ИСТОРИЯ ПРОФСОЮЗОВ

ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА

Муқова ранги кабуди осмони

ВАҲДАТ, ЯГОНАГӢ,  ҲАМФИКРӢ, ҲАМРАЪЙӢ, ҲУҚУҚИ

ИНСОНИ МЕҲНАТӢ!

         Дар шароити муосир самти асосии  фаъолият ва вазифаҳои Иттифоқҳои касаба бо шарикони иҷтимоӣ, ҳифзи ҳуқуқи инсони меҳнатӣ, фароҳам овардани шароити иҷтимоӣ – иқтисодӣ, мустаҳкам намудани муносибат бо корфармо ба воситаи бастани Созишнома ва шартномаи коллективӣ, ҷалби ҷавонон ва бонувон ба истеҳсолот, тарғиби амалҳои хештаншиносӣ, мустаҳкамгардонидани муносибатҳои дӯстиву ҳамкорӣ бо Ташкилотҳои байналмилалӣ, муаррифии Тоҷикистон бо дастовардҳои сатҳи ҷаҳонӣ мебошад. Барои ноил шудан ба ин ҳадафҳо  тарбияи кадрҳои болаёқат мавқеи аввалиндараҷаро мебозад.

Абдурозиқ Ризоев

Барои давлати мо имрўзҳо иттифоқҳои касабаи пурқуввате лозиманд, ки ба ҳаллу фасли проблемаҳои муҳими тараққиёти давлат омода ва қодир бошанд. Масъалаҳоро на ин ки дар танҳои, балки дар робитаи зич бо Ҳокимияти мамлакат бояд ҳал кард. Ҳокимияти пурқуввати давлатӣ ин кафолати фаъолияти пурмаҳсул ва самарабахши иттифоқҳои касаба дар тамоми самтҳои бунёди ҷомеаи шукуфон дар мамлакати мо мебошад.

                                                   Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

        Истиқлолият дар баробари ин, ки омолу орзуи деринаи халқи мост, инчунин лаҳзаи андеша ва таҳлили масъулияти ҳар фарди сарзамини аҷдодӣ барои расидан ба қадри гузашта ва фаъолияти созанда барои имрӯзу ояндаи Ватани маҳбубамон мебошад. Ҳамин ҳисси баланди масъулият дар назди гузашта ва имрӯзу ояндаи Ватан ва миллат ҳар яки моро водор месозад, ки ба хотири ободиву оромии кишвари азизамон бо тамоми ҳастӣ талош варзем, содиқонаву аҳлона заҳмат кашем, дар ҳифзи манфиатҳои милливу давлатиамон доим зираку ҳушёр бошем, то қарзи худро дар назди Ватан ва халқи Тоҷикистон ба таври сазовор адо намоем.

          Дар зарфи 25-  соли соҳибистиқлолӣ  Тоҷикистони азиз ба як силсила дастовардҳои бузурги бунёдие ноил гардид, ки сарнавишти минбаъдаи давлати мустақиламон ба онҳо вобастагии мустақим дорад. Муҳимтарин дастоварди мо дар ин давра таъмини сулҳу оромӣ, аз хатари нобудӣ  наҷот додани давлатдории миллиамон ва аз парокандагӣ раҳо бахшидани миллатамон мебошад.

      Бе истиқлолияти комил, бе доштани давлати озод орзу ва омоли таърихии миллат ва ҳадафу барномаҳои насли имрӯзу фардои он маънои худро аз даст медиҳад.

      Аз ин рӯ, истиқлолият арзиши олӣ, озодӣ, ободӣ ва бузургтарину муқаддастарин ҷашни миллиамон аст!

       Расидан ба қадри истиқлолият ва давлатдории мустақилона, таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, эҳсоси гарми ватандориву ватанпарастӣ, бедории маънавӣ, ифтихори миллӣ, пос доштани арзишҳои миллӣ ва рамзҳои давлатдорӣ – ҳама дар маҷмӯъ моро ба сӯи бунёди ҷомеаи воқеан шаҳрвандӣ, пешрафти устувори иқтисодиву иҷтимоӣ ва татбиқи нақшаву ҳадафҳои тақдирсози стратегӣ мебарад.

                                                          Эмомалӣ Раҳмон

          Ҷиҳати таъмин намудани рушди минбаъдаи кишвар, иҷрои афзалиятҳои миллӣ ва дар ин асос баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум барои давраҳои миёнамуҳлат ва дарозмуддат соли 2016 “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” қабул карда шуд.

 Бо ин маќсад то 30 — солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне то соли 2021 ҷиҳати ноил гардидан ба ҳадафҳои олиамон тақвияти сармояи инсонӣ, баланд бардоштани самаранокии бахши воқеӣ, таҳкими сохтории идоракунии давлат, таъмини устувори нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва рушди иқтисодиву иҷтимоӣ бо ташкили ҷойҳои нави кории дараҷаи баланди истеҳсолӣ ва фароҳам овардани замина барои таҳкими иқтидори содиротии кишвар ҳамчун самтҳои муҳимтарини сиёсати иқтисодиву иҷтимоии давлат муайян гардидаанд.

         Ҷиҳати ноил шудан ба ин ҳадафҳои олӣ моро зарур аст, ки барои боз ҳам ободу зебо гардонидани Ватани азизамон содиқона заҳмат кашем, корҳои бунёдкориву созандагӣ, дигаргуниҳои иқтисодиву иҷтимоиро ба роҳ монда, соҳибкориву сармоягузориро такон бахшем ва ҳарчи бештар ҷойҳои нави корӣ фароҳам оварда, самаранокии идоракунии давлатиро таъмин гардонем. 

      Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 22.12.с.2016.

 

ШАРИФЗОДА Исмоил Зариф

       Шарифзода Исмоил Зариф 25 ноябри соли 1957 дар деҳаи Қарақчӣ

ҳозира Саховати, ҷамоати деҳоти “Зафар”- и, ноњияи Фархор, вилояти

Хатлон дар оилаи коргар таввалуд шудааст,  сентябри соли 1965 ба

мактаби миёнаи № 22 ноҳияи Фархор ба таҳсил рафта  онро соли

1975 хатм намудааст. Соли 1975 ба  Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В И Ленин ҳозира Донишгоҳи миллииТоҷикистон дохил шуда, соли 1979 факултаи иқтисодиро  бо ихтисоси ҳисоби бухгалтерӣ дар саноат тамом кардааст.

    Фаъолияти кориашро 15 ноябри соли 1979 ба ҳайси муҳосиби базаи

савдои байниноҳиявии ҷамъияти матлуботи вилоятӣ дар ноҳияи Фархор

оғоз намудаст.

     Дар давоми 22- соли кориам дар як ноҳия бо тариқи гузариш аз як

вазифа ба вазифаи дигар гузаштаам. Дар вазифаҳои зерин: нозири

тафтишотчӣ таъмини иҷтимоии шуъбаи молияи ноҳия, муҳосиб- тафтишотчӣ,  муҳосиб- тафтишотчии калони Раёсати хоҷагии қишлоқи

ноҳияи Фархор, иқтисодчӣ ва молиячӣ шуъбаи баҳисобгирии ва

ҳисоботҳои Раёсати хоҷагии қишлоқи ноҳияи Фархор, тафтишотчии

калони шуъбаи баҳисобгирӣ ва ҳисоботҳои Раёсати хоҷаги қишлоқи

ноҳияи Фархор, Сардори идораи суғуртаи ноҳияи номбурда кору

фаъолият намудааст. Аз 22 августи соли 2001 то 01 июли 2015 Директори

филиали КВД “Тоҷиксуғурта” дар ноҳияи Рудакӣ фаъолият кардааст.

      Аз 26 июни соли 2015  бо қарори Шўрои Генералии Федератсияи

иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ба вазифаи муовини аввали

раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон интихоб

шуда   фаъолият карда истодааст.

БАРОМАДИ

Иҷрокунандаи Раиси Федеретсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Шарифзода Исмоил Зариф дар ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба таљлили 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии  Ҷумњурии Тоҷикистон

(_____сентябри соли 2016)

 

Дар тули таърихи инсоният ҳар як халқу миллат барои ба даст овардани Истиқлолият ҷонбозиҳо намудаанд. Ва чуноне шоир гуфтааст: «Ҳеҷ неъмат беҳ зи истиқлол нест!» Вожаи «Истиқлолият» ин пеш аз ҳама маънои бо дасти хеш сохтани тақдири хеш аст. 

Мушарраф гардидан ба Истиқлолият яке аз дастовардҳои камназир ва муқаддастарини халқи тоҷик ба шумор меравад. Истиқлолият орзую ормони  бисёрасраи  фарзандони баору номус ва натиҷаи талошҳои садҳо ҳазор муборизони роҳи бақои давлати тоҷикон мебошад.

Вобаста ба пошхурии собиқ давлати абарқудрати Шуравӣ, халқи тоҷик Рўзи 9 сентябри соли 1991  Истиқлолияти худро эълон намуд.

Дар ибтидои солҳои навадуми асри гузашта, вақте ки ба Истиқлолияти давлатамон ҳанӯз як сол ҳам пур нашуда буд, ҷомеаи мо ба  озмоиши сахту сангин ва даҳшатноки тақдир рўбарў гардид. Замоне Гандии Файласуф гуфта буд: «Истиқлолият ин бори масъулият аст»! Ва зимомдорони ҳамонвақтаи давлати навташкили Тоҷикистон аз уҳдаи сарварии давлату миллат баромада натавонистанд. Ҷумҳурӣ ба ҷанги  ҳамватанӣ кашида шуд. Ҳазорҳо ҳамватанони мо дар диёри худ ва қисми дигар ба кишварҳои хориҷ, аз ҷумла ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон муҳоҷири иљборӣ гардиданд. Садҳо нафар пиру ҷавон, кӯдакону муйсафедон кушта шуда, мардумони зиёд хонаваӯрон гардиданд. Соли 1992 дар сарнавишти миллати тоҷик ҳамчун соли нокомию навмедӣ ва нобарору пурфоҷиа нақши худро ба ёдгор гузошт.

Хушбахтона, қувваҳои солиму ватандӯсте, ки мақсаду маромашон аз ваҳдату якпорчагии Тоҷикистон, ҳифз ва  ҳамчун падидаи муқаддас нигоњ доштани соҳибистиқлолии Ватан иборат буд, ба арсаи таърихи навини миллат қадам гузоштанд. Маҳз бо ибтикору ташаббуси бевоситаи ҳамин қуввањои ватанпарвар моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҳанд Иҷлосияи XYI таърихии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд ва ба сарварии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фарзанди сазовори миллат Эмомалӣ  Раҳмон интихоб гардид.

Дар марҳилаи аввал тамоми қувваи мақомоти давлатӣ баҳри татбиқи муҳимтарин масъалаҳои сарнавиштсози миллат, аз қабили ҳарчи зудтар хотима додан ба ҷанги бародаркуш ва барқарор кардани ҳаёти осоиштаи мардум, аз байн бурдани парокандагӣ ва ба даст овардани ваҳдату якпорчагии миллӣ равона гардид.

Соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи умумихалқӣ қабул гардида, низом ва сохтори давлатдорӣ муайян карда шуд. Дар ин давра рамзҳои давлатӣ созмон ёфта,  пули миллӣ ба гардиш даромад. Кишварҳои мухталифи ҷаҳон давра ба давра Тоҷикистонро ҳамчун давлати мустақил эътироф намуданд. 

Дар баробари ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар ҷумњурӣ шурӯъ аз соли 1997 бозгашти муташаккили муҳоҷирони иҷборӣ ва ҷобаҷо намудани онҳо дар макони зисти доимӣ аз тарафи мақомоти дахлдори ҷумҳурӣ суръати тоза пайдо кард. Аз соли 1993 то ибтидои соли 2000 зиёда аз 946 800 нафар шаҳрвандони кишварамон ба ҷойҳои зисти доимиашон баргардонида шуданд. Баъди бастани Созишномаи мазкур, ки бархе аз сиёсатмадорону қумондонҳои собиҚ зидди он буданд, вазъи сиёсиву иҷтимоии ҷумҳурӣ ба таври мусбӣ куллан тағйир ёфта вазъи бехатарии мардум, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои иҷтимоии онҳо беҳтар гардида, ба рушди бемайлони иқтисодиёти кишвар заминаи воқеӣ гузошта шуд.

 Дар ин давом роҳбарияти Олии мамлакат самтҳои афзалиятноки тараққиёти минбаъдаи кишварро муайян намуда, дар самти сохтмони иншоотҳои гидротехникии тавлид ва таъмини барқ, сохтмони роҳ ва кушодани роҳҳои зеризаминӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани кишвар, ҳаллу фасли таъмини озуқа ба аҳолӣ ва дигар масъалаҳо, ҷумҳурӣ ба комёбиҳои беназир ноил гардид.

 Бояд иброз намуд, ки дар Паёми имсола Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон сараввал дар бораи вазъи кунунии ҷаҳон, аз он ҷумла, густариш пайдо кардани зуҳуроти ниҳоят хатарноки асри нав — терроризм ва экстремизм, вусъати бесобиқаи бархӯрди манофеи абарқудратҳо барои аз нав тақсим кардани ҷаҳон ва вобаста ба ин, боз ҳам печидаву муташанниҷ гардидани вазъи сиёсии сайёра, шиддат гирифтани буҳрони молиявию иқтисодӣ дар бисёр кишварҳои олам истода гузашта, қайд намуданд, ки новобаста аз онҳо дар соли 2015 дар ҷумҳурӣ рушди устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ таъмин гардида, афзоиши ҳаљми маљмўи маҳсулоти дохилӣ ба зиёда аз 48 миллиард сомонӣ расида, суръати афзоиши он ба 6 фоиз баробар шуда, сатҳи таваррум 5 фоизро ташкил намуд.

 Дар соли 2015 дар доираи барномаҳои давлативу соҳавӣ 205 ҳазор ҷойи нави корӣ таъсис дода шуд. 

 Сардори давлат дар сархати тадбирҳои аввалиндараҷаи Ҳукумати мамлакат дар соли 2016 масъалаҳои иҷтимоиро арзёбӣ намуда, таъкид карданд, ки муҳайё намудани шароити ҳарчи беҳтари зиндагӣ барои сокинони кишвар ҳадафи олитарини фаъолияти Президент ва Ҳукумат мебошад.

Бинобар ин, бо дарназардошти рушди иқтисодиёти мамлакат, идоракунии самараноки захираҳои молиявии давлатӣ ва ба эътидол овардани хароҷот ҷиҳати иҷрои тадбирҳои пешбининамудаи Паёми соли гузашта дар ин самт аз 1-уми июли соли 2016 марҳалаи навбатии зиёдшавии музди меҳнат амалӣ гардид. 

  Дар оянда гузаштан аз таъмини истиқлолияти энергетикӣ ба истифодаи самарабахши нерўи барқ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баромада, ба кишвари транзитӣ табдил ёфтан ва таъмин намудани амнияти озуқавориву дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат вазифаҳои аввалиндараҷаи мақомоти давлатӣ ҳисобида мешавад.

Дар ин раванд, ба самаранокии соҳаҳои воқеии иқтисодиёт, рушди нерўи инсонӣ, гуногуншаклии истеҳсолот, тақвияти институтсионалӣ ва тараққиёти минтақаҳо афзалият дода мешавад.

 Дар ҷумҳурӣ айни ҳол барои истифодаи ҳарчи бештари иқтидорҳои саноатӣ ва афзоиш додани коркарди ашёи хоми ватанӣ, аз љумла коркарди пурраи нахи пахта як қатор имтиёзҳо пешбинӣ шуда, илова бар ин, барои сохтмони аксари иншооти муҳим ва воридоти таҷҳизоту технологияҳои замонавӣ низ як силсила имтиёзҳо муқаррар гардида, маблағи умумии онҳо дар шаш соли охир 20 миллиард сомонї ва танҳо дар соли гузашта 4 миллиард сомониро ташкил кардааст. 

Татбиқи чунин тадбирҳо ва барномаҳои соҳавӣ имкон дод, ки шумораи корхонаҳои истеҳсолии муљаҳҳаз бо технологияҳои муосир зиёд гардида, ҳаҷми воқеии истеҳсоли маҳсулоти саноатї дар даҳ соли охир 1,6 баробар афзоиш ёбад. 

 Ҳоло дар чандин ноҳияҳои кишвар бунёди минтақаҳои саноатӣ, аз љумла ду корхонаи коркарди нафт бо иқтидори қариб 2 миллион тонна, се корхонаи сементбарорӣ бо иқтидори беш аз 3 миллион тонна, корхонаҳои бофандагӣ бо иқтидори коркарди 52 ҳазор тонна нахи пахта ва истеҳсоли он 150 миллион метри мураббаъ матои пахтагин, сохтмони се корхонаи саноати кимиё, коркарди металлҳои ранга бо иқтидори истеҳсоли 1400 килограмм тилло, корхонаи бузурги металлургӣ бо иқтидори 50 ҳазор тонна руҳ ва 50 ҳазор тонна сурб ва боз як корхонаи металлургӣ бо иқтидори 400 ҳазор тонна имсол ва соли оянда ба истифода дода мешаванд, ки албатта бо ба кор даромадани онњо садҳо ҷойҳои нави корӣ тавлид меёбанд, ки он ба сатҳу сифат ва некӯаҳволии мардум таъсири ҷиддӣ хоҳад расонд.

 Дар доираи Паёми ироашуда Сардори давлат ҳамчунин ба ҳаҷми нерӯи барқи дар кишвар истеҳсолшаванда ва кифояткунанда набудани он, ба кор андохтани иқтидорҳои нави истеҳсоли нерўи барқ, истифодаи самараноки он дар ҳамаи соҳаҳо, тибқи нақша дар соли 2016 дар ҳаҷми 350 мегаватт ба истифода додани иқтидорҳои иловагии энергетикӣ, истихроҷи нафту газ ва коркарди маводи сӯзишворӣ, энергияи барқароршаванда, ташаккули «иқтисоди сабз», ҳифзи муҳити зист, пешгирии офатҳои табиии вобаста ба тағйирёбии иқлим ва коҳиши партовҳои гази карбон, истифодаи одилонаву оқилонаи ин захираҳо тавассути ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ, татбиқи пайгиронаи дипломатияи ҳамкорӣ дар соҳаи об, ки рушди онҳо ба  коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ мусоидат менамояд, ҳамчун нуқтаҳои ҷолиб баён ёфтанд. .
      Дар робита ба ин, аз ҷониби Сардори давлат дарҷ гардид, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ барои тараққиёти энергетика дар кишвар 32 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ бо ҷалби зиёда аз 12 миллиард сомонӣ татбиқ карда шудааст.

Барои тақвияти корҳо дар ин самт то охири соли 2016 навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳии Душанбе — 2 (бо иқтидори 300 мегаватт) ба маблағи дуюним миллиард сомонӣ ба истифода дода мешавад, ки ин таъминоти аҳолиро бо барқ хеле беҳтар мегардонад. Инчунин, сохтмони хатти минтақавии интиқоли барқи КАСА-1000 (252 километр) ба маблағи 2,2 миллиард сомонӣ оғоз мегардад, ки он шабакаҳои барқии моро бо дигар кишварҳои минтақа пайваст намуда, ба тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодӣ бо давлатҳои ҳамсоя мусоидат мекунад ва ҷиҳати расидан ба истиқлолияти энергетикӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва сармояи хориҷӣ 36 миллиард сомонӣ равона гардида, танҳо соли ҷорӣ барои пешрафти соҳа 4 миллиард сомонӣ ҷудо карда мешавад.
      Дар хусуси маҷмўи маҳсулоти кишоварзӣ таъкид рафт, ки дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда тараққиёти воқеии он таъмин гардида, дар даҳ соли охир қариб 2 баробар зиёд шуда, айни замон ба ҳисоби миёна 23 фоизи маљмӯи маҳсулоти дохилии кишварро ташкил медиҳад.
       Оид ба лоиҳаҳои сармоявии дар ин самт амилишаванда дарҷ гардид, ки дар 15 соли охир дар ин соҳа 42 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи зиёда аз 3,7 миллиард сомонӣ амалӣ ва айни замон дар соҳаи мазкур татбиқи 9 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ дар ҳаҷми 1,5 миллиард сомонӣ идома дорад.

  Самтҳои дигари афзалиятноки сиёсати пешгирифтаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қабили, идома бахшидани инфрасохтори нақлиётӣ, таъмини шаҳру ноҳияи мамлакат бо оби тозаи нӯшокӣ, сарчашмаҳои даромади буҷет аз ҳисоби васеъ гардонидани фаъолияти соҳибкориву сармоягузорӣ ва дигар манбаъҳо, пешниҳоди қарз ба бахши истеҳсолӣ, танзими давлатии муносибатҳои меҳнатӣ, шуғли аҳолӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, касбомӯзӣ ва муҳоҷирати аҳолӣ, ки ба суботи иҷтимоӣ ва сатҳи зиндагии аҳолӣ таъсири бевосита доранд, идома меёбад.

 Амалӣ гардидани барномаҳои давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ имкон дод, ки дар 10 соли охир зиёда аз 1 миллион ҷойҳои кори доимӣ, муваққатӣ ва мавсимӣ таъсис дода шуда, танҳо тавассути мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ 315 ҳазор нафар бо ҷойи кор таъмин гарданд, ки 30 фоизи онҳоро занон ташкил медиҳанд.

Вобаста ба ин, ба вазоратҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, маориф ва илм супориш дода шуд, ки ҷиҳати тақвият бахшидан ба омодагии касбии шаҳрвандон ва муҳоҷирони меҳнатӣ раванди таълими касбиро ба стандартҳои љаҳонї ва талаботи воқеии бозори меҳнат мутобиқ гардонанд.

 Масъалаи омӯзонидани касбу ҳунарҳои гуногун ва тайёр кардани кадрҳои коргарӣ вазифаи муҳимтарини роҳбарону масъулони вазоратҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, маориф ва илм ва вазорату идораҳое, ки дар сохторашон муассисаҳои таълимӣ доранд, инчунин роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо арзёбӣ гардида, онҳо вазифадор карда шуданд, ки заминаҳои моддиву техникии таълимгоҳҳо, бахусус марказҳои таълими калонсолонро таҳким ва барои омода кардани кадрҳои дар бозори меҳнат рақобатпазир ҳамаи чораҳои заруриро амалӣ намоянд.

Қайд гардид, ки Ҳукумат барои таъмин намудани пешрафти соҳаҳои илму маориф ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ аз тамоми имкониятҳо истифода карда, ба рушди илмҳои техникиву табиатшиносӣ аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад.

Қобили зикр аст, ки соли 2016 барои тараққиёти соҳаи маориф 3 миллиарду 150 миллион сомонї пешбинї шудааст, ки нисбат ба соли 2015 — ум 10 фоиз ва дар муқоиса бо даҳ соли пеш 13 баробар зиёд мебошад.
      Соли гузашта аз ҷониби Ҳукумати мамлакат “Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2015-2020” қабул гардид, ки тибқи он дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳо марказҳои таълимию тарбиявӣ барои кӯдакони лаёқатманд ташкил карда мешаванд.

Бо супориши Роҳбари давлат имсол дар шаҳри Душанбе бори нахуст дар сохтори Академияи илмҳои Тоҷикистон мактаби инкишофи зеҳнї бунёд гардида, Вазорати маориф ва илм вазифадор шудааст, ки ба Ҳукумати мамлакат барномаи давлатии таъсиси чунин мактабҳоро дар маркази ҳамаи вилоятҳо пешниҳод намояд.

Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ узви ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, дар ҷараёни таҳаввулоти босуръати ҷаҳонишавии муносибатҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёт қарор дорад. Имрӯз дар як қатор давлатҳо ҷангҳои харобиовар идома дошта, боиси афзоиши шумораи фирориёни иҷборӣ, бекорӣ, гуруснагӣ ва шиддат гирифтани проблемаҳои дигари иҷтимоӣ гардидаанд.

 Терроризм ва ифротгароӣ беш аз ҳарвақта авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният дар асри бистуяк табдил ёфтааст.

Ва мо ҳар як узви ҷомеа, ҳар як шаҳрванди кишвар бояд ба қадри давлати соҳибистиқлол ва зиндагии орому осуда расида, ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва ҳаргиз фирефтаи таблиғоту ақидаҳои бебунёди ифротӣ нашавем.   

  Фаъолияти Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон ҳамчун аъзои комилҳуқуқи маркази иттифоқҳои касабаи байналмиллалӣ дар ҳамагуна ҳаракатҳо ва амалиётҳо барои ҳифзи манфиатҳои ҳуқуқии аҳли меҳнат равона шуда фаъолона ширкат меварзад ва онҳоро дастгирӣ менамояд. Мо бо сарбаландӣ гуфтанӣ ҳастем, ки иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон  ҳамарӯза ҳамроҳу ҳамқадам ва ҳамнафаси аҳли меҳнати кишварамон мебошад ва дар пешрафти ҷомеаи навин мавқеи муайяни худро доранд.   

Мо хуб медонем, ки фаъолияти иттифоқҳои касаба ва обрӯю эътибори онҳо дар байни аҳли меҳнат дар зиндагии бомаром, фазои сулҳу дӯстӣ, ҷои кори ҳамешагӣ, музди меҳнати арзанда, якдилию якпорчагӣ ва созандагию бунёдкорӣ дар мамлакат муайян мегардад.

 Иттифоқҳои касабаи Тољикистон Дастуру тавсияҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,Пешвои миллат, Президенти Љумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмонро   ҷињати дар зеҳни мардум ҷой додани ғоя, андеша ва фарҳанги миллӣ, бедор намудани ҳисси худшиносиву худогоҳӣ, содиқ будан ба ҳифзи манфиатҳои давлату ҷомеа, мубориза ба муқобили хурофот, тундгароӣ ва ифротгароиро амалӣ менамоянд.  

 Итттифоқҳои касабаи Тоҷикистон ҳамчун шарики асосии ҷомеаи шаҳрвандӣ дар якҷояги бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ баҳри ҳалли масъалаҳои муҳими ҷомеаи имрӯза, чун тарбияи ватандустӣ, хештаншиносӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия, ифротгароӣ, терроризм ва экстремизм чораҳои тарбиявӣ анљом дода, ҷиҳати барпо намудани ахлоқи хамида ва фазои солим дар коллективҳои меҳнатӣ мусоидат менамоянд.

 Дар арафаи ин ҷашни муқаддаси миллат ҳамаи Шуморо ба ифтихори таљлили 25-умин солгарди Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният гуфта, бароятон саломатӣ, хонаи ободу рӯзгори бобаракат орзумандам.

Ҳумоюн бод истиқлоли тоҷик!

           Файзизода Исмоил Нарзи 10 декабри соли 1973  дар ноҳияи Айнӣ дар оилаи коргар  таваллуд шуда мллаташ тоҷик мебошад. Таҳсилоти миёнаро солҳои 1981 – 1991 дар мактаби зодгоҳаш гирифтааст. Солҳои 1991 -1993 Техникуми молиявии шањри Душанберо хатм намуда солҳои 1993 – 1995 дар вазифаи котиби маҷлиси судии Суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солҳои 1996 -1997 котиби  маҷлиси судии Суди ноҳияи Марказии шаҳри Душанбе, солҳои 1997 -2001 дар вазифаи ҳуқуқшиноси ШСХК «Барқи  Тоҷик» фаъолият намудааст. Солҳои 2001 -2005 ҳуқуқшиносӣ Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2005 -2007 ҳуқуқшиносӣ Шӯрои ҷумҳуриявӣ оид ба сайру сайёҳати Федератсия ва аз соли 2007 то 2009  дар вазифаи муовини мудири шуъбаи ҳуқуқи Федератсия фаъоият намудааст. солҳои 2009 – 2011 мудири шуъбаи ҳуқуқи Федератсия ва аз июни соли 2011 то инҷониб муовини раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон. Барои корњои назаррас ва шоёнаш дар соња бо Ифтхорномањои КУИК, ФИКМТ, Кумитаи иттифоқи касабаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар соҳаҳо қадрдони шудааст. Оиладор  соњиби 3 фарзанд.