15 Декабрь, 2019

4-уми апрели соли ҷорӣ Созишнома ба имзо расид.

Созишномаи генералии байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020 ба имзо расид.

Дар маросими имзои Созишнома Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, роҳбарият ва масъулони Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аъзои ҳайати комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Ба созишнома аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода имзо гузошта, таъкид намуд, ки бо шарофати истиқлолияти комили давлатӣ дар партави сиёсати созандаву башардўстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои боз ҳам беҳтар намудани вазъи  зиндагии аҳолӣ  тадбирҳои зарурии  амалӣ андешида мешаванд.

Маҳз натиҷаи амалӣ намудани чораҳои зарурӣ аст, ки рўз то рўз сатҳи зиндагии сокинони мамлакат боло рафта,  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари ташаббускор дар самти ҳалли мушкилоти ҷаҳонии  сайёра шинохта шудааст.

Баромади

Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон бахшида ба қабули Созишномаи генералии солҳои   2018-2020,

04 апрели соли 2018

Муҳтарам Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода,

ҳозирини гиромӣ!

Сараввал иҷозат фармоед миннатдории Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистонро  ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои кўмаку дастгириҳои беандоза баҳри рушди муносибатҳои меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баланд гардидани сатҳи некуаҳволии мардуми  ҷумҳурӣ,  бо камоли эҳтиром баён намоям.

Дар доираи Созишномаи генералии пешин  барои  солҳои 2015-2017 аз ҷониби Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор корҳо ба анҷом расонида шуданд.

Татбиқи ҳуқуқҳои меҳнатии кормандони корхонаҳо новобаста ба шакли фаъолият ва моликият, такмил додани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат, амалисозии барномаҳои муштарак доир ба паст намудани сатҳи камбизоатӣ, шуғли бақайдгирифтанашуда, оид ба меҳнати арзанда, ҳифзи манфиатҳои иҷтимоии кормандон, ташкил намудани чорабиниҳои солимгардонии аъзои коллективҳои меҳнатӣ ва аъзои оилаҳои онҳо, ташкил намудани истироҳати тобистонаи кўдакону наврасони ҷумҳурӣ дар лагерҳои беруназшаҳрӣ, қабул намудани созишномаҳои соҳавии тарифӣ ва шартномахои коллективӣ дар корхонаю муассисаҳо масъалаҳои асосии Созишномаи қаблӣ ба ҳисоб мерафтанд.

Қабули Созишномаи генералии нав барои солҳои 2018-2020 бори дигар собит менамояд, ки ҳифзи манфиатҳои меҳнатии кормандон, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ намудани сатҳи ҳифзи иҷтимоии кормандони ҷумҳурӣ, коҳиш ёфтани сатҳи бекорӣ, сол ба сол зиёд шудани музди меҳнати кормандон ва рушди босуботи соҳаи иқтисодӣ- иҷтимоии кишвар доимо дар меҳвари сиёсати Пешвои миллат қарор дошта, баҳри татбиқи ин ҳадафҳо тадбирҳои судманд андешида мешаванд.

Иттифоќњои касабаи Тољикистон њамеша  фаъолияти Њукумати Љумњурии Тољикистонро дар бахши муносибатњои мењнатии кормандон љонибдорї намуда, дар   баланд бардоштани сатњи некуањволии мардуми кишвар њамрадифи иљроиши барномањои иљтимоии давлатї мебошанд. Дар ин самт ташкилотњои иттифоќњои касаба дар муассиса ва корхонаҳои ҷумҳурӣ новобаста ба шакли моликият фаъолиятро  ҷиддӣ ба роҳ мемонанд.

Муҳтарам Савазир, (Қоҳир Расулзода) заминаи ҳуқуқии таҳияи Созишномаи генералӣ  Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Бо мақсади татбиқи меъёрҳои Кодекси меҳнат қабули санадҳои зерқонуни зиёде аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар дошта шуда буд, ки як қисми онҳо аз тарафи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва дигар вазорату идораҳои дахлдор таҳия ва барои тасдиқ пешниҳод шуданд.

Созишномаи генералии мазкур роҳнамои фаъолияти шарикии ичтимоӣ хоҳад шуд.

Бо итминони комил  изҳор менамоям, ки Иттифоқҳои касабаи ҷумҳурӣ тамоми саъю кўшиши хешро баҳри дар сатҳи баланди ҷамъиятӣ ва ташкилӣ иҷро намудани бандҳои Созишномаи генералӣ таъмин мекунанд.

Таъмини ҳифзи ҳуқуқҳои меҳнатии муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо, ки дар Созишномаи мазкур дақиқ таҷассум ёфтааст, аз нигоҳи Иттифоқҳои касаба мавзўи муҳими муосир ва ҳалталаб ба ҳисоб меравад. Бо мақсади мусоидат ба ҳифзи манфиатҳои ин табақаи аҳолӣ бо Иттифоқҳои касабаи Федератсияи Россия, Озарбойҷон, Қазоқистон, Беларус, ки асосан тарафҳои қабулкунандаи муҳоҷирони меҳнатӣ ба ҳисоб мераванд, ёддоштҳои тафоҳум (меморандиум) ба имзо расонида шуда, ҳамкориҳо дар ин раванд самарабахшанд.

Қобили зикр аст, ки солҳои сипаригашта барои Иттифоқҳои касаба бобарор буд. Дар сафи Иттифоқҳои касабаи ҷумҳурӣ 855655 аъзо дар 10088 ташкилоти ибтидоӣ муттаҳид гаштаанд. Дар дастгоҳи Федератсия ва ташкилотҳои ҳамузви он 3 Шўрои вилоятии иттифоқҳои касаба, 17 кумитаи соҳавии иттифоқҳои касаба ва дар маҷмуъ 1200 корманди озод фаъолият доранд.

Тарафҳои Созишномаи генералӣ дар баробари иҷрои уҳдадориҳои дарҷ гардида, ба пардохти саривақтии музди меҳнат ва роҳ надодан ба пайдоиш ва зиёдшавии қарздории музди меҳнат, ки манбаи асосии таъмини оилаи кормандон ба ҳисоб меравад, бояд диққати ҷиддӣ диҳанд. Дар ин бахш ба фаъолияти пурмасамари Ситоди доимоамалкунанда дар назди Ҷукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки роҳбарии онро Шумо муҳтарам Сарвазир ба уҳда доред, ниёз дорем.

Умедворем, ки дар се соли оянда ташкилотҳои иттифоқҳои касаба дар заминаи ин ҳуҷҷати муҳим шарикии иҷтимоиро тақвият дода, назорати ҷамъиятиро  дар самти татбиқи қонунгузорӣ оид ба меҳнат, паст кардани сатҳи шуғли бақайдгирифтанашуда, меҳнати арзанда мекунад.

Аз таваҷҷуҳатон сипосгузорам !анда, бартараф намудани қарздории музди меҳнат ва татбиқи ҳуқуқу манфиатҳои меҳнатии аҳли заҳмат бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо Иттиҳодияи корфармоён фаъолият мебаранд.

Боварїӣ дорам, ки дар оянда низ шарикии иҷтимоӣ густариш меёбад.