ҲАМОИШ ДАР ҚАРОРГОҲИ ТБМ

  • 0

ҲАМОИШ ДАР ҚАРОРГОҲИ ТБМ

Женева

        Рӯзҳои 11-15 феврали соли ҷорӣ дар қароргоҳи Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат дар шаҳри Женева, дар доираяи ҷашни 100 -солагии ин ташкилот баробари дигар кишварҳои узви он,  сафари омӯзишӣ ва семинар барои роҳбарони иттифоқҳои касабаи ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор шуд. Дар ин чорабинӣ ҳайати ҳафтнафараи Иттифоқҳои касабаи Ҷумҳурии Тоҷикистон   бо роҳбарии раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Қодири Қосим иштирок намуданд. Дар қароргоҳи ин ташкилоти бонуфуз ҳайати Тоҷикистонро хуб пазироӣ намуданд. Котиби гурӯҳи ҳамраъйии меҳнаткашони ТБМ Рокел Гонсолес, мушовири директории генералии ТБМ Кари Тапиола  дар бораи таърихи ин ташкилот ва фаъолияти котиботи он маърӯза карданд.

    Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Қодири Қосим дар чорабинии мазкур баромад намуда, таҳкими ҳамкориҳои судманди иттифоқҳои касабаи кишварро бо шарикони иҷтимоӣ муҳим арзёбӣ кард.

        Дар фарҷоми ин чорабинӣ директории генералии ТБМ ҷаноби Гайд Рейдер бо ҳайатҳои намояндагони ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Қирғизистон мулоқот кард. Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Қодири Қосим дар ин вохӯрӣ оид ба нақш ва ҷойгоҳи Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон дар замони муосир маълумот дода, аз сатҳи ҳамкориҳо бо ТБМ изҳори ташаккур намуд.


Leave a Reply