ЭҲТИРОМИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ

  • 0

ЭҲТИРОМИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ

     

     Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷашнҳои миллӣ эътибори махсус медиҳанд. Аз фарорасии арӯси сол-баҳори файзбахш дар ҳар хонадони тоҷик барои истиқболи сазовори Нарӯзи хуҷастапай омодагӣ мебинанд. Дар корхона ва муассисаҳои кишвар, новобаста аз шакли фаъолият ба ин ҷашни аҷдодӣ эҳтиром гузошта, чорабиниҳои хотирмон баргузор намуданд. Иттифоқҳои касабаи кишвар ҳам ба ҳайси шарики боэътимоди иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ин саннаи муборак тантани идона доир намуданд. Дар саҳни бинои Федератсия базми Наврӯзӣ баргузор гардид, ки дар он сунатҳои ин иди баҳор ба ҷо оварда шуд. Бобои деҳқон аз омад-омади баҳори нозанин ва Наврӯзи оламафрӯз хабар дода, мардумро ба оғоз намудани кишту ба замин коштани донаи умед ташвиқ кард.

     Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Қодири Қосим баҳорро оғози гузоштани таҳкурсии боэътимод барои ҳосили оянда маънидод кард. Ӯ изҳор дошт, ки иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон ба нақш ва ҷойгоҳи инсон дар ҷомеа эҳтиром мегузоранд. Самти асосии фаъолияти ин ташкилоти ҷамъиятӣ ба ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои меҳнатӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии меҳнаткашон нигаронида шудааст, ки аз фазилатҳои ҷашнҳои баҳорӣ манша мегиранд.


Leave a Reply