20 Ноябрь, 2019

Бахшида ба 28 –умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон чорабинии бо тантана баргузор гардид.

Бахшида ба   28 –умин солгарди   Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дар  Федератсияи  иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон чорабинии бо тантана баргузор гардид.  Дар чоабинии мазкур Раиси Федератсияи  иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Қодири Қосим, сардори Раёсати кафолатҳои ҳуқуқи инсони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷуҳурии Тоҷикистон-  Сатторзода Абдуҷаббор,  роњбарони ташкилотҳои ҳамузв ва фаъолони иттифоќњои касабаи иштирок намуданд.

 Сараввал, Раиси Федератсияи  иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Қодири Қосим љаласаро оѓоз намуда, ҳозиринро хайрамақдам гуфтаанд. Ба ин муносибат Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон   садо дод. Баъдан Қодири Қосим дар бораи  дастовардҳои замони Истиқлолияти кишвар суханронда изҳор доштанд,  ки    мо бояд имрӯз ба қадри ин неъмати бебаҳо бирасем ва хизматҳои  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат- муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар тањкими Истиќлолияти давлатї фаромуш насозем. Сипас, сухан ба сардори Раёсати кафолатҳои ҳуқуқи инсони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Сатторзода Абдуҷаббор дода шуд. Мавсуф  таъкид дошт, ки имрӯз  бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон талош дорад, ки  дар арсаи  байналмиллалӣ нуфузу эътибори худро боз ҳам бештар кунад.     

 

Барои  корҳои шоён ва хизматҳои  арзанда, ба мудури  шуъбаи ҳифзи меҳнати Дастгоҳи  Федератсияи  иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Қурбонов Акобир ва Раиси кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқҳои касабаи кормандони авиатсияи граждании Тоҷикистон Касиров Саидҷон ба  Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд. Раиси Федератсияи  иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Қодири Қосим дар охир ба  роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои қадрдонии кормандони Федератсияи  иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон изҳори сипос намуданд. Дар охири чорабини    мукофотњо дар фазои тантанавї супорида шуданд.