ДАР АРЗҲОИ ДӮСТӢ ЭЪТИБОР БА АРЗИШҲОИ ФАРҲАНГӢ

  • 0

ДАР АРЗҲОИ ДӮСТӢ ЭЪТИБОР БА АРЗИШҲОИ ФАРҲАНГӢ

         Рӯзҳои 13-15 майи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе ҳамоиши Иттиҳоди байналмилалии иттифоқҳои касабаи «Шӯрои машваратии иттифоқҳои касабаи кормандони фарҳанг» баргузор шуд. Дар кори он намояндагони иттифоқҳои касабаи кормандони фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сайёҳии кишварҳои Россия, Белорус, Қазоқистон, Қарѓизистон, Молдова, Украина, Озарбойҷон ва Тоҷикистон иштирок намуданд.Чорабинӣ бо даъвати Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон дар дираи ташаббуси Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021» гузаронида шуд.

         14 май дар толори Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо иштироки аъзои ин Шӯро ва раисони як қатор кумитаҳои иттифоқи касабаи кормандони фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон ҷаласаи васеъ баргузор шуд. Дабири кулли ин Иттиҳод Камен Владимир Емлянович чорабиноро ифтитоҳ намуда,   ин лаҳзаҳоро таърихӣ маънидод кард. –Бори аввал машварати намояндагони иттифоқҳои касабаи кормандони фарҳанги кишварҳои ҳавзаи авроосиё дар Осиёи Марказӣ ва маҳз дар кишвари афсонавии Тоҷикистон мегузарад. Соли 1979 дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон конфронси ин Шӯро баргузор шуда буд,- изҳор дошт ӯ ва илова кард. Аз лаҳзаи аввали дар Фурудгоҳ фуруд омадан, табиати биҳиштосо ва мардуми меҳрубону меҳмоннавози ин кишварро мушоҳида намудем. Вақте, ки қабл аз баргузории ин чорабинӣ бо ҷониби Тоҷикистон машварат доштем, онҳо пешниҳод карданд, ки дар доираи ин ташаббуси наҷиб ҷамъомад баргузор намоем. Барои намояндагони кишварҳои аъзо ин пешниҳодро хуш пазируфтанд.  Рушди деҳот, пеш аз ҳама фарҳанги мардумро тақвият медиҳад, инсонҳоро бо ҷаҳони берун ошно мекунад, хоҷагии халқро тараққӣ медиҳад. Сайёҳӣ бошад, барои муаррифии ҳар як халқ аҳамияти калидӣ дорад. Тавассути он ҳазорҳо сайёҳон аз кишварҳои дигар бо фаҳанг, урфу одат ва ҷойҳои таърихии ин кишвар бевосита шинос мешаванд. Сармояе, ки дар ин кишвар мемонанд, барои рушди иқтисодиёт истифода мешавад. Кишваре, ки ба ҳунарҳои мардумӣ эътибор медиҳад, ба ояндаи дурахшон таҳкурсӣ мегузорад.

         Раиси Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон Зарина Ҳоҷиева дар бораи арзишҳои фарҳанги миллӣ дар Тоҷикистон, аҳамияти ташаббуси мазкур ва нақши иттифоқи касабаи соҳа дар татбиқи он маърӯза кард. Аъзои Шӯро дар ин мавзӯъ табодули андеша намуданд.

         Дар доираи ин ҷорабинӣ меҳмонон аз ҷойҳои таърихии кишвари мо Кохи наврӯз, Осорхонаи миллӣ, Консерваторияи миллӣ, Театри Опера ва болети ба номи устод Айнӣ, Мамънунгоҳи таърихию фарҳангии «Қалъаи Ҳисор», Осоишгоҳи «Хоҷаобигарм» дидан карда, аз Тоҷикистон таассуроти хуб гирифтанд.


Leave a Reply