20 Ноябрь, 2019

МЕҲНАТИ АРЗАНДА ВА СУЛҲИ ПОЙДОР

Рўзҳои 10-12 июли соли ҷорӣ дар яке аз маҳаллаи хушманзари Ҷумҳурии Қирғизистон, меҳмонхонаи Иссиқ-Кӯл бо дастгирии Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат семинари минтақавӣ дар мавзӯъи “Тавсия оид ба шуғл ва меҳнати арзанда бо мақсади таъмини сулҳ: Нақши иттифоқҳои касаба дар Аврупои шарқӣ” баргузор шуд. Дар ин чорабинӣ чор нафар намояндагони Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон иштирок намуданд.

Машғулиятҳои семинар асосан аз рўйи талаботҳои тавсияи 205-и Конференсияи байналмилалии меҳнат, ки аз 14 боб ва 49 банд иборат аст, сурат гирифт. Намояндагони Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат Сергюс Гловаскас, Стефан Бенедикт, Антон Лептик, Махаммед Муамадзинго ва дигарон дар ифтитоҳ ва ҷараёни ин чорабинӣ бештар таваҷҷуҳи иштирокчиёнро ба масъалаҳои мубрами замони муосир, дастёби ба шуғли самарабахш, меҳнатӣ арзанда, сулҳи пойдор, роҳ надодан ба муноқишаҳои бемаънӣ ва пешгирии бӯҳрони иқтисодӣ ҷалб намуданд.