20 Ноябрь, 2019

ЧОР ТАШКИЛОТИ НАВ ҚАБУЛ ШУД

Дар ҷаласаи Кумитаи иҷроияи иттифоқи касабаи кормандони нақлиёт, хҷагии роҳҳо ва коммуникатсия, ки 5-уми июли соли ҷорӣ баргузор шуд, аз ҷамъбасти фаъолияти шашмоҳа натиҷагирӣ намуданд. Раиси Кумита Нуринисо Бобоева дар маърӯзаи хеш ба фаъолияти шашмоҳаи иттифоқи касабаи соҳа бештар эрод гирифт. Ӯ изњор дошт, ки ар ин соҳа шуғли  ғайрирасмӣ бештар ба назар мерасад. Аксари ронандагони микроавтобусу таксиҳои шаҳру ноҳияҳо ба таври инфиродӣ ба мардум хизмат мерасонанд. Онҳо ба ягон бригада ва иттиҳоди бисёрнафар фаро гирифта нашудаанд ва дар чунин ҳолат ба иттифоқи касаба ҷалб намудани онҳо мушкилиҳои зиёдро пеш меорад. Аммо, ин масъала набояд аз мадди назари мо дур бошад. Тамоми корҳои фаҳмондадиҳиро ба ҷо оварда, кўшиш менамоем, ки ин гурӯҳи нақлиётчиёнро ба хизматрасонии иттифоқи касаба гирем.

Дар нимсолаи ҷорӣ чор ташкилоти навро ба хизматрасонӣ гирифем. Дар шаҳру ноҳияҳо ташкилотҳои соҳаи нақлиёт ва хизматрасонии роҳҳо ҳастанд, ки ба хизматрасонии иттифоқи касаба гирифта нашудаанд. Бояд ба ин масъала раисони кумитаҳои иттифоқи касабаи шаҳру ноҳияҳо ҷиддӣ машғул шаванд.

Дар кори ҷаласа муовини аввали раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Назарзода Нигора Нураҳмад иштирок ва суханронӣ намуд.