• 0

ҲАМКОРИҲОИ СУДМАНД

          1 апрели соли равон дар доираи ҳамкориҳо миёни Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи касабаи маориф ва тадқиқотҳои илмии давлати Миср Ҳошим Абдулазиз Ҳасан Радван- раиси Иттифоқи касабаи маориф ва тадқиқотҳои илмии Ҷумҳурии Миср ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.

            Ҳошим Абдулазиз Ҳасан Радван ва ҳайати ҳамроҳонаш сараввал ба намоиши ҳунарҳои миллӣ шинос гардида, дар толори Федератсияи иттифоқҳои касбаи мустақили Тоҷикистон бо Одиназода Рамазон Сафар-раиси Иттифоқи касабаи кормандони маорифи ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолони иттифоқи касабаи соҳа вохӯрӣ доир намуданд.

          Одиназода Рамазон Сафар ташрифи меҳмононро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон хайрамаќдам гуфта, ин сафарро таърихӣ арзёбӣ намуд. Ӯ таъкид намуд, ки  боздиди ин ҳайат дар таърихи ҳамкориҳои Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи касабаи маориф ва тадқиқотҳои илмии Миср саҳифаи наву дурахшонеро кушод.

“Read More”

  • 0

ЭҲТИРОМИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ

     

     Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷашнҳои миллӣ эътибори махсус медиҳанд. Аз фарорасии арӯси сол-баҳори файзбахш дар ҳар хонадони тоҷик барои истиқболи сазовори Нарӯзи хуҷастапай омодагӣ мебинанд. Дар корхона ва муассисаҳои кишвар, новобаста аз шакли фаъолият ба ин ҷашни аҷдодӣ эҳтиром гузошта, чорабиниҳои хотирмон баргузор намуданд. Иттифоқҳои касабаи кишвар ҳам ба ҳайси шарики боэътимоди иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ин саннаи муборак тантани идона доир намуданд. Дар саҳни бинои Федератсия базми Наврӯзӣ баргузор гардид, ки дар он сунатҳои ин иди баҳор ба ҷо оварда шуд. Бобои деҳқон аз омад-омади баҳори нозанин ва Наврӯзи оламафрӯз хабар дода, мардумро ба оғоз намудани кишту ба замин коштани донаи умед ташвиқ кард.

     Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Қодири Қосим баҳорро оғози гузоштани таҳкурсии боэътимод барои ҳосили оянда маънидод кард. Ӯ изҳор дошт, ки иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон ба нақш ва ҷойгоҳи инсон дар ҷомеа эҳтиром мегузоранд. Самти асосии фаъолияти ин ташкилоти ҷамъиятӣ ба ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои меҳнатӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии меҳнаткашон нигаронида шудааст, ки аз фазилатҳои ҷашнҳои баҳорӣ манша мегиранд.


  • 0

ҲАШАР ДАР ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА

         16 марти соли ҷорӣ бо дастгирӣ аз сиёсати иҷтимоии Асосусгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи ташаббуси ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба 300 рӯзи ободонӣ ва сазовор истиқбол намудани ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ба ҳашари умумӣ баромаданд. Дар ин рӯз онҳо гирду атрофи Кохи иттифоқҳои касабаро ба тартиб оварда, гул шинонданд.

         Дар ҳашари умумӣ кормандони ҳамаи кумитаҳои ҳамузви Федеоатсия фаъолона иштирок намуданд. Ба гуфтаи роҳбари дастгоҳи Федератсия ҳ. Давлатзода намояндагони иттифоқҳои касаба барои дар маъракаи ободонии кишвар саҳми арзанда гузоштан пайваста тадбир меандешанд. Қарор додаанд, ки ҳафтаҳои минбаъда низ ба ҳашари умумӣ баромада, дар ободонии кишвар ҳиссаи сазовор мегузоранд.


  • 0

ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲОИ СУДМАНД

 

         6-уми марти соли ҷорӣ як ҳайати Иттифоқҳои касабаи Ҷумҳурии Қазоқистон бо роҳбарии раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи ин кишвар Абдирайим Бақитжан Жарилқасинули ба Ҷумҳурии мо ташриф овард. Худи ҳамон рӯз дар Кохи Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон вохӯрии фаъолони иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон бо ҳампешаҳои қазоқашон баргузор шуд.

         Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Қодири Қосим меҳмононро ба сарзамин Тоҷикистон ҳайрамақдам гуфта, барои таҳкими ҳамкориҳои судманд ҳавасмандии хешро изҳор дошт. Аз фурсати муносиб истифода бурда, онҳоро бо роҳбарони ташкилотҳои ҳамузв шинос намуд ва дар бораи фаъолияти иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон дар замони муосир маълумот дод. ӯ изҳор дошт, ки Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки дар кишвар мавҷуд мебошанд, амал менамоянд. ҳамчун шарики иҷтимоӣ бо ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории хуб доданд. Дар таҳия ва пешниҳоди барномаҳои муҳим оид меҳнати арзанда, паст кардани сатҳи шуғли ғайрирасмӣ, таҳкими Истиқлолияти давлатӣ саҳми бевосита доранд. Оид ба татбиқи ҳадафҳои оинномавӣ; ҳифзи ҳуқуқ ва ҳимояи муносибатҳои меҳнатӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии меҳнаткашон тадбир меандешанд. Бо иттифоқҳои касабаи кишварҳои ҳамсоя, бахусус Қазоқистон робитаи хуби ҳамкорӣ доранд.

         Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи Ҷумҳурии Қазоқистон Абдирайим Бақитжан Жарилқасинули низ баромад намуда, мухтасар дар бораи фаъолияти иттифоқҳои касабаи кишвараш  маълумот дод. Ӯ изҳор дошт, ки роҳбарони олимақоми ин ду кишвар барои густариши ҳамкориҳои судманд замина гузоштаанд. ҳамкориҳои Тоҷикистону Қазоқистон дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст, ки ба нафъи мардумони  ҳарду кишвар мебошад. Иттифоқҳои касаба барои таҳкими робитаҳои судманди дуҷониба имкониятҳои хуб доранд. Албатта, кӯшиш ба харҷ дода хоҳад шуд, ки муносибатҳои дуҷониба боз ҳам хубтар ба роҳ монда шаванд.

         Меҳмонони қазоқ дар доираи ин сафар ба КВД «Алюминии Тоҷик», НОБ «Норак» ташриф оварда, ба фаъолияти ин корхонаҳои азим шинос шуданд.


  • 0

МАҶЛИСИ НАЗОРАТӢ

                               Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон муҷтарам Қодири Қосим бо иштироки муовинони раиси Федератсия ва раисони кумитаҳои ҳамузв маҷлиси назоратӣ доир намуд. Дар маљлис бештар дар бораи омодагӣ ба ҷашнҳои бузурги миллӣ, иди Модарон ва Наврӯзи хӯҷастапай сухан рафт. Таъкид шуд, ки ташкилотҳои иттифоқи касаба дар ҳамаи корхона ва муассисаҳо барои хубу хотирмон таҷлил намудани ин ду ҷашни миллӣ дар ҳамкорӣ бо корфармоён тадбирҳои муҳим андешанд.

         Раиси Федератсия таъкид намуд, ки моҳи январи соли ҷорӣ дар ҳузури муовини Сарвазири кишвар аз иҷрои бандҳои Созишномаи генералӣ натиҷагирӣ карда шуд. Ба роҳбарони ташкилотҳои ҳамузв дастур дода шуд, ки дар корхона ва муассисаҳо иҷрои созишномаҳои соҳавӣ ва шартномаҳои коллективиро дар мадди назар дошта бошанд.

         Дар маҷлис масъалаҳои дигари вобаста ба фаъолияти Иттифоқҳои касаба мавриди  муҳокима ва хулосабарорӣ қарор дода шуданд.