ВОХӮРӢ БО СОБИҚАДОРОН

  • 0

ВОХӮРӢ БО СОБИҚАДОРОН

         8 майи соли ҷорӣ бахшида ба 74-солагии Рӯзи ғалаба дар толори хурди Кохи иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон вохӯрии раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Қодири Қосим бо собиқадорони ҳаракати иттифоқҳои касабаи кишвар баргузор шуд.

         Раиси Федератсия собиқадоронро ба ин санаи муборак шодбош гуфта, дар бораи эътибори ин ғалаба барои мардуми башар, бахусус Иттиҳоди Шӯравии собиқ изҳори ақида намуд ва  нақши мардуми тоҷикро барои ин ғалаба бузург арзёбӣ кард. Ӯ изҳор дошт, ки ҳаракати иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон ба собиқадорон эҳтиром доша, таҷрибаи онҳоро барои беҳтар ба роҳ мондани фаъолият истифода менамояд. Мавқеи онҳо дар тарбияи кадрҳои ҷавон ва рушди кишвар бузург аст. Минбаъд низ робитаи Иттифоқҳои касабаи кишвар бо собиқадорон дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда хоҳад шуд.

         Дар ин рӯз собиқадорон иттифоқҳои касаба аз ҷониби Федератсия қадрдонӣ карда шуданд.  


Оставить ответ