ДАР АРЗҲОИ ДӮСТӢ

  • 0

ДАР АРЗҲОИ ДӮСТӢ

     SAM_3361

     Як самти муҳими фаъолияти иттифоқҳои касаба ба роҳ мондани дӯстӣ ва ҳамкорӣ ба хотири рӯзгори обод ва ҳаёти осоишта мебошад. Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон дар асоси иҷрои уҳдадориҳои оинномавии хеш ба масъалаи ҳамкорӣ бо ҳампешаҳои хориҷи эътибори зиёд медиҳанд. Танҳо дар ду соли охир бо иттифоқҳои касабаи кишварҳои Қазоқистон, Ӯзбекистон, Белорус ва Озарбойҷон Меморандуми ҳамкорӣ ба имзо расонда шудааст. Бо иттифоқҳои касабаи кишварҳои узви ИДМ, Евроосиё, Туркия ва Иттиҳоди Аврупо, Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат ҳамкории хуб дошта, аъзои Конфедератсияи умумиии иттифоқҳои касаба мебошад.
     Дар асоси ҳамкориҳои дуҷониба бо Федератсияи иттифоқҳои касабаи ҷумҳурии Белорус шабакаи телевизиони миллии ин кишвар барои омода намудани як филми ҳуҷҷатӣ ва барномаҳо оид ба набзи меҳнат дар ҷумҳурии Тоҷикистон меҳмони кишвари мо шуданд.
     Бо сарпарастии Олга Зуёнок-роҳбари гурӯҳи матбуотии иттифоқҳои касабаи ҷумҳурии Белорус таи се рӯз онҳо бо набзи меҳнат дар корхонаҳои азими мамлакат; НБО “Норак”, КВД “Ширкати Алюминии Тоҷик”, боѓи “Сомон” дар шаҳри Турсунзода, Комбинати “Ширии Душанбе”, бозори “Меҳргон” шинос шуда, нбзи меҳнатро рӯйи навор оварданд, ки барои тамошобини кишвари Белорус барномае аз фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии Тоҷикистон пешниҳод хоҳанд кард.


Leave a Reply