ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲОИ СУДМАНД

  • 0

ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲОИ СУДМАНД

         20 –уми апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Анқараи Ҷумҳурии Туркия Созишномаи ҳамкорӣ байни Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон ва Иттифоқҳои касабаи Туркия ба имзо расид. Дар ин маросим муовини раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Файзизода Исмоил Нарзи иштирок намуд. Ин ҳуҷҷат дар таҳкими ҳамкориҳои судманди дуҷониба нақши муҳим мегузорад.

         Рӯзҳои 17-19 апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Анқараи Ҷумҳурии Туркия бо даъвати Иттифоқҳои касабаи ин кишвар «Мемур-Сен» дар мавзӯи «Меҳнати арзанда ва дурнамои он» Конфрониси байналмилалӣ баргузор шуд. Дар кори он намояндагони бештар аз 176 давлат иштирок намуданд. Иштирокчиёни Конфронсро Президенти ин кишвар Раҷаб Тайид Эрдоган табрик намуд ва изҳор дошт, ки иттифоқҳои касаба барои ҳифзи иҷтимоии мардум корҳои муҳимро ба анҷом мерасонанд. Масъалагузории дурнамои меҳнати арзанда ҳам натанҳо барои меҳнаткашон, балки ҳукуматҳо низ эътибор дорад. ҳар қадар меҳнати инсон қадр карда шавад, ҳамон қадар самараи меҳнат меафзояд ва дар маҷмӯъ иқтидори иқтисодии кишвар пурқувват мегардад.

         Дар музокироти ин масъала муовини раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Исмоил Файзизода иштирок намуд. Ӯ изҳор дошт, ки Созишномаи генераии байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расида, ин масъала возеҳ нишон дода шудааст. Бахшида ба ин мавзӯъ чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ гузаронида шуд, ки самараи хуб дода истодаанд.


Leave a Reply