқии болозикр ва ҳамчунин Низомномаи бозраси ҳуқуқи Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон, ки бо қарори Шӯрои генералии Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2016 тасдиқ шудааст, фаъолият мекунанд.

         Нозирони ҳуқуқи Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон риояи қонунгузории меҳнат ва ҳуқуқу манфиатҳои кормандон- аъзои иттифоқҳои касабаро дар ташкилоту корхонаҳо мавриди санҷиш қарор дода, дар мавриди ошкори қонуншиканиҳо санад тартиб дода, ҷиҳати рафъи қонуншиканиҳои ҷойдошта ба корфармоён амрномаҳо медиҳанд. ҳамчунин онҳо ҳуқуқ доранд ба мақоми ваколатдори давлат ва мақомоти прокуратура оид ба қонуншиканиҳои меҳнатии ошкоршуда пешниҳодҳо ирсол кунанд.

       Кормандони Шуъба ва нозирони ҳуқуқи Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон ҳамчунин дар баррасии бахсҳои меҳнатӣ дар судҳо ширкат намуда, ҳуқуқу манфиатҳои кормандон- аъзоёни иттифоқҳои касабаро ҳимоя мекунанд.

        Шӯъба ва нозирони ҳуқуқи иттифоқҳои касаба дар баррасии лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии марбут ба муносибатҳои меҳнатӣ, ба фаъолияти иттифоқҳои касаба, ба солимгардонии кормандон ва истироҳати тобистонаи кудакону наврасон фаъолона ширкат намуда, ҷиҳати мукаммалгардонии онҳо таклифу пешниҳодоти мушаххас менамоянд.

      Шуъба ва нозирони ҳуқук дар ташкил ва баргузории семинарҳое, ки аз ҷониби Федератсия ва ташкилотҳои ҳамузв  мешаванд, фаъолона ширкат намуда, ҷиҳати омӯзиши Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии марбут ба фаъолияти иттифоқҳои касаба ва ҳамчунин семинарҳое, ки аз ҷониби Созмони Байналмилалии Меҳнат  ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ дар дохил ва берун аз ҳудуди кишвар баргузор мешаванд, барои баланд бардоштани савияи дониши  аъзоёни иттифоқҳои касаба кушиш ба харҷ медиҳанд.

        Онҳо ҳамчунин дар утоқҳои хизматӣ ва дар коллективҳои меҳнатӣ, дар корхонаҳо арзу муроҷиати шифоҳи ва хаттии шахрвандонро мавриди қабул ва баррасӣ қарор дода, ба муроҷиаткунандагон маслиҳатҳо, тавсияҳои ҳуқуқӣ ва ҷавоби мушаххас медиҳанд.

        Онҳо дар вохуриҳо ба кормандони Ташкилоту корхонаҳо ва аз тариқи васоити ахбори омма, махсусан рӯзномаҳо ва телевизион дар мавзуҳои ҳуқуқҳои меҳнатии кормандон, аъзоёни иттифоқҳои касаба, ҳуқуқу вазифаҳои корфармоён ва кормандон, талаботҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии миллӣ ва байналмилалӣ баромад намуда, барои  баланд бардоштани сатҳи шуури ҳуқуқии мардум, махсусан вобаста ба ҳуқуқҳои меҳнатӣ саҳмгузорӣ мекунанд.

         Дар мавриди сафарҳои хизматӣ ба шаҳру навоҳи ва вилоятҳои ҷумҳурӣ дар байни коллективҳои меҳнатӣ ва корхонаву ташкилотҳо аз Дастурҳои раҳнамунсози  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёмҳояшон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар вохуриҳо ба мардуми шарифи Тоҷикистон бармеоянд, баромад намуда, ҷавононро дар руҳияи Ватандӯстӣ, пос доштани арзишҳои Ваҳдати миллӣ, ҳамроҳа нашудан ба ҷараёнҳои экстремистӣ ва таррористӣ, мубориза бар зиди дигар падиҳои номатлуб ба мисли  гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, омилҳои коррупсионӣ, савдои одамон талқин менамоянд.

 

 

Шуъбаи иқтисодӣ-иҷтимоӣ, робита бо ҷомеа ва муносибатҳои

байналмилалии Федератсия.

        Вазифаи асосии шуъба тибқи қонунгузорӣ оид ба меҳнат ҳимоя намудани манфиатҳои  иқтисодӣ-иҷтимоии кормандон, ташкил намудани ҳамкории судманди тарафайн бо расонаҳои ахбори умум, ташкил намудани барномаҳои муштарак бо телевизион ва радиои тоҷик доир ба корҳои ташвиқотию тарғиботии самтҳои фаъолияти иттифоқҳои касаба, ташкили чорабиниҳои маданӣ-маърифатӣ ва фароғатии аъзоёни иттифоқҳои касаба ва аъзои оилаи онҳо, ба роҳ мондани ҳамкориҳо бо ташкилотҳои иттифоқҳои касабаи хориҷи кишвар ва ташкилотҳои донории хориҷӣ, ҳамкориҳо бо Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат, баргузории семинарҳои омузиши барои фаъолони иттифоқҳои касаба.

      Самтҳои афзалиятноки фаъолияти шуъба:

-иштироки фаъол дар баррасии лоиҳаҳои Карорҳои ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба самти фаъолият;

-таҳия намудани барномаҳои меҳнати арзанда ва паст намудани сатҳи шуғли ғайрирасмӣ;

-таҳияи барномаҳои идоравии самти сиёсати иҷтимоӣ;

-таҳия ва баргузории семинарҳои омузишӣ доир ба самти фаъолият бо ТБМ ва донорҳои хориҷӣ;

-ба роҳ мондани фаъолият дар самти ҳамкориҳо бо расонаҳои ахбори омма, ташкил намудани конфронси матбуот, таҳияи пресс-релизҳо доир ба самти фаъолият;

-таҳияи қарори ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таътили тобистона барои кудакону наврасони кишвар;

-кор дар комиссияи марбутаи Федератсия;

-ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманди тарафайн бо ташкилотҳои иттифоқҳои касабаи  хориҷи кишвар, ташкилотҳои байналмиллалӣ ва ТБМ.