18 Сентябрь, 2019

Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон

Иттифоқи касбаи кормандони  тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳифзи мақсадҳои касбӣ, меҳнатӣ, ҳуқуқ ва манфиатҳои иҷтимоӣ — иқтисодии аъзоёни иттифоқи касаба ташкил карда шуда, барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии аъзоёни иттифоқи касаба ва аҳли оилаи онҳо мусоидат мекунад.Дар давоми фаъолияти пурсамар, таи 85 — сол ҳамчун ташкилоти ҷамъиятӣ ташаббускори як қатор чорабиниҳои судманд мебошад, ки дар маҷмўъ онҳо ба рушди устувори иқтисодиёти кишвар, татбиқи ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳалли масъалаҳои мубрами  рўзгору фаъолияти аъзои иттифоқи касаба ва тавсеаи ҷомеаи шаҳрвандиву густариши демократия мусоидат намуд.

Дар солҳои 1929-1932 иттифоқи касабаи кормандони тандурустӣ ҳамчун як ташкилоти ибтидоии Шўрои иттифоқҳои касабаи Ҷумҳурии Шўравии Сотсиалистии Тоҷикистон амал карда, соли 1933 ҳамчун Кумитаи иттифоқи касабаи  кормандони тиббӣ ва санитарии Ҷумҳурии  Шўравии Сотсиалистии Тоҷикистон таъсис ёфт ва оинномаи худро қабул намуд. (Хазинаи 151, номнависи 1, ҳуҷҷати 30). Соли 2018 ба ташкилшавии он 85- сол пур шуд. Имрӯз мо метавонем бо эҳтиром аз роҳбарони пешинаи ин Кумита  ёдовар шавем. Аз рӯзи таъсис ёфтани Кумита шахсиятҳои кордон М. Уссонов, В. Гречук, Т. Иброҳимов, К. Баротов, И. Трофиметс, М. Юсуфҷонов, З. А. Мирзоева, Ҷ. И. Иномзода бо садоқат иҷрои вазифа намуданд. Р. Улмасов аз соли 2000 то 4 апрели соли 2019 дар вазифаи раиси Кумита муваффақона фаъолият дошт, аз 5 апрели соли 2019 дар ин вазифаи пурмасул  Хаётзода Нурхон Шариф фаъолият дорад.

Иттифоқи касабаи кормандони тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилоти  ҷамъиятии ихтиёрӣ ва мустақил буда, зиёда аз 100 ҳазор кормандони муассиса, ташкилоту, корхонаҳои табобатӣ — профилактикӣ, доруворӣ тайёркунӣ, осоишгоҳию  курортӣ, пажуҳишгоҳҳои илмӣ-тадқиқотӣ, марказҳои илмии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар сохторҳои  хоҷагиро, ки бо фаъолияти тиббӣ ва дигар корҳои солимгардонӣ шомиланд, қатъи назар аз шакли моликияташон, ашхосе, ки бо фаъолияти меҳнатии инфиродӣ машғуланд, инчунин донишҷўён ва хонандагони таълимгоҳҳои олӣ ва миёнаи махсус ва нафақахўрони соҳаро  муттаҳид менамояд. Он узви ҷудонашавандаи ҳаракати иттифоқҳои касабавии Тоҷикистон буда, фаъолияти худро тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон: «Дар бораи иттифоқҳои касаба» «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ», Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эъломияи ҷаҳонии ҳуқуқи башар, Оинномаи Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, дигар асноди қонунгузорӣ қабул гардида ва  Оинномаи мазкур амал мекунад.

Он дар фаъолияти худ мустақил буда, ба мақомоти давлатию хоҷагӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, корфармоён ва дигар ташкилотҳои (иттиҳодияҳои) ҷамъиятӣ ва ғайра вобаста нест, дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ, молиявӣ ва хоҷагӣ комилан соҳибихтиёр буда, ба ин мақомотҳо ҳисоботдиҳанда намебошад, ба ҷуз ҳолатҳои пешбинӣ кардани қонун. Он метавонад бо Ассосиатсияҳои соҳавӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мамолики хориҷӣ амал мекунанд, дар асоси шартнома  ҳамкорӣ   намояд, бо дигар иттифоқҳои касаба ва ташкилотҳои ҷамъиятие, ки фаъолияти онҳо ба манфиати аъзоёни иттифоқи касаба мувофиқ  мебошад ба мақсаду вазифаҳое, ки дар ҳамин Оиннома муайян карда шудаанд, мухолиф набошад, ҳамкорӣ кунад ё дохил шавад, бо созмонҳои иттифоқҳои  касабаи  байналмилалӣ, ки бо масъалаҳои иҷтимоӣ — иқтисодӣ ва инсондўстӣ машғуланд, муносибати корӣ дошта бошад.

Иттифоқи касабаи кумитаҳои вилоятӣ, шаҳрӣ ва  ноҳиявӣ  дар мавриди аз қайди давлатӣ гузаштан суратҳисоби худро дар бонкҳо, мўҳри худ ва штампи намунаи мукарраргардида ва бланкаҳои фирмавӣ доранд. Иттифоқи касаба рамзи худ,  байрақ,  ҳуҷҷати  иттифоқи касабаро доранд. Иттифоқи касабаи кормандони тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон, ташкилотҳои ибтидоии он дар асоси Оинномаи мазкур амал мекунанд.

Суроғаи Кумитаи ҷумҳуриявии Иттифоқи касабаи кормандони тандурустии Тоҷикистон: Ҷумҳурии Тоҷикистон,  шаҳри  Душанбе, ноҳияи Шоҳмансур, хиёбони Рудакӣ, 20.Телефонҳо 221-37-10; 22158-86; 22113-40. Почтаи электрони: tjprofzdrav@mail.ru  tjprofzdrav@tajik.net