МАҶЛИСИ НАЗОРАТӢ

  • 0

МАҶЛИСИ НАЗОРАТӢ

     IMG_0098

     15 – уми августи соли ҷорӣ дар маҷлиси навбатии назоратии Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон як қатор масъалаҳо мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Раиси Федератсия Қодири Қосим нахуст таваҷҷуҳи ҳозиронро ба натиҷаи сафари кории ҳайати Федератсияи иттифоқҳои касабаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Тоҷикистон ҷалб намуд.

Ӯ таъкид намуд, ки пазироӣ ва гусели меҳмонон дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуд. Акнун бояд барои баргузории чорабинии муштараки фарҳангии Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки моҳи октябри соли ҷорӣ пешбинӣ шудааст, тадбир андешид. Раиси Федератсия дастур дод, ки дар ин маврид гурӯҳи корӣ таъсис дода шавад ва ин гурӯҳ масъалаи чорабинии муштаракро ҳаллу фасл намояд. Сатҳи ҳамкориҳоро дар доираи иҷрои бандҳои Меморандуми ҳамкорӣ байни Иттифоқҳои касабаи ҳарду кишвар баимзорасида, беҳтар намоянд.
     Раиси Федератсия ба кори шуъбаҳои Федератси оид ба иҷрои Накшаи чорабиниҳо вобаста ба Соли ташкилотҳои ибтидоии иттифоқҳои касаба эрод гирифт. Таъкид намуд, ки дар иҷрои ин наќша ягон кори муҳим карда намешавад. Оид ба баргузории Конфроси байналмилалӣ “Дар бораи шуғли баќайдгирифтанашуда (ғайрирасмӣ)”, фестивали варзишии “Падар, модар ва ман” ҳам корҳои омодагӣ суст ба роҳ монда шудааст.
     Раиси Федератсия таваҷҷуҳи кормандони дастгоҳро ба истифодаи самараноки ваќти корӣ, риояи интизоми меҳнат ва нисбат ба иҷрои вазифа масъулият ҳис намудан, ҷалб кард.


Оставить ответ