17 Октябрь, 2019

Назарзода Нигора Нураҳмад

МУАРРИФНОМА

Назарзода Нигора Нураҳмад 1-уми июни соли 1976 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ.

Соли 1998 Донишгоҳи аграрии Тоҷикистонро бо ихтисоси агроном-олим, ҳисоби бухгалтерӣ ва аудит хатм кардааст. Номзади илмҳои биология, доктори илмҳои кишоварзӣ, профессор мебошад. Фаъолияти меҳнатиашро соли 1998 дар вазифаи асисенти кафедраи боғдорӣ ва биотехнологияи кишоварзӣ оғоз намудааст.

Солҳои 1999-2000 магистри Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон буд. Солҳои 2000-2002 омӯзгори кафедраи физиологияи растаниҳо ва биотехнологияи кишоварзӣ, солҳои 2001-2003 раиси маркази Бонувони Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, солҳои 2003-2007 ходими калони илмии Институти физиологияи растанӣ ва генетикаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2008-2009 досенти кафедраи физиологияи растаниҳо ва биотехнологияи кишоварзӣ дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, солҳои 2009-2016 сармутахассиси идораи хоҷагии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз моҳи июли соли 2016 сармутахассиси Раёсати кишоварзии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият кардааст.

26-уми сентябри соли 2017 дар ҷаласаи Шӯрои генералии Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ба ҳайси муовини якуми раиси Федератсия интихоб шуд. 

Оиладор, соҳиби чор фарзанд.