МУОВИНОНИ РАИС

МУАРРИФНОМА

           

    Назарзода Нигора Нураҳмад 1-уми июни соли 1976 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 1998 Донишгоҳи аграрии Тоҷикистонро бо ихтисоси агроном-олим, ҳисоби бухгалтерӣ ва аудит хатм кардааст. Номзади илмҳои биология, доктори илмҳои кишоварзӣ, профессор мебошад. Фаъолияти меҳнатиашро соли 1998 дар вазифаи асисенти кафедраи боғдорӣ ва биотехнологияи кишоварзӣ оғоз намудааст. Солҳои 1999-2000 магистри Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон буд. Солҳои 2000-2002 омӯзгори кафедраи физиологияи растаниҳо ва биотехнологияи кишоварзӣ, солҳои 2001-2003 раиси маркази Бонувони Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, солҳои 2003-2007 ходими калони илмии Институти физиологияи растанӣ ва генетикаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2008-2009 досенти кафедраи физиологияи растаниҳо ва биотехнологияи кишоварзӣ дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, солҳои 2009-2016 сармутахассиси идораи хоҷагии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз моҳи июли соли 2016 сармутахассиси Раёсати кишоварзии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият кардааст. 26-уми сентябри соли 2017 дар ҷаласаи Шӯрои генералии Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ба ҳайси муовини якуми раиси Федератсия интихоб шуд. 

            Оиладор, соҳиби чор фарзанд.

МАЪЛУМОТНОМА

       

             Файзиев Исмоил Нарзиевич 10-декабри соли 1973 дар деҳаи Такфони ноҳияи Айнии Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 1993 Донишкадаи молиявӣ-иқтисодии шаҳри Душанберо бо ихтисоси ҳуқуқшинос ва соли 2000 бахши ѓоибонаи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Миллии Тоҷикистонро хатм кардааст. Фаъолияти меҳнатиашро соли 1993 дар Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазифаи котиби маҷлиси судӣ оѓоз намудааст. Солҳои 1996-1997 котиби маҷлиси Суди ноҳияи Марказии шаҳри Душанбе, солҳои 1997-2001 ҳукуқшиноси дараҷаи 2-и шуъбаи ҳукуқи Ширкати саҳомию ҳолдингии кушодаи «Барқи тоҷик», солҳои 2001-2004 ҳукуқшиноси дараҷаи 1-и шуъбаи ҳукуқи Ширкати саҳомию ҳолдингии кушодаи «Барқи тоҷик», солҳои 2004-2005 ҳукуқшиноси дараҷаи 1-и шуъбаи ҳукуқи Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2005-2007 ҳукуқшиноси Шӯрои ҷумҳуриявӣ оид ба сайру сайёҳати Тоҷикистон, солҳои 2006-2011 дар асоси литсензия адвокати ваколатдор, солҳои 2007-2009 муовини мудири шуъбаи ҳукуқи Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, солҳои 2009-2011 мудири шуъбаи ҳукуқи Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон фаъолият намудааст.

            25 апрели соли 2011 муовини раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили тоҷикистон интихоб шуд ва то ҳол дар ин вазифа кор мекунад.

Узви ҲХДТ буда, бо медали «Барои хизмати шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз шудааст.

            Оиладор, соҳиби се фарзанд.