• 0

ИТТИФОҚИ КАСАБА ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

           25-уми июни соли ҷорӣ дар толори Кохи иттифоқҳои касаба бахшида ба 22 солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд. Ҷамъомадро муовини раиси Федератсия Исмоил Файзизода ифтитоҳ намуд.

        Корманди масъули дастгоҳи марказии ҲХДТ муҳтарам Абдураҳим Шоҳиён дар бораи эътибори арзишҳои Ваҳдати миллӣ суханронӣ намуд. Ӯ изҳор дошт, ки Ваҳдат барои ҳар сокини кишвари мо вожаи муқаддас аст. Мардуми фарҳангсолори мо аз қадим барои баҳамоӣ ва иттиҳоди пурқувват часпу талош карда меоянд. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ эътибори он боз зиёдтар шуд. Мардуми тоҷик хуб дарк менамояд, ки дар замони муосир бо баҳонаи ҷаҳонишавӣ бархурди тамадунҳо бештар мешавад, бояд бештару беҳтар арзишҳои Ваҳдати миллӣ ҳимоя шаванд.

“Read More”

  • 0

КОҲИШ ДОДАНИ ШУҒЛИ ҒАЙРИРАСМӢ

         Рӯзҳои 19-21 июни соли ҷорӣ бо ташаббуси Федератсияи иттифоқҳои касабаи  мустақили Тоҷикистон ва дастгирии Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат дар мавзӯи «Паст кардаи шуғли ғайрирасмӣ ва нақши иттифоқҳои касаба дар ин самт» Семинари омӯзишӣ баргузор шуд. Муовини раиси Федератси Исмоил Файзизода иштирокчиёни семинарро хайрамақдам гуфта, изҳор дошт, ки ин масъала барои рушди кишвар аҳамияти муҳим дорад.

         Намояндаи ТБМ Д. Суручан оид ба ин масъала баромад намуда, бо мисолҳои мушаххас роҳҳои коҳиш додани шуғли ғайрирасмиро нишон дод.

         Дар ин чорабинӣ намояндагони Кумитаиҳои ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи сохтмон, комплекси агросаноатӣ, кимиё ва савдо фаъолна иштирок намуданд.


  • 0

АҚЛҲОРО АҚЛҲО ЁРӢ ДИҲАНД

        Беҳтар шудани фаъолияти иттифоқҳои касаба дар замони муосир, ҷустуҷӯи роҳу василаҳои наву афзалиятдоштаро тақозо менамояд. Ҳоло, ки шаклҳои меҳнат ҳам гуногун аст ва кормандон дар ташкилоту муассисаҳои буҷавӣ, шахсӣ, инфиродӣ ва ҷамъиятию муштарак кор мекунанд, муносибат бо онҳо низ аз намояндагони иттифоқи касаба маҳорат ва дониши мукаммалро талаб менамояд.

         Семинари омӯзишие, ки Кумитаи марказии иттифоқи касабаи кормандони  геология, саноати маъдан, металлургия «Тоҷикметалл» таи се рӯз дар Осоишгоҳи КВД «Ширкати Алюминийи тоҷик» гузаронид, ба ҳамин мақсад равона шуд. Раиси Кумита Абдулло Холиқов чорабинии мазкурро ифтитоҳ намуда, таъкид кард, ки  дар замони муосир ҳар соҳа ва ҳар кор муносибати наву масъулияти бештарро талаб мекунад.  Корхона ва муассисаҳое, ки кормандони онҳо дар хизматрасонии иттифоқи касабаи «Тоҷикметалл» қарор доранд, шакли фаъолияташон аз ҳам тафовути зиёд доранд. Яъне, иттифоқи касабаи мо бо корхонаҳои буҷавӣ, ѓайридавлатӣ, хусусӣ, саҳомӣ ва муштаррак сару кор дорад. Новобаста, аз шакли фаъолият, иттифоқи касаба ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои меҳнатӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кормандонро ҳамчун аъзои ин ташкилот як хел ба роҳ мемонад.

“Read More”

  • 0

ДАР АРЗҲОИ ДӮСТӢ ЭЪТИБОР БА АРЗИШҲОИ ФАРҲАНГӢ

         Рӯзҳои 13-15 майи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе ҳамоиши Иттиҳоди байналмилалии иттифоқҳои касабаи «Шӯрои машваратии иттифоқҳои касабаи кормандони фарҳанг» баргузор шуд. Дар кори он намояндагони иттифоқҳои касабаи кормандони фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сайёҳии кишварҳои Россия, Белорус, Қазоқистон, Қарѓизистон, Молдова, Украина, Озарбойҷон ва Тоҷикистон иштирок намуданд.Чорабинӣ бо даъвати Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон дар дираи ташаббуси Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021» гузаронида шуд.

“Read More”

  • 0

ВОХӮРӢ БО ФАЪОЛОН

         16  майи соли ҷорӣ дар ноҳияи Шаҳринав вохӯрии раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Қодири Қосим бо фаъолони иттифоқҳои касабаи ин ноҳия баргузор шуд.

         Раиси Федератсия дар назди ҳозирон баромад намуда, бештар дар бораи нақши иттифоқҳои касаба барои ҳифзи ҳуқуқ ва ҳимояи манфиатҳои меҳнатӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии меҳнаткашон изҳори ақида намуд. Ӯ изҳор дошт, ки иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон ҳамчун шарики иҷтимоии ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳия ва коркарди  санадҳои ҳуқуқии меъёрӣ иштирок менамояд. Мавқеи онҳо дар тарбияи кадрҳои ҷавон, тарғиби дастовардҳо ва арзишҳои миллӣ, Ватандӯстӣ, меҳанпарастӣ ва рушди босуботи кишвар бузург аст.

         Раиси ноҳия Нусратулло Аюбзода дар ин вохӯрӣ баромад намуда, аз сатҳи ҳамкориҳо бо иттифоқҳои касаба изҳори қаноатмандӣ намуд.