ҲАМКОРИҲОИ СУДМАНД

  • 0

ҲАМКОРИҲОИ СУДМАНД

          1 апрели соли равон дар доираи ҳамкориҳо миёни Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи касабаи маориф ва тадқиқотҳои илмии давлати Миср Ҳошим Абдулазиз Ҳасан Радван- раиси Иттифоқи касабаи маориф ва тадқиқотҳои илмии Ҷумҳурии Миср ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.

            Ҳошим Абдулазиз Ҳасан Радван ва ҳайати ҳамроҳонаш сараввал ба намоиши ҳунарҳои миллӣ шинос гардида, дар толори Федератсияи иттифоқҳои касбаи мустақили Тоҷикистон бо Одиназода Рамазон Сафар-раиси Иттифоқи касабаи кормандони маорифи ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолони иттифоқи касабаи соҳа вохӯрӣ доир намуданд.

          Одиназода Рамазон Сафар ташрифи меҳмононро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон хайрамаќдам гуфта, ин сафарро таърихӣ арзёбӣ намуд. Ӯ таъкид намуд, ки  боздиди ин ҳайат дар таърихи ҳамкориҳои Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи касабаи маориф ва тадқиқотҳои илмии Миср саҳифаи наву дурахшонеро кушод.

       Ҷумҳурии Мисри Араб аз нахустин кишварҳои ҳавзаи арабӣ мебошад, ки истиқлолияти Ҷумҳурии Точикистонро 1 январи соли 1992 ба расмият шинохта буд. Робитаҳои дуљониба дар солҳои охир хеле густариш ёфтааст. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суҳбатҳояш ҳангоми сафари расмӣ дар ин кишвари арабӣ гуфта буд: «Таҳкиму густариши муносибатҳои дӯстона бо Ҷумҳурии Мисри Араб, ки яке аз гаҳвораҳои тамаддуни башарӣ ва ҳамзамон аз кишварҳои бонуфузи араб ва ҷаҳони ислом аст, аз самтҳои муҳими сиёсати минтақавию байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст».


Leave a Reply