ҶАМЪБАСТ, НАТИҶАҲО ВА ДУРНАМО ТАШАББУСКОР БОШЕМ

  • 0

ҶАМЪБАСТ, НАТИҶАҲО ВА ДУРНАМО ТАШАББУСКОР БОШЕМ

     SAM_3711      18 январи соли ҷорӣ ҷаласаи навбатии Кумитаи иҷроия ва Шӯрои генералии Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон баргузор шуданд. Дар ҷаласаи Кумитаи иҷроияи Шӯрои геералӣ ду масъала «Дар бораи таҳлили вазъи шарикии иҷтимоӣ, Созишнома ва шартномаҳои коллективӣ дар шаҳрҳои Хуҷанд, Бустон, Исфара ва ноҳияи Спитамени вилояти Суғд», «Дар бораи тасдиқи фармоишҳои раиси Федератсия» мавриди муҳокима қарор гирифт.

            Дар ҷаласаи Шӯрои генералии Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон 7 масъала, «Дар бораи ҳисобот оид ба натиҷаҳои фаъолияти Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон дар соли 2018 ва вазифаҳо барои соли 2019», «Дар бораи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2018 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ зикр шудаанд», «Дар бораи буҷаи Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон барои соли 2019», «Дар бораи тасдиқи Нақшаи кори Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2019», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Шӯрои генералии Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон аз 15 январи соли 2016, №13/12», «Дар бораи гузаронидани ҳисоботу интихобот дар ташкилотҳои ҳамузви Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон», «Дар бораи қатъ гардидан ва тасдиқи ваколати аъзои Шӯрои генералии Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон» баррасӣ шуданд.

            Раиси Федератсия қодири қосим дар оғози кори ҷаласа оид ба масъалаи якуми рузнома доир ба Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баромад кард. Ӯ изҳор дошт, ки дар ин Паём самтҳои муҳими тараққиёти хоҷагии халқи кишвар барои соли ҷорӣ ва солҳои минбаъда нишон дода шудааст. Боиси қаноатмандӣ ва сарфарозист, ки соли гузашта рушди Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ дар сатҳи 7,3 фоиз ҷамъбаст гардида, таваррум дар сатҳи 5,4 фоиз нигоҳ дошта шуд. Ин аз устувор будани иқтисодиёти кишвар дарак медиҳад.

            Пешвои миллат ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ, ки самти муҳими фаъолияти ҳаракати иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон маҳсуб меёбад, аҳамияти зиёд медиҳад. Дар Паём таъкид шудааст, ки « Шумораи аҳолӣ дар кишвар аз 5,4 миллион нафари соли 1990 ба 9,1 миллион нафар дар соли 2018 расид ва дар назар аст, ки соли 2023 аҳолии кишвар ба 10 миллион нафар мерасад.

            Ин аз мо тақозо менамояд, ки ба ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, аз ҷумла беҳтар гардонидани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ ва тақвияти иқтидори истеҳсолии мамлакат диққати аввалиндараҷа диҳем».

            Дар Паём чанд рӯйдоди муҳими соли сипаришуда, татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об-«Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии «Роғун», аз байн бурдани нофаҳмиҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва тиҷоратии дар тули зиёда аз ду даҳсола вуҷудошта бо кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон мушаххас таъкид шуданд, ки барои намояндагони Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон боиси сарфарозист.

            Акнун барои се соли минбаъда рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ тамдид карда шуд. Аксари мардуми кишвар, ки шумораи зиёдашон аъзои иттифоқи касаба мебошанд, дар деҳот зиндагӣ менамоянд. Барои рушди деҳот ва беҳтар шудани шароти зисти мардуми он корҳои муҳиму созанда анҷом дода мешавад, ки дар ин самт Иттифоқҳои касаба ҳамчун шарики боэътимоди иҷтимоӣ ҳамдастӣ хоҳанд кард.

            Муовини раиси Федератсия Файзизода Исмоил Нарзи дар бораи натиҷаҳои фаъолияти иттифоқҳои касабаи кишвар дар соли 2018 ва вазифаҳо барои соли 2019 маърӯза кард.

Дар ҷаласаи Шӯрои генералии Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон раиси Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Тоҷикистон Рамазон Одиназода, раиси Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони нақлиёт ва хоҷагии роҳҳои ҶТ Нуринисо Бобоева, раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Хатлон  Абдурозиқ Ризоев, мудири шуъбаи ҳуқуқи Федератсия Алӣ Иброҳим Саидзода таклифу пешниҳодҳои судманд ироа доштанд.

            Дар кори ҷаласаи Шӯрои генералии Федератсияи  муовини якуми Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмин Сангинзода, раиси Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон Азизбек Шарипов иштирок намуданд. Азизбек Шарипов дар ҷаласа баромад кард.

            Аз рӯйи ҳамаи масъалаҳои муҳокимашуда қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

Маркази матбуоти Федератсия


Leave a Reply