ҶАШНИ МУҚАДДАС

  • 0

ҶАШНИ МУҚАДДАС

7- сентябри соли 2018 дар Кохи иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон бо иштироки фаъолони ин ташкилот бахшида ба 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд. Ҷамъомадро муовини раиси Федератсия Файзизода Исмоил Нарзи ифтитоҳ намуд. Академики Академияи илмҳои ҷумҳурии Тоҷикистон Кароматулло Олимов дар бораи “Нақши Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” маърӯза кард. Ӯ изҳор дошт, ки мардуми Тоҷикистон дар ин давра таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои муҳимро дар самти таҳкими сулҳу ваҳдат ва ҳаёти осоишта дар ҷумҳурӣ ба субут расонда, дар ҷомеаи ҷаҳонӣ нуфуз ва эътибори кишварро боло бурданд. Имрӯз таҷрибаи сулҳ ва давлатсозии тоҷикон аз ҷониби ҷаҳониён мавриди омӯзиш қарор дорад. Дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ Иттифоқҳои касабаи кишвар низ саҳми сазовор мегузоранд.
                                                                                                                 “Ҳамраъйӣ”


Оставить ответ