ГУЗАРИШ БА ШУҒЛИ РАСМӢ

  • 0

ГУЗАРИШ БА ШУҒЛИ РАСМӢ

3-5 октябри соли 2018 дар меҳмонхонаи “Шератон” бо ибтикори Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон дар доираи барномаҳои Ташкилоти байналмилалии меҳнат Конфронси байни минтақавӣ дар мавзӯи“Тадбирҳо оид ба коҳиши сатҳи шуғли ғайрирасмӣ. Камчинии меҳнати шоиста ва риояи ҳуқуқҳои меҳнатӣ дар иқтисодиёти ғайрирасмӣ ”баргузор гардид. Дар кори Конфронс намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Сайфуллозода, роҳбарону кормандони масъули вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, намояндагони ташкилотҳои иттифоқҳои касабаи Арманистон, Гурҷистон, ҚазоҚистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Россия,Тоҷикистон, Ӯбекистон, Бюрои Ташкилоти байналмилалии меҳнати Женева ва Москва ва рӯзноманигорон иштирок намуданд.

Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Қодири Қосим меҳмононро барои ташрифашон ба кишвар хайрамақдам гуфта, сониян ба кори конфронс ҳусни ифтитоҳ  бахшид.

Дар маросими оғози конфронс  ҳамчунин Сафолзода Муҳаммади Қурбон-мушовири калони Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва алоқа бо ҷомеа, Гловатскас Сергейус-мудири бахши Аврупо ва Осиёи Марказӣ оид ба фаъолияти меҳнаткашони Ташкилоти байнанмилалии меҳнат ва дигарон суханронӣ намуданд.

Қодири Қосим қабл аз ҳама оид ба фаъолияти ташкилотҳои иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон дар шароити кунунӣ ва нақшаҳои минбаъда сухан ронда, иброз намуд, ки дар партави сиёсати созандаву башардустонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ—Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати беҳтар намудани вазъи зиндагии аҳолӣ моҳи апрели соли равон Созишномаи генералии байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020 ба имзо расид.

Ба тасвибрасии ин ҳуҷҷати муҳим барои пайваста густариш ёфтани ҳамкории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон дар бобати танзиму рушди муносибатҳои меҳнатӣ, ки кафили беҳдошти вазъи зисти мардум мегардад, мусоидат менамояд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи дарозмуҳлати  муҳими иқтисодии давлатӣ-–Стратегияи  рушди миллии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 қабул гардид. Дар ҳуҷҷати мазкур тадбирҳо оид ба бештар намудани дараҷаи шуғли аҳолӣ ва баланд бардоштани самаранокии меҳнат нишон дода шудааст. Зикр гардид, ки ҷалби пурраи аҳоли ба меҳнат ба пешравии бемайлони иқтисодиёти дар ҷумҳурӣ, коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ, хифзи ҳуқуқ ва кафолати меҳнатии кормандонро таъмин менамояд ва омили муҳими баланд гаштани сатҳи зисти мардуми ҷумҳурӣ мегардад.

Ҳоло дар бозори меҳнати кишвар шумораи аҳолии қобили  меҳнат 5 миллиону 300 ҳазор, шумораи Қувваҳои корї аз руи баҳои пешакї-2 миллиону 349,7 ҳазор нафар аз ин ҷумла, шумораи бекорон 54,3 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.  Дар Стратегияи  рушди милли Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 шумораи аҳолии ба меҳнат шуғл дошта бояд то 70 фоиз зиёд карда  шавад. Ин пешрафт маҳз туфайли ташкил кардани ҷойҳои кории нав ва коҳиш додани сатҳи шуғли ғайрирасмӣ ба амал бароварда мешавад.

Ду сол қабл дар ҷумҳурӣ бо кӯмаки техникии Ташкилоти байнанмилалии меҳнат дар ҳамкорӣ бо Агентии омор тадқиқот бо мақсади омӯзиши сатҳи шуғли ғайрирасмӣ дар ташкилоту корхонаҳои ҷумҳурӣ гузаронда шуд. Чи тавре маълум гардид таносуби дараҷаи шуғли ғайрирасмӣ дар соли 2009 аз 53 фоиз ба 29,4 фоизи соли 2016 байни аҳолӣ бидуни соҳаи кишоварзӣ коҳиш дода шуд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун субъекти ҳуқуқи байналмилалӣ ҳанӯз аз ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта корро оид ба амалӣ намудани меъёрҳои ҳуқуқии меҳнатии байналмилалӣ дар қонунгузории миллӣ  оғоз намуда буд. Ба ҳолати имрӯза Ҷумҳурии Тоҷикистон 51 конвенсияи Ташкилоти байнанмилалии меҳнат, ки 8-тои он асосианд, ратификатсия намудааст. Дар баробари ин аз ҷониби Тоҷикистон Конвенсияхои №122, “Дар бораи сиёсат дар самти шуғл” ва №142 “Оид ба рушди захираҳои аҳолӣ”, ки ба шуғли аҳолӣ дахл мекунад, Қабул намудааст. Дар ин самт саҳми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ—Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бағоят калон аст. Маҳз бо саъю талоши Ҷаноби Олӣ ҷанги шаҳрвандӣ хотима ёфта, сулҳусубот пойдор ва харобаҳои  иқтисодию  истеҳсолӣ барқарор ва рӯ ба  рушд  ниҳоданд.

Мудири сектори Аврупо ва Осиёи Марказї Бюрои ТБМ оид ба фаъолияти меҳнаткашон Гловатскас Сергейус, котиби иҷроияи Конфедератсияи байналмилалии иттифоқҳои касаба Леппик Антон, мушовири ТБМ Суручану Дорин Сергеевич ва намояндагони кишварҳои иштирокдор дар бораи роҳҳои расидан ба шуғли расмї ва мавҚеи иттифоқҳои касаба дар ин масъала мулоҳиза  ронданд. 

Дар рафти конфронс иштирокчиён атрофи масъалаҳои марбут ба тадбирҳо оид ба коҳиши сатҳи шуғли ғайрирасмӣ ва камчинии меҳнати шоиста ва риояи ҳуқуқҳои меҳнатӣ дар иқтисодиёти ғайрирасмӣ андешаронӣ намуданд ва дар ин самт ақоиди мухталифи ҷолиб натиҷагирӣ намуданд.Дар хотима Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Қодири Қосим меҳмононро бори дигар барои ташрифашон ба диёри хушманзараю дилфиреб ва иштироку муҳокимаронӣ дар масъалахои бағоят мубрами рӯз изҳори сипос намуд.

Иштирокчиёни конфронс бо таассуроти хуб аз Душанбе рафтанд.


Оставить ответ