АҚЛҲОРО АҚЛҲО ЁРӢ ДИҲАНД

  • 0

АҚЛҲОРО АҚЛҲО ЁРӢ ДИҲАНД

        Беҳтар шудани фаъолияти иттифоқҳои касаба дар замони муосир, ҷустуҷӯи роҳу василаҳои наву афзалиятдоштаро тақозо менамояд. Ҳоло, ки шаклҳои меҳнат ҳам гуногун аст ва кормандон дар ташкилоту муассисаҳои буҷавӣ, шахсӣ, инфиродӣ ва ҷамъиятию муштарак кор мекунанд, муносибат бо онҳо низ аз намояндагони иттифоқи касаба маҳорат ва дониши мукаммалро талаб менамояд.

         Семинари омӯзишие, ки Кумитаи марказии иттифоқи касабаи кормандони  геология, саноати маъдан, металлургия «Тоҷикметалл» таи се рӯз дар Осоишгоҳи КВД «Ширкати Алюминийи тоҷик» гузаронид, ба ҳамин мақсад равона шуд. Раиси Кумита Абдулло Холиқов чорабинии мазкурро ифтитоҳ намуда, таъкид кард, ки  дар замони муосир ҳар соҳа ва ҳар кор муносибати наву масъулияти бештарро талаб мекунад.  Корхона ва муассисаҳое, ки кормандони онҳо дар хизматрасонии иттифоқи касабаи «Тоҷикметалл» қарор доранд, шакли фаъолияташон аз ҳам тафовути зиёд доранд. Яъне, иттифоқи касабаи мо бо корхонаҳои буҷавӣ, ѓайридавлатӣ, хусусӣ, саҳомӣ ва муштаррак сару кор дорад. Новобаста, аз шакли фаъолият, иттифоқи касаба ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои меҳнатӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кормандонро ҳамчун аъзои ин ташкилот як хел ба роҳ мемонад.

         Ба андешаи Абдулло Холиқов иттифоқи касабаи соҳа дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба мисли солҳои гузашта ҳамкориро бо маъмурияти корхона ва муассисаҳо дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монд. Бо вуҷуди муфлис шудани баъзе корхонаҳо ва мушкилиҳои дигари иқтисодӣ, шумораи аъзо дар ин давра кам нашуд. ҳоло 32154 нафар кормандони соҳа дар хизматрасонии иттифоқи касаба қарор доранд. Дар нимсолаи ҷорӣ тамоми қувва барои татбиқи пешниҳоди нави Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба саноатикунонии мамлакат сафарбар карда шуд.  Аз маълумотҳои оморӣ бармеояд, ки дар ин самт муваффақиятҳо рӯз то рӯз беҳтар мешаванд ва маҳсулнокии меҳнат дар соҳа меафзояд. Дар ин давра музди миёнаи меҳнат дар соҳаи саноати кишвар 1364 сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11,1 фоиз зиёд аст.  


Оставить ответ