17 Октябрь, 2019

Таърихи иттифоқи касаба

ТАЪРИХИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБАИ ТОҶИКИСТОН

15 апрели соли 1926 Анҷумани 1 иттифоқҳои касабаи РАСС Тоҷикистон баргузор гардид, ки бо қарори он мақоми роҳбарикунандаи иттифоқҳои касаба – Тоҷиксовпров таъсис дода шуд.

19 апрели соли 1937 мутобиқи Қарори Пленуми ВЦСПС дар СССР Шӯроҳои иттифоқҳои касабаи ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ барҳам дода шуд.

       Соли 1948 Тоҷиксовпров аз нав таъсис дода шуд.

РОҲБАРОНИ АВВАЛИ

ИТТИФОҚҲОИ КАСАБАИ ТОҶИКИСТОН

Иосиф Бродсхий – раиси бюрои ташкилї ва раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи РАСС Тоҷикистон         1925 — 1926

Абдуфатоҳ Юсупов – раиси муваққатии Шӯрои иттифоқҳои касабаи РАСС Тоҷикистон  1926 — 1927

Иван Иванович Будкевич — раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи РАСС Тоҷикистон- 1927 — 1928

Якубов – раиси Тоҷсовпров  — 1929 – 1932

Абдулло Юсупов — раиси Тоҷсовпров  1932 – 1933

Ёқуб Қосимов — раиси Тоҷиксовпров       1933

Умар Бектемиров — раиси Тоҷиксовпров 1934

Насриддин Хоҷаев — раиси Тоҷиксовпров 1934

Владимир Василӣевич Киреев — раиси Тоҷиксовпров 1935 – 1936

Бахтибек (насабаш муайян нест) раиси Тоҷиксовпров 1936

Убайдулло Ташрипов — раиси Тоҷиксовпров 1936 – 1937

Манзар Шарипов — раиси Тоҷиксовпров  1948 – 1958

Ҷурабек Искандаров — раиси Тоҷиксовпров 1958 – 1963

Наҷмиддин Абдуллоев — раиси Тоҷиксовпров 1963

Аюб Ҳайдаров — раиси Тоҷиксовпров 1963 – 1983

Абдураҳмон Додобоев раиси Тоҷиксовпров 1983 – 1987

Муродали Солеҳов – раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон  1987 – 2015

Салимзода Шерхон Одина-  раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон  2015- 2016

Шарифзода Исмоил Зариф иљрокунандаи вазифаи раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон 2016- 2017

Ќодири Ќосим-  раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон аз соли 2017 то њол

ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА

          Истиқлолият ва дастовардҳо танҳо дар натиҷаи таҳкими сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ,  пос доштани арзишҳои миллӣ ба даст меояд.  Иттифоқҳои касаба дар ҳамкорї бо шарикони иљтимої метавонад баҳри  пойдории давлати ҳуқуқбунёд ва амалисозии қонунҳо ҷиҳати ҳимояи ҳифзи манфиатҳои ҳуқуқӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоию иқтисодии  созандагони Ватан, бошандагони ин Ватан ва ояндагони он, ки  аъзои иттифоқи касабаанд якдилу якмарому ҳамфикр бошанд. Зеро, ки мароми мо Ваҳдати миллӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои меҳнаткашон ва аҳли оилаи онҳо мебошад.

         Бо чунин маром аз рўзҳои аввали Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон иттифоқҳои касаба барои ташкили давлати ҳуқуқбунёди дунявӣ баҳри ҳимояи шаҳрвандон бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон паҳлуи ҳам истода, дар ташкили сохтори давлатї саҳмгузор аст.

         Имрӯз ба таърихи  25 – солаи рушди давлатдориамон назар меандозему бешубҳа дар он мавқеи Иттифоқҳои касаба низ намоён аст, зеро ки дар қабули ҳамаи санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ намояндагони иттифоқҳои касаба барои ҳимояи шаъну шараф ва ҳуқуқҳои шаҳрвандон саҳмгузор аст.

       Федератсияи иттифоќњои касабаи мустаќили Тољикистон ва ташкилотњои њамузви он дар њамкорї бо маќомоти њокимияти давлатї ва корфармоён кўшиш менамоянд, ки дар амалї гаштани сиёсати давлат оид ба масъалањои њавасмандии иќтисодї ва инфраструктурањои иљтимої, ки њуќуќњои конститутсионї ва кафолатњои шањрвандї аз љумла: њуќуќ ба таъмини бехатарии мењнат, маълумот, њифзи сињатї, таъминоти иљтимої, дараљаи муносиби зиндагиро таъмин менамоянд, иштироки фаъолона дошта бошанд.

Иттифоќњои касаба ба маќомоти идораи давлатї ва корфармоён љињати бењтар гардонидани вазъи иљтимої дар мамлакат ва коллективњои мењнатї, баланд бардоштани њосилнокии мењнат, самаранокии истењсолот, њамаљониба кўмак мерасонад. Федератсияи иттифоќњои касаба, бањри ягонагї ва њамраъйии кулли иттифоќњои касаба баромад намуда, барои интегратсияи минбаъдаи Федератсияи иттифоќњои касаба ва ташкилотњои хамузви он дар њаракати байналмилалии иттифоќњои касаба тадбир меандешад.

         Дар тули 25- сол Иттифоқҳои касаба тавонист, ки фаъолияти худро баҳри иҷрои талаботи  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттифоқҳои касаба»  ва қонуну қарорҳои қабулнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Созишномаи генералии байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон ба роҳ монад.

        Иттифоқҳои касаба дар пешрафти кори худ ва ташкилотҳои ҳамузв ба як мақсад ва маром, ҳимояи ҳифзи манфиатҳои меҳнаткашон муттаҳид гардида баҳри ҳимояи аъзои иттифоқи касаба кушиш намуда истодааст, то ин ки аъзои он аз ҳама ҷиҳат ҳимоя шуда бошад. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттифокҳои касаба» ва Оинномаи Иттифоқҳои касаба худ ҷавобгӯи гуфтаҳои болоист, ки ҳар як боб, фасл ва моддаҳои онҳо барои иҷрои мақсадҳои гуфташуда равона карда шудааст. 

         Баъд аз пошхӯрии Иттиҳоди Шуравӣ соли 1991 фаъолияти ҳамаи иттиҳодияҳои соҳавии иттифоқҳои касаба, ки маркази ягонаи онро – Шўрои иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон (Тоҷиксовпроф) роҳбари дошт  дар тамоми давлатҳои пасошўравӣ ҳуқуқҳои пештараашон аз даст рафт ва дар ҳама давлатҳо иттифоқҳои касаба вобаста ба сохти давлатдорӣ аз нав ба фаъолият шуруъ намуд.  Намояндагони иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон низ соли 1991 анҷумани XIV Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистонро  даъват намуда, Декларатсия оид ба ташкили  Федератсияи иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон  яъне давомдиҳандаи фаъолияти Тоҷиксовпрофро қабул намуданд. Ин анҷуман дар фаъолияти Иттифоқҳои касаба, ки дар вазъияти хеле мураккаби ҷамъиятӣ – сиёсӣ, иҷтимоӣ – иқтисодӣ гузашт наќши калон бозид. Вакилони анҷуман дар бораи ташкили иттифоқҳои касабаи ҷумҳурӣ ва Оинномаву барномаи амали фаъолияти ояндаи Иттифоқҳои касаба қарорҳои даркорӣ қабул намуданд.

         Аз соли 1991 то соли 1996 дар ҳаёти ҷамъиятии кишвар дигаргуниҳои ҷиддӣ ба амал омад, ки ин ба фаъолияти Иттифоқҳои касаба низ таъсири худро расонид, ташкилот дар  давраи ҷанги шаҳрвандӣ бояд мавқеи хосаи худро доро мешуд, бинобар ин соли 1996  анҷумани XVI иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон  даъват карда шуд ва вакилон лозим донистанд, ки вобаста ба вазъи ҷомеа қарорҳои дахлдор қабул  намоянд.

          Иттифоқҳои касаба роҳи куллан нав кардани самти фаъолиятро тарҳрези намуд, ки ин муҳайё намудани заминаи ҳуқуқӣ барои ҳифзи ҳуқуқҳои қонунӣ ва ба манфиати меҳнаткашон равона кардани фаъолият   мебошад. Дар замони барои ҷумҳурӣ душвор иттифоқҳои касаба тарзи фаъолият ва амали худро муайян карда тавонист, ки ин ба мустаҳкамшавӣ ва пойдор мондани он аҳамияти калон дошт. Дар ин давра  баъд аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи ҳуқуқии фаъолияти иттифоқҳои касаба  муҳайё гардид. Бо ташаббуси  Шўрои Федератсияи иттифоқҳои касаба қонунҳо «Дар бораи иттифоқҳои касаба, ҳуқуқ ва кафолатҳои фаъолияти онҳо соли 1992», «Дар бораи ҳамкории иҷтимоӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ соли 1992», «Дар бораи шохиссозии даромади аҳолӣ бо назардошти болоравии нархҳои молҳои мавриди аввали истеъмол ва хизматгузорӣ» қабул карда шуданд. Мавқеи иттифоқҳои касаба дар қонунҳо «Дар бораи шуғли аҳолӣ», «Дар бораи таъминоти нафақавӣ», «Дар бораи хусусигардонии манзил» низ ифода ёфтааст. Инчунин мутахассисони Шўрои Федератсия дар лоиҳаи қонунҳои «Дар бораи пардохти музди меҳнат», «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон» таклифҳо пешниҳод намудаанд.  Дар ин давра муваффақияти дигари Шўрои Федератсия аз он иборат буд, ки дар зарфи 5 сол тавонист бо Ҳукумат ва иттиҳодияи корфармоён тавассути ҳамкории иҷтимоӣ, яъне бо роҳи бастани Созишномаи генералӣ  фаъолият намояд. Вале вазъӣ душвори сиёсӣ имкон намедод, ки ҳама бандҳои Созишнома иҷро гардад бо вуҷуди ин Шўро кӯшиш менамуд, ки ҳифзи иҷтимоию иқтисодии меҳнаткашон каме ҳам бошад роҳи ҳаллӣ ҳудро ёбад. Ба Шўрои Федератсия муяссар гардид, ки назорати ҷамъиятии ҳифзи меҳнатро дар худ нигоҳ дорад. Аз руи нишондоди қонун «Дар бораи муҳофизати меҳнат», ки соли 1991 қабул гардида буд, Низомномаҳо доири санҷиш ва ба ҳисоб гирифтани фалокат дар истеҳсолот, оиди намояндагони ҷамъиятӣ оид ба ҳифзи меҳнат дар корхонаю муассисаҳо ва ташкилотҳо, доир ба бозрасии кор, тартиби додани ҷазои маъмурӣ барои вайрон кардани қонун ва қоидаҳои ҳифзи меҳнат ва ғайраҳо қабул ва тасдиқ карда шуданд.

      Бо қарори анҷумани XVI иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон аз 24 майи соли 1996 Шурои Федератсияи иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон оид ба номгӯзории Федератсия қарор қабул намуд, ки минбаъд он Федератсияи иттифоқҳои касабаи  мустақили Тоҷикистон номгӯзори карда шавад.

     Дар  давраи солҳои 1991 -1996  дар ҳаёти иҷтимоию  иқтисодии ҷумҳурӣ,  суғуртаи иҷтимоӣ нақши муҳим мебозид ва назорату иҷрои он ба зиммаи Иттифоқҳои касаба буд, дар натиҷаи пастравии сатҳи шуғли аҳолӣ дар хоҷагии халқ камшавии музди меҳнат, инчунин душвориҳои молиявӣ корхонаю муассисаҳо маблағи суғуртаи иҷтимоиро пардохт карда наметавонистанд, ки ин боиси ба Хазинаи нафақа ва Хазинаи суғуртаи иҷтимоӣ кам дохилшавии маблағ гардид, ин сабаб гардиду Хазинаи байналхалқии арз ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1996 пешниҳод намуд, ки ҳамаи намудҳои нафақа ба ҳадди ақал яъне ба андозаи 432 рубль дода шавад. Шўрои Федератсия ба ин рози шуда натавонист ва талаб пешниҳод намуд, ки ҳадди ақали нафақаи пиронсоли ду баробар зиёд карда шавад. Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Шарифович Раҳмонов пешниҳоди иттифоқи касабаро дастгири намуда аз 15 феврали соли 1996 фармон оиди баланд  бардоштани музди меҳнат ба миќдори 1,8 баробар зиёд карданро қабул намуд.

        Дар шароити буҳрони шадиди ҷамъиятию сиёсӣ ва иқтисодӣ ба иттифоқи касаба муяссар гардид, ки як қисми клубу китобхонаҳо, коллективҳои варзишии «Ҳосилот» ва «Тоҷикистон», осоишгоҳҳою истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрии кӯдакона ва дастаҳои ҳаваскоронро нигоҳ дорад.

           Фаъолияти Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон дар давраи солҳои 1996 то 2001 ба ду давра тақсим мешавад;

   —    давраи аввал соли 1996 то 27 июни соли 1997,

   —    давраи  дуввум аз 27 июни соли1997 то 26 майи соли 2001

    Дар давраи  аввали фаъолият Федератсия он супоришу қарорҳое, ки аз ҷониби анҷумани XVI  Иттифоќњои касаба қабулгардидаро дар асоси Созишномаи генералӣ бо шарикони рушд баҳри ҳимояи ҳифзи манфиатҳои ҳуқуқӣ, меҳнатӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва маънавии меҳнаткашон иҷро намуда барои расидан ба сулҳи комил бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як радиф кӯшидааст. Ин давра дар ҷомеа вазъияти иҷтимоию  иқтисодӣ ниҳоят вазнин буда корхонаҳои саноати аз кор монда сафи бекорон ниҳоят зиёд гардида қувваи корӣ ба хориҷи кишвар баромада мерафт яъне давраи муҳоҷирати меҳнатӣ оғоз гардида буд. Дар чунин давраи душвор Президенти кишвар Раҳмонов Э.Ш тавонист, ки ба  мухолифин бо дастгирии давлатҳои ҳамсояи бо мо дӯст рӯзи 27 – июни соли 1997 Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти тараффайнро дар шаҳри Москва ба имзо расонад. Ин қадами бузурге барои ояндаи кишвар ва миллати созандаи тоҷик ба шӯмор меравад ва бори дигар ба ҷаҳониён исбот намуд, ки миллати тоҷик фарҳангист. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешрафти давлатдорӣ  Барномаи зиддибуҳронӣ қабул намуд, ки ин барои баланд бардоштани инкишофи хоҷагии халқ ва сатҳи зиндагонии аҳоли гардиши куллӣ ба ҳисоб мерафт. 

    Ҳадафи асосии Ҳукумат ва Федератсия аз он иборат буд, ки музди маоши меҳнаткашонро баланд бардорад ва аз соли 1997 то соли 2001 музди меҳнат 9 баробар афзуда сатҳи зиндагии шаҳрвандон беҳтар гардид. Мақсади асосии Ҳукумат музди меҳнати арзанда ва беҳтар намудани сатҳи зиндаги бо кор карда баромадани маҳсулоти ватани мебошад. Яке аз самтҳои асосии фаъолияти иттифоқҳои касаба низ расидан ба ҳадафҳои гузоштаи Ҳукумат буда барои иҷрои он назорати ҷамъиятиро пурзур намуд, ки қарздории музди меҳнат кам карда шавад.    

       Масъалаи аз ҳама мушкил барои кишвар ин роҳҳои ҳаллӣ ҳифзи иҷтимоӣ ва дарёфти ҷои кори арзанда ва ба кор таъмин намудани ҷавонону занон мебошад. Масъалаи дигари муҳими ин давра иҷро нагардидани бандҳои Созишномаи генералӣ аз љониби Ҳукумат ва корфармо инчунин дар соҳаҳо иҷро нагардидани бандҳои созишномаҳои соҳавӣ ва шартномаҳои коллективӣ ба ҳисоб мерафт. Барои қабул намудани қонунҳои нав кормандони Иттифоқҳои касаба пешниҳодҳои муфид ба парламент ирсол намудаанд. Соли 1997 аз тарафи  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шуд, ки барои фаъолияти минбаъдаи Иттифоқҳо касаба  роли бузург бозид. Бо мақсади баланд бардоштани мавқеъ ва роли иттифоқҳои касаба соли 1998 «Соли ташкилоти ибтидоӣ» эълон карда шуда ба ташкилотҳои ҳамузв тавсия дода шуд, ки фаъолиятро дар ин самт ҷоннок намуда аз таҷрибаи пешқадами ташкилотҳои ибтидоии иттифоқи касаба истифода намоянд. Барои ҳар чи бештар ҷалб намудани аъзои иттифоқи касаба бояд, ки дар ҳама корхонаю ташкилотҳои давлатӣ, хусусӣ ва байналмилалӣ ташкилоти ибтидоии иттифоқи касабаро ташкил мебояд кард. Дар ин самт лозим аст, ки бештар семинарҳои омӯзиши ва маводҳо омода намуда ба пешвоёни ташкилоти ибтидои дастрас намоем. Зеро ки баъзе ташкилотҳо бо ном вуҷуд доранд ва наметавонанд, ки  аз  корфармо талаб намоянд, ки ба онҳо шароит фароҳам оранд ё ин ки аъзоҳақиро сари вақт ба онҳо гузаронанд, ин ба он оварда мерасонад, ки ташкилот аз ҷиҳати моддӣ наметавонад аъзои худ ва ташкилоти болоии худро дастгири намояд.

              Бо қарори анҷумани XVII  иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон аз 26 майи соли  2001  Шурои Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон оид ба номгӯзории Федератсия қарор қабул намуд, ки минбаъд он Федератсияи иттифоқҳои касабаи   Тоҷикистон номгӯзори карда шавад.  Дар кори анҷуман муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазиров З.В. меҳрномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Шарифович  Раҳмонов – ро қироат намуд, ки дар он оид ба соли 2001 эълон шудани «Соли паст кардани сатҳи камбизоати дар Тоҷикистон» ва қабул намудани Барномаи соли 2001 –Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз ба ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ бахшида шуда, ки  роҳи ҳалли  бандҳои Созишномаи генералиро дар бар мегирифт равона карда мешавад.

           Барои давлати мо имрўзњо иттифоќњои касабаи пурќуввате лозиманд, ки ба њаллу фасли проблемањои муњими тараќќиёти давлат омода ва ќодир бошанд. Масъалањоро на ин ки дар танњої, балки дар робитаи зич бо Њокимияти мамлакат бояд њал кард. Њокимияти пурќуввати давлатї ин кафолати фаъолияти пурмањсул ва самарабахши иттифоќњои касаба дар тамоми самтњои бунёди љомеаи шукуфон дар мамлакати мо мебошад.

        Муваффақиятҳои солҳои охир бадастовардаи иттифоқҳои касаба баҳри ҳимояи меҳнаткашон ва пешравии сатҳи иҷтимоию сулҳ дар мамлакат ин шаҳодати интихоби роҳи дурусти инкишофи давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявиамон мебошад.   Э.Ш.Раҳмонов

      Анҷумани XVIII  иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон  ки 25 майи соли  2006     барпо гардид  фаъолияти 5 солаи Иттифоқҳои касабаро дар солҳои 2001 то 2006 таҳлил намуда  муваффақияту пешравиҳоро дар  ҳамкорӣ бо шарикони рушд таҳлил намуд:

          Дар анҷуман нахуст меҳрномаи    Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Шарифович  Раҳмонов – ро муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавлонова Х.Ю. қироат намуд, ки дар он чунин омадааст;

      Иттифоқҳои касаба, воқеан ҳам дар татбиқи барномаҳои ислоҳоти иқтисодӣ, густариши тамоми равандҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, амали гаштани ҳадафҳои Ҳуҷҷати стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ саҳми арзанда мегузоранд. Рӯз аз рӯз иттифоқҳои касаба омодагӣ ва қодир будани хешро дар ҳаллу фасли проблемаҳои тараққиёти давлат, рушди ҳаёти иҷтимоии меҳнаткашон бештару хубтар нишон дода истодаанд.

          Комёбиҳои иттифоқҳои касаба дар муттаҳидсозии меҳнаткашон собит менамоянд, ки роҳи пешгирифтаи онҳо роҳи ягоннаест дар раванди бунёди давлати соибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона.     Э.Ш.Раҳмонов

      Дар солҳои 2001 то 2006 тамоюли устувори рушди нишондиҳандаҳои иқтисоди дар ҳамаи соҳаҳо ба назар мерасад, ки ин ба беҳтаршавии сатњи зиндагии мењнаткашон далолат менамояд.

      Бо қарори анҷумани XVIII   Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон, Шўрои Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон оид ба номгӯзории Федератсия боз қарори нав  қабул намуд, ки минбаъд он Федератсияи иттифоқҳои касабаи  мустақили  Тоҷикистон номгӯзори карда шуд.

        Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон яке аз ташкилотҳои оммавӣ ва бонуфузтарини меҳнаткашони мамлакат ба шумор меравад ва мақоми олии он анҷумани иттифоқҳои касаба буда ҳар  5 сол 1 маротиба вале дар ҳолати зарури анҷумани ғайринавбати гузаронида мешавад. Бо пешниҳоди вакилон ва  қарори  анҷумани XVIII Федератсия аз соли 2006  муҳлати гузаронидани анҷуман ва интихоби роҳбарон аз 5 ба 7 сол муқаррар карда шуд. Дар байни анҷуманҳо мақоми роҳбарикунандагии Федератсияро  Шўрои  генералӣ ва Кумитаи иҷроияи он ки аз намояндагони ҳамаи ташкилотҳои ҳамузв интихобшудаанд ба роҳбарӣ  мегиранд.

      Дар асоси моддаи 24 –и қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон»  дар баробари ҳизбҳои сиёсӣ ва мақомоти ҳокимияти давлатӣ ба Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон  ҳуқуқи пешбарӣ намудани номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудааст. Иттифоқҳои касаба ду даъвати пештара номзадии Э.Ш.Раҳмоновро ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбари намуда буд инчунин дар  анҷуманҳои ғайринавбатии  XIX  аз 30 сентябри соли 2006 ва XXI  аз 24 сентябри соли 2013 номзадии шахси арзанда Эмомалӣ  Раҳмонро ба мақоми Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудааст, ки ин аз пешгуйкунандагӣ ва  ҷаҳонбиниву дарки волову созандагии аъзоёни  Шўрои генералии он шаҳодат медиҳад.

      Солҳои 2006 — 2013  дигаргуниҳои азими сиёсиву иқтисодӣ дар ҳаёти ҷумҳурӣ ба вуқӯъ омад, ки ин аз беҳтаршавии ҳаёти шаҳрвандон дар дохили кишвар ва баландгардидани нуфузи давлат дар миқёси байналмилалӣ дарак медиҳад, яъне он ҳадафҳои рушди ҳазорсолаи тараққиёте, ки ҷумҳурӣ самти асосӣ қабул намуда буд дар баъзе соҳаҳо аллакай иҷро гардида ва ташаббусҳои нави байналмилали аз ҷониби сарвари кишвар пешниҳод гардиданд. Дар чунин давраи ҳасос Иттифоқҳои касаба дар асоси Созишномаи генерали бо шарикони рушд баҳри иҷрои бандҳои пешниҳодгардида дар як қатор чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва  байналмилалӣ иштирок намуда манфиатҳои иҷтимоӣ- иқтисодии аъзоёни иттифоқи касабаро ҳимоя намудаанд. Дар ин муддат бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти байналмилалии мењнат барномаи меҳнати арзандаро кор карда баромаданд. Меҳнати арзанда бо музди меҳнати арзанда бояд ба шиори имрӯзаи иттифоқҳои касаба ва меъёрӣ зиндагии ҳар корманди кишварамон табдил ёбад. Тараққиёти имрӯзаи ҷаҳони муосир тақазои онро дорад, ки таъмини меҳнати арзанда, музди меҳнати арзанда, шуғлнокии аҳолӣ, баланд бардоштани нафақапулию кӯмакпулиҳои иҷтимоӣ, таъмини бехатарии меҳнат ва дигар масъалаҳои иҷтимоӣ  барои беҳтар гардидани сатҳи зиндагии шаҳрвандон асоси фаъолияти иттифоқҳои касаба бояд бошад. Иттифоқҳои касаба дар ҳамон ҳолат мавқеи олиро соҳиб мегардад, ки ба манфиати аъзоён аз лиҳози талаботи замони муосир ва инкишофи ҷомеа ба шарикони рушд дар доираи Созишнома талабот гузошта иҷрои онро назорат карда тавонад. Ҷиҳати дигари ба ин мақсад расидан ҳарчи наздик гардидан ба аъзои иттифоқи касаба баҳри ҳалли мушкилоти он мебошад. Дар ин ҷода бояд самт ва усулҳои корбариро дигаргун намуда ҳар чи бештар ба ҷавонони ташаббускор такя намудан лозим аст. Иттифоқи касаба ҳамон вақт  шарики боэътимоди Ҳукумат шуда метавонад, ки ақида ва пешниҳоди манфиатовар ба манфиати ҷомеа ва шаҳрвандон дошта бошад. 

        Дар давоми 25 — соли фаъолияти худ Иттифоқҳои касабаи Тољикистон  7  анҷуман, 68 Шўрои генералӣ, 124 Кумитаи иҷроия бо омӯзиш ва дидани 1485 масъалаҳои муҳими замонави дар ҳамкорӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон-ро дида баромада  бештар аз 9756 таклифу дархостњо баҳри пешравӣ ва беҳтаршавии ҳаёти ҷомеа пешниҳод намудааст. 

        Иттифоқҳои касаба яке аз ташкилотҳои бонуфузтарини ҷомеа ба ҳисоб рафта дар сафҳои худ зиёда аз 1 миллиону 335 ҳазор нафар аъзоёнро то соли 2015 муттањид месохт, дар айни замон яъне то моњи октябри соли 2016 бошад шумораи аъзоён ба  800108 нафар аъзоёнро аз 2 миллиону 302,7 ҳазор қувваи кории мамлакат дар Федератсия ва  20 – кумитаҳои соҳавӣ, 3 шуроҳои вилоятӣ  ва зиёда аз 20 ҳазор ташкилотҳои ибтидоии иттифоқҳои касаба муттаҳид намудааст. Бояд зикр намуд, ки дар кишвар зиёда аз  5 млн 046,0  ҳазор қувваи қобили меҳнат ба ҳисоб гирифта шудааст вале аъзои иттифоқи касаба 15% -ро ташкил медиҳад яъне боқимонда  шаҳрвандон аъзои иттифоқи касаба нестанд, ки ин роҳбарони Иттифоқҳои касабаро водор месозад, ки самти фаъолияташонро дигаргун созанд.  Яъне самти асосии фаъолияти Иттифоқҳои касаба ҳар чи бештар таъсис намудани ташкилотҳои ибтидоӣ ва ҷалби меҳнаткашон  ва ҳимояи ҳифзи ҳуқуқӣ, меҳнатӣ, иҷтимоиву иқтисодии онҳо мебошад.

    Дар даврони истиқлол   рӯзи 4 октябри  соли 2010 сафи кумитаҳои соҳавӣ аз ҳисоби ташкилоти навтаъсиси иттифоқи касабаи кормандони корхонаҳои муштарак, хусусӣ, ширкатҳо ва ташкилотҳои байналмилалии Тоҷикистон зиёд гардид.

         Шўрои генералии Федератсияи иттифоқҳои касаба рӯзи 26 июни соли 2015 бо сарварии раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустаќили Тоҷикистон Салимзода Ш.О.  самтҳои асосии фаъолиятро дар замони муосир қабул намуданд. Ҳадафи асосии ин самтҳо дар барқарории нуфуз ва эътибори ташкилот ва мавқеи он дар ояндаи шарикии иҷтимоӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилотҳои байналмилалӣ ба шумор меравад, ки аз чунин самтҳо иборат аст:

   —  њифзи њуќуќ ва манфиатњои мењнатии кормандон ва аъзои оилаи онњо (яъне таъмин намудан ба љои кор, беасос ба кор ќабул накардан, беасос аз кор хориљ кардан, инкишоф ва рушди бозори мењнат ва ѓайра);

—  њифзи њуќуќњо ва манфиатњои иќтисодї ва иљтимої  ( яъне ташкили бастани Созишномањои Генералї, соњавї, минтаќавї, шартномањои коллективї ва назорати иљрои онњо, додани музди мењнати арзанда, сариваќт додани музди мењнат, мусоидат ба таъмини шароитњои манзилию маишї, хона, ошхона, бо наќлиёти роњ таъмин намудан, таъмини истироњат, рухсатињои мењнатї, такмили ихтисоси кормандон, фарогирии кормандон ба истироњат ва солимгардонї ва ѓайра);

 —   њифзи  њуќуќ ва манфиатњои маънавї ва зењнї  (яъне  њуќуќњои фарњангї, варзишї, њуќуќњои муаллифї ва ихтирокорї, кор ба љавонон, занон ва ѓайра);

 —  њифзи њуќуќ ва манфиатњо дар соњаи њифзи мењнат (яъне таъмини шароити хуби мењнат, риояи ќоидањои техникаи бехатарї, бехатарии мењнат, бехатарї аз сухтор, санитарию бењдоштї, экологї ва ѓайра);

  —  њифзи њуќуќ ва манфиатњои кормандон дар маќомоти њифзи њуќуќ, суд ва дигар маќомоти давлатї;

  —   самтњои иловагии фаъолият, ки онњо бањри амалї гардидани самтњои асосии фаъолияти иттифоќњои касаба бояд хизмат намоянд  (ташкили кор, кор бо кадрњо, фаъолияти молиявию хољагидорї, равобити байналмилалї, баррасии арзу шикоят ва ѓайрањо).

          Бањри амали намудани ин њадаф  Иттифоќњои касабаи Тољикистон  масъалањои роњу усулњои нави ташкили ташкилотњои итттифоќи касабаро дар замони муосир, сохтори нави ташкилотњои иттифоќи касаба, бозбинии њайат ва фаъолияти комиссияњои  Шўрои генералии Федератсия, сиёсати ягонаи молиявиро  дида баромада  бањри такмилсозї ва рушди фаъолият ва њаракати иттифоќњои касаба тадбирњои мушаххасе андешида истодааст.          

          Федератсияи иттифоќњои касабаи мустаќили Тољикистонро зарур аст, ки бањри амалисозии самтњои нави  фаъолият  њамоњангсозї ва муттањидсозии  кумитањои соњавї ва шуроњои вилоятии иттифоќњои касабаро љињати иљрои вазифањои оинномавии онњо тадбирњои мушаххас андешад. Дар амалигардонии ин самт лозим аст, ки самтњои кори ва иљрои онњоро њамчун шарики иљтимої  дуруст ба роњ монад.

          Кумитањои соњавии ҷумҳуриявӣ (марказӣ) ва шўроњои вилоятии иттифоќњои касабаро зарур аст, ки бањри амалисозии  нишондодњои Шўрои генерали самтњои фаъолияти худро ба талаботи замони муосир мутобиќ намуда, мавќеи Иттифоќњои касабаро бањри њифзи њуќуќњои мењнатї, иљтимої ва иќтисодии аъзоён дар љомеа мустањкам намояд.

         Бањри амалишавии ин маќсад тарбияи дурусти кадрњои љавони болаёќатро ба роњ монда Иттифоќњои касабаро ба мактаби боварии  аъзои иттифоќи касаба табдил додан зарур аст.

          Ҳар сол ба табъ расидани Паёми  Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  суханронии Сарвари давлат дар ҳамоиши байналмилалии Наврӯз ва мулоқоти ӯ бо зиёиёни мамлакат, дар қаламрави кишвари азизамон бо шукӯҳу шаҳомати хоса ва дар руҳияи баланди ватандорию ватанпарастӣ, худшиносию  худогоҳӣ  ва баргузории чорабиниҳои Наврӯзӣ  худ воқеаи таърихӣ барои миллати кӯҳанбунёду фарҳангдустӣ тоҷикон мебошад.

     Иттифоқҳои касаба ҳамчун намояндаи меҳнаткашони кишвари азизамон бори дигар сиёсати пешгирифтаи  Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳаматарафа ҷонибдорӣ намуда, баҳри бо корҳои амалию самарабахш боз њам  шукуфон гаштани Тоҷикистони азизамон камари ҳимматро маҳкамтар бастаанд.

       Пайваста ба ин тамоми кормандону фаъолон ва кулли аъзоёни   Иттифоқҳои касабаи   Тоҷикистон низ дар қатори аҳли меҳнати ҷумҳурӣ бо табъи болида  шукрона аз он доранд, ки дар оромию тинҷӣ барои рӯз аз рӯз беҳтар гардидани сатҳу сифати рӯзгори худ, иҷрои вазифаҳои оинномавӣ, такмили фаъолияти корӣ дар замони муосир осудаю озодона меҳнат мекунанд.

        Ҷашнгирии  Ваҳдати миллӣ дар   тамоми гӯшаю канори ҷумҳурии азизамон бори дигар нишона аз дустию эҳтироми миллатро ба ҷаҳониён нишон медиҳад, ки миллати тоҷик аз ҷиҳати маънавиёту фарҳанг  офаранда ва арҷгузори ҳамаи иқдомҳои нек аст. Бахшида ба 19 – умин солгарди Ваҳдати миллӣ  ва ҷашни 25 –солагии Истиқлолияти давлатӣ дар партави ҳамкории Иттифоқҳои касаба бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсия ва ташкилотҳои ҳамузв дар чорабиниҳои гуногуни сатҳи ҷумҳурӣ  иштирок ва  саҳми худро гузошта истодаанд.  

       Иттифоќњои касабаи  Тољикистон бо Вазорати мењнат, муњољират ва шуѓли ањолии Љумњурии Тољикистон   дар самти амали  намудани барномањо ва чорабинињои ҳифзи манфиатҳои ҳуқуқӣ, меҳнатӣ, иљтимої – иќтисодї њамкории судманди тараффайнро идома медињад ва дар њалли масъалањои гуногуни умдаи рўз шарикї боэътимод мебошад.

       Дар даврони истиқлолият дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд кормандони Иттифоќњои касаба дар қабули қонунҳои нав ва санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ ширкат варзида оид ба мукаммал гардидани онҳо фикру мулоҳиза, таклифҳои ҷолиб пешниҳод намудаанд, ки ба манфиати меҳнаткашон нигаронида шудааст.

Бо истифода аз њуќуќњои ќонунии худ, иттифоќњои касаба минбаъд  кўшиш мекунанд, ки санадњои меъёрии ба њуќуќї-мењнатї ва иљтимої-иќтисодї ва манфиати мењнаткашон дахл дошта, ки аз љониби маќомоти идораи давлатї ва хољагї ба тасвиб мерасанд, ба огоњии ќаблї ва машварат бо иттифоќњои касаба ќабул гарданд.

Иттифоќњои касабаи Тољикистон, феълан дар фаъолияти ќонунгузорї иштироки фаъолона дошта бо ин дар ташкили базаи њуќуќии мењнаткашон, љињати њифз ва њуќуќу манфиати онњо тариќи њамкории самаранок бо парламенти љумњурї ва маќомоти мањаллии њокимияти ќонунгузорї сањм мегузорад.

Иштироки иттифоќњои касаба дар фаъолияти ќонунгузорї бо чунин самтњо амалї мегарданд:

  • экспертизаи лоињањои ќонун ва дигар зерќонунњои санадї-меъёрї, ки ба њуќуќњои мењнатии шањрвандон ва соњањои фаъолияти иттифоќњои касаба дахл доранд;
  • муњокимаи пешакї дар љаласањои комиссияњои сетарафа оид ба танзими муносибатњои иљтимої-мењнатї, лоињаи ќонуну санадњои меъёрї доир ба масъалањои муносибатњои иљтимої-мењнатї;
  • тибќи тартиби муќарраршуда ба Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон тањия ва пешнињод намудани лоињаи алтернативии ќонунњо ва санадњои меъёрии њуќуќї оид ба масъалањои њимояи манфиатњои коргарони кироя;
  • иштирок дар тањияи Барномаи иљтимої-иќтисодии соњавї, минтаќавї ва љумњуриявї, ки манфиати ањли мењнатро ифода мекунанд.

       Иттифоқхои касаба аз рузҳои аввали истиқлол дар ҳамкорӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қабули қонунҳои нав, ки манфиатҳои шаҳрвандонро аз лиҳози ҳуқуқӣ, меҳнатӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ҳимоя менамояд шарики боэътимод ба ҳисоб меравад. Фаъолияти асосии Иттифоқҳои касаба аз қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттифоқҳои касаба, ҳуқуқ ва кафолатҳои фаъолияти онҳо»,  « Дар бораи шарикии иҷтимоӣ ва созишномаю шартномаҳои коллективӣ», «Дар бораи муҳофизати меҳнат», ки соли 1992 қабул гардида, «Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон» соли 1997 ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ сарчашма мегиранд. 

       Шаҳодати ин гуфтаҳо 22 июли соли 2011  қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон « Дар бораи иттифоқҳои касаба» аст зеро, ки дар қонуни пештара қабул намуда бисёр масъалаҳои фаъолияти Иттифоқҳои касаба дарҷ нагардида буд. Инчунин 23 июли соли 2016, № 1329  Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикстонро бо тағйиру иловаҳои зиёд тасдиқ намуд, ки ин тӯҳфаи хубест ба кормандониИттифоқҳои касаба ва шарикони иљтимої баҳри амалисозии ҳадафҳои пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

      Дар даврони соҳибистиқлоли ба таърихи на чандон дури он назар андозем ба ҳамаи мушкилоти замона нигоҳ накарда Иттифоқҳои касаба бо шарикони иҷтимоии худ тавонистаанд, ки корҳои назаррасеро ба манфиати меҳнаткашон анҷом диҳанд.

Вазифаи муњими иттифоќњои касаба дар њамкорї бо маќомоти њокимияти давлатї аз мустањкам намудан, тавсия бахшидан ва иљрои кафолатњои давлатии њуќуќњои мењнаткашон иборат мебошад. Омили асосии нуфузи иттифоќњои касаба ба њокимият дар њамкорињои иљтимої, тариќи бастан ва ба имзо расонидани Созишномаи генералї, созишномањои соњавї, минтаќавї ва шартномањои коллективї таљассум меёбанд.

       Самти асоси ё оиномавии фаъолияти Иттифоқҳои касаба барои ҳалли масъалаҳои гуногун илова ба  моддаҳои Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қонуну санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ ин бастани Созишномаҳои генералӣ, соҳавӣ, минтақавӣ ва шартномаҳои коллективи бо ташкилоту корхонаҳо мебошад, ки ташкилотҳои ҳамузв  ва ибтидоӣ дар асоси он бо корфармо  кор бурда истодаанд.

       Аз соли 1991 то соли 2016 Иттифоқҳои касаба бо шарикони иљтимої   14 —  маротиба Созишномаи генералӣ бастааст (  солҳои аввал ба муҳлати 1 соли ва боқимонда ба муҳлати 3 сол), ки ҳар як бандҳои он оид ба танзими муносибатҳои ҳуқуқӣ, меҳнатӣ ва  иҷтимоиву иқтисодии  сатҳи ҳамаи соҳаҳоро дар бар мегиранд.

         Ќабл аз њама ёдовар шудан ба маврид аст, ки уњдадорињои дар Созишномаи   генералӣ ќабулшуда аслан барои њалли масъалањои афзоиши њаљми Маљмуи Мањсулоти Дохили, бењтар  намудани нишондињандањои истењсолии корхонањо, тадбирњо нисбати нигоњ доштани сатњи тавварум, њифзи ќобилияти харидории асъори миллї, танзими раванди муњољирати мењнатї, шуѓлнокии ањолї, таъмини бехатарии кор, аз байн бурдани иќтисодиёти ѓайрирасмї, кам кардани шуѓлнокии ѓайрирасмї, њифзи њуќуќњои мењнатї ва манфиатњои иљтимоии кормандон нигаронида шудаанд.

         Омўзиши Созишномаи генералї  ва дар асоси он  бастани Созишномањои соњавї, минтаќавї ва шартномањои коллективї, ки бо тариқи мониторинг то 01 июли соли 2016, ки аз ташкилотҳои ҳамузв гирифта шуд бори дигар шаҳодат медиҳад, ки он камбудию  норасогиҳое, ки дар Шўрои генералии 15 январи соли 2016 баён намуда ҳоло ҳам дар баъзе ташкилотҳои ҳамузв ислоҳ нагардидааст.

         Агар ба таърихи Созишномаҳои соҳавӣ дар тули 25- соли фаъолияти Иттифоқҳои касаба назар андозем солҳои 1992 -1993  кумитаҳои иттифоқи касабаи комплекси агросаноатӣ бо – 9 вазорату  идораҳо, тандурустӣ, энергетика, тоҷикметалл, маориф ва илм бо як вазорат дар асоси Созишномаи соҳавӣ фаъолият менамуданд. Асоси  пешравии фаъолияти кумитаҳои иттифоқи касабаи соҳавӣ бо ташкилоту идораҳо ба воситаи Созишномаҳои соҳавӣ аз солҳои 2001 -2002 оғоз гардидааст ва давраи аз ҳама беҳтаринаш ба солҳои 2010 – 2016 рост меояд 

        Мувофиқи маълумоти кумитаҳои иттифоқи касабаи  соҳавӣ то ҳолати 31 марти соли  2011 ҳамагӣ 102 адад  Созишномаи соҳавӣ ва минтақавӣ ва  соли 2015 — 38 адад Созишномаҳои минтақавӣ ва соҳавӣ баста ва сабти ном гардидаанд. Аз 73833  адад корхонаи амалкунанда дар 34465- адади он шартномаҳои коллективӣ баста шудааст, ки 47% шумораи  умумии  корхонаҳоро  дар  бар  мегиранд. 

        Дар давоми солҳои 2015 ва  2016    дар асоси Созишномаи генералӣ  байни кумитаҳои иттифоќи касабаи соҳавӣ,  вазорату идорањо  ва маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилоятњо, шањру ноњияњо 338  созишномаҳои  соҳавӣ, минтаќавї  баста шуда дар мақомоти дахлдор  сабти ном гардида, мавриди амал ќарор доранд. Дар асоси Созишномаҳои басташуда дар 31245 корхонаву муассисаҳо ташкилотҳои ибтидоии иттифоқҳои касаба таъсис ёфтааст. Мувофиқи маълумоти пешниҳоднамудаи ташкилотҳои ҳамузв шумораи умумии корхонаҳо 60954 ададро ташкил медиҳанд ва аз инҳо 37368 адади он фаъолият доранд ва дар 31245 адади он шартномаи коллективӣ амал мекунад, ки 83, 6 фоизро ташкил медиҳад.

         Айни замон, њаќиќати воќеї далели он аст, ки мављудияти як ќатор омилњо рушди шарикии иљтимоиро бозмедорад. Сабаби ин набудани таљриба ва малакаи кофии бурдани гуфтушунидњо, ба њисоб нагирифтани моњияти шарикии сетарафа, сатњи пасти эњтиёљот ба шарикии иљтимої дар доираи ширкатњо, таъсири нокифоя доштани шарикии иљтимої дар њама сатњњои муќаррарнамудаи ќонун, паст будани  сатњи шарикии иљтимої дар корхонањои хурду миёна, хусусӣ ва ғайра мањсуб меёбад.

         Марҳила ба марҳила беҳтаршавии бастани Созишномаҳои соҳавӣ ва шартномаҳои коллективӣ ин шаҳодати беҳшавии фаъолияти ташкилотҳои ҳамузвро нишон медиҳад вале Иттифоқҳои касаба бояд баҳри иҷрои талаботҳои бандҳои ин ҳуҷҷати муҳим кушиш намоянд, ки дар он бештар ба ҳифзи меҳнат ва муносибатҳои меҳнатӣ, ҳифзи ҳуқуқӣ меҳнатии аъзоён ва ба даст овардани имтиёзҳо ва ҳалли мушкилоти иҷтимоиву иқтисодӣ онҳо аз корфармо талаб карда тавонем онгоҳ  мо ба мақсадҳои дар назди аъзои иттифоқи касаба гузоштаамон баромада метавонем. 

      Имрӯз дар назди Иттифоқҳои касаба проблемаҳои музди меҳнати арзанда, роҳҳои ҳаллӣ қарздории музди меҳнат, марҳила ба марҳила баланд бардоштани музди меҳнат, пастнамудани шуғли ғайрирасмӣ ва иқтисодиёти пинҳонӣ, ташкили ташкилотҳои ибтидоӣ, ҳалли мушкилоти муҳоҷирони меҳнатӣ ва аҳли оилаи онҳо, ҳимояи ҳуқуқҳои кормандон дар корхонаву ташкилотҳои хусусӣ, байналмилалӣ ва дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд ҷустуҷӯи роҳҳои ҳаллӣ бекорӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ҷалби ҷавонон ба иттифоқҳои касаба ва ҷустуҷӯӣ роҳҳои нави ҳамкорӣ бо ташкилотҳои ҷавонон оид ба пешгирии онҳо бо дигар ташкилотҳои терорристӣ ва ифротгароӣ, дар сатҳи талаботи ҷаҳонӣ ташкил намудани сатҳу шароити зиндагонии меҳнаткашон бо роҳҳои ворид намудани технологияи иноватсионӣ  ва баровардани маҳсулоти ниёзи аввал ва дигар маҳсулотҳои ватание, ки ба талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгуй бошанд.

           Барои расидан ба ин мақсад пешвоёни Иттифоқҳои касаба бояд шахсоне бошанд, ки ҳадафҳои гузошташударо воқеъбинона аввало худ дарк ва таҳлил намуда онро дар асоси бандҳои пешниҳоднамудаи Созишномаи соҳавӣ ҳал карда тавонанд. Баҳри ин мақсад Иттифоқҳои касабаро зарур аст, ки мактаби омӯзиш ва такмили ихтисоси кормандонро фаъол гардонида аз таҷрибаи пешқадами ташкилотҳои ҳамузв ва ташкилотҳои байналмилалӣ раисони кумитаҳоро омузонанд. Зеро  оянда аз Иттифоқҳои касаба талаб менамояд, ки самти фаъолияти худро пурра дар асоси талаботҳои ҷаҳони муосир дигар намуда ҳамкорӣ ва муносибатро бо шарикони рушд ва корфармоён дигар намояд. Иттифоқҳо касаба дар ҳамон вақт ба мартабаи олии худ мерасад, ки он дар ҳама ҳолатҳо манфиати аъзои худро ҳимоя карда тавонад. Баҳри ин мақсад фақат ва фақат кӯшиш ва  ҷидду ҷаҳд бояд намуд. 

      Дар ҷодаи ташкили курсҳои кутоҳмуддати такмили ихтисос фаъолияти Кумитаи иттифоқи касабаи маориф ва илм  назаррас мебошад, зеро ки онҳо тавонистаанд, ки аз соли 2007 инҷониб дар байни раисони кумитаҳои вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ, муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна, олии касбӣ ва ташкилотҳои ибтидоӣ  курсњоро ҷорӣ намоянд. Федератсия ва дигар ташкилотҳои ҳамузвро зарур аст, ки дар ҳамкорӣ бо ин Кумита чунин курсҳоро дар базаи истироҳатгоҳҳои “Чайка”  ва “Маркази солимгардонии Суғд” ташкил намоянд зеро, ки талаботи замон ҳамин аст.

         Иттифоќњои касаба барои љалби љавонон ва тайёр намудани кадрњои болаёќат ба донишљуёни муассисањои тањсилоти миёна ва олии касбї идрори (стипендияи) Иттифоќҳои касабаро таъсис додааст, ки ба 179  нафар  њар моњ аз 100 то 245 сомони дода мешавад. Дар ин ҷода саҳми кумитаҳои маориф ва илм, тандурустӣ, тоҷикметалл назаррас ва қобили қабул мебошад.

           Мувофиќи маълумоти оморї агар шумораи ањолии ќобили мењнат 5046,0 њазор нафарро ташкил дињад, пас 2528,3 њазор нафарро љавонон ташкил медињанд, ки 50,1%   ањолии ќобили мењнат мебошад. Бинобар њамин   Федератсия ва ташкилотњои њамузвро зарур аст,  ки роњу усулњои љалби љавононро ба Иттифоќҳои касаба љустуљў намуда њуќуќњои онњоро њимоя намояд ва онњоро аз њар гуна роњњои нодуруст ва шомилшавї ба гуруњњои террористии  љиноятпеша нигоњ дорад. Дар ин раванд Иттифоќҳои касаба бояд ба Кумитаи кор. ба љавонон, варзиш ва сайёњии назди Њукумати Љумњурии Тољикистон, Кумитаи занон ва оилаи назди Њукумати Љумњурии Тољикистон, Маќомоти ќудратї ва шаҳрвандон њамкории зич дошта бошад.  

       Ҳамкори бо ҷавонон дар Федератсия  ва баъзе ташкилотҳои ҳамузв ба роҳ монда шудааст, вале ба таври умумӣ ва бо ном, инчунин  комиссияи кор бо ҷавонон ҳаст вале фаъолияти он ба талаботи муосир ҷавобгӯй набуда дар алоҳидагӣ ҳар сол чанде чорабиниҳои варзишию оммавӣ маданӣ  мегузаронаду халос, фақат Кумитаи иттифоқи касабаи маориф ва илм «Консепсияи самти фаъолият бо ҷавонон» — ро кор карда дар асоси он фаъолияти комиссияи кор бо ҷавононро таъсис намудааст, ки он барнома ва нақшаи амали худро дошта дар байни донишҷӯён фаъолият менамояд ва бо ташаббуси ин комиссия дар Кумита озмунҳо ва чорабиниҳои гуногун гузаронида мешавад. Комиссия ҳар сол барои ҷашн гирифтани рӯзи 23 –уми май ҳамчун «Рӯзи ҷавонони кишвар» чорабиниҳои фарҳангӣ ва варзишӣ, инчунин вохӯриву мулоқот бо ҷавононро дар базаи истироҳатгоҳи «Чайка»  мегузаронад.  Ин комиссия тавонист, ки аввалин маротиба  дар ҷумҳурӣ  байни донишҷӯён соли 2012 озмуни «Пешвои ҷавонон» -ро гузаронад, ки мақсадаш дарёфти ҷавонони қобилиятнок ва ҷалби онҳо ба Иттифоқҳои касаба буд.

     Дар  асоси таклифу пешниҳодҳои ташкилотҳои ҳамузв ва қарори  Шўрои генералӣ  аз 27 июли соли 2016 барои Шўрои ҷавонони иттифоқҳои касаба ба кормандони дастгоҳи Федератсия супориш дода шуд, ки чунин мақомот таъсис дода шавад.

      Рӯзи 1 — сентябри соли 2016 Кумитаи иҷроияи Шўрои генералии Федератсия барои ташкили Шўрои ҷавонони иттифоқҳои касаба Низомномаи Шўрои ҷавононро қабул ва барои тасдиқ ба Шўрои генералии Федератсия, ки 02 ноябри соли 2016  пешниҳод намуд. Ин қадаме барои ҷалби ҷавонон ба иттифоқҳои касаба ва ҳамкорӣ бо Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ташкилотҳои ҷавонон мебошад. Баҳри расидан ба ин мақсад мақомоти Шўроро дар ҳайати беҳтарин ҷавонон  таъсис намуд ва бо онҳо роҳу усулҳои фаъолияти ташкилотро бояд омӯзонид, ки онҳо бо роҳбарони ташкилоту идораҳо кор карда тавонанд.

        Дар банди 1.3. Оинномаи Иттифоќњои касабаи Тољикистон  чунин омадааст,  Иттифоќњои касаба ва иттињодияњои онњо њуќуќ доранд бо иттињодияњои иттифоќњои касабаи байналмилалї њамкорї намуда, ба онњо шомил шаванд, дар фаъолияти онњо иштирок кунанд ва дигар амалњоеро, ки хилофи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон нестанд анљом дињанд.

        Оиди амали гардонидани ин банд Иттифоќњои касабаи Тоҷикистон бо ташкилотњои байналмилалї:  Ташкилоти байналмилалии меҳнат ТБМ, Конфедератсияи умумии иттифоқҳои касаба (КУИК), Конфедератсияи байналмилалии иттифоқҳои касабаи озод (КБИКО) , Ташкилотҳои байналмилалии иттифоқҳои касабаи соҳавӣ (ТБИКС), ЮНИСЕФ, ЮНЕСКО  њамкории зич  дорад ва таљрибаи пешќадами онњоро меомузад ва дар фаъолияти кории худ истифода менамояд.   

       Иттифоќњои касабаи  Тољикистон   дар асоси нақшаи фаъолият барои амали намудани вазифањои Оинномавиаш дар чорабинињои  ташкилотњои Байналмилалї ширкат варзида  манфиатњои њуќуќї, иќтисодї –иљтимоии аъзоёни иттифоќи касабаи кишварро њимоя менамояд.

        Дар даврони истиқлолият Иттифоқҳои касаба тавонист, ки самти дигари фаъолияташро бо Ташкилотҳои байналмилалӣ давом диҳад. Аз соли 1993 Иттифоқҳои касаба аъзои Ташкилоти байналмилалии меҳнат гардида  баҳри амали намудани масъалаҳои меҳнатӣ ва омузиши таҷрибаи пешқадами Иттифоқҳои касабаи байналмилалӣ ҳамкории муфид намуда истодааст.

         Инчунин Федератсия ва ташкилотҳои ҳамузв аз соли 1991  бо Ташкилотҳои байналмилалии иттифоқҳои касабаи соҳавӣ ҳамкорӣ намуда истодаанд, ки дар пешравии фаъолияти ташкилотҳо, омӯзиши таҷрибаи пешқадам ва  иштирок дар семинару конфронсҳои илмиву оммавӣ нақши босазо дорад. Имрӯз мақом ва манзалати Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон дар байни ташкилотҳои байналмилалӣ мавқеи хосӣ худро доро буда чандин ташкилотҳои соҳавии мо дар ҳамкорӣ бо шарикони худ  дар сатҳи байналмилалӣ проблемаҳои баҳсноки меҳнатӣ ва муҳоҷирати меҳнатиро  баррасӣ менамоянд. Иштироки намояндагони Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон дар семинарҳои байналмилалӣ ва пешниҳоду масъалагузориҳои онҳо ин шаҳодати пешравии фаъолиятро нишон медиҳанд. Дар зарфи 25 –соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилотҳои ҳамузв тавонистанд, ки дар миқёси ҷумҳурӣ чандин семинару машварат ва конфронсҳои омӯзишии сатҳи байналмилалӣ барпо намоянд.

          Дар  масъалаи омӯзиши роҳбарони ташкилотҳои  ҳамузв ва мутахассисони Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон бо дастгирии Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат чандин чорабиниҳо гузаронида шуд. Намояндагони Иттифоқҳои касаба дар семинарҳои омӯзишии шаҳрҳои Остонаи Љумњурии Ќазоќистон, Бокуи Љумњурии Озарбойљон, Еревани Љумњурии Арманистон, Бишкеки Љумњурии Ќирѓизистон, Москва ва Сочии Федератсияи Россия, Тблисии Љумњурии Грузия ва Љумњуриҳои Черногория, Македония, Булғория, Туркия, Албания, Белгия, Испания, Франсия, Олмон, Австрия, Италия, Малайзия, Индонезия, Ҳиндустон, Япония, Чин ва ғайра ширкат варзида, донишу малакаи кории  худро  ғанӣ  гардонидаанд.

        Иттифоқҳои касаба бо Ташкилоти байналмилалии мењнат дар асоси Барномаи њамкорї байни шарикони сетарафаи Ҳукумати Љумњурии Тољикистон ва Ташкилоти байналмилалии мењнат оид ба мењнати арзанда барои солњои 2015 -2017 , ки аз 28 феврали соли 2015, №103 бо ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон тасдиќ шудааст њамкорӣ менамояд.

    Дар солҳои 2011 то 2016  кормандони дастгоњи Федератсия ва кумитањои соњавї дар семинарњои Ташкилоти байналмилалии мењнат ва Вазорати мењнат, муњољират ва шуѓли ањолї иштирок намуданд ва инчунин намояндагони Ташкилоти байналмилалии мењнат  дар ҳамкорӣ бо  Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон оид ба мавзуњои  «Њифзи иљтимоии маюбон», «Татбиќи стратегияи касбомўзии гуруњи -20», «Меъёрњои байналмилалии мењнат ва њифзи иљтимої», «Мењнати арзанда» ва « Барномаи маљмўии паст кардани сатњи шуѓли ба ќайд гирифтанашуда (ѓарирасмї) дар Љумњурии Тољикистон барои солњои 2015 — 2017»,   ќабул намуда аз номи Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон пешнињоду дархостњо кардаанд.

          Дар доираи татбиќи Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи њифзи мењнат», Барномаи  њифзи мењнат дар Љумњурии Тољикистон барои солњои 2013 – 2020 ва Барномаи миллї оид ба барњамдињии шаклњои бадтарини мењнати кўдакон дар Љумњурии Тољикистон барои солњои 2015 – 2020 љињати рушд ва ташкилдињии заминаи меъёрии њуќуќї дар соњаи њифзи мењнатро,   кормандони  иттифоќњои касаба бо  Ташкилоти байналмилалии мењнат   оиди аз байн бурдани шаклњои бадтарини мењнати кўдакон дар ноҳияҳои вилояти Хатлон тули солҳои 2007 то 2015 мониторингӣ омӯзиши гузаронида ва дар  солҳои 2016 -2017 даври дуюми омӯзишро дар вилояти Хатлон мегузаронанд. 

        Нозирони мењнати иттифоќњои касаба бо дастгирии Ташкилоти байналмилалии мењнат дар ташкилоту идорањо 3 –семинар – машваратњо бо маќсади љорї намудани Маљмўи Стандартњои Бехатарии Мењнат (ССБТ) ва Маљмўи идоракунии муњофизати мењнат (СУОТ) гузарониданд.

       Иттифоќҳои касабаи Тољикистон бо ин маќсад бањри иљрои ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 28 феврали соли 2015 № 104 «Дар бораи Барномаи маљмўии паст кардани сатњи шуѓли ба ќайд гирифтанашуда (ѓарирасмї) дар Љумњурии Тољикистон барои солњои 2015 — 2017», Барномаи амалї Федератсияи иттифоќњои касабаи мустаќили Тољикистонро дар якљоягї бо комиссия ва гуруњи кории байниидоравї ќабул намуд, ки њоло оид ба ин масъала кор карда истодаанд.

      Барномаи мазкур дар татбиќи сиёсати давлатии мусоидат ба шуѓли ањолї наќши муњим дошта, амали намудани он барои мукаммал гардидани буљети суѓуртаи иљтимої ва паст намудани шуѓли ѓайрирасмї мусоидат менамояд.  Барои амалигардонидани ин барнома иттифоқҳои касабаро зарур аст, ки самти фаъолияти худро дар паст намудани сатҳи шуғли ғайрирасмӣ ба талаботи бозори меҳнат ва корхонаҳои хусусӣ дигар намуда алоқаро бо  корфармо дар асоси талаботи Кодекси меҳнат ба роҳ монад. Дар сурати муваффақ нагаштан бояд дар ҳамкори бо Хадамоти назорати меҳнат ва мақомоти прократура ва суд ҳамкории зич намуда барои расонидани кӯмак ба кормандони ғайрирасмӣ  чораҳои зарури андешад.

       Мақом ва роли иттифоқи касаба дар ҷомеа ҳамон вақт баланд мегардад, ки  аъзои худро ҳифз карда тавонад. Барои расидан ба ин ҳадаф корманди иттифоқи касаба бояд  малакаву маҳорати касбӣ дошта бошад.

       Фаъолияти иттифоќњои касабаро, ки њамчун омили муњими љомеаи шањрвандї ба шумор меравад, бањри њалли масъалањои муњими љомеаи имрўза, чун тарбияи ватандўстї, хештаншиносї, эњтироми арзишњои миллї, пешгирї ва мубориза бо коррупсия, ифротгарої, терроризм ва экстремизм равона намуда, љињати барпо намудани ахлоќи њамида ва фазои солим дар коллективњои мењнатї мусоидат намудан яке аз вазифаҳои иттифоқҳои касаба дар замони муосир мебошад.

      Дар ин ҷода иттифоқҳои касабаро зарур аст, қарорҳои қабулнамудаи Шўрои генералии аз 26 июни соли 2015 – ро сармашқи фаъолияти худ намуда ҳамкориро бо мақомоти дахлдор ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мустаҳкам намояд.

      Мутобиќи Оиннома асоси иттифоќњои касабаро ташкилотњои ибтидоии иттифоќњои касаба ташкил  медињанд. Шиносои бо фаъолияти онњо ва тањлилњо нишон медињанд, ки кори ташкилотњои ибтидої ва таъсири ташкилотњои болоии иттифоќњои касаба ба љоннок ва фаъол гардонидани онњо чандон дуруст ба роњ монда нашудааст. Аз ин ру бањри љоннок ва фаъол гардонидани кори ташкилотњои ибтидої тамоми чораю тадбирњоро андешидан лозим аст.

        Ҳамкорӣ бо ташкилотҳои ибтидоии иттифоқҳои касаба дар сатҳи паст буда, ба беҳбудии комил ниёз дошта, бахши равобити муносибатҳо ба ташкилотҳои ибтидоии Федератсия ва ташкилотҳои ҳамузвро зарур меояд, ки ислоҳот оиди ин самтро такмил диҳанд зеро бидуни омухтани таҷрибаи кори ташкилотҳои ибтидоии иттифоқҳои касаба пешрафти фаъолияти пурсамари иттифоқҳои касабаро таҳлил ва баҳогӯзорӣ кардан имконнопазир аст. Бояд кушиш намуд, ки кор дар самти фаъолияти ташкилотҳои ибтидоӣ маҷрои навро дарёбад барои ин бештар бо кадрҳои болаёқат такя намуда гузаронидани курсҳои омӯзишии кӯтоҳмуддат ва семинарҳо дар шаҳру ноҳияҳо аз манфиат холӣ намебошад.

       Кумитањои соњавиро зарур аст, ки самти фаъолиятро бо ташкилотњои ибтидої дигар намуда бо онњо њар чи бештар кўмаку ёрии амали расонанд, њуљљатнигориро ба онњо омузонанд ва  њар сол дар байни ташкилотњои ибтидої озмуни «Раиси ташкилоти ибтидоии сол», озмуни «Кабинети беҳтарини сол» гузаронанд ва таљрибаи ташкилоти бењтаринро ба дигарон тарѓибу ташвиќ намоянд. 

        Дар ин давра нашри пайвастаи рӯзномаи Федератсия “Ҳамраъйӣ” бо сарварии журналисти бомаҳорат ва кордон Эҳсонов Шоқурбон ва журнали “Навиди иттифоқҳои касаба” бо сарварии журналисти эҷодкор ва донову зирак Холов Абдураҳим оид ба фаъолияти иттифоқҳои касабаи ҷумҳурӣ, масъалаҳои мубрами ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои корманд ва аҳли оилаи онҳо маводҳои ҷолиб    омода ва нашр намудаанд. 

        Рўзномаи “Њамраъйї”- и Федератсия, ки  аз соли 2013 аз  фаъолият монда буд,   январи соли 2016 бо теъдоди 4000  нусха ба фаъолият оғоз намуд. Сармуҳаррири рӯзнома Шохонов Амирхон журналисти хушсалиқа ва эҷодкор буда, ҳар як саҳифаи рӯзномаро хонданбоб омода менамояд, ки маслиҳатгари фаъолони кумитаҳои иттифоқи касабаи соҳавӣ мебошанд. То айни замон 14 шумораи он ба дасти хонандаи закӣ расидааст. Мавзўъ ва муњтавои њар шумораи он марбут ба фаъолияти њаракати иттифоќњои касаба дар Тољикистон мебошад.   Бо сабабҳои номаълум журнали “Навиди иттифоқҳои касаба”фаъолияташро аз соли2008 инҷониб қатъ намудааст.  

       Дар пешравии фаъолияти Шурои иттифоқҳои касабаи вилояти  Суғд саҳми моҳномаи “Кошонаи умед”  ва сармуҳаррирӣ он Юсуф Султон, ки 15 майи соли 2001 таъсис ёфтааст ва барномаи телевизионии “Соати ҳуқуқи” мавқеи назаррас дорад, зеро тамоми масъалаҳо ва камбудию пешравии  ташкилотҳои иттифоқи касаба  дар онҳо инъикос мегардад. Сармуҳаррири  моҳнома ҳоло журналисти таҷрибадор ва соҳибқалам Ишонова Муниса  кӯшиш менамояд, ки дар ҳар як саҳифа аз бурду бохти соҳа ба хонандагонаш маълумот пешкаш намояд.

         Шўрои иттифоќњои касабаи вилояти Хатлон низ барои пешрафти фаъолияти кории худ тавонист бо роњбарии Ризоев А.Ш. моњномаи “Иттифоќ”- ро моњи декабри соли 2017 таъсис дињад, сармуњарририи онро Давлатов Рањмонали ба зимма дошта дар сањифањои он пањлуњои фаъолияти ташкилотњои ибтидої ва кумитањои соњавї, оид ба фаъолони иттифоќи касаба ва санадњои меъёриву њуќуќии дохили ва ќонунгузорињои амалкунандаи љумњурї ва байналмиллалї, оид ба робитаи Шўро бо дигар ташкилоту муассиса ва ташкилотњои байналмилалї, вараќаи саволу љавоб бо аъзоёни иттифоќи касабаро доро мебошад. 

       Дар фаъолияти  Кумитаи иттифоқи касабаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон    моҳномаи “Ҳомии омӯзгор”, ки моҳи декабри соли 2009  ба нашр оғоз намуд,  мавқеи бузургро дорост зеро, ки тамоми маводҳои қабулнамудаи Пленум ва раёсат инчунин оид ба фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии беҳтарин ва кумитаҳо мақолаю дастуру пешниҳод дарҷ мегардонад. Сармуҳаррирони  моҳнома Боева Барно солҳои 2009 — 2013, Мирзо Рустамзода солҳои 2013 — 2015  ва Наҷмиддинова Умриниссо солҳои 2015 -2016, Эњсони Хушвахт аз соли 2016 дар давоми фаъолияташон кӯшидаанд, ки саҳифаҳои он рангину хонданбоб ва манфиатбахш ба хонанда бошад.

        Аз фаъолияти иттифоқҳои касабаи ҷумҳурӣ ва чорабиниҳои баргузоргардида пайваста дар ВАО, аз ҷумла дар рӯзномаҳои расмии ҷумҳуриявӣ, моҳномаҳои “Кошонаи умед,  Ҳомии омӯзгор” ва нашрияҳои “Вестник” ва “Информ-Контакт”-и Конфедератсияи умумии иттифоқҳои касаба маводҳо пешниҳод ва чоп шуда истодаанд.

     Самти дигари фаъолияти Федератсия  оид ба масъалаи Гендерї равона карда шудааст дар ин бобат комиссияи Гендерї фаъолият дорад, ки чорабинињои гуногун гузаронида инчунин дар чорабинињои сатњи љумњуриявї ва байналмилали иштирок намуда манфиатњои занонро њимоя мекунад. Комиссия  бо Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Њукумати Љумњурии Тољикистон, Ташкилоти байналмилалии меҳнат њамкории зич дорад. Комиссияи Гендериро зарур аст, ки дар соли 2016 бо назари нав фаъолият бурда њар чи бештар манфиатњои занону духтаронро дар сатњи ташкилоту корхонањо њимоя карда тавонад. Аз маълумотњои пешнињод гардида маълум гардид, комиссияи Гендери дар Кумитањои иттифоќи касабаи роњиоњанчиён, маориф ва илм, тандурусти фаъолият менамоянд.

      Самти ташкили ва кор бо ҳуҷҷатҳо ин муаррифгари асосии фаъолияти Иттифоқҳои касаба ба шумор рафта дар ин муддат тавонистааст, ки бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамаи ташкилотҳои ибтидоӣ, кумитаҳои соҳавӣ, шуроҳои вилоятии иттифоқҳои касаба,  ташкилотњои байналмилалї:  Ташкилоти байналмилалии меҳнат (ТБМ), Конфедератсияи умумии иттифоқҳои касаба (КУИК), Конфедератсияи байналмилалии иттифоқҳои касабаи озод (КБИКО) , Ташкилотҳои байналмилалии иттифоқҳои касабаи соҳавӣ (ТБИКС), ЮНИСЕФ, ЮНЕСКО  њамкории зич пайдо намояд.

              Федератсия  барои пешравии фаъолияти корї ва аз ќоѓазбозињои зиёд даст кашидан ба фаъолияти электронї аз соли 2015 оѓоз намуд. Минбаъд ба воситаи  почтаи электронии «ittifoki –kasaba.tj@mail.ru » ва веб – сайти интернетии  «fikmt. tj»  маълумотњо ирсол  ва пањн карда мешаванд.

       Фаъолияти имрӯзаи ин самт боз беҳтар гардида айни ҳол алоқа бо ташкилотҳо ба воситаи технологияи информатсионӣ ташкил карда шуда маводҳо сари вақт дастрас карда мешавад. Ташкилотҳои ҳамузвро низ зарур аст, ки фаъолияти электронии хабариро бо ташкилотҳои ибтидои ба роҳ монанд, зеро ки барномаи  Ҳукумати электронӣ қабулнамуда  ин тарзи корро аз тамоми ташкилоту корхонаҳо тақозо менамояд.

         Иштироки кормандони дастгоњи Федератсия дар барномањои телевизион, радио ва нашри маќолањо дар  воситањои ахбори умум оид ба мавзўњои њуќуќї, иљтимої ва бањсњои мењнатї  мунтазам ташкил карда мешавад.

        Бояд гуфт, ки дар асоси Фармони  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  «Дар бораи тадбирҳои  тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани  маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи  нафақа ва  стипендия»  аз 1 июли соли 2016 ҳадди ақалли музди меҳнат дар тамоми соҳаҳои иқтисодиёти мамлакат 60 фоиз зиёд карда шуда, андозаи  он 400 сомонӣ дар як моҳ  муқаррар гардидааст.

     Назар ба андешаи Ҷамшед Каримзода, муовини аввали вазири молияи кишвар, агар сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон дар соли 2000  81 фоизро ташкил дода бошад,  пас  ин омор дар соли 2014- ум   33, 6 фоиз,  дар соли 2015-ум  ба  30 фоиз баробар гардид. Интизор меравад, ки  нишондоди мазкур дар соли 2020-ум ба  20 фоиз баробар хоҳад гардид.  Дар робита  алҳол музди меҳнати кормандони соҳаи буҷетӣ, нафақа, идрорпулӣ,  кумакҳои гуногун ба ҳисоби миёна зиёда аз 34 маротиба афзоиш ёфтааст. Айни замон марҳилаи навбатии ислоҳоти музди меҳнати кормандони соҳаи буҷетӣ, нафақа, идрорпулӣ оғоз гардида, Вазорати молия барои татбиқи    барномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳалли масъалаҳои иҷтимоиро дар мадди аввал гузошта,  ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ тамоми тадбирҳои заруриро андешида истодааст. Бояд тазаккур дод ки таъминоти нафақаи шаҳрвандон яке аз самтҳои афзалиятнок дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Аз ин лиҳоз, пайваста аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,  Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои баланд бардоштани андозаи нафақа ва ба ин васила беҳтар намудани сатҳи зиндагии нафақагирон тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд.

      Бо назардошти вазъи бавуќўъ омада, Вазорати мењнат, муњољират ва шуѓли ањолии Љумњурии Тољикистон ва сохторњои он  дар њамкорї  бо шарикони иљтимої, вазорату идорањои дахлдор ва маќомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлатї љињати бартараф намудани ќарздорї ва таъмини пардохти сариваќтии музди мењнат дар ташкилоту муассисањои   вилояти Хатлон, Суѓд, ВМКБ ва ноњияњои тобеи марказ тадбирњои   муассир андешида  истодааст.

        Минбаъд низ њамкорї оид ба бартараф намудани ќарздорї ва пардохти сариваќтии музди мењнат бо шарикони иљтимої, Агентии омори назди Президенти Љумњурии Тољикистон, маќомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлатии вилоятњо, шањру ноњияњо ва  ташкилоту муассисањои дахлдор таќвият бахшида хоњад шуд.  

       Имрўзњо дар мамлакат заминаи ќонунгузорие фароњам оварда шудааст, ки фаъолияти системаи шарикии иљтимої ва њифзи мењнатро  таъмину танзим менамояд. Дар ин самт љињати иљрои ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон “Дар бораи Барномаи њифзи мењнат дар Љумњурии Тољикистон барои солњои 2013-2016” аз 3 декабри соли 2012, № 684  корњои муайяне ба сомон расонида шудаанд.

          Айни замон, њаќиќати воќеї далели он аст, ки мављудияти як ќатор омилњо рушди шарикии иљтимоиро бозмедорад. Сабаби ин набудани таљриба ва малакаи кофии бурдани гуфтушунидњо, ба њисоб нагирифтани моњияти шарикии сетарафа, сатњи пасти эњтиёљот ба шарикии иљтимої дар доираи ширкатњо, таъсири нокифоя доштани шарикии иљтимої дар њама сатњњои муќаррарнамудаи ќонун, паст будани  сатњи шарикии иљтимої дар корхонањои хурду миёна ва ғайра мањсуб меёбад.