Дар Душанбе машварати 55-уми Шӯрои Конфедератсияи байналхалқии иттифоқҳои касабаи роҳи оҳанчиён баргузор гардид

  • 0

Дар Душанбе машварати 55-уми Шӯрои Конфедератсияи байналхалқии иттифоқҳои касабаи роҳи оҳанчиён баргузор гардид

   232132312

     Имрӯз дар шаҳри Душанбе машварати 55-уми Шӯрои Конфедератсияи байналхалқии иттифоқҳои касабаи роҳи оҳанчиён баргузор гардид. Дар ҷаласаи мазкур ҳайати вакилони иттифоқҳои касабаи роҳи оҳанчиёни Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Озарбойҷон, Беларус, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Россия ва Украина иштирок намуданд.
     Раиси иттифоқи касабаи роҳи оҳанчиёни Тоҷикистон Зикрулло Ҳамидов иброз дошт, ки ба ҷаласа ташкилоти иттифоқи касабаи кормандони ҶС «Роҳи оҳани Қафқоз» даъват шуда, аризаи онҳо барои ҳамроҳшавӣ ба Шӯрои Конфедератсияи байналхалқии иттифоқҳои касабаи роҳи оҳанчиён баррасӣ карда мешавад.

     3213213

     Ба иттилои раиси Шӯрои ҷавонони роҳи оҳани Тоҷикистон Насимҷон Қосимов, баргузории машварати 55-уми Шӯрои Конфедератсияи байналхалқии иттифоқҳои касабаи роҳи оҳанчиён дар шароити имрӯза бисёр муҳим аст. Зеро ин гуна чорабиниҳо сабаби мустаҳкамтар гардидани ҳамкорӣ ва муносибатҳои мутақобила миёни Тоҷикистон ва дигар давлатҳои аъзои Шӯро мешаванд. Инчунин ба ин восита Роҳи оҳани Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ беҳтар муаррифӣ мешавад. Иштирокдорони ҷаласа масъалаҳои мавриди назарро муҳокима намуда, барои густариши ҳамкорӣ ва беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ ба мусофирон тариқи қатора таклифу дархостҳои худро пешниҳод намуданд.

     1223213

     Ёдовар мешавем, ки машварати 55-уми Шӯрои Конфедератсияи байналхалқии иттифоқҳои касабаи роҳи оҳанчиён ду рӯз идома ёфта, 22 ноябр ҳайати вакилони иттифоқҳои касабаи роҳи оҳанчиён аз ҷойҳои таърихиву сайёҳии ҷумҳурӣ дидан мекунанд.


Оставить ответ