• 0

НАТИҶАГИРӢ АЗ ҶАМЪБАСТИ СЕМОҲА

     19 апрели соли ҷорӣ ҷаласаи навбатии Шӯрои генералии Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон баргузор шуд. Дар кори он аъзои Шӯрои генералӣ, кормандони масъули Дастгоҳи Федератсия иштирок намуданд. Аъзои Шӯро аз ҷамъбасти фаъолияти семоҳаи аввали соли ҷорӣ натиҷагирӣ намуданд. Аз рӯйи ин масъала раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Қодири Қосим ахборот дод.

     Дар муҳокимаи масъалаи мазкур Одиназода Рамазон Сафар-раиси Кумитаи иттифоқи касабаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нисо Бобоева-раиси Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони нақлиёт ва хоҷагии роҳҳои Тоҷикистон, Абдулло Холиқов-раиси Кумитаи марказии иттифоқи касабаи кормандони гелогия, саноати маъдан ва металлургия «Тоҷикметалл» иштирок намуда, барои хубтар ба роҳ мондани фаъолияти Иттифоқҳои касабаи кишвар таклифҳои судманд пешниҳод карданд.

     Аз рӯйи масъалаи муҳокимашуда қарори дахлдор қабул шуд.


  • 0

ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲОИ СУДМАНД

         20 –уми апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Анқараи Ҷумҳурии Туркия Созишномаи ҳамкорӣ байни Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон ва Иттифоқҳои касабаи Туркия ба имзо расид. Дар ин маросим муовини раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Файзизода Исмоил Нарзи иштирок намуд. Ин ҳуҷҷат дар таҳкими ҳамкориҳои судманди дуҷониба нақши муҳим мегузорад.

         Рӯзҳои 17-19 апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Анқараи Ҷумҳурии Туркия бо даъвати Иттифоқҳои касабаи ин кишвар «Мемур-Сен» дар мавзӯи «Меҳнати арзанда ва дурнамои он» Конфрониси байналмилалӣ баргузор шуд. Дар кори он намояндагони бештар аз 176 давлат иштирок намуданд. Иштирокчиёни Конфронсро Президенти ин кишвар Раҷаб Тайид Эрдоган табрик намуд ва изҳор дошт, ки иттифоқҳои касаба барои ҳифзи иҷтимоии мардум корҳои муҳимро ба анҷом мерасонанд. Масъалагузории дурнамои меҳнати арзанда ҳам натанҳо барои меҳнаткашон, балки ҳукуматҳо низ эътибор дорад. ҳар қадар меҳнати инсон қадр карда шавад, ҳамон қадар самараи меҳнат меафзояд ва дар маҷмӯъ иқтидори иқтисодии кишвар пурқувват мегардад.

«Узнать больше»

  • 0

АФЗАЛИЯТИ ШАРИКИИ ИҶТИМОӢ

     5- апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Бохтар, маркази вилояти Хатлон ҷаласаи навбатии Шӯрои генералии Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон баргузор шуд. Дар кори он аъзои Шӯрои генералӣ, раисони Кумитаҳои соҳавӣ дар вилояти Хатлон, раисони Кумитаҳои шаҳрӣ ва ноҳиявии иттифоқҳои касабаи вилояти Хатлон, муовини аввали раиси вилояти Хатлон Раҷабов Сафаралӣ Сайфиддинович иштирок намуданд. Ҷаласаро раиси Федератсия Қодири Қосим ифтитоҳ намуд. Дар он чор масъала мавриди муҳокима қарор гирифт. Нахуст масъалаи ташкилӣ баррасӣ шуд. Аъзои Шӯрои генералӣ қарори пленуми иттифоқи касабаи кормандони тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоиро дастгирӣ намуда, раиси тозаинтихоби ин Кумита Ҳаётзода Нурхон Шарифро узви Кумитаи иҷроия ва Шӯрои генералӣ интихоб намуданд.

«Узнать больше»

  • 0

ҲАМКОРИҲОИ СУДМАНД

          1 апрели соли равон дар доираи ҳамкориҳо миёни Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи касабаи маориф ва тадқиқотҳои илмии давлати Миср Ҳошим Абдулазиз Ҳасан Радван- раиси Иттифоқи касабаи маориф ва тадқиқотҳои илмии Ҷумҳурии Миср ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.

            Ҳошим Абдулазиз Ҳасан Радван ва ҳайати ҳамроҳонаш сараввал ба намоиши ҳунарҳои миллӣ шинос гардида, дар толори Федератсияи иттифоқҳои касбаи мустақили Тоҷикистон бо Одиназода Рамазон Сафар-раиси Иттифоқи касабаи кормандони маорифи ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолони иттифоқи касабаи соҳа вохӯрӣ доир намуданд.

          Одиназода Рамазон Сафар ташрифи меҳмононро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон хайрамаќдам гуфта, ин сафарро таърихӣ арзёбӣ намуд. Ӯ таъкид намуд, ки  боздиди ин ҳайат дар таърихи ҳамкориҳои Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи касабаи маориф ва тадқиқотҳои илмии Миср саҳифаи наву дурахшонеро кушод.

«Узнать больше»

  • 0

ЭҲТИРОМИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ

     

     Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷашнҳои миллӣ эътибори махсус медиҳанд. Аз фарорасии арӯси сол-баҳори файзбахш дар ҳар хонадони тоҷик барои истиқболи сазовори Нарӯзи хуҷастапай омодагӣ мебинанд. Дар корхона ва муассисаҳои кишвар, новобаста аз шакли фаъолият ба ин ҷашни аҷдодӣ эҳтиром гузошта, чорабиниҳои хотирмон баргузор намуданд. Иттифоқҳои касабаи кишвар ҳам ба ҳайси шарики боэътимоди иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ин саннаи муборак тантани идона доир намуданд. Дар саҳни бинои Федератсия базми Наврӯзӣ баргузор гардид, ки дар он сунатҳои ин иди баҳор ба ҷо оварда шуд. Бобои деҳқон аз омад-омади баҳори нозанин ва Наврӯзи оламафрӯз хабар дода, мардумро ба оғоз намудани кишту ба замин коштани донаи умед ташвиқ кард.

     Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Қодири Қосим баҳорро оғози гузоштани таҳкурсии боэътимод барои ҳосили оянда маънидод кард. Ӯ изҳор дошт, ки иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон ба нақш ва ҷойгоҳи инсон дар ҷомеа эҳтиром мегузоранд. Самти асосии фаъолияти ин ташкилоти ҷамъиятӣ ба ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои меҳнатӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии меҳнаткашон нигаронида шудааст, ки аз фазилатҳои ҷашнҳои баҳорӣ манша мегиранд.