18 Сентябрь, 2019

Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Тоҷикистон

Таърихи ташаккул ва инкишофи ҳаракати иттифоқҳои касабаи ҷумҳурӣ бо таърихи пурҳаводису такдирсози Тоҷикистон ба даҳсолаи сеюми асри XX сахт алоқамандӣ дорад.

      Мувофиқи ҳуҷҷатҳои аз бойгонӣ дастрасшуда аз соли 1931 то соли 1937 Бюрои ташкили ииттифоқи касабаи кормандони муассисаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун сохтори таркибии соҳавии иттифоқҳои касабаи мамлакат амал мекардааст.  Соли 1936 Конференсияи 1-ми Иттифоқи касабаи кормандони маориф оғоз ёфт, ва    Бюрои номбурда, ҳамчун Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маорифи Тоҷикистон ном гирифт ва аз ҳамон вақт санаи мазкур ҳамчун рўзи таъсисёбии Кумитаи иттифоқи касабаи соҳа эътироф шудааст.   

   Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон чи дар замони пасо шўравӣ ва чӣ дар замони Истиқлолияти давлатӣ ҷиҳати таъмини ҳифзи ҳуқуқҳои иҷтимоӣ, меҳнатӣ ва дигар ҳуқуқҳои аъзоёнаш пайваста тадбирҳои мушаххас андешида истодааст. Таърихи ташаккули Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз замони пасошўравӣ аз таъсиси ҳаракати иттифоқи касаба дар Тоҷикистон сарчашма мегирад. Моҳи апрели соли 1926 АнҷуманиякумиИттифоқҳоикасабаи ҶМШСТ барпогардид, ки он баробарии нтихоби мақомоти роҳбарикунандаи касабавӣ-Шўрои иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон, инчунин масъаларо оид ба вазифаҳои аъзои иттифоқи касаба дар давраи минбаъда муҳокима намуд, ки баъдан дар заминаи Анҷумани мазкур Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт. Аммо, марҳилаи нави ташаккули Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ин оғози солҳои 1991 асри ХХ мебошад, зеро 24 январи соли 1991 дар Анҷумани 15 Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон Декларатсия оид ба ташкили Федератсияи иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон қабул гардид ва аз ҳамон давра Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ташкилоти ҳамузви Федератсияи иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон ба марҳиллаи сифатан нави фаъолият оғоз кард.

     Дар масири сиёсати иҷтимоии Пешвои муаззами миллат масъалаи баланд бардоштани сатҳи зиндагии кормандони маориф ва илм дар меҳвари асосӣ қарор дошта, дар даврони 27 соли Истиқлолияти давлатӣ марҳила ба марҳила вазъи иҷтимоии кормандони соҳаи маориф ва илм боло рафта истодааст. Аз тарафи дигар Пешвои муаззами миллат ба ҳаракати иттифоқи касаба низ таваҷҷуҳи хосе доред, чунончӣ таъкид намудааст: «Барои давлати мо имрўзҳо иттифоқи касабаи пурқуввате лозиманд, ки ба ҳаллу фасли проблемаҳои муҳими тараққиёти давлат омода ва қодир бошанд. Масъалаҳоро на ин ки дар танҳоӣ, балки дар робитаи зич бо ҳокимият, бо Ҳукумати мамлакат бояд ҳал кард. Ҳокимияти пурқуввати давлатӣ ин кафолати фаъолияти пурмаҳсул ва самарабахш иттифоқҳои касаба дар тамоми самтҳои бунёди ҷомеаи шукуфон дар мамлакат мебошад».

Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 ташкилоти вилоятӣ, 15 ташкилоти шаҳрӣ, 50 ташкилоти ноҳиявӣ, 39 ташкилоти муттаҳидаи иттифоқи касаба, 5116 ташкилоти ибтидоӣ, 243805 нафар аъзо, ки аз он ҷумла 52061 нафар донишҷўён аъзои иттифоқи касаба ва 226,5 нафар кормандони озодро муттаҳид намуда, дар давоми се соли охир зиёдшавии аъзоён ба _ фоиз афзудааст.

      Дар сохтори Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 Маҷмаа (Маҷмааи фарҳангию фароғати «Файзи истиқлол», Маҷмааи фарҳангию варзишии «Мактаби варзишии ҷавонон ва наврасони иттифоқҳои касаба») 3 фароғатгоҳ (Маркази солимгардонии Суғд, Истироҳатгоҳҳои «Чиларча» ва «Саодат») амал менамояд.

Оинномаи Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2017 дар таҳрири нав қабул гардида, он ба санадҳои меъёрии соҳавӣ ва байналмилалӣ мутобиқат карда шуд.

Ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва байналмилалӣ, воситаҳои ахбори омма як бахши муҳими Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил медиҳад, ки ҳамкории самарабахш бо Кумитаи иттифоқи касабаи маорифи Аврупо, Ташкилоти байналмилалии маориф, Ташкилоти байналмилалии меҳнат, Иттиҳодияи байналмилалии иттифоқи касабаи «Маориф ва илм», Иттифоқи касабаи омўзгорони Булғория, Қазоқистон, Украина, Белоруссия, Туркия ва дигар ташкилотҳои ҳамузви Кумитаи иттифоқи касабаи маорифи Аврупо  ба роҳ монда шудааст.