17 Октябрь, 2019

Низомнома

ЗАМИМАИ №1-НҲ

бо ќарори Кумиљроияи Шурои Генералии  

Федератсияи иттифоќњои касабаи мустаќили

Тољикистон аз «02» ноябри  с.2016_, № 19\2

тасдиќ карда шудааст.

 

Низомномаи

бозрасии њуќуќи мењнати иттифоќњои касабаи Тољикистон

  1. МУЌАРРАРОТИ УМУМЇ

          1.1. Бозрасии њуќуќи мењнати Федератсияи иттифоќњои касабаи мустаќили Тољикистон ва ташкилотњои њамузви он (минбаъд –  Бозрасии њуќуќи мењнати иттифоќњои касаба) маќомотест, ки назорати љамъиятии иттифоќҳои касабаро љињати  аз љониби корфармоён ва намояндагони онњо риоя шудани талаботи ќонунгузории мењнат ва дигар санадњои меъёрии дорои хусусияти њуќуќи мењнатӣ дошта, инчунин вобаста ба дигар масъалањои иљтимоиву мењнатї дар муассисаю ташкилотњо ва корхонањо, (минбаъд ташкилотњо) новобаста аз шакли моликият ва шакли ташкилї-њуќуќиашон ба роњ мемонад.

         1.2. Бозрасии њуќуќи мењнати иттифоќњои касаба дар фаъолияташон Конститутсияи Љумњурии Тољикистон, Кодекси мењнати Љумњурии Тољикистон, Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи иттифоќњои касаба», Оинномаи иттифоќњои касабаи Тољикистон, Оинномањои иттифоқҳои касабаи соњавии љумњуриявї,  Низомномаи мазкур ва дигар санадњои меъёрии њуќуќиро ба роњбарї мегирад.

         1.3. Бозрасии њуќуќи мењнати иттифоќњои касаба њангоми ба амал баровардани фаъоляити худ бо нозирони њуќуќи мењнати соњавї, маќомоти њифзи њуќуќ, сохторњои давлатї ва дигар маќомоти давлатию љамъиятї њамкорї менамояд.

         1.4. Бозрасии њуќуќи мењнат дар шуроњои вилоятии иттифоқҳои касаба, кумитањои соњавии љумњурияви ва вилоятии иттифоқҳои касаба  низ таъсис дода мешаванд.

         1.5. Бозрасии њуќуќи мењнати иттифоќњои касаба дар фаъолияти худ мустаќил буда, манфиату њимояи њуќуќњои аъзоёни иттифоќњои касаба, коргарон ва аъзои оилањои онњоро дар ќаламрави Љумњурии Тољикистон муаррифї ва таъмин менамояд.

  1. Вазифањои Бозрасии њуќуќи мењнати иттифоќњои касаба

             2.Бозрасии њуќуќи мењнати иттифоќњои касаба вобаста ба уњдадорињои ба ў вогузошта, вазифањои зеринро иљро менамояд:

         2.1. Назорати љамъиятии иттифоќи касабаро љињати аз љониби корфармоён ва намояндагони онњо риоя гардидани талаботи ќонунгузории мењнат ва дигар санадњои меъёрии њуќуќии дорои хусусияти њуќуќи мењнатӣ дошта, инчунин дигар санадњои меъёрї дар соњаи шарикии иљтимої, танзими фаъолияти иттифоќи касаба, шуѓл, хусусигардонї, барњамдињии ташкилотњое, ки дар он аъзоёни иттифоќњои касаба фаъолият менамоянд, ба роњ мемонад.

         2.2. Њифзи њуќуќҳои меҳнатӣ ва манфиатҳои иљтимоии кормандон (аъзоёни иттифоќњои касаба) ва ташкилотњои иттифоќи касабаро аз амалњои (беамалии) ѓайриќонунии корфармо ва намояндагони он, ки њуќуќњои кормандонро халалдор ё мањдуд менамояд, таъмин менамояд, ки ин њуќуќњоро меъёрњои байналмиллалї, ќонунњо ва санадњои меъёрию њуќуќї, инчунин имтиёзу кафолатњое, ки шартномањои мењнатї, созишнома ва шартномањои коллективї пешбинї намудаанд.

         2.3. Санљишҳоро дар бораи аз љониби корфармо ва намояндаи ў риоя гардидани ќонунгузории мењнат, ќонунгузорї дар бораи иттифоќи касаба, инчунин  бастани созишнома ва  шартномањои коллективї  ва иљрои шартњои онро ба роњ мемонад.

         2.4. Дар тањияи лоињаи ќонунњо ва дигар санадњои меъёрии њуќуќӣ, созишномањо,  шартномањои коллективї ва дар омодасозии ќарорҳои маќомоти иттифоќи касаба вобаста ба масъалањои иљтимої-мењнатї ширкат меварзад.

         2.5., Вобаста ба масъалањои њуќуќи мењнат, шартномаи мењнатї, созишномањои њифзи мењнат ва ќонунгузории Љумњурии Тољикистон тавсияномањо омода намуда,  маслињатњои њуќуќї медињад.

         2.6. Фаъолияти нозирони њуќуќи мењнати кумитањои соњавї ва иттифоќњои касабаи вилоятиро мавриди  тањлил ва  омўзиш ќарор медињад.

         2.7. Маќомоти дахлдори давлатї ва њифзи њуќуќро аз риоя нагардидани ќонунгузории мењнат хабардор менамояд. Дар њолати иљро нагардидани талабномаи нозири њуќуќи мењнат дар бораи бартараф намудани ќонунвайронкунї, бо маќсади андешидани чорањои зарурї ба маќомоти прокуратура ва дигар маќомоти ваколатдори давлатї дар хусуси  љой доштани ќонунвайронкунї ахборот ирсол менамояд.

         2.8. Бо маќомоти дахлдори давлатї вобаста ба масъалањои тањияи лоињањои ќонунгузории мењнат ва дигар санадњои меъёрию њуќуќие, ки манфиати кормандон, аъзои иттифоќи касаба ва аъзои оилањои онњоро ифода менамояд, њамкорї менамояд.

         2.9. Њимояи њуќуќи кормандон, аъзоёни иттифоқҳои касабаро дар маќомоти судї ва њифзи њуќуќ дар меъёри ќонунгузории амалкунанда амалї мегардонад.

         2.10. Дар кори тарбияи њуќуќї, баланд бардоштани маърифати њуќуќии кормандон, аъзоёни иттифоқҳои касаба  ва риояи њуќуќи мењнат фаъолона иштирок менамояд.

         2.11. Ба баррасии маќомоти интихобии дахлдори иттифоќи касаба масъалањоро вобаста ба риояи ќонунгузории мењнат, баланд бардоштани назорати љамъиятии иттифоќи касаба пешнињод менамояд.

         2.12. Бо маќсади баланд бардоштани савияи дониш ва малакаи корбарии нозирони њуќуќи мењнат ва аъзоёни иттифоќи касаба, мунтазам семинару машваратњо мегузаронад.  

2.13. Ба аъзоёни иттифоќи касаба барои тайёр намудани аризањои даъвогї ба суд, њимояи њуќуќу манфиатњои онњо ёрии амалӣ мерасонад.

         2.14. Ќабули аъзоёни иттифоќи касабаро ба роњ монда, аризаву шикоятњоро вобаста ба њимояи њуќуќу манфиатњои мењнатии кормандон баррасї менамояд ва барои бартараф намудани ќонунвайронкунињо чорањо андешида,  машваратњои њуќуќї медињад.

III. Таъсиси бозрасии њуќуќи мењнати иттифоќњои касаба

          3.1.Роњбарии бозрасии њуќуќи мењнати Федератсияи иттифоќњои касабаи мустаќили Тољикистон аз љониби Кумиљроияи Шурои Генералии Федератсияи иттифоќњои касабаи мустаќили Тољикистон ва роњбарии љории он аз љониби Раиси Федератсияи иттифоќњои касабаи мустаќили Тољикистон ба роњ монда мешавад.

         Роњбарии бозрасии њуќуќ ё нозири њуќуќи мењнатии кумитањои соњавї ва шуроҳои (Федератсияи) иттифоқҳои касабаи вилоятӣ аз љониби маќомоти роњбарикунандаи дахлдори он ба роњ монда мешавад.

         3.2.Бозрасии њуќуќи мењнатро мудири шуъбаи њуќуќ ва њифзи манфиатњои мењнатии Федератсия, (Сарнозири њуќуќи мењнат) роњбарї менамояд. Мудири шуъбаи њуќуќ ва њифзи манфиатњои мењнатии Федератсия,Сарнозири њуќуќи мењнати Федератсия (Нозири њуќуќи мењнат) кормандони штатии Федератсияи иттифоќњои касабаи мустаќили Тољикистон ба њисоб мераванд.

         3.3.Ба вазифаи сарнозир ва нозири њуќуќи мењнат шахсе таъин карда мешавад, ки маълумоти олї ё миёнаи њуќуќї ва собиќаи кории на кам аз се сола дошта бошад.

         Ба вазифаи Мудири шуъбаи њуќуќ ва њифзи манфиатњои мењнатии Федератсия, шахсе таъин карда мешавад, ки маълумоти олии њуќуќї дошта, собиќаи кориаш аз 5 сол кам набошад.

         3.4. Мудири шуъбаи њуќуќ ва њифзи манфиатњои мењнатии Федератсия, (минбаъд њуќуќи мењнат) Сарнозир ва нозири шўъбаи мазкур бо фармоиши (ќарори) раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Сарнозир ва нозирони њуќуќ ва њифзи манфиатњои мењнатии иттифоқҳои касабаи соњавї бо фармоиши роњбарони кумитањои иттифоқҳои касабаи љумњуриявии соњавї ба кор таъин ва аз кор озод карда мешавад.

         3.5. Мақомоти кумитањои соњавӣ ва минтаќавии иттифоќњои касаба дар мувофиқа бо Федератсияи иттифоќњои касабаи мустаќили Тољикистон ва бо назардошти шароити молиявї,  њайат ва шумораи нозирони њуќуќи мењнатро мустақилона муайян менамоянд.

         3.6. Роњбарони мақомоти иттифоќҳои касаба, Федератсияи иттифоќњои касабаи мустаќили Тољикистон ва сарнозири њуќуќи мењнатро њатман оид ба таъин ва озод намудани нозири њуќуќи мењнат хабардор менамоянд.

         3.7. Ба мудири шўъбаи њуќуќ ва њифзи манфиатњои мењнатии Федератсия, сарнозир ва  нозирони  њуќуќи шуъбаи мазкур шањодатномаи шаклаш муайяншуда дода мешавад (замимаи №6).

         Шањодатнома бо имзои ташкилоти дахлдори иттифоќи касаба ва муњр тасдиќ карда мешавад.

         Њангоми аз кор озод намудани мудири шўъбаи њуќуќ ва њифзи манфиатњои мењнатии Федератсия, сарнозир ва  нозирони  њуќуќи шуъбаи мазкур шањодатнома баргардонида мешавад.

          3.8. Мудири шўъбаи њуќуќ ва њифзи манфиатњои мењнатии Федератсия бевосита тобеъ ва ҳимсоботдиҳанда дар назди Кумиҷрояи Шурои Генералии Федератсияи иттифоќњои   касабаи  мустаќили Тољикистон   мебошад ,   вазифа ва супоришњоеро иљро менамояд, ки ба ваколати ў дохиланд, инчунин маќомоти дахлдори интихоботї ба ў вогузоштаанд.

      3.9. Сарнозир, нозири њуќуќи мењнати Федератсия ба мудири шуъбаи

њуќуќ ва њифзи манфиатњои мењнатии Федератсия,мудири шўъбаи мазкур ба раиси Федератсия тобеъ ва њисоботдиханда мебошанд.

    Сарнозир, нозири њуќуќи мењнати иттифоқҳои касабаи соњавї ба раиси Кумитаи иттифоќи касабаи дахлдор тобеъ ва њисоботдињанда буда, дар як ваќт ба мудири шўъбаи њифзи њуќуќи Федератсия дар даврањои муќарраршуда њисобот медињанд.

      3.10. Нозирони њуќуќи мењнат на кам аз як маротиба дар давоми 3-сол бояд аз бозомӯзӣ ва такмили ихтисос гузаранд.

     3.11. Нозири њуќуќи мењнат бояд аъзои иттифоќи касаба бошад.

  1. Ваколати нозирони њуќуќи мењнати иттифоќњои касаба
  1. Нозирони њуќуќи мењнати иттифоќњои касаба њуќуќ доранд:

         4.1. Љињати аз љониби корфармоён, намояндагони онњо риоя гардидани ќонунгузории мењнат, дигар санадњои меъёрии њуќуќие, ки дорои хусусияти њуќуќи мењнатӣ мебошанд, назорат мебаранд.

         4.2. Мутобиќи тартиботи муќарраршуда, бо маќсади санљидани риояи ќонунгузории мењнат ва дигар санадњо,  бемамоният ба муассисаю ташкилотњое, ки дар он аъзои иттифоќи касаба кор мекунад, ворид шаванд, рафти иљрои шартњои созишнома ва шартномањои коллективиро санљанд, дар бораи мављуд будани ќонунвайронкунињо санад тартиб дињанд (Замимаи № 2).

         4.3. Бо корфармоён ва намояндаи онњо оид ба ќабули санадњои дахлдори дорои меъёрњои њуќуќї машваратњо доир намоянд.

         4.4. Вобаста ба масъалањои такмил, таљдид ва барњамдињии ташкилотњо, ки бевосита манфиати кормандонро халалдор менамояд, бо корфармо муњокимаронї намуда, аз ў ахбороти дахлдор гиранд.

         4.5. Дар тањияи лоињањои созишномањо ва шартномањои коллективї иштирок намоянд ва иљрои шартњои онро назорат баранд.

         4.6. Бо маќсади њимояи манфиатњои кормандон ва иттифоќи касаба бо ташаббуси худ, ё бо дархости аъзоёни иттифоќи касаба, њамчун њимоятгари љамъиятї намоянда дар маќомоти судї ва дигар маќомоти давлатї, ки бањсњои мењнатиро баррасї менамоянд, манфиатњои онњоро муаррифї ва њимоя намоянд.

         4.7. Барои бартараф намудани ќонунвайронкунињои ошкоршуда ва дигар санадњои меъёрии њуќуќии дорои хусусияти њуќуќи мењнатї дошта ба корфармоён амрномањо равон намояд, ки иљрои онњо њатмї мебошад (Замимаи № 3).

         4.8. Дар кори тањияи лоињањои ќонунгузории мењнат, санадњои меъёрию њуќуќие, ки манфиатњои иљтимоиию мењнатии кормандонро ифода менамоянд иштирок намоянд.

         4.9.Барои ба љавобгарї љалб намудани шахсоне, ки ќонунгузории мењнат ва дигар санадњои меъёрии дорои хусусияти њуќуќи мењнатро риоя накарда ба ќонунвайронкунї роњ додаанд, бо дархост  ба маќомоти дахлдори давлатї барои андешидани чорањо мурољиат намояд (Замимаи №4).

          4.10.Аз корфармоён ва дигар маќомоти давлатї ва маќомоти иљроияи њокимияти мањаллї вобаста ба масъалањои иљтимоию њуќуќии кормандон маълумотњои дахлдорро ройгон гиранд.

         4.11. Мудири шўъбаи њуќуќ ва њифзи манфиатњои мењнатии Федератсия ё Сарнозири њуќуќи мењнати ба ѓайр аз њуќуќњои дарљгардида, њуќуќ доранд аз нозирони њуќуќи мењнати кумитањои соњавї ва минтаќавї њисоботњои фаъолияти корї ва маълумотњои дахлдорро талаб намуда, бо дархости онњо бањсњои байни корфармо, намояндаи кормандон ва нозири њуќуќи мењнат баамаломадаро баррасї намоянд.

         4.12. Мудири шўъбаи њуќуќ ва њифзи манфиатњои мењнатии Федератсия, Сарнозири њуќуќи мењнати Федератсия вазифањои дигари зеринро низ иљро менамояд:

         — бозрасии њуќуќи мењнатро роњбарї менамояд;

         — ба кори нозирони њуќуќи мењнат назорат менамояд, барои амали намудани иљрои вазифањои ба онњо вогузошта мусоидат менамояд;

         — аз болои ќарорњои ќабулнамудаи нозирони њуќуќи мењнат ва мутобиќати онњо бо ќонунгузории мењнат назорат мебарад;

         — њисоботњои нозирони њуќуќи мењнатро тањлил намуда, барои пурзур намудани фаъолияти назоратї ва мукофотонидани онњо дархостњо пешнињод менамояд;

         — барои баланд бардоштани малакаи касбии нозирони њуќуќи мењнат такмили ихтисос ва семинарњои њуќуќї ташкил менамояд.

          4.13 Мудири шўъба, сарнозир ва нозирони њуќуќи мењнати иттифоқҳои касаба, дорои дигар њуќуќњое, ки дар Кодекси мењнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ќонунгузории амалкунанда пешбинї намудааст, мебошанд.

         4.14. Мухолифатњо ва бањсњо вобаста ба ќарори ќабулнамудаи сарнозири њуќуќи мењнат аз љониби Кумиљроияи Шурои Генералии Федератсияи иттифоќњои касабаи мустаќили Тољикистон баррасї карда мешавад.

  1. Ќисми хулосавї

            5.1. Шикоятњо нисбати ќарорњои ќабулнамудаи нозирони њуќуќи мењнат аз љониби маќомоти дахлдори интихобии кумитаи иттифоќи касаба, мудири шўъба ё сарнозири њуќуќи мењнати Федератсияи иттифоќњои касабаи мустаќили Тољикистон баррасї мегардад.

         5.2. Нозири њуќуќи мењнат дар назди маќомоти интихобие, ки онро ба кор ќабул намудааст њисоботдињанда мебошад.

         5.3. Нозири њуќуќи мењнати кумитаи иттифоќи касабаи соҳавӣ ва минтаќавї, кумитањои иттифоќи касаба на дертар аз 15 июли соли корӣ ва 15 январи соли оянда ба Федератсияи иттифоќњои касабаи мустаќили Тољикистон барои давраи солонаи фаъоляити кориашон бо тартиби муќарраршуда њисобот медињанд (Замимаи № 5).

         Ба њисоботи пешнињодшаванда ба тариќи њатмї маълумотномаи муфассал оид ба фаъолияти кории солонаи Сарнозири (нозири) њуќуќи мењнат бо дархосту таклифњо ва тавсияњо замима карда мешавад.

  

ЗАМИМАИ №2-НҲ

бо ќарори Комиљроияи Шурои Генералии  

Федератсияи иттифоќњои касабаи мустаќили

Тољикистоназ «02» ноябри  с.2016_, №19\2 

тасдиќ карда шудааст.

                                                                                               

Федератсияи иттифоќњои касабаи

мустаќили Тољикистон

 

бОЗРАСИИ ЊУќУќИ МЕњНАТИ ИТТИФОќњОИ КАСАБА

номи ташкилоти иттифоќи касаба, нишонї, телефон

САНАД

дар бораи риоя нагардидани ќонунгузории мењнат ва дигар

санадњои  меъёрию њуќуќии дорои хусусияти њуќуќи мењнатдошта

 

         Тартиб дода шуд аз љониби нозири (сарнозири) њуќуќи мењнати иттифоќи касаба        ________________________________________________

                                                    (насаб, ном,номи падар)

Дар бораи аз љониби      _____________________________________________

                                                                   (насаб, ном ва номи падар,вазифаи шахси ба

 ________________________________________________________________

                                        ќонунвайронкунї роњ дода)

________________________________________________________________________________________________________________________________

(шарњи мухтасари ќонунвайронкунї бо ишора ба моддаи ќонуни мењнат ё санади  меъёри њуќуќї)

________________________________________________________________

___________________________________________________________________           _________________________________________________________________ Баёноти шахсе, ки ќонунгузории мењнатро риоя накардааст

________________________________________________________________________________________________________________________________

________________________________________________________________              

________________________________________________________________

           «______»________20__                                              ( имзо)

Ќарори нозири(сарнозири) њуќуќи мењнати иттифоќи касаба ________________________________________________________________

________________________________________________________________________________________________________________________________

Сарнозири (Нозири) њуќуќи мењнати иттифоќи касаба   

                                                     

  _____________________20____с.                                   _____________________

                                                                                                                    имзо, насаб

Эзоњ:  Санад дар 3 нусха тартиб дода шуда, нусхаи якумаш ба шахси ќонунгузории мењнатро риоя накарда, дуюмаш ба роњбари ташкилот, сеюмаш ба маќоми интихобии иттифоќи касаба супорида мешавад.

ЗАМИМАИ №3-НЊ

бо ќарори Комиљроияи Шурои Генералии   Федератсияи иттифоќњои касабаи мустаќили Тољикистон

аз «02»_ноябри с.2016_, №19\2                                     тасдиќ карда шудааст.

 

Федератсияи иттифоќњои касабаи

мустаќили Тољикистон

 

бОЗРАСИИ ЊУќУќИ МЕњНАТИ ИТТИФОќњОИ КАСАБА

(номи ташкилоти иттифоќи касаба, нишонї, телефон)

 

         АМРНОМАИ №___ аз ________  _______20__с.

Дар  бораи бартараф намудани хатогињои ошкоршуда вобаста ба риоя нагардидани ќонунгузорї ва дигар санадњои меъёрии дорои меъёрњои њуќуќи мењнат дошта.

Ба ________________________________________________________________

_______________________________________________________________

(вазифа, номи ташкилот, ному насаб)

         Мутобиќи моддаи 357 Кодекси мењнати Љумњурии Тољикистон,моддањои 17, 22 ва 23 Ќонуни Љумњурии Тољикистон  «Дар бораи иттифоќњои касаба», бартараф намудани ќонунвайронкунињои зеринро  т а л а б     м е н а м о е м :

№   Номгўи ќонунвайронкуни-   

        њои  ошкоршуда

 талаботи санади

      меъёри њуќуќї

 мўњлати бартараф

        намудан

         Аз натиљаи баррасии Амрнома ва тадбирњои андешидашуда, хоњишмандам то _____________200___ с ба бозрасии Федератсияи иттифоќњои касабаи мустаќили Тољикистон ахборот пешнињод намоед.

   Сарнозири њуќуќї

(нозири њуќуќи мењнат)                      ________________________________

                                                         имзо, таърих, насаб,ном ва номи падар

Амрномаро гирифт

«____»________20__                                               

                                                           _________________________________

                                                                      вазифа, насаб,ном ва номи падар

                  

Эзоњ:  Амрнома ба шахси ќонунгузории мењнатро риоя накарда супорида шуда нусхањои он ба сардори ташкилот ва иттифоќи касабаи ташкилот равон карда мешавад.                                                                 

ЗАМИМАИ №4-НЊ

бо ќарори Комиљроияи Шурои Генералии  

Федератсияи иттифоќњои касабаи мустаќили

Тољикистон аз «02»ноябри с.2016_, №19\2

тасдиќ карда шудааст.

Федератсияи иттифоќњои касабаи

мустаќили Тољикистон

 бОЗРАСИИ ЊУќУќИ МЕњНАТИ ИТТИФОќњОИ КАСАБА

( номи ташкилоти иттифоќи касаба, нишонї, телефон)

         Дархости №____аз___________20__с.

         Дар бораи ба љавобгарї љалб намудани шахсоне, ки ќонунгузории мењнат ва дигар санадњои меъёрї њуќуќии дорои хусусияти њуќуќи мењнатдоштаро вайрон намудаанд.

Ба______________________________________________________________

(вазифа,номи маќомоти давлатї ё маќомоти њифзи њуќуќ,насаб,ном,номи падар)

         Дар асоси моддаи 363 Кодекси мењнати Љумњурии Тољикистон, Ќонуни Љумњурии Тољикистон, Дар бораи иттифоќњои касаба » ва моддаи 81 Кодекси мурофиаи њуќуќвайронкунии маъмурии Љумњурии Тољикистон барои ба љавобгарии_________________

                                                                                                       (маъмурї ё љиної)

љалб намудани____________________________________________________

__________________________________________________________________

(насаб,ном ва номи падари шахси ба ќонунвайронкунї роњ дода)

барои___________________________________________________________

________________________________________________________________

________________________________________________________________

(шарњи мухтасари кирдор бо ишора ба моддаи ќонун ё санади меъёри њуќуќї) бо дархост мурољиат менамоям.

         Дар бораи тадбирњои андешидаатон хоњишмандем ба бозрасии њуќуќи мењнати иттифоќи касаба то________20__ ахборот манзур намоед.

Замима Амрномаи №____ аз _____ 20___с.

Нозири (Сарнозири) њуќуќи _________________________мењнати иттифоќи касаба сана,имзо,насаб,ном ва номи падар

                                                                   

                                                           

ЗАМИМАИ №5-НЊ

бо ќарори Комиљроияи Шўрои Генералии  

Федератсияи иттифоќњои касабаи мустаќили

Тољикистон аз «02»ноябри с.2016_, №19\2 

 тасдиќ карда шудааст.

                                                            

Њ И С О Б О Т

дар бораи кори  нозирони њуќуќи мењнати____________________________________

______________________________ ________________________    дар давраи соли 20__

Номгўи нишондодњо Нишондод дар давраи њисоботї
1. Шумораи нозирони њуќуќи мењнат дар давраи њисоботї
2. Ваќти сарфкардаи кормандони нозири њуќуќи мењнат ҳангоми  гузаронидани тафтишот (ба њисоби рўз)
Маълумот оид ба риояи ќонунњои мењнат
3 Шумораи корхонаю муассиса ва ташкилотњои тафтишшуда (аз рўи њамаи масъалањо татбиќи ќонунњои оид ба мењнат
Маълумот дар бораи чорањои андешидашуда аз рўи маводи тафтишоти нозирони мењнат
4 Шумораи амрномањои бартараф ё пешгирї кардани вайронкунии ќонунњо оид ба мењнат
5 Шумораи талабњои амрномањо доир ба бартараф кардани вайронкунии ќонунњо оид ба мењнат аз љумла аз рўи масъалањои:
—  ваќти кор ва ваќти истироњат
—  пардохти музди мењнат
—  шумораи шахсони бо талаби нозири  њуќуќи мењнат ба кор барќароршуда
6 Таклифњои ба таври хаттї пешнињодшуда, бартараф ва пешгирї намудани вайронкунии ќонунњо оид ба мењнат
— ба маќомоти болої
— ба дигар ташкилотњо
7 Шумораи шахсони мансабдоре, ки бо талаби нозири њуќуќи мењнат барои ќонунвайронкуниҳо оид ба мењнат ба љавобгарї кашидашуда
8 Шумораи шахсони вазифадоре, ки бо талаби нозири њуќуќи мењнат љарима кардашуда
Маблаѓи љамъбастї

Маълумот дар бораи кор оид ба баррасии арзу шикоятњо ва ќабули шањрвандон

9 Шумораи шањрвандоне, ки аз ҷониби нозирони њуќуќи меҳнат ќабул кардашуда

аз љумла:

  — бевосита дар корхонањо, муассисаю ташкилотњо

10 Шумораи арзу шикоятњои хаттии баррасишудаи шањрвандон

Маълумотњои доир ба тарѓибу ташвиќ намудани ќонунњои оид ба мењнат

11 Шумораи чорабиниҳо ва  маърўзањо оид ба ќонунњои мењнат

Мудири (сарнозири) бозрасии њуќуќи мењнат ___________________________________

 

ЗАМИМАИ №6

бо ќарори Комиљроияи Шурои Генералии

Федератсияи иттифоќњои касабаи мустаќили Тољикистон

аз «02»ноябри с.2016_, № 19\2

тасдиќ карда шудааст.

 

I ШАКЛИ ШАЊОДАТНОМАИ НОЗИРИ ҲУҚУҚИ МЕЊНАТИ

ИТТИФОЌЊОИ КАСАБАИ ТОЉИКИСТОН

 

  1. Тарафи пеши шањодатнома

 

Федератсияи иттифоќњои касабаи

мустаќили Тољикистон

 

ШАЊОДАТНОМАИ

НОЗИРИ ҲУҚУҚИ МЕЊНАТ

 

  1. Ќисми дохилии шањодатнома

 

Номи пурраи кумитаи

иттифоќи касаба

 

Шањодатномаи №____

 

Полное название

комитета профсоюза

 

Удостоверение № _____

 

Ф.И.О.

 

                   Инспектор (глав.) труда

                 Занимаемая должность

 

                         Председатель ___________

                          Выдано:          ___________

  Ном ва насаби

нозири мењнат

 

Нозир (сарнозир)

 

   Раис            __________

Дода шуд: __________

 

 Иќтибос аз:

 

КОДЕКСИ МУРОФИАИ ЊУЌУЌВАЙРОНКУНИИ

МАЪМУРИИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

(Ахбори Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон, соли 2013, №7, мод. 502 ; соли 2014, №3 мод. 145; ЌЉТ аз 26.07.№1094)

Моддаи 81. Оѓоз кардани парвандаи њуќуќвайронкунии маъмурї

  1. Барои оѓоз кардани парвандаи њуќуќвайронкунии маъмурї инњо асос мегарданд:

— аз љониби маќомоти ваколатдори давлатї (шахсони мансабдор), ки ваколати тартиб додани протоколи њуќуќвайронкунии  маъмуриро  доранд, бевосита ошкор кардани маълумотњои кофї, ки аз мављудияти њодисаи  њуќуќвайронкунии  маъмурї шањодат медињанд;

— маводе, ки аз маќомоти њифзи њуќуќ ва дигар маќомоти давлатї, маќомоти худидоракунии шањрак ва дењот, ташкилотњои љамъиятї ворид шуда, дорои маълумоте мебошанд, ки аз мављудияти њодисаи њуќуќвайронкунии маъмурї шањодат медињанд;

— хабару аризањои шахсони воќеї ва њуќуќї, инчунин хабари воситањои ахбори омма, ки дорои маълумоти сањењ ва воќеии гувоњидињандаи мављудияти њодисаи њуќуќвайронкунии маъмурї мебошанд.

  1. Мавод, хабар ва ариза дар бораи њодисаи њуќуќвайронкунии маъмурї аз љониби маќомоти ваколатдори давлатї (шахсони мансабдор) бо тартиби муќаррарнамудаи Кодекси мазкур мавриди баррасї ва санљиш ќарор дода мешаванд.
  2. Парвандаи њуќуќвайронкунии маъмурї аз љониби маќомоти ваколатдори давлатї (шахсони мансабдор) танњо дар сурати мављуд будани яке аз асосњои пешбининамудаи ќисми 1 њамин модда ва маълумоти кофї, ки аз мављудияти њодисаи њуќуќвайронкунии маъмурї гувоњї медињанд, оѓоз карда мешавад.
  3. Њангоми набудани асосњои кофї шахси мансабдори ваколатдори баррасикунандаи маводи њуќуќвайронкунии маъмурї дар бораи рад кардани оѓози парвандаи њуќуќвайронкунии маъмурї ќарори асоснок мебарорад.

Моддаи 83. Аз љониби прокурор оѓоз кардани парвандаи

 њуќуќвайронкунии маъмурї

  1. Прокурори генералии Љумњурии Тољикистон ва прокурорњои тобеи ў њангоми назорати риояи даќиќ ва иљрои якхелаи ќонунњо дар ќаламрави Љумњурии Тољикистон њуќуќ доранд вобаста ба њама гуна њуќуќвайронкунињои маъмурие, ки барои содир кардани  онњо  тибќи Кодекси њуќуќвайронкунии маъмурии Љумњурии Тољикистон љавобгарии маъмурї пешбинї шудааст, парвандаи њуќуќвайронкунии  маъмурї оѓоз намоянд.
  2. Прокурор дар бораи оѓоз кардани парвандаи њуќуќвайронкунии маъмурї ќарор ќабул мекунад, ки он бояд дорои маълумоти пешбининамудаи моддаи 86 Кодекси мазкур бошад. Ќарори мазкур дар муњлатњои муќаррарнамудаи моддаи 85 Кодекси мазкур ба маќомоти ваколатдори давлатї (шахсони мансабдор) барои баррасї фиристода мешавад.

Моддаи 94. Маќомоти назорат дар соњаи мењнат, шуѓл ва њифзи

 иљтимоии ањолї

  1. Маќомоти назорат дар соњаи мењнат, шуѓл ва њифзи иљтимоии ањолї дар доираи ваколатњои худ парвандањои њуќуќвайронкунии маъмуриеро, ки дар моддањои 94-104, 108, 109, 133-137, 139, 140, 619, 621 ва 622 Кодекси њуќуќвайронкунии маъмурии Љумњурии Тољикистон пешбинї гардидаанд, баррасї менамоянд.
  2. Барои баррасии парвандањои њуќуќвайронкунии маъмурї ва таъини љазои маъмурї аз номи маќомоти назорат дар соњаи мењнат, шуѓл ва њифзи иљтимоии ањолї сардори Хадамоти назорат дар соњаи мењнат, шуѓл ва њифзи иљтимоии ањолї ва роњбарони сохторњои он дар Вилояти Мухтори Куњистони Бадахшон, вилоятњо, минтаќањо, шањрњо ва ноњияњо њуќуќ доранд.

 

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                     Эмомалӣ Раҳмон

 

ш. Душанебе

22.07.2013с., №975