ҚОНУНИ ҶТ “ДАР БОРАИ СУҒУРТАИ ДАВЛАТИИ ИҶТИМОӢ”

ҚОНУНИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ СУҒУРТАИ ДАВЛАТИИ ИҶТИМОӢ

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1997, № 23-24, мод. 350; соли 2003, № 8, мод. 458; соли 2006, №4, мод. 200; соли 2007, №3, мод. 177; №7, мод. 694; соли 2008, №10, мод.821; Қонуни ҶТ аз 16.04.2012с., №824;Қонуни ҶТ аз 01.08.2012с, №893)
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилии суғуртаи давлатии иҷтимоиро муайян мекунад ва амали он нисбати суғуртаҳои ихтиёрии иҷтимоӣ татбиқ намешавад.

ФАСЛИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Моддаи 1. Суғуртаи давлатии иҷтимоӣ
Суғуртаи давлатии иҷтимоӣ низоми навъҳои аз ҷониби давлат кафолатдодашудаи таъмини ашхоси суғурташуда ҳангоми маҳрум гардидан аз музди меҳнат ё даромад дар натиҷаи беморӣ, осеби меҳнатӣ ё бемории касбӣ, маъюбӣ, ҳомиладорӣ ва таваллуд, пирӣ, бекорӣ, аз даст додани саробон, фавтидан ва дигар ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби саҳмҳои ҳатмии суғуртаи корфармоён ва шаҳрвандон иборат мебошад.
Суғуртаи давлатии иҷтимоӣ ҳатмӣ мебошад.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.
Моддаи 3. Мафҳумҳои дар Қонун истифодашаванда
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои зерин истифода бурда мешаванд;
Суғуртакунанда — шаҳрвандон, ашхоси ҳуқуқӣ (корхона, муассиса, ташкилот ва дигар субъекти хоҷагидорӣ, сарфи назар аз шакли моликият ва навъи фаъолият) ва ашхоси воқеӣ, ки шаҳрвандонро тибқи шартнома (қарордод) ба кироякорӣ ҷалб мекунанд, аз ҷумла ашхоси ҳуқуқӣ ва воқеии хориҷӣ, инчунин ташкилотҳои байналхалқӣ, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро анҷом медиҳанд, ба ҳисоб мераванд, ки ӯҳдадоранд мутобиқи қонунҳои ҷорӣ ба суғуртаи давлатии иҷтимоӣ саҳм ворид кунанд.
Муассисаи суғурта — шахси ҳуқуқӣ, ки фаъолияти суғуртаро мутобиқи қонунҳои ҷорӣ дар соҳаи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ анҷом медиҳад. (ҚҶТ аз 16.04.2012с., №824)
Шахси суғурташуда — шахси воқеӣ, ки ба манфиати ӯ суғуртаи давлатии иҷтимоӣ анҷом дода мешавад. (ҚҶТ аз 16.04.2012с., №824)
Ҳодисаи суғурта — ҳодисаи рӯҳдода, ки бо фаро расидани он ӯҳдадории суғуртакунанда оид ба пардохти суғурта ба шахси суғурташуда ё талофии хароҷоти масрафнамудаи ӯ ба миён меояд.
Пардохти суғурта — маблағи пулӣ, ки ҳангоми ба миён омадани ҳодисаи суғурта ба шахси суғурташуда тибқи ҳаҷм ва шартҳои муқаррарнамудаи қонунҳо оид ба суғуртаи давлатии иҷтимоӣ анҷом дода мешавад.
Саҳами суғурта — пардохти ҳатмӣ барои суғуртаи давлатии иҷтимоӣ, ки суғуртакунанда вазифадор аст ба муассисаи суғурта гузаронад.
Тарифҳои саҳмияҳои суғурта — андозаи саҳмияи суғурта бо фоизи ба музди меҳнати (даромад) бо ҳама асосҳо ҳисобкардашуда ё ҳаҷми мушаххас барои категорияҳои алоҳидаи суғуртакунандагон.
Баҳисобгирии инфиродӣ — ташкил ва пешбурди баҳисобгирии маълумот оид ба ҳар як шахси суғурташуда бо мақсади суғуртаи давлатии иҷтимоӣ.
Собиқаи суғурта — давомнокии маҷмӯи давраҳои пардохти саҳмияҳои суғурта барои шахси суғурташуда.
Суратҳисоби захиравии инфиродӣ – қисми махсуси ҳисобномаи захиравии инфиродие мебошад, ки дар он маблағи захираҳои ҳатмии нафақавӣ, даромадҳо аз сармоягузорӣ ва индексатсияи онҳо, инчунин пардохтҳо аз ҳисоби захираҳои нафақавӣ дарҷ гардидаанд.
Моддаи 4. Принсипҳои суғуртаи давлатии иҷтимоӣ
Принсипҳои асосии суғуртаи давлатии иҷтимоӣ иборатанд аз:
– хусусияти умумӣ ва ҳатмӣ доштани суғуртаи давлатии иҷтимоӣ ва таъмини ҳифзи иҷтимоии ашхоси суғурташуда;
– кафолати давлатии нигоҳ доштани сатҳи бадастомадаи ҳифзи иҷтимоии ашхоси суғурташуда;
– табақабандии сатҳи ҳифзи иҷтимоии ашхоси суғурташуда бо назардошти саҳми меҳнатии онҳо, сабабҳои ҳодисаҳои суғурта ва
дигар омилҳо;
– масъулияти суғуртакунанда ва муассисаи суғурта ҷиҳати таъмини ҳуқуқҳои ашхоси суғурташуда;
– масъулияти ашхоси суғурташуда, ки иштироки бевоситаашонро барои ба расмият даровардан ва маблағгузории суғуртакунии иҷтимоии худ пешбинӣ менамоянд;
– баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқии субъектҳои суғуртаи давлатии иҷтимоӣ;
– иштироки намояндагони ҳамаи субъектҳои суғуртаи давлатии иҷтимоӣ дар идораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ (намояндагони давлат, суғуртакунанда, иттиҳодияҳои корфармоён ва кормандон дар симои шахси намоянда);
– дастрасӣ ба таъмин ва татбиқи ҳуқуқи ашхоси суғурташуда ва ташкили назорати низоми суғуртаи давлатии иҷтимоӣ; (ҚҶТ аз 16.04.2012с., №824)
– махсус будани маблағҳои молиявии суғуртаи давлатии иҷтимоӣ ва анҷом додани пардохтҳо ба ашхоси суғурташуда вобаста ба иҷрои ӯҳдадориҳо оид ба суғуртаи иҷтимоӣ;
– масъулияти давлат барои истифода, ҷойгиронӣ ва ҳифзи воситаҳои суғуртаи давлатии иҷтимоӣ.
Моддаи 5. Ашхосе, ки бо суғуртаи давлатии иҷтимоӣ фаро гирифта мешаванд
Суғуртаи давлатии иҷтимоӣ бидуни истисно, тамоми ашхоси воқеиро, ки тибқи шартномаи (қарордод) меҳнатӣ кор мекунанд, (минбаъд-кормандон) ки дар корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои ҳамаи намуди моликият ва фаъолияти хоҷагидорӣ, шаҳрвандони алоҳида, инчунин ашхосе, ки аъзои ё иштирокчии корхонаҳо мебошанд, дар бар мегирад.
Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки фаъолияти худро тибқи шартномаи дорои хусусияти гражданию ҳуқуқӣ анҷом медиҳанд, аз ҷумла дар намояндагиҳои давлатҳои хориҷӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва дипломатӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки фаъолияти меҳнатӣ, хоҷагидорӣ ва соҳибкориро (бе ташкили шахси ҳуқуқӣ) дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал мебароранд, мутобиқи Қонуни мазкур бояд таҳти суғуртаи ҳатмии давлатии иҷтимоӣ қарор гиранд. Тартиби суғуртаи ҳатмии давлатии иҷтимоиро нисбати шахсони зикргардида Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
Моддаи 6.Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои суғуртакунанда
Суғуртакунанда ҳуқуқ дорад:
шахсан аз тариқи намояндаи худ дар идораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ иштирок намояд;
аз муассисаи суғуртакунанда бидуни мамоният оид ба истифодаи маблағҳои суғуртаи давлатии иҷтимоӣ маълумот ба даст орад;
ба ҳифзи судии ҳуқуқу манфиатҳои худ.
Суғуртакунанда вазифадор аст:
мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи Қонун нафақа, ёрдампулӣ ва дигар пардохтҳои дорои хусусияти мақсаднокро оид ба суғуртаи давлатии иҷтимоӣ ба ашхоси суғурташуда пардозад;
дар мӯҳлатҳои муайяншуда аз ҷониби тамоми ашхоси суғурташуда саҳмияҳои суғуртаро пардозад;
ҷиҳати рафъи омилҳои номатлубе, ки ба тандурустии кормандон таъсир мерасонад, барои беҳбуди шароити фаъолияти иқтисодӣ ва рафъи ҳодисаҳои травматизми истеҳсолӣ ва бемориҳои касбӣ тадбирҳои зарурӣ андешад;
ба муассисаи суғурта оид ба маблағҳои суғуртаи давлатии иҷтимоӣ, таъмини ҳуқуқи ашхоси суғурташуда ва иҷрои ӯҳдадориҳои суғуртакунанда аснод ва маълумотҳоро пешниҳод кунад;
қарорҳои мақомоти суғуртаи иҷтимоиро оид ба масъалаҳое, ки таҳти салоҳияти онҳо қарор доранд, иҷро кунад;
баҳисобгирии суғуртаи давлатии иҷтимоиро анҷом дода ба муассисаи суғурта оид ба хароҷот ҳисобот диҳад.
Моддаи 7.Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои муассисаи суғурта
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон суғуртаи давлатии иҷтимоӣ аз тарафи мақомоти ваколатдоре, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд (минбаъд – мақомоти ваколатдор), амалӣ карда мешавад.
Муассисаи суғурта ҳуқуқ дорад:
дар вазорату идораҳо, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо сарфи назар аз шакли моликияташон тафтиши асноди пулӣ, китобҳои муҳосибавӣ (бухгалтерӣ), журналӣ, сабт, ҳисобот, нақша, смета, декларатсияҳо ва дигар асноди вобаста ба ҳисоб ва пардохти ҳиссаҳои суғурта, таъмин ва пардохти нафақа ва кӯмакпулиҳоро анҷом дода оид ба масъалаҳое, ки дар натиҷаи тафтиш ба миён меоянд, тавзеҳот, маълумотнома ва маълумотҳои зарурӣ ба даст орад;
баҳисобгирии инфиродии саҳмияҳои пардохташудаи суғуртаро дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун анҷом диҳад;
аз шахсони воқеӣ ва шахсони мансабдори шахси ҳуқуқӣ рафъи вайронкунии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз рӯи пардохти саҳмҳои суғурта ва хароҷоти ин маблағҳо ҷиҳати пардохти нафақа, кӯмакпулӣ ва ташкили солимгардонӣ талаб намояд;
бо тартиби муқарраршуда бақияпулиҳоро аз рӯи саҳми ҳисобкардашудаи муҷозотҳои молиявӣ, пеня ва гирифтани ҷарима аз шахсони мансабдоре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба суғуртаи иҷтимоӣ вайрон кардаанд, тибқи қодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ рӯёнад;
фонди захиравӣ ва фонди рушд созмон диҳад;
маблағи муваққатан озодро ба қоғазҳои қиматнок ва депозитҳои бонкҳо гузорад;
захираҳои нафақавии шахсони суғурташударо дар асоси шартномаҳои бо ширкатҳои идоракунанда басташуда тибқи шартҳои
диверсификатсия нигоҳ дорад;
даъво пешниҳод намояд ва ё дигар амалҳои ҳуқуқии барои ҳимояи манфиатҳои мақомоти ваколатдор заруриро пешбинӣ намояд;
дар ҳамкории байналмилалӣ мутобиқи тартиби муқарраргардида ширкат варзад, таҷрибаи давлатҳои хориҷиро дар соҳаи таъмини нафақа васуғуртаи иҷтимоии аҳолӣ омӯзад ва истифода намояд;
коршиносон, мутахассисон ва машваратчиён, аз ҷумла хориҷиёнро ба кор ҷалб намояд;
дар таъсис додани муассисаҳои махсуси молиявие, ки ба аҳолӣ хизмати иҷтимоии суғуртавӣ мерасонанд, иштирок кунад;
тибқи бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ба судҳо дар бораи ҷуброни зиёни (дар шакли пулӣ ва ғайрипулӣ) буҷети мақомоти ваколатдор ба тарзи маҷбуран ситонидани маблағи пардохтнашудаи саҳмҳои суғурта ва муҷозотҳои молиявӣ даъвои амволӣ пешниҳод кунад;
аз мақомоти дахлдори ҳокимияти давлатӣ ва муассисаҳо (васоят ва парасторӣ, сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ, ҳифзи иҷтимоӣ) ҳуҷҷат ва маълумоти дахлдорро (маълумотнома, нусха ва дигар маълумот) талаб намояд, ки дар асоси онҳо таъин ё пардохти ин ё он намуди нафақа ё кӯмакпулӣ тибқи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ анҷом дода шудааст (анҷом дода мешавад).
Муассисаи суғурта вазифадор аст:
Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки ҳуқуқи ашхоси суғурташударо дар қисми таъминот бо нафақа, кумакпулӣ ва ҷубронпулӣ оид ба суғуртаи давлатии иҷтимоӣ ҳифз менамояд, иҷро кунад;
Тадбирҳои таъминкунандаи пойдории молиявии низоми суғуртаи давлатии иҷтимоиро амалӣ намояд;
назорати баҳисобгирии дуруст, пардохти саривақтӣ ва гузаронидани саҳмияҳои суғуртаро оид ба суғуртаи давлатии иҷтимоӣ анҷом диҳад;
саҳеҳии ҳисоб ва сари вақт баҳисобгирӣ ва пардохти нафақа ва кӯмакпулиҳоро ба ашхоси суғурташуда таъмин намояд;
ба мақомоти болоӣ ҷиҳати тасдиқи ҳисобу китоб ва воридоти пардохтҳои оид ба суғуртаи давлатии иҷтимоӣ сари вақт ҳисобот пешниҳод кунад.
Моддаи 8. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои ашхоси суғурташуда
Ашхоси суғурташуда ҳуқуқ доранд:
аз суғуртакунанда бидуни мамоният оид ба ташаккули маблағҳои суғуртаи давлатии иҷтимоӣ маълумот ба даст оварда, хароҷоти онро назорат кунанд;
аз суғуртакунанда пардохти нафақа ва кӯмакпулиҳоро тибқи ҳаҷм ва мӯҳлатҳои муайяншуда талаб намоянд;
сари вақт ва дар ҳаҷми муайяншуда оид ба суғуртаи давлатии иҷтимоӣ кӯмакпулиҳо гиранд;
ҳуқуқи худро шахсан ё аз тариқи намояндагии худ, аз ҷумла тибқи тартиби судӣ ҳимоя кунанд;
шахси бовариноки худро ҷиҳати иштирок дар тафтиши ҳодисаҳои суғурта сафарбар намоянд;
дар ҳолатҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур ба сифати суғуртакунанда баромад кунад.
Ашхоси суғурташуда ӯҳдадоранд:
Саҳмияҳои суғуртаи муқаррарнамудаи қонунҳоро ба суғуртаи давлатии иҷтимоӣ пардозанд;
сари вақт ба суғуртакунанда асноди саҳеҳро, ки барои таъин намудани пардохтҳои нафақа, кӯмакпулӣ ва ҷубронпулиҳо заруранд, пешниҳод намоянд;
шартҳои муайяншударо барои пардохти нафақа ва кӯмакпулиҳо риоя кунанд.
ФАСЛИ 2. НАВЪ ВА АНДОЗАИ ТАЪМИНОТ МУТОБИҚИ СУҒУРТАИ
ДАВЛАТИИ ИҶТИМОӢ
Моддаи 9. Навъҳои таъминот оид ба суғуртаи давлатии иҷтимоӣ
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон навъҳои зайли таъминот оид ба суғуртаи давлатии иҷтимоӣ муқаррар карда мешаванд:
таъминоти нафақа;
кӯмакпулӣ барои корношоямии муваққатӣ;
кӯмакпулии ҳомиладорӣ ва таваллуд;
кӯмакпулиҳои оилавӣ;
кӯмакпулӣ ба сабаби бекорӣ;
кӯмакпулӣ барои дафн (кӯмакпулии маросимӣ);
хароҷоти маблағҳо барои тандурустии кормандон ва аъзои оилаи онҳо, инчунин барои татбиқи дигар тадбирҳо, ки ба вазифа ва функсияҳои оид ба ҳифзи меҳнат ва тандурустии кормандон ва аъзои оилаи онҳо мувофиқ аст;
иловапулиҳо ба нафақа аз ҳисоби маблағи андӯхти нафақаи ҳисобномаҳои андӯхти инфиродӣ;
дигар навъи пардохтҳо, ки мутобиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардидаанд, инчунин таъминотҳои таъминкунандаи иҷрои вазифаҳои муассисаи суғуртакунанда.
Моддаи 10. Тартиби пардохтҳо аз маблағи ҳисобномаҳои андӯхти инфиродии шаҳрвандон
Муассисаи суғурта пардохтҳоро аз маблағи андӯхти нафақа ба шахсони суғурташудае, ки ба синни муқарраргардидаи нафақа расидаанд ва тавассути корфармо ё мустақилона бо тартиби муқаррарнамудаи қонун саҳмҳои нафақа (суғурта)-ро ба ҳисобномаҳои андӯхти инфиродӣ саривақт пардохт кардаанд, таъин ва таъмин менамояд.
Пардохт дар шаклҳои зайл анҷом дода мешавад:
– муқаррар намудани иловапулии мунтазам ( ҳармоҳа) ба нафақаи меҳнатӣ;
– пардохти яквақтаи маблағи андӯхтшуда;
– гузаронидани маблағи андӯхтшуда ба фонди ғайридавлатии нафақаи интихобкардаи нафақаҳӯр.
Аз маблағи андӯхти нафақа, ки дар ҳисобномаи инфиродии шахси суғурташуда мавҷуд аст, ҳангоми расидан ба синни нафақа иловапулӣ ба нафақа таъин карда мешавад.
Тартиби пардохт ва андозаи иловапулии нафақаро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
Пардохти яквақтаи маблағи андӯхти инфиродӣ аз ҷониби муассисаи суғурта ҳангоме амалӣ карда мешавад,ки маблағи умумии андӯхташуда аз меъёре, ки барои таъини иловапулии ҳармоҳаи нафақа баробар ба ҳаҷми 36 – каратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ки аз лаҳзаи бавуҷудоии ҳуқуқ ба иловапулӣ ( аз лаҳзаи муроҷиат ба таъини иловапулӣ) муқаррар гардидааст, камтар бошад.
Пардохти яквақта аз ҷониби муассисаи суғурта ҳангоми расидан ба синни муқарраргардидаи нафақа ва пайдо гардидани ҳуқуқ ба гирифтани иловапулӣ дода мешавад. Пардохт бо роҳи гузаронидани маблағ ба ҳисобномае (пасандозе), ки шахси суғурташуда пешниҳод менамояд, анҷом дода мешавад.
Дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағе, ки дар ҳисобномае захиравии инфироии шахси суғурташуда мавҷуд аст, дар асоси аризаи хаттии ӯ метавонад ба фонди ғайридавлатии нафақа, ки реквизитҳои онҳоро аризадиҳанди зикр менамояд, гузаронида шавад.
Фонди ғайридавлатии нафақаро (ба истиснои фондҳои ғайридавлатии нафақае, ки ба шахсони барои зисти доимӣ ба хориҷа сафаркунанда хизмат мерасонанд ва ва ҳуқуқ доранд фонди ғайридавлатии нафақаро вобаста ба маҳалли (кишвари) нави зист зикр намоянд), шахси суғурташуда аз ҳисоби фондҳое метавонад интихоб намояд, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамоянд.
Тартиб ва шарти гузаронидани маблағи андӯхти нафақаро ба фондҳои ғайридавлатии нафақа Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
Дар сурати пардохти маблағи андӯхти нафақавӣ мутобиқи қисмҳои панҷум, шашум ва ҳафтуми моддаи мазкур шахси суғурташуда ҳуқуқи худро барои муқаррар намудани иловапулӣ ба нафақаи меҳнаӣ аз маблағе, ки дар ҳисобномаҳои андӯхти инфиродӣ мавҷуданд, аз даст медиҳад.
(Моддаи 101. хориҷир карда шуд мувофиқи Қонуни ҶТ аз 16.04.2012с., №824)
Моддаи 102. Рақами инфиродии суғуртаи иҷтимоӣ
Дар низоми суғуртаи иҷтимоӣ барои ҳар як шахси суғурташуда рақами инфиродии суғурта гузоштамешавад, ки он ҳамзамон рақами ҳисобномаи андӯхти инфиродӣ мебошад.
Зикри рақамҳои инфиродии суғуртаи иҷтимоӣ дар муносибатҳои байниҳамдигарии суғуртакунанда, муассисаи суғурта ва шахси суғурташуда ҳатмӣ мебошад.
Моддаи 11. Таъминоти нафақа
Тартиби муқаррар намудан, таъин, ҳисобу китоб ва пардохти ҳамаи намудҳои нафақа бо қонун «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Моддаи 12. Кӯмакпулӣ ҳангоми корношоямии муваққатӣ
Ҳангоми беморӣ (ҷароҳат бардоштан), ки бо гум кардани қобилияти корӣ вобаста аст, дар вақти зарурати нигоҳубини узви бемори оила, карантин, протезгузорӣ кӯмакпулӣ барои корношоямии муваққатӣ пардохта мешавад.
Кӯмакпулӣ барои кроношоямии муввақатӣ ба андозаи зайл пардохт карда.мешавад:
100 фоиз музди меҳнат:
– ба кормандон ҳангоми бардоштани осеби меҳнатӣ ё бемориҳои касбӣ
– ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки кор мекунанд ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда;
-ба кормандоне, ки аз минтақаи олудаи радиоактивӣ дар натиҷаи садамаи Чернобил ва минтақаҳои ба онҳо баробаркардашудаи офатҳои табиӣ ҳангоми гирифтор шудан ба бемориҳои узвҳои ҳосилкунандаи хун (лейкози шадид), ғадуди сипаршакл (аденома, саратон), варамҳои хатарнок кӯчонида шудаанд.
70 фоизи музи меҳнат:
– ба кормандоне, ки собиқаи меҳнатии бефосилаи ҳаштсола ва беш аз он доранд;
– ба кормандоне, ки таҳти сарпарастии худ се ва ё бештар фарзандони то 16-сола (ё хонандагони то 20-сола) доранд;
– ба кормандони ятим , ки ба сини 23 нарасидаанд.
60 фоизи музди меҳнат:
– ба кормандоне, ки собиқаи меҳнатии бефосилаи то ҳаштсола доранд.(ҚҶТ аз 01.08.2012с, №893)
Агар корманд дар давраи кор, дар роҳ ҳангоми ба кор омадан, ҳамчунин ҳангоми аз кор ба хона рафтан, аз ҷумла рӯзи аз кор озод карда шуданаш муваққатан корношоям гардида бошад, ба гирифтани кӯмакпулӣ ҳақ дорад.
Кӯмакпулӣ барои корношоямии муваққатӣ то барқарор гардидани қобилияти меҳнатӣ, вале ба муддати на зиёдтар аз чор моҳи бемории пай дар пай ва ҳангоми мубталои касалии сил будан ба муддати на бештар аз дувоздаҳ моҳ дода мешавад ва баъди ин кормандро барои муқаррар кардани маъюбӣ ба Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ мефиристанд.
Кӯмакпулӣ барои корношоямии муваққатӣ аз рӯи ҳисоби якмоҳа назар ба андозаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо, кам буда наметавонад.
Барои таъини кӯмакпулӣ барои корношоями муваққатӣ варақаи корношоямӣ (варақаи беморӣ), ки тибқи тартиби муқарраршуда дода шудааст, асос буда метавонад. Дар сурати гум кардани варақаи корношоямӣ кӯмакпулӣ тибқи нусхаи он (дубликат) пардохта мешавад.
Муайян кардани ҳаҷми собиқаи бефосилаи корӣ мутобиқи қоидаҳои ҳисобу китоби собиқаи бефосилаи кории кормандон ҳангоми таъини кӯмакпулиҳо оид ба суғуртаи давлатии иҷтимоӣ, ки онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад, аз рӯзи фарорасии корношоямӣ ҳисоб карда мешавад.
Тартиби таъин ва пардохти кӯмакпулиҳо оид ба корношоямии муваққатӣ дар корхонаҳо тибқи асноди меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Шахсони суғурташуда аз ҷумлаи соҳибкорони инфиродӣ тибқи тартиби умумӣ ба кӯмакпулӣ барои корношоямии муваққатӣ ҳуқуқ доранд. Кӯмакпулӣ ба шахсони мазкур ҳангоми пешниҳоди эъломияи суғуртаи иҷтимоӣ ба тариқи баҳисобгирии маблағи кӯмакпулии ба онҳо таалуқдошта ба ҳисоби саҳмҳои пардохтшвандаи суғурта пардохта мешавад.
Моддаи 13. Кӯмакпулии ҳомиладорӣ ва таваллуд
Кӯмакпулии ҳомиладорӣ ва таваллуд ба андозаи пурраи музди меҳнат барои тамоми давраи рухсатие, ки ба зан ба сабаби ҳомиладорӣ ва таваллуд дода мешавад, сарфи назар аз он ки чанд рӯзи рухсатӣ ба давраи пеш аз таваллуд ва чанд рӯзи он ба давраи пас аз таваллуд рост омадааст, пардохта мешавад.
Моддаи 14. Кӯмакпулии оилавӣ
Ҳангоми таваллуди кӯдак дар оила кӯмакпулии оилавии зайл пардохта мешавад:
кӯмакпулии яквақта бинобар таваллуди кӯдак;
кӯмакпулии ҳармоҳа барои нигоҳубини кӯдак.
Кӯмакпулии яквақта бинобар таваллуди кӯдак ба андозаи зерин таъин карда мешавад:
ҳангоми таваллуди кӯдаки якум — ба андозаи се нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
ҳангоми таваллуди кӯдаки дуюм — ба андозаи ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
ҳангоми таваллуди кӯдаки сеюм ва зиёда — ба андозаи як нишондиҳанда барои ҳисобҳо.
Кӯмакпулӣ дар ҷои кори (таҳсилӣ) яке аз волидайн, агар падару модар кор ё таҳсил накунанд — аз ҷониби шӯъбаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолии маҳалли истиқомат пардохта мешавад.
Кӯмакпулии яквақта ҳангоми таваллуди кӯдак аз рӯзи таваллуди кӯдак таъин ва пардохта мешавад, агар муроҷиат барои гирифтани он на дертар аз шаш моҳи пас аз рӯзи таваллуди кӯдак сурат гирифта бошад.
Дар сурати додани рухсатӣ ба зан барои нигоҳубини кӯдак то ба синни якунимсолагӣ расидани он барои ин мӯҳлат дар ҷои кор аз ҳисоби маблағҳои суғуртаи иҷтимоӣ ба андозаи 100 фоизи нишондиҳанда барои ҳисобҳо ба ӯ кӯмакпулии ҳармоҳа барои нигоҳубини кӯдак пардохта мешавад.
Моддаи 15. Кӯмакпулӣ ба сабаби бекорӣ
Кӯмакпулӣ ба сабаби бекорӣ мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин ва пардохта мешавад.
Моддаи 16. Кӯмакпулӣ барои дафн.ба аъзои оилаи камбизоат
Кӯмакпулӣ барои дафн (кӯмакпулии маросимӣ) ба аъзои оилаи камбизоат дар ҳолати фавти корманди суғурташуда, ё худ дар ҳолати фавти аъзои оила, ки дар таъминоти ӯ мебошанд, дода мешавад. Андозаи кӯмакпулӣ барои дафн баробари бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо аст.(ҚҶТ аз 01.08.2012с, №893)
Тартиб ва шартҳои пардохти кӯмакпулиро барои дафн ба аъзои оилаи камбизоат Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад. .(ҚҶТ аз 01.08.2012с, №893)
Моддаи 161. Таъин ва пардохти кӯмакпулиҳои иҷтимоӣ ба гурӯҳҳои алоҳидаи шахсони суғурташуда
Шахсони суғурташуда аз ҷумлаи соҳибкорони инфиродӣ ба кӯмакпулие, ки мутобиқи моддаҳои 12, 13,14,15 ва 16 Қонуни мазкур дар асосҳои умумӣ таъин карда мешавад, ҳуқуқ доранд. Кӯмакпулии таъингардидаро мақоми ваколатдор тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мепардозад. (ҚҶТа аз 16.04.2012с., №824)
Шахсоне,ки фаъолияти меҳнатиро берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ё дар намояндагиҳои давлатҳои хориҷӣ, ташкилотҳои байналмилалии воқеъ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳанд, ба гирифтани кӯмакпулӣ ҳуқуқ доранд, ба шарте, ки саҳмҳои суғуртаро корфармоён (суғуртакунандагони онҳо) мутобиқи Қонуни мазкур ва ё созишномаҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи байнидавлатии басташуда дар бораи тартиби суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи шаҳрвандони кишварҳое, ки ин созишномаҳоро имзо кардаанд, пардохта бошанд ва ё дар сурати аз тарафи ҳамин шахсон тибқи тартиб ва андозаи муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағи андози иҷтимоӣ мустақилона пардохт шуда бошад.
Моддаи 17. Маблағгузории пардохтҳои дорои хусусиятҳои мақсаднок оид ба суғуртаи давлатии иҷтимоӣ
Аз ҳисоби маблағҳои суғуртаи давлатии иҷтимоӣ пардохтҳои вобаста ба тандурустии ашхоси суғурташуда ва аъзои оилаи онҳо, ки таҳти сарпарастиашон қарор доранд (муолиҷаи санаторию курортӣ, ташкили фаросати кормандон ва аъзои оилаи онҳо, таъмини хӯроки парҳезӣ ва дигар тадбирҳои тундурустию пешгирикунанда), анҷом дода мешавад. Хароҷоти ин маблағҳо бевосита дар корхонаҳо аз ҷониби мақоми дахлдори намояндагӣ ба андоза ва тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
Маблағҳои мақомоти ваколатдор, инчунин ба маблағгузории тадбирҳои зайл равона карда мешаванд:
барои ҳимояи ҳуқуқии аҳолӣ, таъминоти саҳми санаторию профилакторияҳо, лагерҳои тандурустӣ, қисман таъмин намудани штатҳои мактабҳои варзиши атфол ва ҷавонон, татбиқи дигар тадбирҳое, ки ба вазифаҳои тандурустии кормандон ва аъзои оилаи онҳо марбутанд;
маблағгузории хароҷот оид ба омодагии касбӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзии бекорон, аз ҷумла пардохти стипендия, пардохти корҳои ҷамъиятӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ барои шаҳрвандони бекоре, ки ба ҳифзи иҷтимоӣ эҳтиёҷ доранд;
таъмини худмашғулияти аҳолии бекор ва таъсиси ҷойҳои иловагии корӣ, барои фаъолияти илмию тадқиқотӣ оид ба масъалаҳои шуғл ва заминаҳои моддию техникии он, маблағгузории тадбирҳои ҳамкории бозори меҳнат, барои таъминоти хадамоти давлатии шуғл ва рушди байналхалқӣ оид ба масъалаҳои шуғл ва бекорӣ;
татбиқи барномаҳои ҷумҳуриявӣ ва минтақавӣ оид ба дастгирии иҷтимоии нафақахӯрон, маъюбон, атфол ва дигар гурӯҳҳои аҳолӣ;
таъмини нигаҳдошти мақомоти идораи хадамоти мақомоти ваколатдор, тарбия ва бозомӯзии кадрҳо, рушди заминаи моддию техникии низоми фонд;
пардохти ҷубронпулӣ ба ивази роҳҳатҳои истифоданашудаи муолиҷаи санаторию курортӣ ба маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ашхоси ба онҳо баробаркардашуда;
пардохти қисми захиравии нафақаи меҳнатӣ.
ФАСЛИ 3. ШАРТҲОИ УМУМИИ ТАЪИН ВА ПАРДОХТИ МАБЛАҒҲОИ
СУҒУРТА ВА ПАРДОХТҲОИ МАҚСАДНОК
Моддаи 18. Таъин, маблағҳои суғурта, ҳаҷм ва мӯҳлати пардохти он
Таъин ва пардохти ҷамъи маблағҳои суғурта оид ба ҳар як навъи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ дар ҳаҷм ва мӯҳлатҳои пешбининамудаи қонун анҷом дода мешавад.
Ба ашхоси суғурташуда, ки таҳти муносибатҳои меҳнатӣ қарор доранд, кӯмакпулиҳо ва пардохтҳои мақсаднок оид ба суғуртаи давлатии иҷтимоӣ дар ҷои кор ё маҳалли истиқомати суғуртакунанда таъин ва пардохта мешаванд. Дар сурати барҳам хӯрдани корхона ё иваз шудани суғуртакунанда, кӯмакпулиҳо аз ҷониби вориси ҳуқуқӣ таъин ва пардохта мешаванд ва ҳангоми мавҷуд набудани вориси ҳуқуқӣ — аз ҷониби мақоми ваколатдори суғуртакунандаи иҷтимоӣ (муассисаи суғурта), ки суғуртакунандаро ба қайд гирифтааст, анҷом дода мешавад.
Ба ашхоси бақайдгирифташудаи бекор (нафақахурон ва бекорон) пардохтҳо аз ҷониби мақоми ваколатдори маҳалли зист пардохта мешавад.
Кӯмакпулиҳо ҳангоме таъин ва пардохта мешаванд, ки агар дар мавриди пардохти он на дертар аз 6 моҳ, то рӯзи ҳатми ҳолати суғурта муроҷиат карда бошанд.
Кӯмакпулие, ки то рӯзи фавти шахси суғурташуда талаб карда нашудааст, ба аъзои оилаи ӯ ё ашхоси таҳти сарпарастии шахси фавтида қарордошта, пардохта мешавад.
Кӯмакпулиҳои пурра гирифтанашудаи боқимонда ба амволи меросӣ дохил карда намешаванд.
Мутобиқи ҳамин Қонун пардохтҳо ба ашхоси суғурташудаи ноҳияҳо ва маҳалҳо, ки тибқи тартиби муқарраршуда барояшон коэффитсиентҳои ноҳиявӣ ба музди меҳнат истифода мегарданд, зиндагӣ ва меҳнат мекунанд, бо дарназардошти ин коэффисиентҳо пардохта мешаванд.
Моддаи 19. Нигоҳ доштани маблағи кӯмакпулиҳои изофатан пардохташуда
Маблағҳои изофагии ба гиранда пардохташудаи суғуртапулӣ, агар додани изофапулӣ бо гуноҳи ӯ сурат гирифта бошад, тибқи тартиби муайяннамудаи қонун нигоҳ дошта мешаванд.
Моддаи 20. Ҳалли баҳсҳо оид ба масъалаҳои таъминот бо кӯмакпулӣ
Баҳсҳо байни ашхоси суғурташуда ва суғуртакунандагон дар мавриди масъалаҳои таъминот бо кӯмакпулӣ оид ба суғуртаи давлатии иҷтимоӣ бо тартиби судӣ мавриди баррасӣ қарор мегирад.
Моддаи 21. Мақомоти идораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ
Идоракунии низоми суғуртаи давлатии иҷтимоӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба воситаи мақомоти ваколатдор, бо иштироки намояндагони кормандон ва ассотсиатсияи корфармоён, ки таҳияи сиёсати мувофиқашудаи давлатиро дар соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ, инчунин аудити молиявӣ ва ҳуқуқии иштирокчиёни суғуртаи иҷтимоиро амалӣ менамоянд, анҷом дода мешавад.
Идораи оперативии маблағ ва амволи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ аз ҷониби мақомоти ваколатдор анҷом дода мешавад.
Мақомоти ваколатдор фаъолияти худро мувофиқи Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин Низомномае, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад, амалӣ менамояд.
Бо мақсади назорат аз болои дурустии пардохти кӯмакпулӣ ҷиҳати суғуртаи давлатии иҷтимоӣ аз тарафи суғуртакунанда дар корхонаҳо, ташкилотҳо ва муассисаҳо аз ҳисоби намояндагони бакортаъминкунанда, кумитаи иттифоқи касаба ва ё дигар мақоми намояндагии кормандон комиссия таъсис меёбад ва ё вакили масъули суғуртаи иҷтимоӣ интихоб мешавад. Хароҷоти маблағи суғурта барои табобати санаторию курортӣ, истироҳати кормандон аз аъзои оилаи онҳо, хурокхӯрии парҳезӣ ва дигар тадбирҳои солимгардонию профилактики бевосита дар корхонаҳо аз тарафи кумитаи иттифоқи касаба ё дигар мақоми намояндагии кормандон анҷом мегардад.
ФАСЛИ 4. МАБЛАҒГУЗОРИИ СУҒУРТАИ ДАВЛАТИИ ИҶТИМОӢ
Моддаи 22. Маблағҳо барои таъмини пардохтҳо оид ба суғуртаи давлатии иҷтимоӣ
Маблағгузории пардохти нафақа, кӯмакпулиҳо ва дигар пардохтҳои дорои хусусиятҳои мақсаднок оид ба суғуртаи давлатии иҷтимоӣ аз ҷониби муассисаи суғурта анҷом дода мешавад.
Маблағҳои мақомоти ваколатдор аз ҳисоби зайл ташаккул меёбанд;
Саҳмҳои суғуртаи ҳатмии корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои ҳамагуна шакли моликият, дигар ташкилотҳо, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, сарфи назар аз тобеияти онҳо, саҳмҳои шаҳрвандон, ки ба фаъолияти соҳибкорӣ машғуланд (шахсони ҳуқуқӣ намебошанд) ва дигар шаҳрвандон, ки мутобиқи ҳамин Қонун бояд ба суғуртаи давлатии иҷтимоӣ фаро гирифта шавад;
Маблағҳое, ки вобаста ба таъин намудани нафақаи пеш аз мӯхлат ва ба мақсадҳои таъминоти имтиёзноки нафақа мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» ситонида мешавад;
Маблағҳои саҳмҳои ҳатмии суғурта, ки бидуни тартиби баҳс аз шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ситонида мешаванд;
Саҳмҳои ихтиёрӣ ва пардохтҳои хайрияи шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ;
дивидент ва даромадҳои бадастовардашуда аз фаъолияте, ки қонунгузорӣ манъ нанамудааст;
даромадҳое, ки ҳангоми расонидани ёрии молиявӣ аз ҳисоби маблағҳои муваққатан озод ва оид ба депозитҳои мақомоти ваколатдор ба даст оварда мешавад;
маблағҳои буҷети ҷумҳуриявии барои пардохти нафақа ва кӯмакпулиҳо ба хизматчиёни ҳарбӣ ва аъзои оилаи онҳо пешбинишуда, нафақа барои хизматҳои махсус дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва талофии хароҷоти баланд бардоштани ҳаҷми нафақа ва кӯмакпулиҳо вобаста ба тағйирёфтани индекси рӯзгузаронӣ ва афзоиши музди меҳнат;
маблағи буҷети маҳалли, ки барои пардохти нафақа барои хизматҳои шоёни дорои аҳамияти маҳаллӣ, инчунин нафақаҳои иҷтимоӣ пешбинӣ шудаанд;
маблағе, ки ба қисми махсуси ҳисобномаи захиравии инфиродӣ, ҷиҳати пардохтҳои минбаъда ба нафақахӯрон ҳангоми пешбурди баҳисобгирии инфиродӣ дар низоми суғуртаи давлатии иҷтимоӣ ворид карда шудаанд;
дигар воридоте, ки ба қонунҳо ва дигар асноди меъёрию ҳуқуқӣ мухолиф намебошанд.
Маблағҳои пулии мақомоти ваколатдор мусодира ва андозбандӣ намегарданд аз онҳо боҷу хироҷи комиссионӣ ситонида намешавад.
Маблағи дар буҷети мақомоти ваколатдор ҷамъгардида ба ду гурӯҳ тақсим мешавад:
– саҳмҳои суғуртавӣ, маблағи муҷозоти молиявии воридшуда, субвенсияи буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ, даромад ва фоизҳо аз ҷойгиркунии маблағи муваққатан озод ба таркиби буҷети давлатӣ дохилгардида дар буҷети тасдиқгардидаи соли навбатӣ тақсим ва харҷ карда мешаванд;
– маблағе, ки ҳамчун саҳмҳои нафақавӣ аз ҳисоби музди меҳнат ва даромади шаҳрвандон ворид мегардад ва ба қисми захиравии суратҳисоби инфиродии шахси суғурташуда дохил мегардад, инчунин фоизҳо ва даромадҳо аз ҷойгиркунии муваққатии онҳо дар Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли навбатии молиявӣ пешбинӣ намешаванд ва дар шакли захираи нафақавии давлатӣ нигоҳ дошта мешавндю
Дар буҷети мақомоти ваколатдор барои соли навбатии молиявӣ маблағи дар ҳамин сол ворид ва харҷшаванда, инчунин маблағе, ки барои пардохти иловапулиҳо ба нафақа аз андӯхти (аз захираи нафақавии давлатӣ) нафақа дар ҳамин сол равона мегарданд, пешбинӣ мешаванд.
Моддаи 23. Сохтор ва ҳаҷми тарифҳои саҳмияҳои суғурта
Суғуртакунандагон ӯҳдадоранд андози иҷтимоиро тибқи тартиб ва ҳаҷми муқаррарнамудаи Кодекси андози Ҷумҳурии
Тоҷикистон ҳисоб ва пардохт намоянд.
Ба таркиби андози иҷтимоӣ дохил мешаванд:
– саҳмҳо барои суғуртаи иҷтимоӣ;
– саҳмҳои нафақавӣ;
– саҳмҳои суғурта барои бекорӣ.
Саҳмҳои суғуртае, ки шахсони суғурташуда пардохтаанд, дар ҳисобномаҳои андӯхти инфиродӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб гирифта мешаванд.
Маблағи адози иҷтимоӣ ва саҳмҳои нафақа аз ҳисоби маблағи андозбандишаванда бароварда мешавад.
Моддаи 231. Тартиби нигоҳдорӣ, баҳисобгирӣ ва истифодаи воситаҳои пулӣ, ки ба ҳисобномаи захиравии инфиродӣ ворид шудаанд
Ҳангоми ҷорӣ намудани баҳисобгирии захиравии инфиродӣ дар низоми давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ба ҳар як шахси суғурташуда ҳисобномаи захиравии инфиродӣ кушода мешавад, ки дар намуди электронӣ маълумот оиди ҳуқуқҳои нафақавӣ аз ҳисоби захираҳои ҳатмии нафақавӣ қайд карда мешаванд.
Суратҳисоби захиравии инфиродӣ қисми махсуси ҳисобнома мебошад, ки саҳмҳои суғуртавии воридгардида, маблағҳои ҳисобкардашудаи даромадҳо аз истифодаи захираҳои шахси суғурташуда, индексатсияи ин маблағҳо ва пардохтҳои анҷомдодашударо дар бар мегирад.
Бо мақсади аз беқурбшавӣ нигоҳ доштан ва таъмини индексатсияи минбаъдаи маблағҳое, ки дар суратҳисоби захиравии инфиродӣ ҷамъ омадаанд, мақомоти ваколатдор ҳуқуқ дорад, тибқи қонунҳои амалкунанда онҳоро ба ҳисоби депозитӣ дар бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар коғазҳои қимматнок (саҳмҳо, векселҳо ва ғайра) гузорад.
Бо мақсади таъмини даромад маблағи андӯхти нафақавиро муассисаи суғурта метавонад ба активҳои нафақаи фондҳои ғайридавлатии нафақа тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир намояд.
Муассисаи суғурта ӯхдадор аст даромаднокиро аз ҷойгиронии маблағи андӯхти нафақавӣ на камтар аз нишондиҳандаи ставкаи азнавмаблағгузории Бонки миллии Тоҷикистон таъмин намояд.
Тартиби таъин ва пардохти қисми кафолатии нафақаи меҳнатиро аз ҳисоби захираҳои ҳатмии нафақавӣ қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
Моддаи 24. Ӯҳдадориҳои пардохткунандагони саҳмияҳои суғурта
Пардохткунандагони саҳмияҳои суғурта ба мақомоти ваколатдор — суғуртакунандагон ва ашхоси суғурташуда мебошанд.
Пардохти саҳмияҳои суғурта аз ҷониби суғуртакунанда, аз лаҳзаи аз тарафи муассисаи суғурта ба қайд гирифтани он, анҷом дода мешавад.
Саҳмияҳои суғурта, сарфи назар аз андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ, супурда мешаванд.
Мақомоти ваколатдор ҳангоми нигаҳдошт ва истифодаи маълумотҳои зикршуда махфияти онҳоро таъмин менамояд. Ба дигар ашхос додани онҳо танҳо дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун иҷозат дода мешавад.
Моддаи 25. Ҳисоби саҳмҳои суғурта
Ҳисоби саҳмҳои суғуртаро адозсупоранда мутобиқи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон ба ҳисобии музди меҳнат (пардохти музди меҳнат) ба кормандон ё муайян намудани даромади суғурташавандаи соҳибкорон ё шахсоне, ки бо фаъолияти меҳнатии инфиродӣ машғуланд, анҷом медиҳанд.
Суғуртакунанда ӯҳдадор аст ҳисоб ва пардохти ҳармоҳаи саҳмҳои суғуртаро таъмин намояд.
Ҳангоми риоя накардани мӯҳлатҳои ҳисоби андози суғурта муассисаи суғуртаи ҳуқуқ дорад нисбати суғуртакунанда тибқи тартиби муқаррарнамудаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон муҷозоти молиявӣ истифода намояд.
Моддаи 26. Тартиб ва мӯҳлати пардохти саҳмияҳои суғурта
Суғуртакунандагон ҳар моҳ, дар мӯҳлатҳои аз бонк гирифтани маблағҳо барои пардохти музди меҳнати моҳи гузашта, ки ба он саҳмҳои суғурта ба ҳисоб гирифта шудааст, маблағҳои суғуртаро мегузаронанд.
Суғуртакунандагоне, ки дар муассисаҳои бонкӣ ҳисобномаҳо надоранд, инчунин онҳое, ки пардохти музди меҳнатро аз ҳисоби маблағ, фурӯши маҳсулот, иҷрои кор ва хизматрасонӣ анҷом медиҳанд саҳмияҳои суғуртаро то таърихи 10 моҳе, ки пас аз моҳи ҳисоб кардан саҳмияи суғурта фаро мерасад, мепардозанд.
Пардохткунандагони саҳмияҳои суғурта, ки ба онҳо вобаста ба шароити меҳнат мутобиқи қонунгузории ҷорӣ барои меҳнат оид ба натиҷаҳои наҳоии кор подошпулӣ муайян карда шудааст, вобаста ба маблағи ба ҳисоби музди меҳнат ё дар шакли ставкаҳои устувор, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд, саҳмияҳоро пардохта минбаъд оид ба натиҷаҳои сол, дар мӯҳлатҳои барои мақсадҳои зикр шуда аз муассисаҳои бонкӣ гирифтани маблағ ҳисобро баробар мекунанд.
Пардохткунандагони саҳмияҳои суғурта, ки фаъолияти меҳнатиро тибқи шартҳои дигар анҷом медиҳанд, саҳмияҳои суғуртаро аз он даромад ва дар он мӯҳлатҳое мепардозанд, ки Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардааст.
Моддаи 27. Муносибатҳои байниҳамдигарии мақомоти суғуртаи иҷтимоӣ ва пардохткунандагони саҳмияҳои суғурта бо
бонкҳо ва дигар ташкилотҳои кредитӣ
Бонкҳо ва дигар ташкилотҳои кредитӣ ҳисобномаҳои (ҷорӣ) пардохткунандагони саҳмияҳои суғуртаро ҳангоми пешниҳод намудани асноде, ки ба сифати пардохткунандаи саҳмияи суғурта ба қайд гирифта шудааст, тасдиқ мекунад ва оид ба дигар ҳисобномаҳо, аз ҷумла буҷетӣ, асъорӣ, қарзӣ, депозитӣ, аккредитивӣ ва дигарҳо бошад —ҳангоми пешниҳод намудани аснод дар бораи огоҳонии мақомоти мақомоти ваколатдор дар бораи нияти пардохткунандаи саҳмҳои суғурта дар мавриди дар бонк кушодани ҳисобномаи дахлдор, мекушоянд.
Пардохткунандагони саҳмияҳои суғурта ҳамзамон бо талаб карда гирифтани маблағҳо барои пардохти музди меҳнат барои моҳи гузашта ба бонк супоришномаҳои пулиро оид ба саҳмияҳои суғуртаи ба мақомоти ваколатдор гузаронидашуда, ки бидуни он маблағҳо барои пардохти музди меҳнат дода намешаванд, пешниҳод мекунанд. Супоришномаҳои пардохти зикршуда, инчунин супоришномаҳои пардохти пеня, ҷарима ва дигар пардохтхо дар навбати аввал иҷро карда мешаванд.
Дар ҳолатҳое, ки муассисаҳои бонкӣ бо мақсади истифодаи маблағҳои саҳмияҳои суғуртаи воридшуда дар гардиши бонк ва аз он ба даст овардани фоида мӯҳлати баҳисобгирии маблағҳоро мегузаронанд, аз ҷониби онҳо барои ҳар як рӯзи гузаронидани мӯҳлат дар ҳаҷми дукарата дар муқоиса бо ставкаи фоизии ҷории азнавмаблағгузории (рефинансирования) бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон фоизҳо пардохта мешаванд.
Маблағҳое, ки ба буҷети мақомоти ваколатдор дар натиҷаи иҷрои муҷозотҳои молиявӣ (пения, ҷарима) ворид гардидаанд, барои мақсадҳои суғуртаи иҷтимоӣ масраф карда мешаванд.
Амалиётҳо оид ба маблағҳои мақомоти ваколатдор аз ҷониби ташкилотҳои бонкӣ ё дигар ташкилотҳои кредитӣ бидуни талаби подоши комиссионӣ барои ин амалиёт анҷом дода мешавад.
Моддаи 28. Назорати пардохти саҳмияҳои суғурта ва хароҷоти маблағҳои суғуртаи иҷтимоӣ
Назорати пардохти саҳмияҳои суғурта ва хароҷоти маблағҳои суғуртаи иҷтимоӣ бо қарори мақоми идораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ аз ҷониби намояндаи мақомоти суғуртаи иҷтимоӣ ё ташкилоти мустақили аудиторӣ анҷом дода мешавад.
Суғуртакунандагон, бонкҳо, дигар мақомоте, ки оид ба маблағҳои суғуртаи давлатии иҷтимоӣ амалиётро анҷом медиҳанд, вазифадоранд ба мақомоти назораткунандаи суғуртаи иҷтимоӣ аснод ва маълумотҳои зарурии марбут ба соҳаи фаъолияташонро пешниҳод намоянд.
Назорати ҷамъиятӣ ҷиҳати таъмини ҳуқуқи ашхоси суғурташуда, хароҷоти маблағҳои суғуртаи давлатии иҷтимоӣ дар корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо аз ҷониби мақомоти намояндагии кормандон анҷом дода мешавад.
Моддаи 29. Масъулият барои ҳисоби нодуруст, сари вақт напардохтан ва нагузаронидани саҳмияҳои суғурта
Барои ҳисоби нодуруст, сари вақт напардохтан ва нагузарондани саҳмияҳои суғурта ба Фонди суғуртаи давлатии иҷтимоӣ, сари вақт ҳамчун пардохткунандаи саҳмияҳо ба қайд нагирифтани суғуртакунандагон мутобиқи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд ва инчунин ҳангоми иҷрои амле, ки аз он ба буҷети Фонд зиёни моддӣ расидааст, суғуртакунанда ӯҳдадор аст зиёнро дар ҳаҷми пурра ҷуброн намояд. Ҷуброни зиён метавонад тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонугузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ё бо қарори суд ситонида шавад..
Моддаи 30. Мӯҳлатҳои дида баромадани муроҷиатҳо дар бораи вайрон шудани қонунгузорӣ дар хусуси суғуртаи давлатии иҷтимоӣ
Муроҷиати суғуртакунандагон ва суғурташудагон аз рӯи масъалаҳои вайрон шудани қонунгузорӣ оиди суғуртаи давлатии иҷтимоӣ аз тарафи суғуртакунанда дар мӯҳлати 30 рӯз баррасӣ карда мешавад. Аз натиҷаи он суғуртакунанда ба аризадиҳанда баъди қабули қарор дар муддати 10 рӯз ба таври хаттӣ хабар медиҳад. (Қ ҶТ аз 16.04.2012с., №824)
Дар ҳолати розӣ нашудан бо қарори қабулшуда, баҳс дар тартиби судӣ ҳал карда мешавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. РАҲМОНОВ
ш. Душанбе,
13 декабри соли 1997,
№517