Дар Душанбе муаррифии китоби тозанашри Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Уфуқҳои истиқлол» доир гардид

  • 0

Дар Душанбе муаррифии китоби тозанашри Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Уфуқҳои истиқлол» доир гардид

IMF123

    29 декабри соли 2018 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар мавзӯи «Нақши Иттифоқҳои касаба дар татбиқи сиёсати иҷтимоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муаррифии китоби тозанашри «Уфуқҳои истиқлол» бо ташаббуси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон суҳбати «мизи гирд» баргузор гардид. Дар доираи ҳамоиши мазкур нуктаҳои муҳими Паёми навбатии Пешвои миллат ва китоби тозанашри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Уфуқҳои истиқлол» рӯнамоӣ гардид. Китоби нави Пешвои миллат идомаи мантиқии таҳқиқоти  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар самти худшиносии миллӣ ва амалӣ намудани ормонҳои миллии тоҷикон арзёбӣ гардида, он дастоварди муҳим ва нотакрори  илмию сиёсӣ маҳсуб мешавад.

Ҷаласаро бо сухани ифтитоҳӣ Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Қодири Қосим оғоз намуда, зикр кард, ки ташвиқот ва ҷонибдорӣ намудани ғояҳои ватандӯстона, адолатпарварона ва инсондӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миёни аҳли заҳмат ва мардуми кишвар яке аз самтҳои асосии ҳаракати Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

«Асарҳои навиштаи Пешвои миллат дар ҳақиқат ақидаҳои баландарзиш дошта, барои имрӯзу фардои миллати тоҷик ҳамчун дастури роҳнамо ба ҳисоб меравад. Ҳар сатри «Уфуқҳои Истиқлол” пораи таърихи сисолаи набардҳои мардуми шарифи Тоҷикистон бо сарварии Роҳбари он мебошад. Асари мазкур дар болоравии ғурури миллӣ, ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихормандӣ аз Ватани маҳбуб -Тоҷикистон нақши муассир мегузорад»-гуфт Қодири Қосим.

Сипас Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор  Раҳмонзода сухан гуфта, дар бораи ин асари тозанашр, бобҳо, мавзӯъҳо ва моҳияту аҳамияти он маълумот манзур намуд.

Мавсуф, аз ҷумла изҳор намуд, ки ин асари арзишманд аз сарсухан, панҷ боб ва охирсухан иборат аст. Дар сарсухан омадааст:

«…Вақте сухан аз Истиқлолияти давлатӣ меравад, он на санаи бори аввал соҳибдавлат шудани тоҷикон, балки санаи эҳёи Истиқлолияти давлати Тоҷикистон мебошад, яъне миллати куҳанбунёду соҳибдавлати тоҷик бори дигар соҳиби давлатдории миллии мустақили худ гардид. Ин аст, ки зимни андешаронӣ аз сарнавишти дирӯзу имрӯзи миллату давлати худ мо маҳз ибораи пурмазмуни «миллати куҳан ва давлати ҷавон»-ро ба кор мебарем, зеро достони ҳастии мо, ҳақиқати сарнавишти мо ва вазъияти имрӯзи мо ҳамин аст».

Боби аввали китоб «Истиқлолияти давлатӣ-марҳалаи эҳё ва барқарорсозии давлати миллии тоҷикон» ном дорад. Дар он сухан бештар дар бораи зина ба зина ва марҳала ба марҳала эҳё шудани давлати миллӣ ва таҳкими он сухан меравад.

Боби дуюм «Рушди иқтисоди Тоҷикистон ва дурнамои стратегии он» номида шуда, дар он бештар оид ба масоили иқтисодӣ ва стратегияи ояндаи он баҳс шудаанд.

Дар боби сеюм масъалаи сиёсати иҷтимоӣ ва натиҷаҳои он мавриди таҳлил қарор гирифтаанд. Пешвои миллат дар ин боб бештар аз дастовардҳои илм, маориф, тандурустӣ, муҳоҷират ва танзими он сухан рондаанд.

Дар боби чаҳорум суҳбат аз ваҳдати миллӣ ва суботи иҷтимоист, ки дар меҳвари сиёсати дохилии давлат қарор гирифтааст. Дар ин боб бештар оид ба фарҳанг, забони давлатӣ, идораи давлатии замони Истиқлолият, мақоми зан дар ҷомеа, озодии виҷдон, танзими анъанаҳои миллӣ, озодии баён ва рушди матбуоти миллӣ, таъмини амнияти миллӣ сухан рафтааст.

Боби панҷум дарбаргирандаи масъалаи манфиатҳои миллӣ ва сиёсати хориҷӣ, мақом ва ҷойгоҳи Тоҷикистон дар ҷаҳони муосир аст.

Дар охирсухан муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фардои дурахшони кишвари маҳбуб назар андохта, менависанд: «Акнун давраи гузариш ба анҷом расид ва Ҷумҳурии Тоҷикистон аз марҳалаи эҳёву барқарорсозӣ ба марҳалаи рушди устувор қадам гузоштааст. Албатта, дар ин марҳала низ мушкилоти ҷиддие пешорӯи мо хоҳад буд, вале бо вуҷуди ин мо тамоми шароит ва имкониятро барои ҳаракат ба сӯйи рушди устувор дорем. Муҳимтар аз ҳама, барои оғози чунин марҳалаи тақдирсоз ба боварӣ, эътимод ва иродаи қавии мардуми шарифи Тоҷикистони азиз такя менамоем».

Китоб барои сиёсатшиносону муаррихон, муҳаққиқону коршиносони масоили сиёсӣ, иқтисоӣ, иҷтимоӣ, байналмилалӣ, рӯзноманигорон ва доираи васеи хонандагон пешбинӣ гардидааст.

Дар ҳамоиш аъзои Ҳукумат, ходимони илм ва аҳли зиё ва донишҷӯёни муассисаҳои олии ҷумҳурӣ низ иштирок доштанд.  Зикр гардид, ки осори арзишманди Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари аҳамияти илмиву адабӣ ва таърихӣ, аз назари тарбияи ҷавонон низ пурарзиш маҳсуб мешавад.

Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон дар радифи дигар ташкилотҳои бонуфузи иттифоқҳои касаба узви комилҳуқуқи Конфедератсияи умумии иттифоқҳои касаба /ВКП / мебошад.  Ҳамасола бо назардошти саҳми арзанда ва хизматҳои назаррас ходимони давлатӣ ва сиёсии давлатҳои аъзои ин Созмон бо мукофотҳои соҳавии ин ташкилот қадрдонӣ мегарданд. Яке аз ин мукофотҳои олии ин ташкилот- Нишони нуқрагини сарисинагӣ ба ҳисоб меравад.

Дар анҷоми ҳамоиш Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, академик Абдуҷаббор Раҳмонзода бо Нишони нуқрагини сарисинагии Кумитаи умумии иттифоқҳои касаба дар фазои тантанавӣ  сарфароз гардонида шуд.


Оставить ответ