17 Октябрь, 2019

КУМИТАИ ИТТИФОҚИ КАСАБАИ КОРМАНДОНИ ФАРҲАНГ, ИТТИЛООТ, ВАРЗИШ ВА САЙЁҲИИ ТОҶИКИСТОН

Самтҳои инкишофи иттифоқи касабаи соҳа

Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони фарҳанг дар раванди муттаҳид сохтани иттифоқҳои касабаи ҳаммонанд 13 – уми апрели соли 1953 мутобиқи Қарори Шўрои Марказии Умумииттифоқии Иттифоқҳои касаба таҳти рақами 136 дар заминаи чор иттифоқҳои касаба: иттифоқи касабаи кормандони мактабҳои олӣ ва муассисаҳои илмӣ, коргарони соҳаи полиграфӣ ва табъу нашр, кормандони муассисаҳои сиёсию равшаннамоӣ ва санъат ташкил ёфта буд.

Таҷрибаи корӣ нишон дод, ки муттаҳид сохтани ҳамаи соҳаҳои илм ва фарҳанг ба як иттифоқи касаба ба мушкилиҳои зиёд оварда расонд ва ба Кумитаи ҷумҳуриявӣ имкон надод, ки ба ҳар як соҳаи илм ва фарҳанг ба таври аниқ ва амиқ наздик шавад.

Бо хоҳиши қисми зиёди аъзоёни иттифоқи касаба, Шўрои Марказии Умумииттифоқии Иттифоқи касаба моҳи ноябри соли 1955 иттифоқи касабаи кормандони фарҳангро ба ду кумитаи иттифоқи касаба: Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони мактабҳои олию муассисаҳои илмӣ ва Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони фарҳанг ҷудо намуд.

Кумитаи Ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони фарҳанг ташкилоти оммавию ҷамъиятии ѓайриҳизбӣ буда, ба тариқи ихтиёрӣ, бидуни фарқияти нажодӣ, миллият, ҷинс ва эътиқоди динӣ кормандони муассисаю корхонаҳои соҳаи полиграфӣ, санъат, кинематография, радио ва телевизион, рўзномаю маҷаллаҳо, нашриётҳо, савдои китоб, осорхонаҳо, китобхонаҳо, хона ва қасрҳои фарҳангӣ, иттифоқҳои эҷодӣ; нависандагон, оҳангсозон, рассомон, рўзноманигорон, кормандони ҳизбӣ, комсомолӣ, ташкилотҳои иттифоқи касаба ва хонандагони муассисаҳои таълимии Вазорати фарҳангро муттаҳид месохт.

      То пош хурдани Иттиҳоди Шўравӣ КҶ иттифоқи касабаи кормандони фарҳанг ба Конференсияи Ҷумҳуриявӣ, Кумитаи Марказии иттифоқи касабаи кормандони фарҳанги СССР (Иттиҳоди Ҷамоҳири Шўравии Сотсиалистӣ) ва Шўрои иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон ҳамузв буд. Дар шароити бозсозӣ сохти давлатдории кишвар Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи соҳавӣ кўшиш намуд, ки имкониятҳои худро барои беҳтар кардани шароити меҳнат, таҳкими тадбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муҳофизати меҳнат», такмил додани музди меҳнат ва ҳалли дигар масоили иҷтимоии кормандон роҳандозӣ намояд. Баъди ба Истиқлолияти давлатӣ ноил шудани ҷумҳурӣ   иттифоқи касабаи кормандони фарҳанги ҶТ дар асоси Қонуни Ҷумҳуриии Тоҷикистон «Дар бораи иттифоқҳои касаба,  ҳуқуқ ва кафолатҳои фаъолияти онҳо»,  ки 12 марти соли 1992,  №575 қабул карда шуда буд, ба роҳ монд.

Соли 2017 дар анҷумани чорум Кумита номи Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистонро гирифт.

Сохтори Кумитаи Ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон аз созмонҳои ибтидоӣ ва ташкилотҳои соҳавӣ таркиб ёфта, дар асоси ҷамъиятӣ амал менамояд. Ҳамин тариқ, Кумитаи ҷумҳуриявӣ дар тобеияти худ:

    3 кумитаи вилоятӣ, 10 кумитаи шаҳрӣ, 49 кумитаи ноҳиявӣ, 3 кумитаи муттаҳида, ҷамъ 19315 аъзо ва  430 ташкилотҳои ибтидоиро муттаҳид намудааст.

                         Сохтори Кумитаи Ҷумҳуриявӣ:

  1. Анҷуман
  2. Пленум
  3. Раёсат

Дастгоҳи Кумита

Раис

Муовинони раис дар асоси ҷамъиятӣ

Мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳо

Мудири шуъбаи молия

Нозири ҳуқуқ

Нозири меҳнат

Мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳо                     

     Дар ин давра анҷуманҳои иттифоқи касабаи соҳавӣ шуда гузаштанд:

   Анҷумани 1 иттифоқи касабаи коркунони маданияти Тоҷикистон 13-14 декабри соли 1990;

   Анҷумани II иттифоқи касабаи коркунони маданияти Тоҷикистон 29 майи соли 1997;

   Анҷумани III иттифоқи касабаи кормандони фарҳанги Тоҷикистон 20    

 ноябри соли 2009.

         Анҷумани 1V иттифоқҳои касабаи кормандони фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон 25 майи соли 2017

Шарикони иҷтимоие, ки бо онҳо барои солҳои 2018-2020 Созишномаи соҳавӣ дорад.

1.Вазорати фарҳанги ҶТ,

2.Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,

3.Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,

4.Раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе.

 Ташкилотҳои ҳамузв; Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Шўрои байналмилалии иттифоқҳои касабаи фарҳанг.

Бо Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони васоити ахбори омма ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Ўзбекистон аз 22 ноябри соли 2018 Меморандум, бо Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сайёҳии Белорус аз 20 феврали соли 2017 Созишномаи ҳамкорӣ дорад.