18 Сентябрь, 2019

ТАШАББУСКОР БОШЕМ

27-уми июли соли ҷорӣ ҷаласаи навбатии Шӯрои генералии Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон баргузор шуд. Дар кори ҷаласа аъзои Шӯрои генералӣ, кормандони дастгоҳи Федератсия, раисони ташкилотњои ҳамузви Федератсия иштирок карданд. Аъзои Шӯрои генералӣ панљ масъаларо оид ба фаъолияти ҳаракати иттифоқҳои касабаи кишвар дар замони муосир мавриди муҳокима қарор доданд. Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Қодири Қосим ҷаласаро ифтитоҳ намуда, аз ҳозирон даъват ба амал овард, ки дар муҳокимаи масъалањо фаъол бошанд ва барои ташаккули фаъолияти Иттифоқҳои касаба таклифу пешниҳодҳои судманд ироя доранд.

Аз рӯйи масъалаи якуми рӯзнома “Дар бораи ҳисоботи фаъолияти Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон  дар нимсолаи якуми соли 2018” муовини раиси Федератсия  Файзизода И смоил Нарзи гузориш дод.

Аз рӯйи масъалаи дуюм “ Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Шўрои генералӣ аз 26 октябри соли 2015 №ШГ-12/4 “Дар бораи танзими рухсатиҳои меҳнатии кормандони Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон”

гузориши муовини раиси Федератсия Файзизода И смоил Нарзи шунида шуд.

Мудири шуъбаи ҳуқуқи Федератсия Алӣ Иброҳим Саидзода дар бораи фаъолияти нозирони ҳуқуқ ва меҳнат, сармуҳаррири муассисаи рўзномаи “Ҳамраъйӣ” Амирхон Шохонов дар бораи фаъолияти рӯзнома  маълумот доданд.

Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Қодири Қосим ҷаласаи Шӯрои генералиро ҷамъбаст намуда, таваҷҷуҳи аъзои Шӯро ва раисони ташкилотҳои ҳамузвро ба иҷрои бандҳои Созишномаи генералӣ барои солҳои 2018-2020, Нақшаи корӣ, беҳтар ба роҳ мондани ҳамкориҳо бо корфармоён, фаъол намудани кори ташкилотҳои ибтидоии иттифоқҳои касаба ва густариши ҳамкориҳои судманд бо иттифоқҳои касабаи кишварњои наздику дур ҷалб намуд.

Дар ҷаласа аз рӯйи масъалаҳои муҳокимашуда қарорҳои дахлдор қабул шуданд.

“Ҳамраъйӣ”