ҲАМКОРИҲО ВУСЪАТ МЕЁБАНД

  • 0

ҲАМКОРИҲО ВУСЪАТ МЕЁБАНД

Рӯзҳои 7-9 августи соли ҷорӣ як як ҳайати шашнафараи намояндагони Итттиффоқҳои касабаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо сардории раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи ин кишвар Рафиқов Қудратулло Мирсагитович дар Ҷумҳурии Тоҷикистон боздиди корӣ доштанд. Дар Кохи иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон бо меҳмонон вохӯрии самимӣ баргузор шуд. Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон Қодири Қосим меҳмононро аз кишвари ҳамсоя хайра мақдам гуфта, таъкид намуд, ки чунин дидорбиниҳо, ки ба он

роҳбарони олимақоми ҳарду кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавқат Мирзиёев санги асос гузоштанд, минбаъд вусъат меёбад. Дар шаҳри Тошканд Меморандиум оид ба ҳамкориҳои дуҷониба имзо шуда буд, ки дар ин ҳуҷҷат ҳавасмандии ҷонибҳо барои таҳкими муносибатҳои дуҷониба нишон дода шудааст. Боздиди ҳайати бародарони узбек дар арафаи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз сатҳи баланди дӯстӣ ва рафоқати ҳамдигарӣ шаҳодат медиҳад.
Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Рафиқов Қудратулло Мирсагитович дар баромади хеш изҳор дошт, ки ин ду халқ таъриху фарҳанги муштарак доранд ва ягон қуввае онҳоро аз ҳам ҷудо карда наметавонад. Онҳо кӯшиш менамоянд, ки сатҳи ҳамкориҳои дуҷонибаро таҳким бахшанд.
Оид ба робитаи ин ду халқи бародар ва дурнамои ҳамкориҳои судманд сафири Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Тоҷикистон Шоисматуллоев Эргаш Раҳматуллоевич ҳам ибрози ақида кард.
Меҳмонон дар доираи ин сафар ба фаъолияти корхонаи “Алюминии тоҷик”, хоҷагии боғпарварии Ҳоҷӣ Камоли шаҳри Турсунзода, Осорхонаи таърихию фарҳангии “Қалъаи Ҳисор”, истироҳатгоҳи “Хоҷа-Обигарм” шинос шуда, аз сафари Тоҷикистон ба Ӯзбекистон бо таассуроти нек баргаштанд.


Leave a Reply