ВОХӮРӢ БО ФАЪОЛОН

  • 0

ВОХӮРӢ БО ФАЪОЛОН

         16  майи соли ҷорӣ дар ноҳияи Шаҳринав вохӯрии раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Қодири Қосим бо фаъолони иттифоқҳои касабаи ин ноҳия баргузор шуд.

         Раиси Федератсия дар назди ҳозирон баромад намуда, бештар дар бораи нақши иттифоқҳои касаба барои ҳифзи ҳуқуқ ва ҳимояи манфиатҳои меҳнатӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии меҳнаткашон изҳори ақида намуд. Ӯ изҳор дошт, ки иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон ҳамчун шарики иҷтимоии ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳия ва коркарди  санадҳои ҳуқуқии меъёрӣ иштирок менамояд. Мавқеи онҳо дар тарбияи кадрҳои ҷавон, тарғиби дастовардҳо ва арзишҳои миллӣ, Ватандӯстӣ, меҳанпарастӣ ва рушди босуботи кишвар бузург аст.

         Раиси ноҳия Нусратулло Аюбзода дар ин вохӯрӣ баромад намуда, аз сатҳи ҳамкориҳо бо иттифоқҳои касаба изҳори қаноатмандӣ намуд.


Leave a Reply