ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲОИ СУДМАНД

  • 0

ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲОИ СУДМАНД

 

         6-уми марти соли ҷорӣ як ҳайати Иттифоқҳои касабаи Ҷумҳурии Қазоқистон бо роҳбарии раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи ин кишвар Абдирайим Бақитжан Жарилқасинули ба Ҷумҳурии мо ташриф овард. Худи ҳамон рӯз дар Кохи Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон вохӯрии фаъолони иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон бо ҳампешаҳои қазоқашон баргузор шуд.

         Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Қодири Қосим меҳмононро ба сарзамин Тоҷикистон ҳайрамақдам гуфта, барои таҳкими ҳамкориҳои судманд ҳавасмандии хешро изҳор дошт. Аз фурсати муносиб истифода бурда, онҳоро бо роҳбарони ташкилотҳои ҳамузв шинос намуд ва дар бораи фаъолияти иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон дар замони муосир маълумот дод. ӯ изҳор дошт, ки Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки дар кишвар мавҷуд мебошанд, амал менамоянд. ҳамчун шарики иҷтимоӣ бо ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории хуб доданд. Дар таҳия ва пешниҳоди барномаҳои муҳим оид меҳнати арзанда, паст кардани сатҳи шуғли ғайрирасмӣ, таҳкими Истиқлолияти давлатӣ саҳми бевосита доранд. Оид ба татбиқи ҳадафҳои оинномавӣ; ҳифзи ҳуқуқ ва ҳимояи муносибатҳои меҳнатӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии меҳнаткашон тадбир меандешанд. Бо иттифоқҳои касабаи кишварҳои ҳамсоя, бахусус Қазоқистон робитаи хуби ҳамкорӣ доранд.

         Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи Ҷумҳурии Қазоқистон Абдирайим Бақитжан Жарилқасинули низ баромад намуда, мухтасар дар бораи фаъолияти иттифоқҳои касабаи кишвараш  маълумот дод. Ӯ изҳор дошт, ки роҳбарони олимақоми ин ду кишвар барои густариши ҳамкориҳои судманд замина гузоштаанд. ҳамкориҳои Тоҷикистону Қазоқистон дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст, ки ба нафъи мардумони  ҳарду кишвар мебошад. Иттифоқҳои касаба барои таҳкими робитаҳои судманди дуҷониба имкониятҳои хуб доранд. Албатта, кӯшиш ба харҷ дода хоҳад шуд, ки муносибатҳои дуҷониба боз ҳам хубтар ба роҳ монда шаванд.

         Меҳмонони қазоқ дар доираи ин сафар ба КВД «Алюминии Тоҷик», НОБ «Норак» ташриф оварда, ба фаъолияти ин корхонаҳои азим шинос шуданд.


Leave a Reply