20 Ноябрь, 2019

Таъсиси ташкилотҳои нави иттифоқи касабаи соҳавӣ.

Бо мақсади таъмини иҷроиши Қарорҳои Шурои Генералии Федератсияи мустақили иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон ва Карорҳои Раёсати Кумитаи Ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони соҳаи бофандагӣ ва саноати сабуки Тоҷикистон, имрузҳо дар корхонаҳои соҳавии Кумита таъсиси ташкилотҳои нави ибтидоии иттифоқи касаба идома дорад.

Аз ҷумла рузи 8-уми августи соли ҷорӣ дар ҶДММ «Армуғон»-и шаҳри Душанбе маҷлиси умумии кормандон, аъзоёни иттифоқи касаба баргузор гардид, ки дар он масъалаи таъсис додани ташкилоти ибтидоии иттифоқи касаба мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Бояд тазаккур дод, ки дар корхонаи мазкур 13-нафар кормандон кору фаъолият дошта тибқи дархости фармоишгарон фаъолияти корхона ба истеҳсоли  армуғонҳои ҳархелаи ба талаботҳо ҷавобгуйбуда  равона карда шудааст.

Дар тўли фаъолияти чандинсола чӣ шаҳрвандони кишвар ва чӣ меҳмонон ва саёҳони аз хориҷи кишвар меомадагӣ аз маҳсулотҳои армуғонии истеҳсол мекардагии корхонаи мазкур баҳравар шуда, дар ояндаи наздик мақсад доранд, ки тавассути дастгирии вазорату идораҳо ва корхонаҳои ватанӣ, ҳамзамон Васоити ахбори умум ва таблиғи кору фаъолият маҳсулотҳои истеҳсол мекардагиашонро берун аз ҳудуди шаҳри Душанбе ва хориҷи кишвар ба содирот бароранд ва онро муаррифӣ намоянд.

Дар маҷлиси умумии кормандони корхона, бо мақсади ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои меҳнатӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кормандон, ҳамзамон андешидани чораҳои иловагӣ бобати кам кардани шуғли ғайрирасмӣ ва тавлиди ҷойҳои нави корӣ дар доираи шароиту имкониятҳо, ташкилоти ибтидоии иттифоқи касаба таъсис дода шуд, ки ба раисии он якдилона яке аз занони фаъоли корхона Ятимова Наргис интихоб гардид.

Дар кори маҷлис мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони соҳаи бофандагӣ ва саноати сабуки Тоҷикистон  С.Сафиалоев иштирок ва баромад намуд.

Инчунин рузи 26-августи соли равон маҷлиси умумии кормандони сехи дузандагии Корхонаи истеҳсолии «Дунёи нав», ки дар он зиёда аз 32 нафар занон ва ҷавондухтарони маҳаллӣ ба духтани рахти хоб ва ҳунарҳои мардумӣ фаро гирифта шудаанд баргузор гардид, ки дар он масъалаи таъсис додани кумитаи иттифоқи касабаи кормандони сехи дузандагӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Мавриди зикр аст, ки сехи мазкур ба ҳайси иҷоранишин дар Корхонаи истеҳсолии «Дунёи нав» кору фаъолият дошта, аз маҳсули дасти занон ва ҷавондухтарони он новобаста аз баъзе мушкилотҳо сокинони пойтахт ва берун аз он аллакай бархурдор ҳастанд. Музди меҳнати моҳонаи онҳо аз руи кори ба анҷом расонидаашон аз 800 то 1200 сомониро ташкил медиҳад. Барои занон ва ҷавондухтарони сехи дузандагӣ аз ҷониби роҳбари он Ҷобирова Лола Шокировна аз руи имконият  шароитҳои хуби меҳнатию корӣ  муҳаё карда шуда онҳо аз шуғли ҳамарузаашон розӣ ҳастанд.

Дар рафти баргузории маҷлис гуфтугуи ошкоро ва самимона оиди мавҷуд будани баъзе мушкилотҳои корӣ аз қабили надоштани дафтарчаи меҳнатӣ, дар баъзе мавридҳо аз истифода баромадану кор накардани лифти корхона, ки сехи дузандагӣ дар ошёнаи чоруми корхона қарор дорад ва занону ҷавондухтарон ҳангоми иҷрои корҳо каме ҳам бошад танқиси мекашанд изҳори нигаронӣ карда, аз Сарпарасти корхона ва масъулин тақозо намуданд, ки оиди ислоҳи онҳо чораҳои заруриро андешида бароянд.

Дар маҷлиси таъсисӣ, Мирзоева Саломат ба раисии кумита, Шарофиддинова Оимҷон ва Сафарова Шарифамо ба муовинии раисони кумитаи иттифоқи касаба ва Раҳматова Ҷамила ба раисии комиссияи тафтишотии кумитаи иттифоқи касабаи сехи дузандагии Корхонаи истеҳсолии «Дунёи нав» интихоб гардиданд.

Дар кори маҷлис мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони соҳаи бофандагӣ ва саноати сабуки Тоҷикистон  С.Сафиалоев иштирок ва баромад намуд.

Иштирокчиёни маҷлисҳо оиди дар Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони соҳаи бофандагӣ ва саноати сабуки Тоҷикистон ба қайд гирифтани ташкилотҳои иттифоқи касабаи навтаъсис қарор қабул намуданд.

С. Ғиёсӣ,     узви иттифоқи журналистони Тоҷикистон.