НАТИҶАГИРӢ АЗ ҶАМЪБАСТИ НУҲМОҲА

  • 0

НАТИҶАГИРӢ АЗ ҶАМЪБАСТИ НУҲМОҲА

     23 октябри соли равон ҷаласаи навбатии Кумитаи иҷроияи Шӯрои генералии Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон баргузор гардид. Ҷаласаро Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон муҳтарам Қодири Қосим ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки дар чаласа се масъала — “Дар бораи фаъолияти Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон дар 9 моҳи соли 2018”, “Дар бораи шарикии иҷтимоӣ ва шартномаҳои коллективӣ”, “Дар бораи тасдиқи фармоишҳои раиси Федератсия” мавриди муҳокима қарор меёбад.

        Аз рӯйи масъалаи якум муовини раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Файзизода Исмоил Нарзи баромад намуд. Мавсуф оид ба фаъолияти ташкилоти Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон дар 9 моҳ сухан ронда, зикр намуд, ки иттифоқҳои касабаи кишвар дар ин давра баҳри иҷрои уҳдадориҳои оинномавии хеш, ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ “Дар бораи самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва дигар санадҳое, ки барои ҳимояи манфиатҳои меҳнатӣ, иҷтимоии меҳнаткашон равона шудааст, амал карданд. Созишномаи генералӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020 қабул шуд, ки дар он самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ бо корфармоён дар самти ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои меҳнатӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳагиву зеҳнии меҳнаткашон нишон доа шудааст. Дар асоси ин Созишнома дар ноҳия, шаҳр, вилоят ва корхонаву муассисаҳо созишномаҳои соҳавӣ, минтақавӣ ва шартномаҳои коллективӣ ба имзо расонда шуданд.
            Самти муҳиме, ки иттифоқҳои касаба ба он бештар аҳамият медиҳанд, ҳимояи ҳукуқ ва ҳифзи меҳнати кормандон мебошад. Аз рӯйи маълумоти ташкилотҳои ҳамузв ҳоло дар маҷмӯъ 34 нафар нозирони ҳифзи меҳнат фаъолият доранд, ки ин шумора барои беҳтар ба роҳ мондани фаъолият дар ин самт басанда нест. Бояд дар ин масъала масъулон ҷиддӣ кор кунанд.
      Масъалаи ҳимояи манфиатҳои ҳуқуқии кормандон аз вазифаҳои умдатарини ташкилот мебошад. Оид ба ин масъала дар корхонаю муассисаҳои шакли моликияташон мухталиф корҳои фаҳмондадиҳӣ ва пуштибонӣ аз кормандон пеш бурда мешаванд. Чанде қабл як гуруҳ кормандони ширкати ҳавонавардии “Тоҷик Эйр” унвонии Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон оид ба ғайриқонунӣ аз кор озод намудани онҳо муроҷиат намуда буданд. Маҳз бо ҷаҳду талоши Федератсия мурофиаи судӣ адолати иҷтимоӣ ҳимоя ва кормандон ба ҷойи кори пештараашон барқарор шуданд.
      И. Файзизода дар бораи қарздории музди меҳнат, пешгирии ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот, фаъол намудани мақоми ташкилотҳои ибтидоии иттифоқҳои касаба, баргузории семинару конфронси минтақавӣ оид ба ҳифзи меҳнат, барҳам додани меҳнати кӯдакон, коҳиш додани шуғли ғайрирасмӣ ва бозомӯзии кадрҳо низ изҳори ақида намуд.
      Аз рӯйи ин масъала раиси Кумитаи маориф ва илми Тоҷикистон Одиназода Рамазон Сафар, раиси Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ Р. Улмасов, раиси Кумитаи марказии иттифоқи касабаи кормандони сохтмон ва саноати масолеҳи бинокории ҶТ Ҳ. Самизода, мудири шуъбаи ҳуқуқи ФИКМТ А. Саидзода суханронӣ намуданд.
      Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Қодири Қосим ҷаласаро ҷамъбаст намуда, изҳор дошт, ки оид ба фаъолияти иттифоқҳои касабаи кишвар дар ҷамъбасти сол муффасал натиҷагирӣ мешавад. Бисёр масъалаҳое ҳастанд, ки бояд иттифоқхои касаба ба онҳо бештар таваҷҷуҳ намоянд. Махсусан кори нозирони ҳифзи ҳуқуқ ва меҳнат бояд бозбинӣ шавад. Дар ноҳия, шаҳр ва вилоятҳо бояд шумораи нозирон зиёд карда шаванд ва дар ин ҳолат фаъолияти онҳо самара медиҳад. Фаъолияти пурраи нозирон нуфуз ва эътибори ҳаракати иттифоқҳои касабаро дар ҷомеа меафзоянд. ҳамчунин раисони ташкилотҳои ҳамузв бояд ба масъалаҳои ҳисоботи омории ташкилотҳо ва аъзои иттифоқи касаба, бозомӯзии кадрҳо, омӯхтани таҷриба ҳамешаҳо аз кишварҳои дигар, бахусус Ҷумҳурии Ӯзбекистон тарғиби фаъолият тавассути воситаҳои ахбори омма эътибор диҳанд.
      Дар ҷаласа аз рӯйи масъалаҳои муҳокимашуда қарорҳои дахлдор қабул шуданд.


Оставить ответ