АФЗАЛИЯТИ ШАРИКИИ ИҶТИМОӢ

  • 0

АФЗАЛИЯТИ ШАРИКИИ ИҶТИМОӢ

     5- апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Бохтар, маркази вилояти Хатлон ҷаласаи навбатии Шӯрои генералии Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон баргузор шуд. Дар кори он аъзои Шӯрои генералӣ, раисони Кумитаҳои соҳавӣ дар вилояти Хатлон, раисони Кумитаҳои шаҳрӣ ва ноҳиявии иттифоқҳои касабаи вилояти Хатлон, муовини аввали раиси вилояти Хатлон Раҷабов Сафаралӣ Сайфиддинович иштирок намуданд. Ҷаласаро раиси Федератсия Қодири Қосим ифтитоҳ намуд. Дар он чор масъала мавриди муҳокима қарор гирифт. Нахуст масъалаи ташкилӣ баррасӣ шуд. Аъзои Шӯрои генералӣ қарори пленуми иттифоқи касабаи кормандони тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоиро дастгирӣ намуда, раиси тозаинтихоби ин Кумита Ҳаётзода Нурхон Шарифро узви Кумитаи иҷроия ва Шӯрои генералӣ интихоб намуданд.

     Аз рӯйи масъалаи «Шарикии иҷтимоӣ байни корфармоён ва иттифоқҳои касабаи шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Леваканд, Норак ва Ёвони вилояти Хатлон» муовини раиси Федератсия Файзизода Исмоил Нарзи марӯза кард.

     Аз рӯйи ин масъала муовини аввали раиси вилояти Хатлон Р. Раҷабов баромад намуда, ҳамкориҳои тарафҳоро дар шароити имрӯза муҳим маънидод кард. ӯ изҳор дошт, ки бо Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Хатлон робитаи хуб доранд. Бо вуҷуди ҳамин ҳам дар натиҷаи санҷиш маълум шуд, ки дар масъалаи шарикии иҷтимоӣ ҳанӯз камбудиву норасоиҳо ба назар мерасанд. Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатӣдар вилояти Хатлон ба ҳамкориҳои судманд манфиатдор аст. Дар ҳамаи масъалаҳое, ки барои перафти ҷомеа ва некуаҳволии меҳнаткашон нигаронида шудааст,  бо иттифоқҳои касаба ҳамкорӣ хоҳанд намуд.

     Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Қодири Қосим Ҷаласаро ҷамъбаст намуда, барои ҷоннок намудани шарикии иҷтимоӣ дар назди масъулон вазифаҳои мушаххас гузошт.

     Аз рӯйи масъалаҳои муҳокимашуда қарорҳои дахлдор қабул шуданд.


Leave a Reply