Вазифаи аввалиндараҷаи Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон – ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои аъзои иттифоқи касаба

  • 0

Вазифаи аввалиндараҷаи Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон – ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои аъзои иттифоқи касаба

Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон яке аз ташкилотҳои бонуфуз ва бузурги ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошанд, ки ташкилу таъсис ва фаъолияти онҳо аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон манша мегирад.
Ҳуқуқи шаҳрвандон оид ба ташкили иттифоқҳои касаба, ихтиёран ба онҳо шомил шудан ва аз онхо хориҷ гардидан дар моддаи 28 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим дароварда шудааст.
Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон шарики боэътимоди иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Гувоҳи ин гуфтаҳо Созишномаи Генералии байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018 – 2020 мебошад, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон № 77 аз 1 марти соли 2018 маъқул дониста шудааст. ҳамчунин додани ҳуқуқу ваколатҳои мушаххас дар мавриди амалигардонии назорати ҷамъиятии қонунгузории меҳнат тибқи талаботҳои Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ин шаҳодат медиҳад.


Мақсад ва вазифаҳои асосии иттифоқҳои касаба дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттифоқҳои касаба», Оинномаи иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон, оинномаҳои иттифоқҳои касабаи ҷумҳуриявии соҳавӣ танзими мушаххаси худро ёфтааст. Аз ҷумла дар Қонуни зикршуда ва Оинномаи Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон омадааст, ки мақсади асосии иттифоқҳои касаба муттаҳид намудани фаъолият ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои меҳнатӣ, иҷтимоӣ,иқтисодӣ, маънавӣ ва зеҳнии аъзоёни иттифоқҳои касаба, кормандон ва аъзои оилаи онҳо мебошад.
Дар он корхонаву ташкилотҳое, ки иттифоқҳои касаба ташкил карда шудааст, иттифоқҳои касаба дар раванди муносибатҳои меҳнатӣ, аз ҷумла мавриди қабул ба кор, ҷойивазкунӣ дар ҷои кор, қатъ кардани шартномаҳои меҳнатӣ бо ташаббуси корфармо, таъмини шароитҳо ва ҳифзи меҳнат, таъмини саривақтии маоши муносиб, истироҳату солимгардонӣ ва дигар масъалаҳои иҷтимоию меҳнатии кормандон – аъзоёни иттифоқҳои касаба тибқи талаботҳои Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии амлкунанда бевосита ширкат намуда, ҳуқуқу манфиатҳои аъзоёнашонро бо роҳу усулҳои дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ пешбинишуда ҳимоя мекунанд.
Дар дохили корхонаҳо, тибқи талаботи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон комиссияи ҳаллу фасли баҳсҳои меҳнатии фардӣ (созиш) амал мекунад, ки дар ҳайати он намояндагони ташкилоти иттифоқҳои касаба шомил мебошад. Дар баррасии ин баҳсҳо онҳо бо намояндагии кормандон баромад намуда ҳуқуқу манфиатҳои коргаронро пуштибонӣ мекунад.
Дар ҳолатҳои поймол шудани ҳуқуқҳои корманд (моддаи 18 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, (минбаъд КМ), аз ҷониби корфармо таѓйир додани шароити меҳнат (моддаи 31 КМ), ғайриқонунӣ ба кори дигар гузаронидан ё ғайриқонунӣ аз кор озод кардан (моддаи 54 КМ), барои беэътибор донистани шартномаи меҳнатӣ(моддаи 56 КМ), барои аз ҷониби корфармо ба корманд пешниҳод накардани маълумотҳои ба ў алоқаманд (моддаи 58 КМ), барои баррасии баҳсҳои меҳнатии фардӣ (моддаи 199 КМ), дар ҳолати иҷро накардани қарори комиссияи созиш (моддаи 205 КМ), барои ба кор қабул накардани занон бо сабаби ҳомиладорӣ ва фарзанддорӣ (моддаи 225 КМ), барои аз ҷониби корфармо тартиб надодани санади ҳодисаҳои нохуш (моддаи 342 КМ), ҳимояи Ҳуқуқи корманд ба ҳифзи меҳнат (моддаи 344 КМ), баррасии хулосаи ташхиси шароити меҳнат (моддаи 354 КМ) ва дигар ҳолатҳое, ки дар Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, корманде ё шахсе, ки ҳуқуқҳояшро поймолшуда ҳисоб мекунад, метавонад барои барқарор кардани ҳуқуқҳояш ба суд муроҷиат кунад.
Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон дар шахси намояндаи ваколатдор тибқи талаботҳои Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттифоқҳои касаба дар баррасии баҳсҳо дар судҳо ширкат намуда, ҳуқуқу манфиатҳои аъзои иттифоқи касабаро ҳимоя мекунанд.
Дар соли 2017 як гуруҳ кормандони ҶСК «Тоҷикэйр» иборат аз 12 нафар бо аризаи даъвогӣ ба Суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе барои ѓайриқонунӣ қатъ гардидани шартномаи меҳнатӣ бо онҳо, ҷиҳати барқарор карданашон ба ҷои кори пештараашон ва рўёнидани маблаѓҳои маоши тайи давраи аз ноилоҷӣ ба кор набаромаданашон муроҷиат намуданд. Бо даъвати онҳо ва суд намояндаи Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон дар ҷараёни мурофиаҳои судӣ ширкат намуда, ҳуқуқу манфиатҳои даъвогаронро ҳимоя намуда, аз суд дархост намуданд, ки бо риоя аз талаботҳои Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвои онҳо қонеъ карда шавад.
Маъмурияти корхона талаботҳои Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба назар гирифта бо созиш бо кормандон 7 нафари онҳоро дар соли 2017 ба ҷои кор барқарор намуд. Баъди баррасии пурраи парвандаи граждании мазкур суд аз санаи 3 октябри соли 2018 ҳалнома қабул кард, ки тибқи он даъвои 5 нафари боқимонда низ қонеъ карда шуд ва тибқи он бояд онҳо ба ҷои корашон барқарор карда шаванд ва дигар талаби даъво низ қонеъ карда шавад.
Дар кумитаҳои ҷумҳуриявии соҳавии иттифоқҳои касаба ва дар Шўроҳои иттифоқҳои касабаи вилоятӣ нозирони Ҳуқуқи меҳнат ва ҳифзи меҳнат фаъолият доранд. Онҳо низ тибқи ҳуқуқу ваколатҳои бо қонунҳо ба онҳо додшуда, дар ҳаллу фасли баҳсҳои меҳнатӣ дар дохили корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо ва дар баррасии баҳсҳои меҳнатӣ дар судҳо ширкат намуда ҳуқуқу манфиатҳои аъзои иттифоқҳои касаба – кормандонро ҳимоя мекунанд.
Мутаассифона, на ҳамаи кормандон ҳуқуқҳои худро, ки дар Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, медонанд ва талаб мекунанд.
Имрўз фақат якчанд паҳлўи муҳими масъалаи мазкурро ба самъи аҳли заҳмат расониданием. Дар моддаи 42 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон асосҳое оварда шудаанд, ки дар ҳолати мавҷуд будани онҳо корфармо метавонад бо ташаббуси худаш шартномаи меҳнатиро бо корманд қатъ намояд. Фақат донистан лозим аст, ки ҳатто дар ҳолати мавҷуд будани он асосҳо, тибқи талаботи моддаи 44 ҳамин кодекс корфармо баъди мувофиқаи он ба кумитаи иттифоқи касабаи корхона амалӣ карда мешавад.
Масъалаи ба кор барқарор кардани корманд бо роҳи мусолиҳатомез дар комиссияи созиш ҳаллу фасли худашро метавонад ёбад. Дар акси ҳол корманд метавонад барои ба кор барқарор кардан ё барқарор кардани дигар ҳуқуқҳояш бо аризаи даъвогӣ ба суд муроҷиат кунад. ҳар як корманд бояд донад, ки муҳлати муроҷиат ба суд нагузарад.
Асосан қонунгузор муҳлати умумии пешниҳоди аризаи даъвогиро се сол муқаррар кардааст, вале ин муқаррарот на ба ҳамаи баҳсҳои меҳнатӣ татбиқ мешавад.
Аз ҷумла, тибқи талаботи сархати1, қисми 2, моддаи 201 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҷҳлати муроҷиат барои баҳсҳо оид ба барқарор кардан ба ҷои кор – як моҳ аз рўзи супоридани нусхаи санади корфармо дар бораи қатъ намудани шартномаи меҳнатӣ муқаррар карда шудааст.
Дар бораи дигар паҳлуҳои фаъолияти иттифоқҳои касаба оид ба ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои кормандон — аъзоёни иттифоқҳои касаба дар нашрҳои минбаъда муфассалтар маълумот медиҳем.

Федератсияи иттифоқҳои
касабаи мустақили Тоҷикистон


Оставить ответ