ИТТИФОҚИ КАСАБА ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

  • 0

ИТТИФОҚИ КАСАБА ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

           25-уми июни соли ҷорӣ дар толори Кохи иттифоқҳои касаба бахшида ба 22 солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд. Ҷамъомадро муовини раиси Федератсия Исмоил Файзизода ифтитоҳ намуд.

        Корманди масъули дастгоҳи марказии ҲХДТ муҳтарам Абдураҳим Шоҳиён дар бораи эътибори арзишҳои Ваҳдати миллӣ суханронӣ намуд. Ӯ изҳор дошт, ки Ваҳдат барои ҳар сокини кишвари мо вожаи муқаддас аст. Мардуми фарҳангсолори мо аз қадим барои баҳамоӣ ва иттиҳоди пурқувват часпу талош карда меоянд. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ эътибори он боз зиёдтар шуд. Мардуми тоҷик хуб дарк менамояд, ки дар замони муосир бо баҳонаи ҷаҳонишавӣ бархурди тамадунҳо бештар мешавад, бояд бештару беҳтар арзишҳои Ваҳдати миллӣ ҳимоя шаванд.

 

         Ӯ бештар дар бораи эҳтироми Ваҳдати сиёсӣ таваҷҷуҳи ҳозиронро ҷалб намуд, ки беҳуда нест. Имрӯз қувваҳои бадхоҳ мехоҳанд дар байни ҷавонон таблиѓоти нодуруст бурда, онҳоро гумроҳ созанд.  Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи ин ҷашни миллӣ бо сокинони ноҳияҳои Нуробод, Сангвор ва Рашт суҳбат муфид дошт. Дар ҳар суҳбат аз мардум даъват ба амал меовард, ки Ватани азизи худро дӯст доранд, ба қадри обу хоки он бирасанд. Аз ҳар порча замин пурсамар истифода баранд.


Leave a Reply