ОИННОМАИ ФИКМТ

   «Тасдиқ карда шудааст»

                          Бо қарори    Шӯрои Генералии Федератсияи

                           иттифоқҳои  касабаи   мустақили Тоҷикистон

                                         аз 22 феврали соли 2013, ШГ.№ 51/2   тасдиқ карда

                                         шуда,  ва   бо қарори Анҷумани ХХ-уми Иттифокҳои

                                         касабаи Тоҷикистон  аз 25 майи соли 2013

                                         маъқул дониста шудааст

Оинномаи

Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон

– Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон

 

  1. Қоидаҳои умумӣ

 

1.1. Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон – Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон (минбаъд Иттифоқҳои касаба)ташкилоти ҷамъиятии ихтиёрие мебошад, ки шаҳрвандонро аз лиҳози манфиатҳои умумӣ дар соҳаҳои фаъолияти истеҳсолӣ ва ғайриистеҳсолӣ барои ҳифзи ҳуқуқҳои меҳнатӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва дигар ҳуқуқу манфиатҳои аъзоёнаш муттаҳид менамояд.

1.2.Иттифоқҳои касаба аз рӯи принсипи касбӣ, истеҳсолӣ, минтақавӣ ва соҳавӣ таъсис дода мешаванд.

1.3.Иттифоқҳои касаба ва иттиҳодияҳои онҳо ҳуқуқ доранд бо иттиҳодияҳои иттифоқҳои касабаи байналмилалӣ ҳамкорӣ намуда, ба  онҳо шомил шаванд, дар фаъолияти онҳо иштирок кунанд ва дигар амалҳоеро, ки хилофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нестанд, анҷом диҳанд.

1.4.Иттифоқҳои касаба фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттифоқҳои касаба»; «Дар бораи шарики иҷтимоӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ»; Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, ҳамин Оиннома ва оинномаҳои соҳавӣ анҷом медиҳанд.

1.5.Иттифоқҳои касаба дар фаъолияти худ мустақил буда, ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, корфармоён, ҳизбҳои сиёсӣ ва дигар ташкилотҳои (иттиҳодияҳои) ҷамъиятӣ вобаста нестанд ва ба онҳо ҳисоботдиҳанда намебошанд.

 

  1. Мақсад ва вазифаҳои иттифоқҳои касаба

 

2.1. Мақсади асосии иттифоқҳои касаба муттаҳид намудани фаъолият ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои меҳнатӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, маънавӣ ва зеҳнии аъзоёни иттифоқҳои касаба, кормандон ва аъзоёни оилаи онҳо мебошад.

Барои ноил шудан ба мақсадҳои оинномавӣ ва ҳаллу фасли вазифаҳои гузошташуда, иттифоқҳои касаба тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд:

– дар хусуси фаъолияти худ аҳли ҷомеаро иттилоъ диҳанд;

– вохӯриҳо, мизҳои мудаввар, семинарҳо, конференсияҳо, тренингҳоро гузаронанд;

– ба фаъолияти хоҷагидорӣ машғул шаванд;

– ҳуқуқ  ва манфиатҳои аъзои иттифоқи касабаро, дар мақомоти судӣ муаррифӣ  ва ҳифз намоянд;

– созишномаҳои мухталифро бо ташкилотҳои  ҷаъмиятӣ  дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хориҷ аз он ба тасвиб расонад;

2.2. Иттифоқҳои касаба кӯшиш мекунанд:

– ҳуқуқи конститутсионии ҳар як шаҳрванд, бидуни мансубияти он ба миллат ва дин, ба меҳнат, озодии интихоби касбу кор, касб, шароити одилонаи меҳнат ва манфиати бекорон ҳифз  карда шаванд;

– низоми иҷтимоии одилонаи музди меҳнат ва шароити кор татбиқ шаванд;

– ихтисос ва маҳорати касбии кормандон мутобиқи сатҳи истеҳсолот мунтазам баланд гардад ва такмил ёбад;

– риояи қонунҳои меҳнат, қонунҳо, қойидаву меъёрҳои ҳифзи меҳнат ва муҳити зист таъмин карда шаванд;

– замина ва маблағ барои беҳдошти сиҳатии кормандон, аъзои оилаи онҳо, инкишофи тарбияи бадан ва варзиш ба вуҷуд оварда шаванд;

– шартномаҳои коллективӣ ва созишномаҳо баста шаванд ва иҷрои онҳо таҳти назорат қарор гирад;

– бо мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар қабули қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳифзи ҳуқуқ, озодиҳои меҳнатӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва маънавии кормандон ҳамкорӣ кунанд, барои таъмини устуворӣ, ризоияти ҷамъиятӣ ва сулҳу оромӣ  ҷиду ҷаҳд намоянд.

III. Аъзои иттифоқҳои касаба, ҳуқуқ ва вазифаҳои онҳо

3.1. Узви иттифоқи касаба шахсе шуда метавонад, ки дар корхона, дар хоҷагии шахси воқеии истифодабарандаи меҳнати кироя кор мекунад, дар муассисаҳои таҳсилотӣ таҳсил мекунад, ҳамчунин шахсе, ки мустақилона меҳнат мекунад.

Шаҳрванд иттифоқи касабаеро, ки ба он хоҳиши шомил шудан дорад озодона интихоб менамояд. Барои дохил шудан ба иттифоқи касаба аризаи корманд ба ташкилоти ибтидоии иттифоқи касаба асос мебошад.

Ҳеҷ касро барои шомил шудан ё нашудан ба иттифоқи касаба  маҷбур кардан мумкин нест.

Узви иттифоқи касаба ҳаққи аъзогиро ба ташкилоти иттифоқи касабаи ҷои кор ё таҳсил  пардохт менамояд. Тартиб, андоза ва мӯҳлати пардохти ҳаққи аъзогӣ дар оинномаи (низомномаи) иттифоқи касабаи дахлдор муайян карда мешаванд.

Ҳаққи аъзогие, ки аз ҷониби аъзои иттифоқи касаба пардохта шудааст, бозгардонида намешавад.

Қабул ба узвияти иттифоқҳои касаба ба тариқи инфиродӣ тибқи аризаи шахси дохилшаванда дар маҷлиси иттифоқҳои касабаи гурӯҳӣ, ташкилоти сехӣ, ташкилоти ибтидоии иттифоқҳои касаба сурат мегирад.

3.2.Узвият ба иттифоқҳои касаба ба ягон маҳдудияти ҳуқуқҳои меҳнатӣ, инчунин иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ, шаҳрвандӣ ва озодиҳое, ки Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат додаанд, сабаб шуда наметавонад.

Ҳар гуна маҳдудияти ҳуқуқӣ ё муқаррар намудани бартарӣ  ҳангоми бастан, тағйир додан ё қатъ намудани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ вобаста ба узвият ба иттифоқҳои касаба ё ба иттифоқи касабаи  мушаххас, ба шомил шудан ба он ё баромадан аз он манъ аст.

Дар давраи адои хизмати ҳарбӣ, мавриди гузаштан аз як ташкилоти иттифоқҳои касаба ба дигар, муваққатан ё доимӣ қатъ гардидани фаъолияти истеҳсолӣ ва меҳнатӣ дар сурате, ки агар бо ташкилоти иттифоқҳои касаба алоқа вуҷуд дошта бошад ва ҳар моҳ ҳаққи аъзогӣ пардохта шавад, узвияти иттифоқҳои касаба нигоҳ дошта мешавад.

Аъзои иттифоқи касаба, ки барои иҷрои кор онҳо муваққатан берун аз мамлакат рафта бошанд, узвияти онҳо дар иттифоқи касаба то бозгашт нигоҳ дошта мешавад.

 

3.3. Аъзои иттифоқи касаба ҳуқуқ дорад:

– дар мақомоти давлатӣ, судӣ ва хоҷагӣ, сарфи назар аз шаклҳои моликият, аз рӯи масъалаҳои муносибатҳои меҳнатӣ аз кӯмак ва ҳифзи ҳуқуқи иттифоқҳои касаба истифода барад;

– мақомоти  иттифоқҳои касабаро интихоб кунад ва худ интихоб шавад;

– дар чорабиниҳои иттифоқҳои касаба ширкат варзида, озодона ақидаи хешро изҳор кунад, дар маҷлис ва конференсияҳо, ки масъалаи фаъолият ё рафтори он баррасӣ мешавад, шахсан иштирок намояд;

– ба мақомоти болоии иттифоқҳои касаба муроҷиат намояд;

– барои муолиҷа ва истироҳат дар дармонгоҳ, осоишгоҳ,  истироҳатгоҳҳои  солимгардонии кӯдакон, барои худ ва аъзоёни оилааш  роҳхатҳои имтиёзнок гирад, аз муассисаҳои фарҳангӣ, иншоотҳои варзишӣ истифода барад;

– узви сандуқи муовинати кумитаи иттифоқҳои касаба шавад;

– тибқи муқаррароти мақомоти иттифоқҳои касаба аз ҷиҳати моддӣ ва маънавӣ қадр шавад.

3.4. Аъзои иттифоқҳои касаба вазифадор аст:

– Оиннома ва қарорҳои мақомоти иттифоқҳои касабаро иҷро намояд;

– дар фаъолияти ташкилоти ибтидоии иттифоқҳои касаба иштирок намояд;

– барои иҷрои уҳдадориҳои шартномаҳои коллективӣ ё созишномаҳо мусоидат намояд;

– саривақт ҳаққи аъзогӣ супорад.

Узви иттифоқи касаба, ки вазифаҳои оинномавиро иҷро намекунад, муҷозоти ҷамъиятӣ мегирад ва ҳатто аз узвияти иттифоқҳои касаба хориҷ карда мешавад. Қарори аз узвияти иттифоқи касаба хориҷ  кардан, муҷозот доданро мақомоте қабул мекунад, ки ҳуқуқи ба узвияти иттифоқи касаба қабул карданро дошта бошад ва ё мақомоти болоии иттифоқи касаба чунин қарорро қабул карда, ба аъзоёни иттифоқҳои касаба иттилоъ медиҳад. Қарор дар сурате қабул мешавад, ки ба тарафдории он аз 2/3 қисми иштироккунандагони маҷлиси мақоми интихобӣ овоз дода бошанд.

Аризаи эътирозӣ аз болои қарори мучозотӣ ё хориҷ кардан аз узвияти иттифоқҳои касаба метавонад дар муддати ду моҳ аз тарафи мақомоти  болоии иттифоқҳои касаба баррасӣ гардад.

Масъалаи аз узви иттифоқҳои касаба гирифтани муҷозотро маҷлиси иттифоқҳои касаба ё мақоми дахлдор фақат пас аз шаш моҳи баъди додани он баррасӣ мекунад. Пас аз гузаштани як сол муҷозоте, ки узви иттифоқҳои касаба гирифтааст, беэътибор дониста мешавад.

 IV. Сохтори ташкилии иттифоқҳои касаба

4.1. Иттифоқҳои касаба фаъолияти худро дар асоси принсипҳои зерин ба роҳ мемонанд:

– интихобӣ  будани ҳамаи мақомоти роҳбарикунанда аз поён то боло;

– ҳисобот додани мақомоти иттифоқҳои касаба ба ташкилотҳои худ ва мақомоти болоии иттифоқҳои касаба дар доираи ҳуқуқу ваколатҳои ба онҳо додашуда;

– бомашваратӣ ва ошкорбаёнии кори ҳамаи ташкилотҳо ва мақомоти интихобии иттифоқҳои касаба;

– озодии мубоҳиса ҳангоми қабули қарорҳо;

– ҳатмӣ  будани иҷрои қарорҳои мақомоти болоии иттифоқҳои касаба барои мақомоти поёнӣ дар доираи ҳуқуқи онҳо.

4.2. Сохтори иттифоқҳои касабаи Тоҷикистонро ташкилотҳои ибтидоии иттифоқҳои касаба, кумитаҳои соҳавии ноҳиявӣ, шаҳрӣ, вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ,  Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ташкил мекунанд.

Ташкилотҳои ибтидоии иттифоқҳои касаба

4.3. Асоси иттифоқҳои касабаро ташкилотҳои ибтидоии иттифоқҳои касаба ташкил медиҳанд. Ташкилотҳои ибтидоии иттифоқҳои касаба дар сурати мавҷуд будани на кам аз се  аъзои иттифоқи касаба, ки дар як корхона, муассиса, ташкилот сарфи назар аз шакли моликият, кор мекунанд, ё дар таълимгоҳ таҳсил мекунанд, таъсис дода мешаванд.

Ташкилотҳои иттифоқи касаба дар корхона ва қисмҳои таркибии сохтории онҳо ҳуқуқу манфиатҳои меҳнатӣ ва иҷтимоию иқтисодии аъзои иттифоқи касабаро  ҳимоя менамоянд. Ташкилотҳои ибтидоии иттифоқи касаба тавассути мақомоти интихобии мутобиқи оинномаи (низомномаи) соҳавӣ таъсисдода ё тавассути намояндагии иттифоқи касабае, ки ваколатдори намояндагии манфиатҳои аъзои  иттифоқи касаба аст ва дар доираи муқаррароти пешбининамудаи Қонун ва оинномаи (низомномаи) иттифоқи касаба амал менамояд, ваколатҳои худро амалӣ менамояд.

Қарори таъсис ёфтани ташкилоти ибтидоӣ ва ба иттифоқҳои касаба шомил гардидани онро маҷлиси муассисони (конференсияи) аъзоёни иттифоқҳои касаба қабул  намуда,  дар ин бора дар мӯҳлати даҳ рӯз ба мақоми болоии иттифоқҳои касаба хабар медиҳад.

Дар дохили ташкилоти ибтидоӣ бо қарори кумитаи иттифоқҳои касаба ташкилотҳои сехӣ, гурӯҳии иттифоқҳои касаба аз рӯи сохтори корхона таъсис дода мешаванд.

Мақоми олии ташкилоти ибтидоии иттифоқҳои касаба маҷлиси (конференсияи) иттифоқҳои касаба мебошад.

Дар ташкилоти ибтидоӣ, сехии иттифоқҳои касаба, гурӯҳи касабавӣ маҷлисҳо аз рӯи зарурат, вале соле на камтар аз як маротиба гузаронида мешаванд

Дар ташкилоти ибтидоӣ, сехие, ки имкони даъват кардани маҷлисҳои умумии иттифоқи касаба вуҷуд надорад, дар худи  ҳамон мӯҳлат конференсияву маҷлисҳои басти  корӣ (сменавӣ) гузаронидан мумкин аст.

Барои иҷрои корҳои ҷорӣ дар маҷлиси (конференсия) иттифоқҳои касаба ба мӯҳлати 7 сол инҳо интихоб карда мешаванд:

– дар гурӯҳҳои иттифоқҳои касаба – ташкилотчии гурӯҳии иттифоқҳои касаба;

– дар ташкилоти  ибтидоӣ, сехии  иттифоқҳои касаба, ки то 15 нафар аъзои иттифоқҳои касабаро муттаҳид мекунад – ташкилотчии иттифоқи касаба, муовини вай;

– дар ташкилоти  ибтидоӣ, сехии иттифоқҳои касаба, ки зиёда аз    15 нафар аъзои иттифоқҳои касабаро муттаҳид менамояд – кумитаи иттифоқи касаба, кумитаи сехӣ ва комиссияи тафтишотӣ (дар ташкилотҳои сехии дорои буҷети мустақил).

Ташкилотчии гурӯҳ ва  ташкилотчии иттифоқҳои касаба, мақоми иттифоқҳои касабаро бо талаби на кам аз сеяки шумораи аъзоёни дар ташкилоти иттифоқҳои касабаи муттаҳидбуда  ё  бо қарори мақомоти болоии иттифоқҳои касаба пеш аз мӯҳлат интихоб кардан мумкин аст.

4.4.Мақомоти интихобии ташкилоти ибтидоии иттифоқи касаба дар корхонаҳо чунин ваколатҳо дорад:

– созишнома ва шартномаҳои коллективӣ баста  иҷрои онро назорат менамояд, дар бораи иҷрои он дар маҷлиси умумии коллектив (конференсия) ҳисобот медиҳад, аз мақомоти дахлдор ба ҷавобгарӣ кашидани шахсони мансабдореро, ки шартҳои созишномаҳо ва шартномаҳои коллективиро иҷро накардаанд, талаб менамояд;

– якҷоя бо корфармо масъалаҳои ҷорӣ, таҷдиди назар ва  тағйир додани меъёрҳои меҳнатро ҳал менамояд;

– якҷоя бо корфармо масъалаҳои музди меҳнати кормандони корхона, шаклҳо ва низоми пардохти музди меҳнат, нархгузорӣ, ҷадвали тариф, тарҳи маошҳои вазифавӣ, шартҳои ҷорӣ намудан ва андозаи иловапулиҳо, изофапулӣ, мукофотпулӣ ва дигар пардохтҳои ҳавасмандгардонию ҷӯброниро ҳал менамояд;

– якҷоя бо корфармо масъалаҳои  вақти кор ва вақти истироҳатро ҳал менамояд,  ҷадвали бастҳо ва додани рухсатиҳо, ҷорӣ  кардани  ҳисоби якҷояи вақти корро мувофиқа менамояд, ба изофакорӣ ва кор дар рӯзҳои истироҳат иҷозат медиҳад;

– якҷоя бо корфармо масъалаҳои рушди иҷтимоии корхона, беҳтар намудани шароити ҳифзи меҳнат, хизматрасонии моддию маишӣ ва тиббии кормандонро ҳал менамояд;

– дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, муайян ва тасдиқ кардани рӯйхат ва тартиби ба кормандон додани имтиёзҳои иҷтимоӣ иштирок менамояд;

– дар таҳияи қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатии корхона иштирок менамояд;

– ба бекор кардани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ бо корманд бо ташаббуси корфармо розигӣ медиҳад ё онро рад менамояд;

– дар санҷиши ҳодисаҳои нохуш, бемориҳои касбӣ ва садама, дар кори комиссия оид ба масъалаҳои ҳифзи меҳнат иштирок менамояд;

– ҷиҳати аз тарафи корфармо пешниҳод гардидани ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои таъин намудани нафақаи  кормандон ва аъзои оилаи онҳо назорати чамъиятӣ мебарад;

– манфиати шахсони суғурташударо дар комиссияи суғуртаи иҷтимоии давлатӣ ҳимоя намуда, кормандонро тибқи шартҳои пешбининамудаи созишномаҳо ва шартномаҳои коллективӣ ба санатория, профилактория, истироҳатгоҳҳо, муассисаҳои сайёҳӣ, пойгоҳҳо ва муассисаҳои солимгардонӣ равон мекунад ва ташкили хизматрасонии тиббиро ба  кормандон ва аъзои оилаи онҳо месанҷад;

– манфиати кормандони корхонаҳои қарздорро дар марҳилаи муфлисшавӣ ҳимоя  менамояд.

Мақомоти интихобии ташкилоти иттифоқи касаба, инчунин ҳуқуқҳои дигари бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо доро мебошад.

         

 

 

 Ташкилоти минтақавии иттифоқи касаба

(Кумитаҳои ноҳиявӣ, шаҳрӣ, вилоятии иттифоқҳои касаба)

 

4.5. Ташкилоти минтақавии иттифоқи касаба – иттиҳодияи ихтиёрии аъзои иттифоқҳои касабаи ибтидоии як иттифоқи касаба, ки дар ҳудуди вилоят, шаҳр ва ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон амал менамояд.

Иттифоқҳои касабаи вилоятӣ ташкилотҳои иттифоқҳои касабаи як соҳаи дар воҳидҳои марзиву маъмурии вилоят амалкунандаро муттаҳид месозанд.

4.6. Қарорҳои таъсис додани кумитаҳои ноҳиявӣ, шаҳрӣ, вилоятии иттифоқҳои касабаро кумитаҳои соҳавии ҷумҳуриявии иттифоқҳои касаба бо ташаббуси ташкилотҳои ибтидоии иттифоқҳои касаба дар мувофиқа бо  мақомоти байнииттифоқӣ қабул мекунанд.

Агар шумораи аъзои иттифоқи касаба барои таъсиси кумитаҳои дахлдори иттифоқҳои касаба имкон надиҳад, кумитаи ҷумҳуриявӣ метавонад бо ризоияти мақомоти болоии иттифоқҳои касаба вазифаи созгорони касабавиро ҷорӣ намояд.

Ваколати вазифаҳо ва тартиби барои онҳо ҷудо кардани маблағро кумитаҳои ҷумҳуриявии иттифоқҳои касаба муайян мекунанд.

4.7. Мақоми олии ташкилоти минтақавии  иттифоқҳои касабаи соҳавӣ  конференсия  мебошад, ки дар ҳафт сол на кам аз як маротиба даъват карда мешавад. Дар бораи даъват шудан, меъёри намояндагӣ  ва рӯзнома на дертар аз ду моҳ қабл аз конфронс эълон карда мещавад. Конференсияи ғайринавбатӣ аз тарафи шӯроҳои вилоятӣ ё бо талаби на кам аз 1/3 ташкилотҳои дохилии онҳо даъват карда мешавад. Қарори даъват щудан, меъёри намояндагӣ ва рӯзномаи эҳтимолӣ на дертар аз як моҳ пешакӣ эълон карда мешавад.

Конференсия  ҳуқуқ  дорад:

– доир ба фаъолияти ташкилоти минтақавии иттифоқҳои касаба, комиссияҳои тафтишотӣ  ҳисобот шунаванд;

– оиннома (низомнома) ва санадҳои барномавиро қабул ва ба онҳо иловаю тағйирот ворид намоянд;

– раис, муовинони он, аъзоёни раёсату пленум ва комиссияҳои тафтишотиро интихоб намояд;

– ба ҳайати Иттиҳодияҳои ҷумҳуриявӣ намоянда интихоб кунанд.

4.8. Ташкилоти минтақавии иттифоқи касаба  мақомоти роҳбарикунандаи байни конференсияҳои ташкилоти минтақавии  иттифоқи касабаи соҳавӣ мебошанд, ки ба мӯҳлати ҳафт сол интихоб мешаванд.

ҷаласаҳои  раёсат ва пленумҳо  аз рӯи зарурат, вале соле  на кам аз як маротиба гузаронида мешаванд.

Шӯроҳои ҳамоҳангсози  ноҳиявӣ  (шаҳрии)

4.9. Бо ташаббуси ташкилотҳои ибтидоии иттифоқҳои касаба ва ризоияти мақомоти болоии кумитаҳои соҳавии иттифоқҳои касаба ва тасдиқи минбаъда дар маҷлиси Кумитаи иҷроияи Шӯрои Генералии Федератсияи  иттифоқҳои касаба мустақили Тоҷикистон, Шӯрои ҳамоҳангсози ноҳиявии иттифоқҳои касабаи  Тоҷикистон, ки Низомномаи онҳоро Комиҷроияи Шӯрои Генералии Федератсияи иттифоқҳои касабаи  мустақили Тоҷикистон тасдиқ мекунад, метавонанд таъсис дода шаванд.

Иттиҳодияи ҷумҳуриявии иттифоқи касаба

  (Кумитаи иттифоқҳои касабаи соҳавии ҷумҳуриявӣ)

 

4.10. Иттиҳодияи ҷумҳуриявии иттифоқи касаба – иттиҳодияи ихтиёрии соҳавии ташкилотҳои ибтидоӣ ва вилоятии иттифоқҳои касаба, ки бо манфиатҳои умумии иҷтимоӣ-меҳнатӣ ва касбӣ алоқаманданд.

Иттифоқҳои касабаи соҳавии ҷумҳуриявӣ ташкилотҳои иттифоқҳои касабаи як соҳаи дар худуди ҷумҳурӣ амалкунандаро муттаҳид менамоянд.

4.11. Иттифоқҳои касабаи соҳавии ҷумҳуриявӣ оиннома, (низомнома), санадҳои барномавии худро қабул мекунанд.

Мақоми олии иттифоқҳои касабаи соҳавии ҷумҳуриявӣ анҷуман (конференсия) мебошад, ки он дар ҳафт сол на кам аз як маротиба даъват карда мешавад. Даъват, меъёри намояндагӣ ва рӯзномаи анҷуман на дертар аз ду моҳ пешакӣ  эълон карда мешавад.

Анҷуман (конференсия) ҳуқуқ дорад:

– доир ба фаъолияти кумитаҳои ҷумҳуриявӣ, комиссияи  тафтишотӣ ҳисобот шунавад, иттифоқҳои касабаро таъсис ва барҳам диҳад;

– оиннома (низомнома) ва санадҳои барномавиро қабул намояд, ҳамчунин онҳоро тағйир диҳад;

– раиси кумитаҳои ҷумҳуриявии иттифоқҳои касаба  ва муовинони онҳоро интихоб намояд;

– ба ҳайати Шӯрои Генералии Федератсияи иттифоқҳои касаба мустақили Тоҷикистон намоянда, аъзоёни кумитаҳои ҷумҳуриявӣ ва комиссияи тафтишотиро интихоб намояд.

4.12. Кумитаи ҷумҳуриявӣ дар давраи байни анҷуманҳо мақомоти роҳбарикунандаи иттифоқҳои касаба соҳавӣ  мебошад ва дар анҷуман ба мӯҳлати ҳафт сол интихоб мешавад.

ҷаласаҳои кумитаи ҷумҳуриявӣ аз рӯи зарурат, вале дар як сол на кам аз як маротиба гузаронида мешаванд.

Кумитаи ҷумҳуриявӣ:

– иҷрои қарорҳои анҷуманҳои иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон, иттифоқҳои касабаи соҳавӣ, Шӯрои Генералии  Федератсияи иттифоқҳои касаба мустақили Тоҷикистон, Кумитаи иҷроияи онро таъмин менамояд;

– ҳуқуқу  манфиати ташкилотҳои иттифоқҳои касаба, талабҳои қонунии аъзоёни худро дар мақомоти давлатӣ ва ҷамъиятӣ, ташкилотҳои хоҷагӣ, сарфи назар аз шаклҳои моликияташон, ифода ва ҳимоя мекунад;

– дар кори мақомоти идории ҷумҳуриявӣ  ва хоҷагӣ  ҳангоми таҳия ва баррасии барномаҳои давлатии тараққиёти иҷтимоию иқтисодии соҳаҳо ва барномаҳои соҳавии шуғли аҳолӣ иштирок мекунад;

– бо вазорату идораҳо, ширкатҳои дахлдор ва дигар воҳидҳои хоҷагӣ, сарфи назар аз  шакли моликият, вобаста ба  масъалаҳои иҷтимоию иқтисодие, ки ба меҳнаткашони соҳа дахл доранд, созишнома ва шартномаҳо мебандад;

– ба фаъолияти ташкилотҳои иттифоқҳои касаба роҳбарӣ мекунанд ва ба онҳо барои ташкили корашон ёрии амали мерасонад;

– ба нозирони меҳнатӣ ва нозирони ҳуқуқии иттифоқҳои касаба роҳбарӣ намуда, дар таҳияи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, масъалаҳои ҳифзи меҳнат ва саломатӣ иштирок мекунанд, иҷрои онҳоро дар истеҳсолот назорат менамояд;

– барои бекор кардани қарорҳои хилофи қонунҳо қабулкардаи мақомоти хоҷагӣ  кӯшиш мекунад;

– барои дохил кардан ба созишномаи Генерали байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттиҳодияи корфармоён ва Федератсияи иттифоқҳои касабаи  мустақили Тоҷикистон таклифҳо пешниҳод мекунанд;

– таълими кормандони иттифоқҳои касабаро ташкил карда, таҷрибаи мусбати фаъолияти онҳоро ҷамъбаст ва интишор мекунад;

– бо Федератсияи иттифоқҳои касабаи  мустақили Тоҷикистон ва дигар мақомоти муштараки иттифоқҳои касаба барои ноил шудан ба мақсадҳои пешбинишудаи оинномавӣ  ҳамкорӣ  мекунанд;

– муовинони раиси кумитаи ҷумҳуриявӣ, дар мавриди зарурат, раиси онро интихоб ва озод мекунанд;

– ба оинномаҳои иттифоқҳои касабаи соҳавӣ тағйиру иловаҳо ворид менамояд;

– барои ҳалли масъалаҳои ҷорӣ дар давраи байни ҷаласаҳо раёсатро интихоб карда, доираи ваколати онҳоро муайян менамоянд;

– буҷаи иттифоқҳои касабаро идора мекунанд;

– дар масрафи маблағи солимгардонии меҳнаткашон ва аҳли оилаи онҳо, ҳамчунин барои ҳифзи меҳнат, ҳимояи ҳуқуқии кормандон ва дигар чорабиниҳои солимгардонии пешгирикунандаи муайянкардаи Кумитаи иҷроияи Шӯрои Генералии Федератсияи иттифоқҳои касабаи  мустақили Тоҷикистон иштирок мекунад.

Иттиҳодияи минтақавии иттифоқҳои касабаи байнисоҳавӣ

             (Шӯрои вилоятии иттифоқҳои касаба)

       

4.13. Иттиҳодияи минтақавии иттифоқҳои касабаи байнисоҳавӣ (Шӯрои вилоятии иттифоқҳои касаба)  – иттиҳодияи ихтиёрии минтақавии иттифоқҳои касабаи байнисоҳавӣ, ки  дар ҳудуди вилоят  амал менамояд.

4.14. Мақоми олии ташкилоти минтақавии  иттифоқҳои касабаи соҳавӣ  конференсия  мебошад, ки дар ҳафт сол на кам аз як маротиба даъват карда мешавад. Дар бораи даъват шудан, меъёри намояндагӣ  ва рӯзнома на дертар аз ду моҳ қабл аз конфронс эълон карда мещавад. Конференсияи ғайринавбатӣ аз тарафи шӯроҳои вилоятӣ ё бо талаби на кам аз 1/3 ташкилотҳои дохилии онҳо даъват карда мешавад. Қарори даъват щудан, меъёри намояндагӣ ва рӯзномаи эҳтимолӣ на дертар аз як моҳ пешакӣ эълон карда мешавад.

Конференсия  ҳуқуқ  дорад:

– доир ба фаъолияти ташкилоти минтақавии иттифоқҳои касаба, комиссияҳои тафтишотӣ  ҳисобот шунаванд;

– оиннома (низомнома) ва санадҳои барномавиро қабул ва ба онҳо иловаю тағйирот ворид намоянд;

– раис, муовинони он, аъзоёни раёсату пленум ва комиссияҳои тафтишотиро интихоб намояд;

– ба ҳайати Иттиҳодияҳои ҷумҳуриявӣ намоянда интихоб кунанд.

4.15. Ташкилоти минтақавии иттифоқи касаба  мақомоти роҳбарикунандаи байни конференсияҳои ташкилоти минтақавии  иттифоқи касабаи соҳавӣ мебошанд, ки ба мӯҳлати ҳафт сол интихоб мешаванд.

ҷаласаҳои  раёсат ва пленумҳо  аз рӯи зарурат, вале соле  на кам аз як маротиба гузаронида мешаванд.

Шӯрои вилоятии иттифоқҳои касаба:

– якҷоя бо кумитаҳои ҷумҳуриявӣ фаъолияти  иттифоқҳои касабаи вилоятии соҳавиро муттаҳид ва мутобиқ карда, ба кори Шӯро  роҳбарӣ менамояд;

– ҳуқуқ ва манфиатҳои иқтисодию иҷтимоии иттифоқҳои касабаи соҳавиро дар мақомоти вилоятии ҳокимияти давлатӣ  ва идоракунӣ  ифода ва ҳимоя мекунад;

– бо Ҳукуматҳои вилоятҳо оид ба масъалаҳои иҷтимоию иқтисодӣ  созишномаҳо баста,  барои иҷро ва татбиқи онҳо саъю кӯшиш мекунанд;

– оид ба масъалаҳои меҳнат, шуғли аҳолӣ, маишӣ, беҳдошти сиҳатӣ, фарҳанг ва дигар масъалаҳо  таклифҳо пешниҳод карда, баҳри татбиқи онҳо ҷиду ҷаҳд менамояд;

– ба ташкили таҳсили касбӣ ва такмили ихтисоси коргарон муваффақ мешавад;

– сатҳи зиндагии гурӯҳу табақаҳои мухталифи аҳолиро  омӯхта, дар омодасозии таклифҳо оид ба танзими таносуби даромади аҳолӣ  ва шохиси (индекси) баландшавии нархи молҳои истеъмолӣ  ва хизматрасонӣ  иштирок мекунад;

– якҷоя бо Ҳукуматҳо бо кори баҳисобгирӣ ва тақсимоти манзил дар корхонаю муассисаҳо ва ташкилотҳо назорат мекунанд, дар таҳияи нақшаҳои тараққиёти иҷтимоии минтақа ва таҳияи барномаҳои минтақавии шуғли аҳолӣ ширкат варзида, аз болои иҷрои онҳо назорат мекунад;

– ба ташкилотҳои иттифоқҳои касаба ёрии методӣ, ташкилӣ ва машваратии ҳуқуқӣ расонида, таълими кадрҳо ва фаъолони иттифоқҳои касабаро ташкил мекунанд, чорабиниҳои муштараки иттифоқҳои касабаи вилоятиро мураттаб месозад;

– ба фаъолияти ташкилотҳои тобеъи Шӯро, ки  ба кори тарбияи ҷисмонию варзиш, маданию тарбиявӣ ва солимгардонӣ, сайёҳӣ машғуланд, роҳбарӣ  менамояд;

– буҷаи иттифоқҳои касабаро идора менамояд;

– кори солимгардонии кормандон ва аҳли оилаҳои онҳоро ташкил намуда, фаъолияти бозрасии меҳнат ва бозрасони ҳуқуқи  меҳнатро  роҳбарӣ ва мутобиқ мекунад;

– муовинони раиси Шӯро, ҳангоми зарурат раиси онро интихоб ва аз вазифа озод мекунад;

– иҷрои қарорҳои анҷуманҳои иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон, конференсияҳои муштарак, Шӯрои Генералии Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Кумитаи иҷроияи онро таъмин менамояд;

– барои ҳалли масъалаҳои ҷорӣ дар давраи байни маҷлисҳои шӯроҳо Раёсатро интихоб менамоянд ва доираи ҳуқуқҳои онро муайян мекунад.

 

  1. V. Иттиҳодияи умумиҷумҳуриявии иттифоқи касаба-

Федератсияи иттифоқҳои касабаи  мустақили Тоҷикистон

 

5.1. Иттиҳодияи умумиҷумҳуриявии иттифоқи касаба – Федератсияи иттифоқҳои касабаи  мустақили Тоҷикистон (минбаъд Федератсия) иттифоқҳои касабаи соҳавӣ, вилоятӣ, маҳаллӣ, иттифоқҳои касабаи ташкилотҳои муштаракро бо мақсади ҳамоҳангу муттаҳид сохтани амалиёти ташкилотҳои ҳамаъзо ба таври ихтиёрӣ барои намояндагӣ ва ҳифзи манфиатҳои меҳнатӣ, ҳуқуқҳои иҷтимоию иқтисодии аъзоёни иттифоқҳои касаба, кафолатҳои ҳуқуқии фаъолияти иттифоқҳои касаба, ки ҳамин Оинномаро эътироф менамоянд, ҳамраъйӣ, дастгирӣ ва ёрии байниҳамдигарии ташкилотҳои ҳамаъзоро дар амалӣ  гардонидани вазифаҳои умумӣ эътироф мекунанд, ба таври ихтиёрӣ муттаҳид менамояд.

5.2. Ташкилотҳои нави ҳамузв ба Федератсия дар асоси қарор ва муроҷиати ҳатии онҳо ба Кумитаи  иҷроияи  Шӯрои Генералии Федератсия қабул карда мешаванд. Агар қабул рад шавад, ташкилоти дохилшаванда метавонад ин масъаларо барои баррасии Шӯрои Генералии Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон пешниҳод намояд.

5.3. Ташкилотҳои ҳамузв  ҳуқуқ доранд:

– намояндагони худро ба ҳайати Шӯрои Генералии Федератсия пешбарӣ  намоянд, онҳоро бозхонанд ва иваз кунанд;

– ба мақомоти интихобии Федератсия аз рӯи ҳар масъалаи фаъолияти касабавӣ  муроҷиат намоянд ва посуху ахборот гиранд, дар сурати зарурат, барои ҳалли масъалаҳои ба миёнгузошта кӯмак талаб кунанд;

– лоиҳаи санадҳоро барои баррасии анҷуманҳо ва мақомоти интихобии Федератсия пешниҳод намоянд.

5.4. Ташкилотҳои ҳамузви  Федератсия вазифадоранд:

– қарорҳои мақомоти интихобии Федератсияро, ки мувофиқи ҳамин Оиннома қабул шудаанд, иҷро намояд;

– ҳаққи аъзогиро барои фаъолияти оинномавӣ, хазинаҳои мақсаднок, барномаҳои Федератсия ба андоза ва тартиби мукарраршудаи Кумитаи ҷроияи  Шӯрои Генералии Федератсия дар вақташ таҳвил намоянд.

 

Мақомоти Федератсия

5.5. Мақоми олии Федератсия анҷумани иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон мебошад, ки на кам аз як маротиба дар ҳафт сол гузаронида мешавад. Анҷуман бо пешниҳоди Шӯрои Генералии Федератсия даъват карда мешавад. Даъват, меъёри намояндагӣ, тартиби интихоби вакилон ва рӯзномаи анҷуманро  Шӯрои Генералии Федератсия муайян намуда, на дертар аз се моҳ пешакӣ  аз гузаронидани он эълон менамояд.

Анҷумани ғайринавбатии иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон аз тарафи Шӯрои Генералии Федератсия ё бо талаби на кам аз сеяки                                                   ташкилотҳои ҳамаъзои он даъват карда мешавад. Қарори даъват шудани анҷуман ва рӯзномаи эҳтимолии он якуним моҳ пештар эълон мегардад.

Анҷуман:

– доир ба фаъолияти  Шӯрои Генералии Федератсия ва комиссияи тафтишотии он ҳисобот мешунавад;

– барномаи амалиёт ва вазифаҳои навбатии фаъолияти Федератсияро муайян  мекунад;

– раиси Федератсия ва муовинони ӯро интихоб менамояд;

– ваколатҳои аъзоёни  Шӯрои Генералии Федератсияи иттифоқҳои касабаи  мустақили Тоҷикистонро тасдиқ мекунад ва ҳангоми зарурат онҳоро интихоб менамояд;

– комиссияи тафтишотиро интихоб мекунад;

– низомномаи комиссияи тафтишотии Федератсия, тағйироту иловаҳоро ба он тасдиқ менамояд;

– доир ба масъалаҳои муҳимтарини ҳаёти ҷумҳурӣ, фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ, қарору  қатънома, изҳороту муроҷиатнома қабул мекунад;

– аризаҳои эътирозиро, ки аз Оинномаи мазкур сар мезананд, баррасӣ менамояд;

– принсипҳои фаъолияти молиявӣ ва идораи амволи иттифоқҳои касабаи Федератсияро муайян мекунад;

– дар бораи навсозӣ ва барҳам додани Федератсия қарорҳо қабул менамояд;

– анҷуман дар сурате ваколатдор дониста мешавад, ки агар дар кори он на кам аз 2/3 ҳиссаи намояндагони ташкилотҳои ҳамаъзо ва на кам аз 2/3 ҳиссаи вакилони интихобгардида иштирок дошта бошанд.

Қарорҳои анҷуман дар сурате қабул мешаванд, ки ба тарафдории онҳо беш аз нисфи вакилони дар анҷуман иштироккунанда овоз диҳанд, дар сурати мавҷуд будани овозҳои кофӣ  (кворум).

Тартиби овоздиҳиро ҳангоми қабул кардани қарорҳои анҷуман вакилони он муайян мекунанд.

Раиси Федератсия, муовинони ӯ ва раиси комиссияи тафтишотии Федератсия вакили анҷумани иттифоқҳои касаба мебошанд.

Барои муҳокимаи масъалаҳои муҳими ҳаракати иттифоқҳои касаба конфронси иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон даъват шуданаш мумкин. Тартиб ва мӯҳлати гузаронидани онро Шӯрои Генералии Федератсия муайян мекунад.

5.6. Мақоми роҳбарикунандаи Федератсия дар байни анҷуманҳо Шӯрои  Генералии Федератсия мебошад, ки аз рӯи принсипи мустақими баробарии намояндагӣ – як намоянда аз як ташкилоти ҳамузв ташкил карда мешавад.

Ташкилотҳои ҳамузв намояндагони худро ба Шӯрои Генералии Федератсия дар анҷуманҳо, конференсияҳо, пленумҳо ё ҷаласаҳои раёсати ташкилотҳои ҳамузв таъин мекунанд. Бо ҳамин тартиб онҳо боз хонда мешаванд ё иваз карда мешаванд.

Ба ҳайати Шӯрои Генералии Федератсия инчунин раиси Федератсия, муовинон ва аъзоёни интихобкардаи анҷуман дохил мешаванд.

Раиси Федератсия дар айни замон раиси Шӯрои Генералии иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Кумитаи иҷроияи он мебошад.

Шӯрои Генералии Федератсия аз рӯи зарурат, вале дар як сол на кам аз як маротиба даъват мешавад.

5.7. Шӯрои Генералии Федератсия:

– иҷрои вазифаи оинномавӣ ва қарорҳои анҷуманҳои иттифоқҳои касабаи Тоҷикистонро ташкил мекунад;

– фаъолияти ташкилотҳои ҳамаъзоро барои иҷрои вазифаҳои иттифоқҳои касабаи муштарак  мутобиқ месозад;

– ҳуқуқҳои ба иттифоқҳои касаба додаи қонунгузориро дар амал татбиқ менамояд;

– дар ташкилотҳои касабавии ҳамаи  сатҳҳо сиёсати ягонаи молиявӣ  ва интизомиро муайян ва муқаррар менамояд;

– ба ҳамин Оиннома ва санадҳои барномавию меъёрӣ  иловаю тағйирот дохил мекунад;

– анҷуманро даъват мекунад, меъёри намояндагӣ, тартиби интихоби вакилон ва рӯзномаи онро муайян менамояд;

– шумораи ҳайати Кумитаи иҷроияи Шӯрои Генералии Федератсияро таъин ва муайян мекунад;

– барои тасдиқ кардани ваколатҳои аъзоёни нави пешниҳодшудаи Шӯрои Генералии Федератсия, инчунин барои интихоб ва тасдиқи аъзоёни Кумитаи иҷроияи Шӯрои Генералии Федератсия ҳуқуқ дорад;

– стратегияи сиёсати байналмилалии Федератсияро муайян карда, фаъолияти байналмилаии ташкилотҳои ҳамаъзоро баррасӣ ва ҳал мекунад;

– ҳисоботи Кумитаи иҷроияи Шӯрои Генералии Федератсия, ташкилотҳои ҳамаъзоро мувофиқи ҳуқуқ ва ваколатҳои ба вай додашуда мешунавад, баҳсҳои байни ташкилотҳои ҳамаъзоро баррасӣ  ва ҳал мекунад;

– нашриётҳои худро дошта, фаъолияти табъу нашрро вусъат медиҳад, тавассути воситаҳои ахбори умум аҳли ҷомеаро аз фаъолияти худ иттилоъ медиҳад, умури ягонаи иттилоотии иттифоқҳои касабаро вусъат медиҳад;

– қарорҳои Кумитаи иҷроияи Шӯрои Генералии Федератсия доир ба қабули аъзоёни нави Федератсия ва аз он баромаданро тасдиқ мекунад;

– ба марказҳои касабавии байналмилалӣ намояндагони Федератсияро интихоб мекунад ва принсипҳои муносибатҳоро  бо онҳо муайян менамояд;

– муовинони раис, дар зарурат раиси Федератсияро интихоб ва аз вазифа озод мекунад;

– оид ба масъалаҳои моликият, истифода бурдан ва дар ихтиёри худ нигоҳ доштани амволи иттифоқҳои касаба қарорҳо қабул мекунад, дигар вазифаҳоеро иҷро мекунад, ки ташкилотҳои ҳамаъзо ба он вогузор кардаанд.

5.8. Кумитаи иҷроияи Шӯрои Генералии Федератсия

Барои роҳбарӣ  кардан ба корҳои ҷории давраи байни ҷаласаҳо аз ҳайати худ Кумитаи иҷроияи Шӯрои Генералии Федератсияро бо иваз гардидани (ротатсияи) аъзоёни он интихоб мекунад. Ба ҳайати Кумитаи иҷроия  аз рӯи вазифа Раиси Федератсия ва муовинони ӯ дохил мешаванд.

Ба Кумитаи иҷроияи Шӯрои Генералӣ раиси Федератсия роҳбарӣ  менамояд.

ҷаласаи Кумитаи иҷроияи Шӯрои Генералӣ  дар зарурат, вале на кам аз як маротиба дар се моҳ гузаронида мешаванд. Маҷлисҳои Кумитаи иҷроияро раиси Федератсия, агар ӯ набошад, яке аз муовинонаш доир мекунад. Кумитаи иҷроия ваколатдор аст, дар сурати дар  маҷлисҳояш иштирок кардани аз 2/3 ҳиссаи аъзоёни Комиҷроия қарорҳо қабул намояд.

Кумитаи иҷроияи Шӯрои Генералии Федератсия дар доираи ваколатҳои худ амал карда:

– Федератсияро намояндагӣ  мекунад;

– аз рӯи масъалаҳои муҳокимашаванда ба ҷаласаи Шӯрои Генералии Федератсия мавод таҳия ва пешниҳод мекунад иҷрои қарорҳои қабулгардидаро ташкил ва назорат менамояд;

– бо ташкилотҳои ҳамъазо ва марказҳои иттифоқҳои касабаи хориҷӣ  робита муқаррар менамояд;

– дар мақомоти ҳокимияти давлатӣ  талабҳои пешниҳодкардаи ташкилотҳои ҳамъазоро дастгирӣ  мекунад, барои ҳифзи ҳуқуқ  ва манфиати меҳнаткашон аз ҳуқуқҳое, ки дар қонунгузорӣ  пешбинӣ шудаанд, истифода менамояд;

– вазъи шуғли аҳолиро таҳлил намуда, аз мақомоти ҳукумат таҳияи барномаҳо  ва андешидани тадбирҳои мушаххаси кам кардани бекорӣ  ва ҳифзи иҷтимоии бекорони муваққатиро талаб мекунад;

– аз номи Федератсия бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва корфармоён гуфтушунид мекунад ва оид ба ҳифзи манфиати иҷтимоию иқтисодии меҳнаткашон созишномаҳо мебандад;

– аз мақомоти идории давлатӣ ва хоҷагӣ, сарфи назар аз шакли моликият, бекор кардан, боздоштани иҷро, тағйири қарорҳои маҳдудкунандаи ҳуқуқу манфиати меҳнаткашон ва ба қонунгузорӣ мухолифат накардани онҳоро талаб мекунад;

– таълиму тарбияи кадрҳои минтақавӣ  ва соҳавии иттифоқҳои касабаро таъмин менамояд;

– фаъолияти молиявию хоҷагии Шӯрои Генералии Федератсияро ба роҳ мемонад ва оид ба ҷамъбасти он ба Шӯрои Генералии Федератсия ҳисобот медиҳад;

– асноди меъёрӣ  барои ташкилотҳои иттифоқҳои касаба ва мақомоти онҳо таҳия ва тасдиқ менамояд;

– дар мавриди сохтмони иншоотҳои фарҳангӣ, истироҳатӣ, варзишии муштараки иттифоқҳои касаба  вазифаи фармоишдиҳандаи ягонаро иҷро мекунад;

– буҷаи касабавии Шӯрои Генералии Федератсия ва буҷа барои солимгардонии кормандон  ва аъзоёни оилаҳои онҳо, рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш тибқи мақсад ва вазифаҳои Федератсия муайяншударо тасдиқ мекунад;

– самти фаъолияти ташкилоту муассиса ва корхонаҳои тобеъи Федератсияро муайян намуда аз болои он назорат мебарад;

– ба ташаккули ҳайати кадрҳои мақомоти иттифоқҳои касаба таъсир мерасонад, захираи онҳоро ба вуҷуд меоварад;

– дар доираи ҳуқуқу ваколатҳои худ ҳисоботи ташкилотҳои ҳамаъзоро мешунавад ва ҳангоми зарурат ба Шӯрои Генералии Федератсия таклиф  пешниҳод менамояд;

– доир ба қабули аъзои нави Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва аз он баромадан аризаҳоро баррасӣ намуда, қарорҳо қабул мекунад, сипас онҳоро дар Шӯрои Генералии Федератсия тасдиқ мекунад;

– роҳбарони бахшҳои тобеъи Шӯрои Генералии Федератсияро тасдиқ менамояд;

– Шӯрои Генералии Федератсияро даъват ва рӯзномаи ҷаласаро пешниҳод мекунад, вақт ва ҷои гузаронидани онро муайян менамояд;

– феҳристи маълумоти оморӣ ва дигар ахбор, мӯҳлати ба Шӯрои Генералии Федератсия пешниҳод кардани онро аз тарафи ташкилотҳои ҳамузв муайян мекунад;

– хазинаҳои ҷумҳуриявиро ташкил ва барҳам медиҳад;

– вазифаҳо, сохтор, тартиби кор, харҷномаи дастгоҳи Федератсияро тасдиқ мекунад;

– Ифтихорнома, нишон, мукофоту стипендияҳои иттифоқҳои касабаро таъсис медиҳад.

 

5.9. Раиси Федератсия:

– аз номи Федератсия намояндагӣ  мекунад;

– ба кори мақомоти интихобии Федератсия роҳбарӣ  менамояд;

– амвол ва маблағҳои муайянкардаи Кумитаи иҷроияи Шӯрои Генералии Федератсияро идора мекунад;

– дастгоҳи Федератсияро ташкил медиҳад;

– фармоиш мебарорад;

– вазифаҳои дигарро, ки мақомоти интихобии Федератсия ба вай вогузор кардааст, иҷро менамояд.

 

 

5.10. Муовинони раиси Федератсия:

– иҷрои қарорҳои анҷуман, Шӯрои Генералӣ  ва Кумитаи иҷроияи онро ташкил мекунанд;

– манфиатҳои  Федератсияро дар мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятию байналхалқӣ  ифода менамоянд;

– ба кори дастгоҳи Федератсия роҳбарӣ мекунанд.

  1. V Қабули қарорҳо ва тарзи овоздиҳӣ дар анҷуманҳо, конференсияҳо, маҷлису ҷаласаҳои мақомоти интихобии иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон

6.1. Анҷуманҳо ва конференсияҳои иттифоқҳои касаба дар сурате ваколатдор дониста мешаванд, ки агар дар кори онҳо аз 2/3 ҳиссаи вакилон иштирок кунанд.

6.2. Маҷлисҳои иттифоқҳои касаба, пленумҳо дар сурате ваколатдор дониста мешаванд, ки агар дар кори онҳо беш аз нисфи аъзоёни иттифоқҳои касабаи ҳамин  ташкилот ё аъзои мақомоти интихобӣ  иштирок намоянд.

6.3. Қарорҳои анҷуманҳо, конфронсҳо, маҷлисҳои мақомоти интихобии иттифоқҳои касаба дар мавриде қабул шуда дониста мешаванд, ки агар ба тарафдории онҳо, дар сурати мавҷуд будани овози кофӣ (кворум) зиёда аз нисфи вакилон, иштирокчиён ё аъзоёни мақомоти интихобӣ овоз диҳанд.

6.4. Шакли овоздиҳиро (кушода ё пӯшида) вакилони анҷуман, конференсия, иштирокчиёни маҷлисҳо, аъзоёни мақомоти интихобии иттифоқҳои касаба муайян мекунанд.

VII. Комиссияи тафтишотии ташкилоти иттифоқҳои касаба

7.1. Комиссияи тафтишотии ташкилоти иттифоқҳои касаба мақомоти мустақиле мебошад, ки дар як вақт бо мақомоти дахлдори интихобии иттифоқҳои касаба дар маҷлисҳо, конференсияҳо ва анҷуманҳо ба ҳамон мӯҳлат ва ба ҳамон тартиб дар ҳайати раис, муовин ва аъзои комиссия интихоб мешаванд ва ба мақоме, ки онро интихоб кардааст, ҳисобот медиҳад.

Комиссияи тафтишотӣ  дар фаъолияти худ аз рӯи ҳамин Оиннома, оинномаҳои иттифоқҳои касабаи соҳавӣ, Низомнома «Дар бораи комиссияҳои тафтишотӣ», ки дар анҷуманҳои дахлдори иттифоқҳои касаба тасдиқ щудаанд, амал менамояд.

VIII. Молия ва моликияти иттифоқҳои касаба

8.1. Маблағҳои иттифоқҳои касаба аз ҳаққи дохилшавӣ ва ҳаққи ҳармоҳаи аъзогии иттифоқҳои касаба, даромади фаъолияти истеҳсолию хоҷагӣ, табъу нашр ва фаъолияти дигар, ки Қонун манъ накардааст, ташаккул меёбад.

8.2. Ҳаҷми ҳаққи дохилшавӣ  ва узвият ба андозаи на кам аз як фоизи моҳона (стипендия) муқаррар карда мешавад.

Нафақагироне, ки кор намекунанд, ва онҳое, ки муваққатан корро қатъ кардаанд, ба андозаи як фоизи ҳадди ақали нафақа, моҳона ҳаққи аъзогӣ  месупоранд.

Донишҷӯёне, ки стипендия намегиранд ҳақи аъзогиро аз ҳисоби худ пардохт менамоянд, шахсоне, ки бо нигоҳубини кӯдак  то синни сесолагиаш машғул ҳастанд, аз супоридани ҳаққи аъзогӣ  озод карда мешаванд.

8.3. Иттифоқҳои касаба маблағи худро барои таъмини фаъолияти худ истифода бурда, мувофиқи буҷаҳои тасдиқгардида, харҷ  мекунанд.

8.4.Иттифоқҳои касаба мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикиистон ҳуқуқи соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдории молу мулк ва маблағҳое мебошанд,  ки  молики онҳоянд.

Моликияти иттифоқи касаба бинову иморат, иншоот, нақлиёт, муассисаҳои санаторию курортӣ, сайёҳӣ, варзишӣ, муассисаҳои солимгардонӣ, истироҳатгоҳҳо, марказҳои фарҳангию равшаннамоӣ, илмию таълимӣ, ташкилот, фонди  манзилӣ, нашриёт, матбаа, қоғазҳои қимматнок, ҳаққи аъзогии иттифоқи касаба ва дигар маблағу моликияте буда метавонанд, ки аз ҳисоби манбаъҳои худ ташаккул ёфтаанд, инчунин аз  шахсони сеюм ба ихтиёрдории мақомоти иттифоқҳои касаба вогузошта шудаанд.

Манбаъ, тартиби ташаккул ва истифодаи маблағи буҷети иттифоқи касабаро оинномаи (низомномаи)  иттифоқҳои касаба муайян менамояд.

Иттифоқҳои касабаро аз ҳуқуқи ихтиёрдорӣ ва истифодабарии молу мулке, ки барои идоракунии хоҷагидорӣ дода шудааст, танҳо бо қарори суд аз рӯи асосҳои муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳрум кардан мумкин аст.

Моликияти иттифоқҳои касабаро қонун ҳимоя менамояд.

8.5.  Шӯрои Генералии Федератсия молики ваколатдори амволи иттифоқҳои касаба дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

 IX Фаъолияти молиявию хоҷагии иттифоқҳои  касаба

9.1. Фаъолияти молиявию хоҷагии иттифоқҳои касаба мувофиқи оинномаи (низомномаи)  онҳо амалӣ мегардад.

9.2. Иттифоқҳои касаба мувофиқи оиннома (низомнома) ва мақсаду вазифаҳояшон ҳуқуқ доранд, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилотҳои  тиҷоратӣ, фондҳои ҷамъиятӣ ва дигар фондҳо таъсис диҳанд, инчунин бо фаъолияти  ноширӣ  ва молиявию хоҷагӣ машғул шаванд.

 

  1. X. Ҳуқуқҳои мақомоти иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон ҳамчун шахсони ҳуқуқӣ

10.1. Кумитаҳои иттифоқҳои касаба, кумитаҳои ноҳиявӣ, шаҳрӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявии иттифоқҳои касабаи соҳавӣ, мақомоти марказии байнииттифоқии иттифоқҳои касаба, Шӯрои Генералии Федератсия шахсони ҳуқуқӣ мебошанд. Онҳо мӯҳру штамп, бланкҳои чопии худ ва дар бонкҳо суратҳисоб доранд.

Федератсия, иттифоқҳои касабаи ҷумҳуриявии соҳавӣ рамзҳои худро дошта метавонанд.

 

ХI. Ҳуқуқи иттифоқҳои касаба, иттиҳодияҳои онҳо дар бобати ба ҷавобгарӣ кашидани шахсони мансабдор 

11.1. Мақомоти иттифоқҳои касаба (на поёнтар аз сатҳи ноҳиявӣ) ҳуқуқ доранд аз роҳбари корхона, агар он қонунгузорӣ дар бораи меҳнат ва  созишномаҳо ва шартномаҳои коллективиро вайрон намояд, қатъ намудани шартномаи (қарордоди) меҳнатиро талаб намоянд.

  1. 2. Баррасии талаби мақомоти иттифоқи касаба ҳатмӣ мебошад.

XII. Тартиби қатъ ёфтани фаъолияти Федератсия

12.1. Фаъолияти Федератсия бо қарори анҷуман аз рӯи муқаррароти қонунгузорӣ  қатъ карда мешавад. Дар ин маврид маблағу амволи Федератсия ба мақсадҳои муайянкардаи анҷуман истифода мешавад.

Суроғаи  Федератсия иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон: Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Рудакӣ, 20.