ТАҶДИДИ КУМИТА

  • 0

ТАҶДИДИ КУМИТА

     Дар пленуми ғайринавбатии Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони саноати кимиё, нафт ва дигар соҳаҳои ҶТ, ки 30-юми октябри соли равон баргузор шуд, масъалаи таҷдиди сохтори он баррасӣ гардид. Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Қодири Қосим таъкид намуд, ки ин тадбир мутобиқи қарори Шӯрои генералии Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон амалӣ када мешавад. Барои беҳтар шудани фаъолияти иттифоқҳои касаба дар корхона ва муассисаҳо риоя намудани усули хизматрасонии соҳавӣ аҳамияти муҳим дорад. Бо назардошти ин масъала сохтори Иттифоқҳои касабаи кишвар таҷдид мешавд.
     Раиси Кумита Маҳрам Комилова оид ба фаъолияти даҳмоҳаи иттифоқи касабаи соҳа гузориш дод. Ӯ изҳор дошт, ки таҷдиди Кумита барои пешравии он мусоидат хоҳад кард. Акнун ба ин Кумита корхона ва муассисаҳои соҳаи саноати сабук, ки қаблан дар хизматрасонии Кумитаи Ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони саноат, рушди маҳаллӣ, газӣ ва хизматрасонии Тоҷикистон буданд, шомил мешаванд.


     Раиси Федератсия Қодири Қосим ба аъзои пленум аризаи Маҳрам Комиловаро шинос намуда, изҳор дошт, ки ӯ бинобар ба сини нафақа расиданаш хоҳиш намудааст, ки ӯро аз ин масъулият озод намоянд. Баъди ба овоз мондан, аъзои пленум барои қонеъ намудани аризаи ӯ розигӣ доданд.
     Аз рӯйи масъалаи дуюм раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон баромад намуда, номзадии Забиров Ҷамшед Ханҷаровичро барои раисии ин Кумита пешниҳод намуд. Ин пешниҳод аз ҷониби аъзои пленум дастгирӣ ёфт.

     Дар фарҷоми кори пленум Комилова Маҳрам Зайнидиновна барои хизматҳои пурмаҳсули бисёрсола дар ҳаракати иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон бо Ифтихорномаи Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон сарфароз гардонда шуд.

                                                       МУАРРИФИНОМА
     Забиров Ҷамшед Ханҷарович 1-уми апрели соли 1965 дар ноҳияи Рӯдакӣ таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, оиладор ва маълумоташ олӣ. Соли 1994 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, соли 2004 Донишкадаи андоз ва ҳуқуқро бо ихтисосҳои физик, иқтисодчӣ ва ҳуқуқшинос хатм намудааст.
       Солҳои 1982-1994 донишҷӯйи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон буд. Солҳои 1982-1983 мудири китобхонаи мактаби миёнаи рақами 190-и ноҳияи Рӯдакӣ, солҳои 1983-1986 хизмат дар сафҳои қувваҳои мусаллаҳ, солҳои 1986-1987 сарпионервожатийи мактаби рақами 112-и ноҳияи Рӯдакӣ, техники маркази илмӣ-тадқиқотии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, солҳои 1987-1989 муҳандиси маркази илмӣ-тадқиқотии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, солҳои 1989-2002 сармуҳандиси шуъбаи илмӣ-тадқиқотии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, директори муассисаи иҷоравии хурди “Экспресси шарқӣ”, нозири давлатии идораи назорати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2002-2011 сармутахассиси шуъбаи таълим ва иттилооти Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини мудири шуъбаи мазкур, муовини сардори шуъбаи таъминоти кадрии Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2013-2016 муовини аввали директори генералии ҷДММ “Космос”-и минтақаи озоди иқтисодии “Данғара”, мудири шуъбаи инфрасохторӣ, сарменеҷери Раёсати ҳуқуқ, муносибатҳои байналхалқӣ, таҳлилӣ ва коргузорӣ, сардори Раёсати ҳуқуқ, муносибатҳои байналхалқӣ, таҳлилӣ ва коргузории маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии “Данғара” фаъолият кардааст. Аз соли 2017 сардори Раёсати ташкилӣ, кор бо кадрҳо ва коргузории Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон кор мекунад.
       30 октябри соли 2018 раиси Кумитаи иттифоқи касабаи соҳаи кимиё, нафт ва саноати маҳалии Тоҷикистон интихоб шуд.


Оставить ответ