18 Сентябрь, 2019

ТАКЯ БА ҶАВОНОН

Семинаре, ки Кумитаи марказии иттифоқи касабаи сохтмон ва саноати масолеҳи бинокорӣ гузаронд, ғайримуқаррарӣ буд. Дар ин чорабинӣ асосан ҷавонон даъват шуда буданд. Агар 80 фоизи онҳо ҷавонони иттифоқи касабаи ҳамин Кумита бошанд, нафарони боқимонда аз ташкилоту муассисаҳои дигар буданд. Дар байни онҳо нафароне буданд, ки узви иттифоқи касаба нестанд. Раиси Кумита Ҳамроҳхон Самизода семинарро ифтитоҳ намуда, изҳор дошт, ки мақсади онҳо аз чорабинии имрӯза фаҳмидани афкори ҷавонон дар бораи арзишҳои ваҳдати миллӣ, таҳкими Истиқлолияти давлатӣ, фаъолият дар ташкилотҳои ҷамъиятӣ, бахусус иттифоқи касаба мебошад.  Бояд иштирокчиёни семинар дар фазои озод ва гуногунандешӣ оид ба нақши ҷавонон дар рушди кишвар, имкониятҳо, мушкилот ва роҳи ҳалли онҳо андешаҳои хешро баён намоянд. Ҳ.

Самизода таъкид намуд, ки аксари аъзои иттифоқи касабаи соҳаи сохтмон ҷавонон мебошанд ва сафи онҳо сол аз сол зиёд мешавад. Шўрои ҷавонони Кумита хеле фаъол мебошад ва дар оянда кўшиш менамоянд, ки бо иттиҳодияҳои ҷавонони сохтмончӣ дар дигар кишварҳо ҳам ҳамкории хубро ба роҳ монанд. Бо Кумитаҳои иттифоқи касабаи сохтмони кишвариҳои Россия ва Қазоқистон  дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расондем, ки ҷавонони тоҷик ҳангоми муҳоҷирати меҳнатӣ метавоноанд аз хизматрасонии иттифоқҳои касабаи соҳҳа дар ин кишварҳо истифода баранд.

Ӯ эълон дошт, ки ҳар як иштирокчӣ дар бораи санадҳои қабулкардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати ҷавонон ва иҷрои онҳо, камбудӣ,  мушкилот ва монеаҳо барои фаъолияти босамари ҷавонон озодона мулоҳиза намоянд. Намояндаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Алишер Фаромузов, ки дар ин семинар иштирок дошт, ба ҷавонон гуфт, ки аз фаъолияти босамари онҳо ояндаи кишвар вобастагии зиёд дорад. Барои ҳамин ҳам онҳо бояд бо дониши хуб мусаллаҳ бошанду кишвар, миллат ва сарзамини аҷодиро муқаддас донанд.