15 Декабрь, 2019

Басти аввали мавсими истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз ёфт

Федератсияи иттифоқҳои  касабаи мустақили Тоҷикистон вобаста ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2018” аз 28 апрели соли 2018, №235 ва анҷоми корҳо ҷиҳати ташкили истироҳату солимгардонии кӯдакону наврасон дар мавсими соли ҷорӣ корҳои муайянро ба анҷом расонида истодааст.

Санаи11 майи соли ҷорӣ дар ҷаласаи Шӯрои Генералии Федератсия масъала доир ба амалисозии қарори мазкур мавриди баррасӣ қарор ёфта

“Наќша-чорабинињо оид ба ташкил ва назорати фаъолияти лагерҳои истироҳатии кӯдакону наврасон дар мавсими тобистони соли 2018” қабул гардида, ситоди “Тобистон-2018” таъсис дода шуд.

Рӯзи 12 июн дар истироҳатгоҳи “20 солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон” (дар тавозуни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд), воқеъ дар мавзеи зебои Деҳмойи ноҳияи Ҷабор Расулов бо фарогирии 300 нафар кӯдакону наврасон ва истироҳатгоҳи  “Парасту”-и шуъбаи маориф шаҳри Конибодом  бо фарогирии 100 нафар кӯдакон басти аввали таътили истироҳатӣ оғоз гардид.

Ҳамчунин, рӯзи 14 июни соли ҷорӣ дар истироҳатгоҳи “Шоҳин”-и Бонки миллии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри  Гулистони вилояти Суғд бо ҷалби 300 нафар, 16 июн дар истироҳатгоҳҳои Орзу (200), Гулхан (200), Шарора (200) Зимчуруд (230 нафар), воқеъ дар дараи Варзоб, ки тобеи шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои шаҳри Душанбе мебошанд, бо ҷалби 830 нафар кӯдакон ба таътили тобистона шуруъ намуданд.

Рӯзи 17 июн дар истироҳатгоҳи “Файзи истиқлол” (собиқ Чайка)-Кумитаи ҷумҳуриявии маориф ва илм, воқеъ дар дараи Варзоб бо фарогирии 400 нафар кӯдакону наврасон мавсими солимгардонӣ оғоз шуд.

Тибқи маълумоти пешакии ташкилотҳои ҳамузви Федератсия дар соли 2018 дар ҷумҳурӣ 2045 лагеру мавзеъҳои истироҳатӣ бо фарогирии 173 336 нафар кӯдакону наврасон ташкил карда мешавад. Аз ҷумла, дар 1519  лагери наздимактабӣ (бо фарогирии 114992 нафар хонанда), 54 лагери беруназшаҳрӣ (23622 нафар), 245 адад лагери меҳнатӣ-истироҳатӣ (11730 нафар) 2 намуди санаторӣ (55 нафар), 113 варзишӣ-беҳдоштӣ (5595 нафар), 112 лагер барои хонандагони синфҳои болоӣ (17342 нафар) лагерҳои истироҳатӣ созмон дода мешавад.

Дар Маҷмааи фарҳангӣ-фароғатии “Файзи истиқлол” (собиқ лагери “Чайка”-и Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон) ошхонаи замонавӣ барои 320 ҷой дар як баст таъмиру азнавсозӣ гардида, як бинои нави 2 ошёна, меҳмонхона, ки дар дохили он ҳуҷраҳои кории Шӯрои омӯзгорон, созмони талабагӣ, сарвари лагер, китобхона барои 1200 номгӯӣ китоб, бунгоҳи тиббӣ ҷойгир мешаванд, барои истифода омода шудааст.

Дар истироҳатгоҳ майдончаҳои варзишии замонавӣ, ҳавзи оббозӣ, 10 душ, ки ҷавобгӯи талаботи замон мебошанд, сохта шуда, барои таъмини оби гарм батареяҳои офтобӣ насб шудаанд. Қобили қайд аст, ки соли ҷорӣ дар истироҳатгоҳ бори аввал шабакаи коррезӣ (системаи канализатсионӣ) сохта ба истифода дода шудааст.

Соли ҷорӣ дар истироҳатгоҳи мазкур дар маҷмуъ дар 5 баст бештар аз 2000 нафар кӯдакону наврасон ба истироҳат фаро гирифта мешавад.

Дар истироҳатгоҳи беруназшаҳрии “Чангоб”, воқеъ дар дараи Алмосии шаҳри Ҳисор (соҳибмулк-мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор) то имрӯз   корҳои таъмиру барқарорсозӣ ба анҷом расонида шуда, истироҳатгоҳи мазкур дар як баст то 260 нафар кӯдакону наврасонро барои истироҳат қабул менамояд. Лагери беруназшаҳрии “Чангоб” то 10 июни соли равон бо пуррагӣ барои қабули кӯдакону наврасон омода мегардад.

Дар истироҳатгоҳи беруназшаҳрии “Ширкент”, ки ба Корхонаи воҳиди давлатии “Ширкати “Алюминии Тоҷик” мансуб мебошад, корҳои таъмирӣ  асоан ба анҷом расидаанд. Дар ин истироҳатгоҳ имкони дар як вақт ба истироҳату солимгардонӣ ҷалб намудани бештар аз 400 нафар кӯдакону наврасон мавҷуд аст. Тибқи нақша 17 июни соли ҷорӣ дар навбати аввал 100 нафар кӯдаки ятиму бепарастори мактаб-интернати ҷумҳуриявии шаҳри Турсунзода ба истироҳат фаро гирифта мешаванд.

Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 14 майи соли 2018, №338 “Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2018” дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе ба тасвиб расидааст. Истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрии “Шарора” (шуъбаи маорифи ноҳияи Исмоили Сомонӣ), “Гулхан” (шуъбаи маорифи ноҳияи Сино), “Орзӯ” (шуъбаи маорифи ноҳияи Фирдавсӣ) “Зимчуруд” (шуъбаи маорифи ноҳияи Шоҳмансур) барои қабули кӯдакону наврасон асосан омода шудаанд. Дар ҳар як истироҳатгоҳҳои мазкур    дар як баст аз 225 то 280 нафар кӯдакон ба истироҳату солимгардонӣ фаро гирифта мешавад.

Дар истироҳатгоҳи беруназшаҳрии, ки дар тобеияти шуъбаи маорифи ноҳияи Шоҳмансур қарор дорад, сохтмони Маҷмааи сеошёнаи замонавӣ ба нақша гирифта шуда, айни замон корҳои сохтмонӣ идома доранд.

Дар мавсими соли равон дар шаҳри Душанбе дар 4 лагерҳои беруназшаҳрӣ 2490 нафар, дар 35 майдончаҳои солимгардонӣ ва муассисаҳои таълимӣ 4400 нафар, дар маҷмуъ 6890 нафар кӯдакону наврасон ба истироҳату солимгардонӣ фаро гирифта мешавад.

Дар истироҳатгоҳи “Истиқлол” (Хадамоти алоқа), “Баҳор” (Вазорати мудофиа), “Кайҳон” (ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе) “Коргарҷавонон” (Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ) рафти омодагӣ ба мавсим беҳтар буда, корҳои омодагӣ асосан ба анҷом расонида шудаанд.

Дар истироҳатгоҳи “Дониш” (соҳибмулк-Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон) корҳои таъмирӣ ба анҷом расонида шуда, тибқи нақша дар моҳи августи соли ҷорӣ истироҳати 124 нафар кӯдакони лаёқатманд-барандагони ҷоизаи Академики Академияи хурди илмҳо, Узви вобастаи Академияи хурди илмӣ, дипломдорон ва гирандагони стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда мешавад.

Тибқи нақша дар вилояти Суғд дар соли ҷорӣ 19 истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ фаъолият менамоянд. Дар истироҳатгоҳҳои кӯдакон, наврасон ва ҷавонони “20 солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон” (Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд) Маркази солимгардонии “Суғд” (Кумитаи вилоятии иттифоқи касабаи маориф ва илм) ва истироҳатгоҳи “Шоҳин” (Бонки миллӣ) корҳои омодагӣ ба мавсим пурра ба сомон расонида шудааст. Дар қаламрави вилоят то айни замон 4 истироҳатгоҳ пурра омода шуда, дар 12 истироҳатгоҳ корҳои таъмирӣ дар рӯзҳои наздик ба анҷом расида дар 3 истироҳатгоҳ (Минтақаи Шаҳристон) корҳои таъмирӣ нав шуруъ шудааст.

Дар вилояти Хатлон истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрии “Шарора” (шуъбаи маорифи шаҳри Кулоб) ва “Истиқлол” (Донишгоҳи шаҳри Кулоб) воқеъ дар ноҳияи Муминобод барои қабули кӯдакону наврасон дар мавсими истироҳатӣ омодаанд. Мутаасифона, дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон ягон истироҳатгоҳи беруназшаҳрӣ барои қабули кӯдакону наврасон дар мавсим, омода нашудааст.

Аз 13 истироҳатгоҳи шаҳру навоҳии ВМКБ низ омодагӣ ба мавсим идома дошта, то айни замон 5 истироҳатгоҳ пурра омода шуда, дар 6 истироҳатгоҳ корҳои таъмирӣ дар рӯзҳои наздик ба анҷом расонида шуда, дар 2 истироҳатгоҳ   корҳои таъмирӣ нав шуруъ шудааст. Дар истироҳатгоҳи беруназшаҳрии дар ноҳияи Ванҷ воқеъгардида (шуъбаи маорифи ноҳия) шароити қабул барои кӯдакону наврасон маҳдуд буда, рӯзҳои наздик гуруҳи кории Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят дар якҷоягӣ бо дигар мақомоти дахлдор оид ба фаъолияти минбаъдаи ин муассиса хулоса пешниҳод менамояд. То ҳол дар истироҳатгоҳи мазкур ба таъмир шуруъ накардаанд.

Рӯзи 1 июни соли ҷорӣ дар ҳамкорӣ бо Муассисаи таҳсилоти иловагии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони дигар мақомоти марбутаи ваколатдор оид ба ташкили истироҳатгоҳҳо бо ҷалби сарварону муттасадиёни лагерҳои истироҳатӣ семинари ҷумҳуриявӣ баргузор гардид, ки дар он вазифаи ҳар як муттасадӣ оид ба ташкили истироҳати кӯдакону наврасон дар мавсим фаҳмонида дода шуд. Чунин  семинарҳо дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва дигар шаҳру ноҳияҳо низ гузаронида шуд.

Ба ташкилотҳои иттифоқи касаба супорида шудааст, ки дар маҳалҳо дар ҳамкорӣ бо маъмурияти корхонаву ташкилотҳо аз ҳисоби маблағҳои суғуртаи давлатии иҷтимоӣ (1,4), истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасонро барои фарзандони кормандон тибқи Ќарори Њукумати  Љумњурии Тољикистон аз 25 январи соли 2017, №34 «Дар бораи Тартиб ва андозаи харољоти маблаѓњои суѓуртаи давлатии иљтимої барои табобати санаторию курортї, ташкили истироњати кормандон ва аъзои оилаи онњо ва дигар чорабинињои бењдоштию пешгирикунанда дар  корхонањо» ташкил намуда, ҷиҳати истифодаи дигар сарчашмаҳо, аз ҷумла маблағҳои вазорату идораҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, маблағҳои корхонаву муассисаҳо, маблағҳои иттифоқҳои касаба, сарпарастон ва волидайн барои солимгардонии кӯдакону наврасон васеъ истифода бурда шавад.

То охири моҳи июн 14 истироҳатгоҳ ба кор сар карда, дар 31 истироҳатгоҳ, ки асосан дар мавзеъҳои куҳистон ҷойгир шудаанд,  то 20 июл фаъолият оғоз мегардад. Мавсими истироҳату фароғати кӯдакону наврасон то охири моҳи август идома меёбад.

Зикр бояд намуд, ки тибқи қарори  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2018” аз 28 апрели соли 2018, №235 маблағҳое, ки аз Буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ҷудо карда мешаванд, барои харидории роҳхатҳо барои кӯдакони ятиму бепарастор ва кӯдакон аз оилаҳои камбизоат, аз ҷумла аз ҳисоби кӯдаконе, ки дар муассисаҳои давлатии таълимии мактаб-интернатҳои вазорату идораҳои дахлдор ва маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо таҳти таъминоти давлат қарор доранд, инчунин кӯдакони болаёқат ва кӯдакони кормандони соҳаи кишоварзӣ, ба истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ истифода бурда мешаванд.