ҶАЛАСАИ КОМИССИЯ

  • 0

ҶАЛАСАИ КОМИССИЯ

(20.08.2018) Имрӯз ҷаласаи навбатии комиссия оид танзими Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон баргузор шуд. Котиби комиссия Ғанизода Назрӣ Сафаралӣ изҳор дошт, ки дар ҷаласаи навбатӣ иҷрои талаботҳои моддањои 7 ва 9-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” мавриди гуфтугузор қарор мегирад. Дар бораи иҷрои талаботњои моддаҳои мазкур ва дар маљмўъ қонуни мазкур аъзои комиссия, раиси Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Раҷаббой Улмасов гузориш дод. Ӯ изҳор дошт, ки дар давоми ёздаҳ соли амали ин қонун, он ба хоҷагии халқ фоидаи хуб овард. Бартарияти ин қонунро натанҳо дар дохили кишвар, балки берун аз он дарк намуданд. Дар ин самт кишварҳои ҳамсоя ба ин ташаббуси хирадмандонаи ҷониби Тоҷикистон пайравӣ менамоянд.
Иштирокчиёни ҷаласа Назарзода Наргис Ҷӯрахон, Ҳоҷиева Заррина Боймуродовна, Забиров Ҷамшед Ханҷарович низ дар бораи эътибор ва аҳамияти ин қонун барои мардум Тоҷикистон мулоҳиза ронданд.
Дар кори ҷаласа муовини аввали раиси Федератсия Назарзода Нигора Нураҳмад иштирок ва баромад намуд.


Leave a Reply