ҲАМКОРИҲО БЕҲТАР МЕШАВАНД

  • 0

ҲАМКОРИҲО БЕҲТАР МЕШАВАНД

 

         SAM_3763Ҳамкориҳои Иттифоқҳои касабаи ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон густариш меёбад. Дар доираи Созишномаи ҳамкориҳои дуҷониба, ки соли гузашта ба имзо расида буд, имсол баргузории як қатор чорабиниҳои муштарак дар назар дошта шудааст. Мутобиқи Нақша-чорабиниҳои муштарак директори муассисаи «Касаба сайр»-и Шӯрои Федератсияи иттифоқҳои касабаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Хидиров Тулқин Узақович ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард. Муовини аввали раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Назарзода Нигора Нураҳмад бо ӯ мулоқот намуд. Зимни суҳбат таҳкими ҳамкориҳои судманди дуҷониба ва татбиқи Нақша- чорабиниҳои муштарак, ки сайёҳӣ як самти муҳими он мебошад, таъкид шуд.

        

         Ҳамчунин суҳбати Т. Хидиров бо фаъолони иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон баргузор шуд, ки зимни он бештар дар бораи истифодаи оқилонаи имкониятҳои мавҷуда вобаста ба рушди сайёҳӣ сухан рафт.


Leave a Reply