НАТИҶАГИРӢ АЗ ҶАМЪБАСТИ ҲАФТСОЛА

  • 0

НАТИҶАГИРӢ АЗ ҶАМЪБАСТИ ҲАФТСОЛА

      3 майи соли ҷорӣ анҷумани панҷуми иттифоқи касабаи кормандони нақлиёт ва хоҷагии роҳҳои кишвар баргузор шуд. Дар кори он раиси Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Қодири Қосим, Вазири нақлиёт ва хоҷагии роҳҳо Худоёр Худоёрзода, муовини аввали вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуѓли аҳолӣ Эмин Сангинзода,  вакилон аз тамоми қаламравӣ кишвар ва раисони як қатор ташкилотҳои иттифоқи касабаи соҳа иштирок намуданд. Дар бораи фаъолияти ҳафтсолаи иттифоқи касабаи соҳа раиси Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони нақлиёт ва хоҷагии роҳҳо Нисо Бобоева ҳисобот дод. Дар анҷуман раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон қодири қосим, вазири Нақлиёт ва хоҷагии роҳҳои Тоҷикистон Худоёр Худоёрзода, муовини аввали вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуѓли аҳолӣ Эмин Сангинзода ва раисон кумитаҳои иттифоқи касабаи соҳа дар вилоятҳои Хатлон ва Суѓд баромад намуданд.  

     Вакилон ба фаъолияти иттифоқи касабаи соҳа дар давраи ҳисоботӣ баҳои қаноатбахш доданд. Нисо Бобоева якдилона аз нав раиси Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони нақлиёт ва хоҷагии роҳҳои ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд.

     Дар анҷуман фаъолони иттифоқи касабаи соҳа бо ифтихорномаҳои Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Кумитаи ҷумҳуриявӣ сарфароз гардиданд.


Оставить ответ