19 Апрель, 2021

Неъматзода Маликшо Маҳмадшо — Раиси нави Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон

                    МУАРРИФИНОМА

Неъматзода Маликшо Маҳмадшо соли 1969 дар ноҳияи Кулоби вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси филолог-шарқшинос, Донишкадаи андоз ва ҳуқуқро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм намудааст.

            Фаъолияти меҳнатиашро аз Нашриёти «Каломи бадеъ» ба сифати муҳаррир оғоз намудааст.  Дар вазифаҳои мушовири намояндагии тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия, мудири Сектори шуъба оид ба робита бо кишварҳои хориҷии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон , сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷумҳуриҳои Олмон, Полша ва Чехия, Сардори Раёсат оид ба кор бо Мақомоти идоракунии маҳаллии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Нораки вилояти Хатлон фаъолият намудааст.

            Соли 2008 раиси Созмони ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ноиби президенти Кумитаи миллии олимпӣ ва президенти ТЭКВАНДО интихоб шудааст.

            10-уми ноябри соли ҷорӣ раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон интихоб шуд.