18 Сентябрь, 2019

БОЯД МАНФИАТИ КОРМАНДРО ҲИМОЯ НАМОЕМ

Дар ҷаласаи Раёсати иттифоқи касабаи маориф ва илми Тоҷикистон, ки рӯзи 16-уми июли соли ҷорӣ баргузор шуд, як масъала; натиҷагирӣ аз ҷамъбасти нимсолаи якуми соли ҷорӣ мавриди муҳокима қарор гирифт. Раиси Кумита Одиназода Рамазон Сафар дар маърӯзаи хеш бештар дар бораи камбудиҳои ҷойдошта ибрози ақида кард. Ӯ таъкид намуд, ки ман ба камбудиҳо бештар ишора намуда, гуфтани нестам, ки пешравӣ надорем. Дар ин нимсола аз ҷониби иттифоқи касаба соҳа барои ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои иқтисодию иҷтимоии маорифчиён корҳои назаррас ба анҷом расиданд.

Самти муҳими фаъолияти иттифоқи касаба ҳимояи ҳуқуқ, солимгардонии аъзои иттифоқи касаба ва аҳли оилаи ӯ мебошад. Дар ин давра ба Кумита 116 муроҷиати шаҳрвандон расид, ки 82 адади он хаттӣ буд. Ҳар як муроҳиат мутобиқи санадҳои ҳуқуқии меъёрӣ таҳлил карда шуданд ва талаботи муроҷиаткунанда қонъ карда шуд. Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба 10 баромади васоити ахбори оммаи кишвар вокуниш карданд. Ба масъалаи пардохти саривақтии музди меҳнати кормандон эътибор доданд. Ҳангоми санҷиши кормандони Кумита дар муассисаҳои таълимии ноҳияҳои Қубодиён, Ҷайҳун, Фархор, Вахш, Файзобод, Айнӣ, Масчоњ ва шаҳрҳои Гулистон, Бӯстон ва Панҷакент қарздорӣ аз музди меҳнати омӯзгорон мушоҳида шуд. Бо дархостҳои пайвастаи иттифоқи касабаи соҳа ин камбудӣ бартараф карда шуд.

Дар кори Раёсат муовини аввали раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Назарзода Нигора Нураҳмад иштирок ва баромад намуд.