ГЛАВНАЯ СТРАНИЦА

                                                   ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА ТОҶИКИСТОН

Барои давлати мо имрӯзҳо иттифоқҳои касабаи пурқуввате

лозиманд, ки ба ҳаллу фасли проблемаҳои муҳими

тараққиёти давлат омода ва қодир бошан

Эмомалӣ Раҳмон

        Ҳар қадар мо дар бораи пешрафт ва шукуфоии ин Ватани биҳиштосо, Тоҷикистон сухан ронем, гузаштаро ба имрӯза қиёс кунем, ҳамон қадар симои пешвоён ва шахсиятҳои баруманди миллат, ташкилоту муассиса ва корхонаҳои муваффақ пеши назарамон ҷилвагар мегардад. Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон ба ҳайси як ташкилоти ҷамъиятӣ даҳсолаҳо боз барои некуаҳволии мардум, пешрафту тараққиёти кишвар, ҳифзи ҳуқуқҳои меҳнатӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва зеҳниву фарҳангии меҳнаткашон ва аҳли оилаҳои онҳо пайваста талош меварзанд. Аз ибтидои ташкилёбии иттифоқҳои касаба, ки ба моҳи майи соли 1925  рост меояд, масъулини ин ташкилот дар ҳама коргоҳу корхона, новобаста аз шакли моликияташ манфиати мардуми заҳматпешаро ҳимоя мекарданд ва мекунанд. Дар ин давра ташкилоти мазкур чанд маротиба  мушкилиҳоро паси сар намуда, институти ҷомеаи шаҳрвандиро такмил дод. Муҳаққиқонон ва таърихнигорон фаъолияти Иттифоқҳои касабаро ба чанд давра ҷудо мекунанд ва ҳар давра барои ташаккули ин ташкилот эътибор дорад.

         Давраи аввал солҳои 1917-1925-ро дар бар мегирад. Дар Тоҷикистон ташкилоти нахустини иттифоқи касаба соли 1917 дар истгоҳи роҳиоҳани шаҳри Хуҷанд ташкил шуд, ки роҳбари он аъзои иттифоқи касаба, болшевик Румянсев буд. Ташкилотҳои аввалини касабавӣ дар ибтидои солҳои 20-уми асри бист дар асоси муборизаи кормандони кироя бо корфармо ташкил шуданд. Он замон ташкилотҳои нахустин дар қисмати марказӣ ва шимоли мамлакат, шаҳру навоҳии Хӯҷанд, Конибодом, Истаравшан, Душанбе ва ҳисор созмон дода шуданд. ҳар кор дар оғоз мушкилот дорад, солҳои аввал, ки марҳилаи ташкилшавӣ маҳсуб меёфт, ташкилотҳои навтаъсис таҳти роҳбарии бюрои ташкилии иттифоқҳои касабаи Ҷумҳурии Мухтори Тоҷикистон амал мекарданд.

         15 апрели соли 1926 дар шаҳри Душанбе анҷумани якуми Иттифоқҳои касабаи умумитоҷикон баргузор шуд, ки барои  ривоҷу равнақи ин ҳаракат дар кишвар асос гузошт. Таърихи ташкилшавии Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон ҳамин сана муқарар шудааст.

         Давраи дуюми ҳаракати иттифоқҳои касаба дар Тоҷикистон солҳои 1926-1937 ба шумор меравад. Дар ин давра нахустин анҷумани ин ташкилот баргузор шуд, ки барои тақвияти ин ҳаракат дар мамлакат таҳкурсии боэътимод гузошт. Шумораи ташкилотҳои касабавӣ дар корхона ва муассисаҳо тадриҷан афзуд ва сифату самараи фаъолияти онҳо оид ба ҳифз ва ҳимояи манфиатҳои меҳнаткашон ҳам беҳтар шуд. Маҳз дар ҳамин давра иттифоқҳои касаба барои маҳви бесаводӣ, гузаронидани ислоҳоти замин ва об, индустриякунонии мамлакат саҳми арзанда гузоштанд.

         Давраи сеюм солҳои 1938-1990-ро дар бар мегирад. Соли 1937 ташкилотҳои байнииттифоқии шӯрои иттифоқҳои касаба барҳам дода шуданду ташкилотҳои ҷумҳуриявии соҳавӣ фаъолияташонро идома доданд. Танҳо баъди соли 1948 ташкилотҳои Ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ ва  байнииттиҳодии дастгоҳи иттифоқҳои касаба аз нав таъсис дода шуданд.  Ин ташкилот бобати пешрафту тараққиёти соҳаҳои саноат, нақлиёт, кишоварзӣ, маорифу тандурустӣ ва фарҳангу варзиш дар мамлакат сутуни мустаҳкаму боэътимоди кишвар гардид. Дар ин солҳо масъулияти роҳбарӣ ба фонди суғуртаи давлатии иҷтимоӣ, муассисаҳои курортиву санаторӣ, варзишӣ ва сайёҳӣ, фарҳангу равшаннамоӣ ба зимаи ин ташкилот вогузор буд. Бо ин васила бо роҳбаладии ин ташкилот таи ним аср меҳнаткашон тавонистанд аз хидматрасонии хадамоти иҷтимоӣ хуб баҳравар гардида, аз муассисаҳои истироҳатӣ ройгон истифода баранд.

         Давраи чорум, нуфуз ва эътибори ин ташкилот аз ибтидои солҳои навадум сар мешавад. Махсусан, пас аз пош хурдани мамлакати замон, Иттҳиоди Ҷамоҳири Шӯравии Сотсиалистӣ ҷумҳуриҳои бародарӣ мустақил шуданд. Иттифоқҳои касабаи ҷумҳурӣ баробари ба даст овардани соҳибистиқлолии Тоҷикистон, мустақил шуд ва тамоми фаъолияти худро дар ин асос ба роҳ монд. Мустақилият доираи фаъолиятро фароху масъулиятро зиёд кард. Тавре маълум аст, баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар ҷумҳурӣ ҷанги шаҳрвандӣ сар зад. қуввае лозим буд, ки дар қаноти Ҳукумати қонунӣ истода, мардумро аз ин вартаи ҳалокатбор наҷот бидиҳад. Фаъолони иттифоқҳои касаба дар ҳамаи шаҳру навоҳӣ, дар ташкилоту муассисаҳо новобаста аз шакли моликият ва фаъолият, мардумро ба ҳамдигарфаҳмӣ, ҳамдилӣ ва якпорчагии ин Ватан ташвиқ карданд. Ҳамзамон,  вазифаи ҷонии худ, ҳифзи ҳуқуқҳои меҳнатӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва зеҳнии аъзои иттифоқи касаба ва оилаҳои онҳоро ба ҷо оварданд. Замоне, ки ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ манфиати худро дар ҷои аввал монда, барои ба даст овардани қудрат бо Ҳукумати қонунӣ мухолифат мекарданд, иттифоқҳои касаба байни дигар қувваҳо пайвандгари қалбҳо буд.  Ба қавле, ҳамагонро барои ба ҳам наздик шудан, ба истеҳсоли маҳсулот, гузоштани таҳкурсии боэътимод барои фардои дурахшон, бахшидани ҳамдигар ва билохира сулҳу созгориву таҳкими истиқлолият  ҳидоят мекард.

         Мардуми кӯҳандиёри мо, таъриху фарҳанги бою ғанӣ дошт ва бо вуҷуди кашмакашҳои бемаънӣ бо ибтикор ва талошҳои Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сулҳу Ваҳдат расид. Ваҳдате, ки сарнавишти кишвари тозаистиқлоли моро дар арсаи ҷаҳонӣ бо рангҳои заррин сабт кард. Сулҳу Ваҳдате, ки имрӯз дар озмоишгоҳи ҷаҳонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дорад ва кишварҳои зиёд талош доранд, ки ин таҷрибаи Тоҷикистонро аз худ намоянд. Маҳз истиқрори сулҳ ва созгори миллӣ ба давлати Тоҷикистон даст дод, ки рушд кунад ва дар арсаи байналмилалӣ гомҳои устувор  гузорад. Дар як муддати мадид ба мамлакати ташаббускор табдил ёбад. Ташаббусҳои ҷониби Тоҷикистон дар бораи соли 2005 эълон шудани “Соли оби тоза”, солҳои 2005-2015 эълон шудани барномаи даҳсолаи байналмилалии “Об барои ҳаёт” аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пуштибонӣ ёфт ва иқдоми нави кишвари мо , ки дар иҷлосияи 70-уми маҷмаи умумии СММ моҳи сентябри соли 2015, дар баромади Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон баён шуд,  барномаи  даҳсолаи нави байналмилалии “Об барои рушди устувор” буд, ки  аз тарафи давлатҳои дигар дастгирӣ ёфт. Тоҷикистон ба ҳайси мамлакати ташаббускор бобати иҷрои ин барномаҳо корҳои азимро ба субот расонд ва мерасонад.

         Мардуми заҳматпешаи Тоҷикистон барои инкишофу тараққиёт ва рушди босуръати хоҷагии халқ пайваста тадбир меандешанд. Дар ин самт барномаҳои муҳими давлатӣ қабул гардиданд, ки давра ба давра амалӣ мешаванд. Мақсаду мароми Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ба мардум муҳайё кардани шароити беҳтар  барои меҳнати арзанда, рушди иктисодиёт, баланд бардоштани маҳсулнокии меҳнат ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ мебошад. Дар пиёда кардани ин ҳадафҳои муҳим ба Ҳукумати Тоҷикистон Иттифоқҳои касаба ҳамчун шарики боэътимоди иҷтимоӣ, ки дар “Созишномаи генералии байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020” таъкид шудааст, нақши калидӣ дорад.

         Соли 2001 Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми табрикиаш ба унвони вакилони анҷумани XV111 Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон гуфта буд: “Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, роҳи бузурги таърихии тараққиётро тай намудааст, минбаъд низ дар густариши иқтисодиёт ва ҳаллу фасли масъалаҳои рушди иҷтимоии кишварамон саҳми арзанда мегузоранд”. Ин баҳои Сарвари давлат, Пешвои миллат моро барои даст ёфтан ба дастовардҳои азимтар ҳидоят мекунад. Бо дарки ин масъулият Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ҳамчун як ташкилоти ҷамъиятии оммавӣ, ки ба он мардуми меҳнатқарини корхонаҳо ва муассисаҳои кишварамон шомиланд, истиқлолияти давлатӣ, соҳибихтиёрӣ, якпорчагии мамлакатро пояи мустаҳками миллат дониста, барои устувории он бо Ҳукумати Тоҷикистон ҳамдастӣ мекунад.

         Воқеан халқи тоҷик имрӯз боифтихор аз бунёди иншоотҳои азими даврони соҳибистиқлолӣ, роҳи оҳани қӯрғонтеппа-Кӯлоб, шоҳроҳои азими автомобилгарди Кӯлоб-Шоҳон-Зиғар- қалаихумб-Хоруғ-қулма, Душанбе-Хӯҷанд-Чанок, Душанбе-Рашт-Саритош, Душанбе-Турсунзода, нақбҳои Истиқлол, Шаҳристон, Шаршар, Хатлон, идомаи сохтмони НОБ-и Роғун ва даҳҳо корхонаву муассисаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва дигар ном мебаранд. Истеҳсоли маҳсулоти ниёзи мардум, бахусус озуқаворӣ сол аз сол зиёд мешавад. Саноат ҳам тараққӣ мекунад. Имрӯз маҳсулоти саноати мо дар бозори ҷаҳонӣ харидорони худро ёфтааст. Тоҷикистон мамлакати аз ҷиҳати экологӣ тоза, дорои табиати биҳиштосо ва мавзеҳои таърихию назаррабо таваҷҷуҳи сайёҳонро ба худ ҷалб кардааст. 

         Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон барои рушди босубот ва инкишофи хоҷагии халқи мамлакат, боло рафтани нуфуз ва эътибори шахс дар ҷомеа, ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои вай дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттифоқҳои касаба», «Дар бораи ҳифзи меҳнат», «Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ», Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Созишномаи генералии байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020 ва Оинномаи Федеатсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон фаъолият мекунад.

         Ҳоло дар ҳайати Федератсия 17 кумитаҳои Ҷумҳуриявӣ ва 3 шӯроҳои вилоятии  иттифоқҳои касаба амал мекунанд, ки ба онҳо 11020 ташкилотҳои ибтидоӣ ва 855655 ҳазор аъзои  иттифоқи касабаро муттаҳид менамоянд. Ин ташкилот манфиати аксариятро дар мамлакат ҳимоя мекунад. Дар Оинамоаи он оамадааст “ мақсади асосии иттифоқҳои касаба муттаҳид намудани фаъолият ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои меҳнатӣ, иҷтимоӣ, маънавӣ ва зеҳнии аъзои иттифоқҳои касаба, кормандон ва аъзои оилаи онҳо мебошад”. 

         Имрӯз дар замони дигаргуншавиҳои азим ва ҷаҳони таъғирёбанда,  Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон фаъолияташро баҳри ташаккули  инсон, ҳуқуқ ва манфиатҳои ӯ, нақш ва ҷойгоҳи аҳли заҳмат дар ҷомеа равона мекунад. Ин мактаби бузургест, ки дар замири инсонҳо эҳсоси худогоҳӣ, хештаншиносӣ, ҳувияти миллӣ ва эҳтиром ба Ватани азизро бедор карда,  онҳоро барои меҳнати арзанда ва зиндагии шоиста ҳидоят менамояд. Дар самтҳои зерин фаъолияти худро сафарбар мекунад.

          Самтҳои асосии фаъолият, ки характери сиёсӣ ва умумиҷамъиятӣ доранд:

1.Тарбияи аъзои иттифоқи касаба, кормандон ва аъзои оилаи онҳо дар руҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ ва ба ин васила таъмин намудани Ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи ҷомееъа.

2.Дастгирӣ ва амалӣ намудани сиёсати давлат, ки ба манфиати мардуми меҳнаткаш аст.

 Самтҳои асосии фаъолияти иттифоқи касаба, ки аз вазифаҳо ва мақсадҳои оинномавии иттифоқҳои касаба бармеоянд:

  1. ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои меҳнатии кормандон ва аъзои оилаи онҳо;
  2. ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ;
  3. ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои маънавӣ ва зеҳнӣ;
  4. ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳо дар соҳаи муҳофизати меҳнат;
  5. ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои кормандон, аъзои иттифоқҳои касаба ва аъзои оилаи онҳо дар мақомотҳои ҳифзи ҳуқ, судӣ ва дигар мақомоти давлатӣ.